Муҳаммадраҳим ТОШПӮЛОДОВ,
равоншиноси Литсейи №2
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Агар ба адабиёти классикиамон назар кунем, мебинем, ки бисёр адибони бузург ба фитнаю иғвои суханчинон бархӯрда, ранҷу заҳмати зиёд дидаанд. Сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар дарбори Сомонӣ назди шоҳ сазовори ҳурмату эҳтиром буд ва ашъори шоир кайҳо аз доираи дарбор баромада, сарҳади кишварро убур карда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда буд. Дар ин бора худи устод Рӯдакӣ ишорате дорад:

                         Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

                         Шуд он замона, ки шоири Хуросон буд.

Ҳамин нобиғаи замон бо сабаби фитнаи суханчинон аз нури басар маҳруму аз эҳтироми дарбориён навмед шуд ва дар пиронсолӣ оҷизу нотавон гардид…

  Вақте ки “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ба Султон Маҳмуд тақдим мешавад, ровӣ порчаҳо аз достонҳои онро мехонад, ба подшоҳ писанд меояд ва ҳар гоҳ ровиро даъват карда, мефармуд, ки идомаи достонҳоро бихонад. Ӯ аз суханҳои волои “Шоҳнома” ба ваҷд меомад ва аз доди суханро додани Фирдавсӣ дар шигифт мемонд. Ба шоҳ писанд омадани “Шоҳнома” шоирони дарбор, аз ҷумла, Фаррухию Унсуриро ба таҳлука меандозад. Агар Султон Маҳмуд Фирдавсиро маликушшуарои дарбор таъйин намояд, онҳо маҷбур мешаванд, ки зердасти шоири тӯсӣ бошанд. Ин ба онҳо маъқул набуд. Унсурӣ баъд аз андешаҳои зиёд “Шоҳнома”-ро ба шайх Маҳамшод, ки устоду пири султон буд ва сухани ӯро бешак мепазируфт, супорида хоҳиш кард, ки китобро мутолиа намояд, мабодо нуктаҳое хилофи суннат надошта бошад. Маҳамшод “Шоҳнома”-ро мутолиа намуда, эродҳои худро ба дафтаре қайд карда, ба назди султон медарояд ва иқтибосҳо аз “Шоҳнома” оварда, шоирро ба ақидаҳои фалсафию даҳрӣ доштан гунаҳгор мекунад. Ӯ ин фикрашро ба Унсурӣ низ мегӯяд. Унсурӣ пас аз шунидани ин гап безобита мешавад, чунки бо ин қадар туҳмат шоҳ Фирдавсиро ба қатл расониданаш мумкин буд, ӯ бошад, қатли шоирро намехост, фақат маликушшуаро шуданашро намепазируфт. Унсурӣ ба назди шоҳ даромада, ба ҳимояи Фирдавсӣ бармехезад. Ҳамин тавр, натиҷаи суханчинӣ, иғвогарӣ буд, ки Султон Маҳмуд “Шоҳнома”-ро бо дили сард қабул карда, ба заҳмати 35-солаи шоир баҳои ночиз медиҳад ва боиси ранҷиши хотири ӯ мегардад. Фирдавсӣ ба сабаби ҳадяи шоҳро қабул накарданаш ба ғазаби султон гирифтор шуда, 20 соли охири умраш дар гурезу фирор мегузарад.

  Суханчинону фитнагарон дар асл мардуми дар ақида маҳдуд, камдониш ва дар биниш тангназар, нотавону нокора буда, ба одамони босаводу донишманд бо чашми ҳасад менигаранд ва онҳоро бад мебинанд. Аҳли таассуб ба алломаи замон Абуалӣ ибни Сино низ бо чашми кинаву ҳасад нигариста, ақлу заковат, донишу фаҳмиши баланд ва амалҳои ҷарроҳии ӯро дида, иғво меандохтанд, ки ӯ амалҳои куфрро ба ҷо меоварад. Сино ба онҳо ҷавоби муносиб медиҳад:

                                   Бо ин ду се нодон, ки чунон медонанд,

                                   Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

                                   Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

                                   Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд.

  Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз фитнаю иғвои суханчинон ранҷу заҳмати зиёд дида, оқибат фирорӣ шуда, ба деҳаи Юмгони Бадахшон паноҳ мебарад ва то охири умр бо бародараш дар ғарибӣ зиндагӣ мекунад. Носири Хусрав таъкид мекунад, ки аз суҳбати наммом, яъне, суханчин худро дур бояд гирифт:

                                    Ҳам аз наммом парҳез, эй бародар,

                                    Ки аз наммом ҷон афтад дар озар.

  Суханчин бо хабаркашию иғвогариаш ду шахси бо ҳам дӯстро ба ҳамдигар душман мегардонад. Суханчин агар фаҳмад, ки ду нафар бо ҳам ҷангӣ шуданд, дар байни онҳо тухми адоват кошта, бо роҳи иғвогарӣ бадбиниву хусуматро зиёд менамояд, то ки онҳо бо ҳамдигар ба зудӣ созиш накунанд. Шайх Саъдӣ ин маъниро хеле хуб ба назм кашидааст:

                                     Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,

                                     Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст!

Шоироне, ки истеъдоди баланд надоштанд, лаёқати шеъри воло эҷод кардан насибашон набуд, ашъори баландғояву пурмуҳтавою оламшумули ҳазрати Ҳофизро хонда, ба ҷои он ки ба “қабули хотиру лутфи сухан”-и ӯ офарин гӯянд, аз рӯи рашку ҳасад ба суханчинию иғвогарӣ машғул мешуданд. Дар ин бобат худи шоир гуфтааст:

                                    Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,

                                    Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.

Шоири дигаре, ки қурбони рашку ҳасад, иғвогарию суханчинии бадхоҳон гардидааст,  Ҳилолӣ мебошад. Ҳилолӣ аз хурдӣ табъи баланду зеҳни тез, ҳофизаи тавоно ва истеъдоди бузурги сухандонӣ дошт. Ӯ ашъори зиёди адибони бузурги гузаштаро аз бар намуда буд. “Хамса”-ҳои Низомию Амир Хусрав ва достонҳои Абдураҳмони Ҷомиро комил азёд медонист. Ҳилолӣ дар ҷавонӣ ба суҳбати Ҷомию Навоӣ шарафёб шуда, баҳои баланди эшонро сазовор гардида буд. Суханчинону нотавонбинон бо баҳонаи он ки Ҳилолӣ хони вақт Убайдуллохонро дар шеъраш танқиду мазаммат намудааст, гунаҳкор карда, ба назди қозикалон Шамсиддини Қаҳтонӣ меоваранд. Қозикалон ҳукми қатлашро мебарорад. Ӯро дар назди бозори Чорсӯйи Ҳирот барои қатл намудан кашолакунон мебаранд. Мардуми авом, мухлисони шоир гирёну нолон аз қафои ӯ мерафтанд, аммо суханчинону иғвогарон ба сӯи ӯ санг меандохтанд, ки дар натиҷа сару рӯи шоир хуншор шуд. Шоир раҳораҳ байти зеринро бо дарду алам мехонд:

                                  Ин қатраи хун чист ба рӯи ту, Ҳилолӣ,

                                  Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида.

  Мавлоно Биноӣ бар он андеша буд, ки дарбор ҷои олимон ва адибони бузург аст ва дар он ҷо кас метавонад, асарҳои сазовори замон эҷод кунад. Вале вақте ки бо аҳли дарбор аз наздик шинос мешавад, дар байни адибони бузург як гурӯҳ суханчинон, ҳасудон, одамони пасту разилро низ мебинад, ки аз пайи ранҷу озори соҳибистеъдодҳоянд. Биноӣ муддате дар байни онҳо зиндагӣ карда, аз фитнаю найранги суханчинон заҳмату азоби зиёд мекашад ва аз шаҳри Ҳирот ба Табрез фирор мекунад.

  Он кӣ гапи касеро ба дигарон расонда, боиси низоъ мешавад, суханчин,  хабаркаш, иғвогар номида мешавад. Дар ҷамъиятҳои меҳнатӣ, муассисаю ташкилот ниҳоят кам бошад ҳам, суханчинон пайдо мешаванд, ки онҳо бо роҳи иғво муҳити ҷамъу осударо ноором намуда, мардумро ба ҳамдигар душман мегардонанд. Суханчинӣ аз ҳасудӣ маншаъ мегирад. Ҳасуд пешравию комёбии одамонро дидан намехоҳад, муваффақияту пешрафти ҳамкорашро дида ё шунида ранҷур мегардад ва роҳи ба ӯ зарар расонданро меандешад.

  Дар шароити кунунӣ гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони миллату давлати тоҷик аз пешрафту тараққиёт, тинҷию оромии кишварамон бадашон меоянду берун аз марзу буми Ватан, дар паноҳи хоҷагони хориҷияшон истода, мехоҳанд, ки бо суханҳои иғвогаронаашон дар байни мардум нооромию низоъ барангезанд. Мо-сокинони сарфарози мамлакат, насли ҷавони миллати моро лозим аст, ки зираку ҳушманд бошему ҳар як рафтору гуфтори суханчинону иғвогаронро дар мизони ақлу фаросат баркашида, ба дасисаи аҷнабиёну хоинон дода нашавем, аз сулҳу суботи диёр, аз пешрафту шукуфоии он шукргузор бошему дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани кишвар заҳмат кашем.

Мо, омӯзгорон, роҳбарони синф, равоншиносон бояд ҳангоми дарс вобаста ба мавзуъ, дар соатҳои тарбиявӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳем, ки зарари суханчинию кинапарварӣ, хиёнату разолат, дасисаву хушунатро ба шогирдон фаҳмонем, то ки дар ниҳоду сиришти онҳо ҳамеша эҳсоси меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, дӯстону наздикон ва атрофиён ҳукмрон бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *