Шуҳрат РАҶАБОВ,
муовини декан оид ба илм ва робитаҳои
байналмилалии факултети химияи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар таърихи равнақи илмҳои табиатшиносии ҷаҳон саҳми олимони асримиёнагии тоҷику форс бағоят бузург аст. Тадқиқот собит мекунанд, ки решаи асосии илми аврупоӣ, дар ҳақиқат, аз илми ниёкони мо об хӯрдааст. Ҳиссаи олимони тоҷик дар ганҷинаи илми ҷаҳонӣ на танҳо дар соҳаи тиб, риёзӣ, нуҷум, география, адабиёт, фалсафа, балки дар соҳаи химия низ аз ҷониби умум эътироф гардидааст. Давраи инкишофи илми химия, ки асрҳои VIII-XII-po дар бар мегирад, барои мо-тоҷикон аҳаммияти махсус дорад, зеро дар он саҳми асосиро аҷдодонамон гузоштаанд.

Ин давраи таърихи химия бо якчанд хусусияташ аз таърихи пешина фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, аз ин давра китобҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки онҳо имкон медиҳанд, дар бораи сатҳи илми он замон, аз ҷумла, химия маълумоти боэътимод дошта бошем. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки дар ин давра унсурҳои асосии илми химия пайдо шуданд, ки минбаъд, ҳангоми сохтани пойдевори илми химияи муосир аз он истифода бурда шуд. Пеш аз ҳама, ин давраро бо хусусиятҳои зеринаш тавсиф додан мумкин аст:

  1. Таърифи илми химия ва вазифаҳои он аниқ шуданд.
  2. Дар асоси ин илм таҷриба гузошта шуд ва боиси пайдо шудани озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ гардид.
  3. Усулҳои гуногуни ҷудо намудани моддаҳо (булуркунонӣ, табхир, тақтир, полоиш ва ғайра) ва муайян кардани хосияти моддаҳо (зичии моддаҳо, гудозиш ва ғайра) кашф шуданд.
  4. Як теъдод моддаҳои химиявӣ (кислотаи сулфат, кислотаи атсетат, «шароби шоҳ», нитрати нуқра ва ғайра) бори аввал ҳосил шуданд.
  5. Татбиқи химия дар тиб амалӣ гардид.
  6. Таснифҳои аввалини моддаҳои химиявӣ пайдо шуданд.

Дар он давра инкишофи илми химия дар Шарқ, асосан, дар давлатҳои исломӣ (Аҷаму Араб) инкишоф меёфт. Аз он сабаб, ки забони илмии он давра, асосан, арабӣ буд ва қариб тамоми асарҳои илмӣ бо ин забон таълиф мешуданд, тамаддун ва олимони ин давра дар Fapб бо номи тамаддуни араб ва олимони араб маълум буданд.

Химияшиносони тоҷик дар гузашта, ҳамчун энсиклопедист шуҳрат доштанд, аз ҷумла, Ҷобир ибни Хайён, Холид ибни Азид, Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абумансури Форобӣ, Шаҳриёр ибни Шаҳриёр, Абуалӣ ибни Сино, Абдуллоҳи Нотилӣ, Ал-Ҳиндӣ ва дигарон аз худ мероси бой гузоштаанд. Яке аз олимони асримиёнагии тоҷику форс Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ мебошад, ки ӯ на танҳо дар соҳаи химия, инчунин, дар соҳаи тиб низ нақши бузург бозидааст. Вай дар Ғарб бо номи лотинишудаи “Резес” маъруф аст.

Закариёи Розӣ аввалин шуда, дар шаҳри Рай озмоишгоҳи химиявӣ ва дармонгоҳ (беморхона) таъсис дода буд. Озмоишгоҳи ӯ бо асбобҳо, зарфҳо ва моддаҳои гуногуни химиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда буд. Дар соли 1948 олими англис Ч. Зингер дар бораи асбобҳои аз тарафи Закариёи Розӣ истифодашуда чунин навишта буд: “Лабораторияи англисии баъд аз ҳазор сол ба вуҷуд омада, аз лабораторияи Розӣ он қадар ҳам фарқ намекард”.

Яке аз ақидаҳои Закариёи Розӣ он аст, ки мегӯяд: «Ҳаюло» (модда) аз замону макон қадим аст ва аз ҳеҷ чизе падид намеояд. Танҳо аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузашта, шакл ва хосияти худро тағйир медиҳад”.

Агар ақидаҳои Розиро ба таври сода ва фасеҳи замонавӣ тавсиф кунем, пас метавон хулоса кард, ки ӯ яке аз қонунҳои асосии химия -«Қонуни бақои массаи моддаҳо»-ро зиёда аз 900 сол пеш аз М.В. Ломоносов бо забони содаи тоҷикӣ баён кардааст.

Тибқи нишондоди баъзе аз сарчашмаҳо асарҳои доир ба химия таълифнамудаи Розӣ ба 26 адад мерасад. Аз онҳо сетояш: «Китобу-н-шаоҳид» (Китоби иқтибосҳо), «Китобу-л-асрор» (Китоби асрор), «Китоб сирр-ил-асрор» (Китоби сирру асрор) то имрӯз расидаанд. Дар асоси ин асарҳои Закариёи Розӣ ба хидмати ӯ дар инкишофи химия баҳои дуруст ва боэътимод дода метавонем. Пеш аз ҳама, Розӣ ба фаҳмиши имрӯзаи химия чун илми таҷрибавӣ наздик омадааст. 

Ӯ тазаккур медиҳад, ки донишҳои назариявӣ дар асоси таҷрибаҳои амалӣ пайдо мешаванд. Розӣ проблемаи асосии мубаддалшавӣ ё худ мубаддалкунии металлҳои ғайриасилро ба металлҳои асил ба таври ратсионалӣ ҳал кардааст. Олими номвар дар асарҳояш тамоман беасос будани ин ақидаро нишон додааст.

Ӯ аввалин шуда таснифи моддаҳоро пешниҳод намуда, дар таърихи химия нахустин бор ҳамаи моддаҳоро ба се синф: маъданӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ тақсим карда, оид ба намояндаҳои ҳар яке аз ин гурӯҳҳо маълумот дода аст.

Хидмати дигари Розӣ дар мураттаб сохтани озмоишгоҳҳои химиявӣ ва таснифи асбобҳои он мебошад. Дар қисми дуюми «Китоб-сирр-ил-асрор» Розӣ ҳамаи асбобҳоро ба ду гурӯҳ тақсим менамояд:

  1. Асбобҳо барои гудохтани металлҳо.
  2. Асбобҳо барои коркарди моддаҳои ғайриметаллӣ ё барои дигар амалиёти химиявӣ.

 Розӣ, инчунин, дар бораи чӣ тавр ва дар кадом маврид истифода бурдан аз ин асбобҳо маълумот медиҳад. Дар ин масъала Закариёи Розӣ то он дараҷа ба муваффақият ноил шудааст, ки муҳаққиқони минбаъдаи таърихи химия ба ӯ баҳои баланд додаанд.

Дар мавриди омӯзиши илми химия Розӣ фикрҳои ҷолиб пешниҳод намудааст. Ӯ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми химияро ба се қисми асосӣ ва ё зина ҷудо менамояд:

  1. Омӯзиши моддаҳо
  2. Омӯзиши асбобҳо
  3. Омӯзиши протсесҳо.

 Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи химия олимони Ғарб дар асри XVII истифода бурдаанд. Масалан, химиядони голландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои химия»-ро дар заминаи асари Закариёи Розӣ мураттаб сохтааст, яъне, дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир ҷараёнҳои химиявӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.

Гарчанде саҳми ӯро ҳамчун яке аз саромадони илмҳои тиббу кимиё файласуфон ва физикдонҳои воломақом эътироф кардаанд, аммо дигар паҳлуҳои фаъолияташ ҳанӯз ҳам пурра баррасӣ нагардидааст. Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби “Падари кимиё” ва табиби ҳозиқ шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндаҳои “асҳоби ҳаюло” эътироф гаштааст, вале баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳамагӣ ду асари Закариёи Розӣ- “Тибби руҳонӣ” ва “Сирати фалсафӣ” ба хулоса омаданд, ки ӯро “Муаллими ахлоқ” низ номидан ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар асарҳои мазкур тамоми хислатҳои инсонӣ, фазилатҳои хуб (некӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, иффат, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бад (разолат, мутакаббирӣ, худписандӣ, мумсикӣ, майпарастӣ, дурӯғгӯӣ)-и одамиро возеҳу фаҳмо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Закариёи Розӣ устод-мураббӣ дар паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ барои шогирд шахси носеҳ ва ғамхорест, зеро ба шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ -поксириштӣ, накукорӣ, иффат, инсондӯстӣ ва ғайраро тарғиб менамояд.

Ӯ ба масъалаҳои тарбияи ахлоқию маънавӣ диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти одамон панду маслиҳатҳои муфиду ҷолиберо баён кардааст. Дар ҷараёни таълиму тарбия мутафаккир дар ҷойи аввал ақли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ӯ баҳогузорӣ мекунад. Барои омӯзгорону мураббиён тавсияҳо медиҳад, ки онҳо дар роҳи тарбия аз толибилм ё донишҷӯ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд малол ва озурдахотир гарданд.

Олими шинохта ва мутафаккири номвар таъкид менамояд, ки таълиму тарбияи насли наврас аз вазифаҳои муҳимтарини носеҳону омӯзгорон аст. Муаллим бояд дар таълим ва тарбияи шогирд тамоми донишу маҳорати хешро сарф намояд. Ӯ бо шогирдон сидқан суҳбат намуда, камбудиҳо ва хислатҳои ношоистаашонро ошкор созад ва роҳи ҳалли онро нишон диҳад. Ба қавли мутафаккир, устод бояд аз донишу маърифати кофӣ бархурдор бошад ва дар умури таълиму тарбия ба саҳланкорӣ роҳ надиҳад, балки ҳамеша руҳияи шогирдро ба назар гирифта, бо ӯ муомилаи хуш намояд.

Дар васфи чунин фарзонафарзандони миллат, ахтарони илму адаб, ки тавонистаанд, бо заҳмати илмии худ дар арсаи ҷаҳонӣ эътирофу эҳтироми хосса ба даст биоранд, мешавад, ки мақолаву рисола ва китобу достону филмномаҳо таълиф намуду сабт кард, зеро ин чеҳраҳо ҳар кадоме дар навбати худ барои ҳувияти миллати тоҷик ва муаррифии фарҳанги тоҷикии форсӣ хидмати арзандаи фарзандона анҷом додаанд.

Имрӯз ҳам дар шароити Истиқлоли давлатии миллати тоҷик ёдоварӣ аз чунин фарзандони ҳувиятофар метавонад, дар тиннати насли наврасу ҷавон меҳру муҳаббат ба илмҳои бунёдиро бедор намуда, тафаккури миллии насли навини кишварро такмил диҳад.

 

 

Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар саҳни бинои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Вена муҷассамаи 4 донишманди бузурги тоҷик — Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шудааст.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *