Барои аҳли эҷоди «Маърифати омӯзгор» соли 2025 таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои  доимии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли натиҷаҳои нек ва пешрафтҳои назарраси эҷодӣ буд. Фаъолияти маҷалла тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, инчунин, фармоишҳои вазири маориф ва илм ба роҳ монда шуда, баҳри тарғибу татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф корҳои назаррас иҷро шуданд.

                                                  ФАЪОЛИЯТИ НАШР

Дар давоми сол 12 шумораи маҷалла бо мазмуну муҳтавои ғанӣ, мақолаҳои арзишманди илмӣ, таълимӣ, методӣ ва маърифатӣ, ҳамзамон, бо ороиши муосиру ҷолиб сари вақт ба табъ расида, дастраси шумо — хонандагони маърифатсолори «Маърифати омӯзгор»  гардиданд. Дар ҳар шумора аз 16 то 30 мақолаҳои пурмазмуни муаллифони дохиливу берунӣ, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи илму маориф таҳти рубрикаҳои гуногун, аз ҷумла, «Сухани Пешво», «Ташаббусҳои мондагори Пешво», «Каломи роҳнамо», «Иҷрои барномаҳои давлатӣ», «Хештаншиносӣ», «Идеология», «Таҳсилоти томактабӣ», «Таҳсилоти ибтидоӣ», «Равишҳои дарс», «Фанҳои дақиқ», «Равоншиносӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Таълим ва замон», «Физика», «Химия», «Риёзӣ», «Геометрия», «География», «Педагогика», «Методика», «Таълиму тарбия», «Ба ёрии омӯзгорони ҷавон», «Минбари мутахассис», «Таҳсилоти иловагӣ», «Муҳити зист», «Набзи маориф», «Суннатҳои ниёгон», «Олимони мо», «Мусоҳиба», «Робитаи фанҳо», «Ҳамкории мактаб ва оила», «Сайқали зеҳн» ва ғайра, ҷой дода шуданд.

Ҳамчунин, робитаи аҳли эҷод бо хонандагони маҷалла густариш ёфт. Таваҷҷуҳи зиёди ҳаводорон дар фазои маҷозӣ ба нигоштаҳо далели ин гуфтаҳост. Ҳамин буд, ки дар давоми сол ба унвонии “Маърифати омӯзгор” тариқи почтаҳои электронӣ ва саҳифаҳои иҷтимоӣ садҳо матлабу мақолаҳои пурмазмун ворид гардида, беҳтаринҳо дар маҷалла ва саҳифаҳои иҷтимоӣ нашр гардиданд.    

                          ИШТИРОК ДАР МУҲИТИ ИЛМИЮ АДАБӢ

Аҳли эҷоди маҷалла барои таъмини хонандагон бо маводи наву ҷолиб дар ҳамоишҳои илмӣ, фарҳангӣ, адабию маърифатӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ҳамчун хабарнигор иштирок намуда, муҳимтарин воқеаҳои соҳаи маориф ва илмро дар қолаби мақола ва ё гузоришҳову сафардидаҳо манзури шумо – хонандагони азиз ва корбарони муҳтарами шабакаҳои маҷозӣ гардониданд. Аз ҷумла, бозтоби фарогири Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, вазъи маорифи минтақаҳо, натиҷаи олимпиадаҳои байналмилалӣ ва маҳфилҳои адабию сабқатҳои зеҳнӣ ва дигар масоили муҳимми илмию маърифатӣ дастраси хонандагони маҷалла ва корбарони шабакаҳои маҷозии «Маърифати омӯзгор» карда шуданд. Ҳамчунин, давоми сол аҳли эҷоди маҷалла дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ, аз ҷумла, телевизиони Тоҷикистон, радиои Ховар ва ғайра, ширкат варзида, оид ба мавзуъҳои муҳимми рӯз ва масъалаҳои илму маориф андешаронӣ карданд.

                                         КОР ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ

Яке аз ҳадафҳои асосии аҳли эҷоди маҷалла ҳамқадам будан бо замон, истифодаи тамоми  имконияту зарфиятҳои зеҳниву эҷодӣ баҳри фаъолияти босамар, тарғибу ташвиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаккули маърифату фарҳанг, шаклдиҳии мафкураи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ миёни ҷомеа мебошад. Замони муосир ва талаботи рӯз дар назди матбуот, хусусан, нашрияҳои соҳавӣ зарурати ворид шудан ба фазои чандрасонаиро ба миён гузоштааст. Бо ин мақсад мо — аҳли эҷод бо идома додани нашри анъанавии маҷалла, кори хешро дар ҷаҳони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшидем.

Давоми соли 2025 ҷиҳати ворид гардидан ба ҷаҳони чандрасонаӣ саҳифаҳои расмии маҷалла дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Telegram ва YouTube фаъол гардонида шуданд. Фаъолияти саҳифаи Facebook боз ҳам густариши тоза ёфта, ҳамзамон, сомонаи расмии маҷалла такмилу таҷдид гардид. Аз ҷониби аҳли эҷод ба муносибати иду ҷашнҳои муҳимми давлатӣ ва оид ба мавзуъҳои мубрами рӯз чандин видеороликҳои ҷолиб таҳия ва дар саҳифаҳои маҷалла дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши ҳаводорон гардиданд.

Бо мақсади муаррифии васеи маҷалла ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳли ҷомеа, навори тарғиботӣ бо номи «Маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамеша бо шумост!» таҳия гардида, дар шабакаҳои интернетӣ пахш шуд. Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навори вежа таҳия ва нашр гардид, ки мавриди истиқболи гарми корбарон қарор гирифт. Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби ҳайати эҷодии маҷалла бо ҷалби омӯзгорони ҳирфаӣ навори идона бо номи «Ман омӯзгорам…» омода гардид. Ҳамчунин, навори шодбошӣ бо номи «Мо заҳматҳои шуморо қадр мекунем, омӯзгорони азиз!» таҳия шуда, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ васеъ тарғиб гардид.

Дар доираи муаррифии шахсиятҳои пешсафи соҳаи маориф, бо ғолиби ҷойи якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — 2025» Ҳусейн Ализода мусоҳибаи ихтисосӣ бо номи «Достони пирӯзӣ» таҳия гардида, дар шабакаҳои иҷтимоии маҷалла ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби аҳли маърифати кишвар хуш пазируфта шуд. Ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси намунавӣ ба навор гирифта шуда, ҷиҳати истифодаи омӯзгорони ҷавон ва муаллимони навроҳ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ манзури бинандагон гардид. Ҳамчунин, навори шодбошии аҳли эҷоди маҷалла ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби варзишгарони номдори кишвар ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ таҳия гардида, ба таври васеъ тарғиб шуд ва мавриди  пазироии хуби корбарон қарор гирифт.

                                                    ДАСТОВАРДҲОИ СОЛ

Тавре ки дар боло қайд намудем, соли 2025 барои маҷалла соли дастовард ва муваффақиятҳои назаррас буд. Давоми сол ташкилоти ибтидоии «Маърифати омӯзгор» дар даври ноҳиявии Озмуни умумишаҳрии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар номинатсияи «Ташкилоти ибтидоии фаъол» пирӯз гардида, бо Диплом сарфароз гардонида шуд.

Дастоварди чашмгири дигар ин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардид, аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин нашрияи соҳавӣ» мақоми дуюмро касб намудан ва соҳиби Диплом гардадинаи маҷалла мебошад, ки бозгӯи кори пурсамар ва эътирофи маҷалла дар сатҳи ҷумҳурӣ аст.

                                     БА СОЛИ 2026 — БО ҲАДАФҲОИ НАВ

Аҳли эҷоди маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» соли 2026-ро бо ҳисси масъулияти касбӣ ва дарки амиқи рисолати маърифатпарварӣ оғоз намуда, талош хоҳанд кард, ки ҷанбаҳои таҳлилии матолиби нашрияро тақвият бахшанд ва ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф мақолаҳои пурмазмуну хонданӣ, таълимию методӣ ва тарбиявӣ пешниҳод намоянд.

Шумо — хонандагон ва ҳаводорони маҷалла метавонед, ки бо мо ҳамкориҳои густурдаро боз ҳам бештар намуда, бо пешниҳоди матлабу мақолаҳо, шеъру ҳикоя ва нигоштаҳои таъсиргузор дар пешрафти кор ва ҷолибтар гардидани муҳтавои маҷалла саҳми хешро гузоред. Ҳамзамон, дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайгири хабару гузориш, матлабу мақолаҳои пурмазмун ва навору барномаҳои наву ҷолиби мо бошед.

Бо эҳтиром, аҳли қалами

маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *