Ӯғулой ҚОСИДОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Раванди маорифпарварии охири асри XIX ва ислоҳотхоҳии ибтидои асри XX дар саросари Осиёи Марказӣ ба забон, адабиёту санъат таъсири хоссае расонид. Дар ин давра дар рушду нумуи муҳимтарин арзиши миллӣ-забон ва адабиёти тоҷик шумори зиёди адибоне саҳми арзанда гузошта, ҳар кадом бо симои махсуси эҷодӣ дар ташаккули ин самти муҳимми миллӣ мақому манзалатеро соҳиб шудаанд. Садриддин Айнӣ низ аз ҷумлаи адибонест, ки бо асарҳои арзандааш дар нуқтаи пайванди адабиёти куҳан ва навини тоҷик ҷойгоҳи арзишмандро пайдо карда, дар шохоби пурталотуме ба маҷрои умумии забон ва адабиёти охирҳои асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ пайваста, бо ҳунари волои сухангустарӣ, дар рушди забон ва адабиёти тоҷик, махсусан, таҳавввулоти маънавиёти миллӣ барҷаста хидмат намудааст.

Дар заминаи омӯзиши фаъолияти эҷодии гуногунҷабҳаи Садриддин Айнӣ даҳҳо олимони ватаниву хориҷӣ аз кучактарин маводи чопӣ, то рисолаву монографияҳои илмӣ бисёр навишта, саҳми ӯро дар як давраи муҳимми таърихи тоҷикон, рушди сиёсати давлатӣ, забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва дар маҷмуъ, маънавиёти миллӣ муайян намудаанд. Махсусан, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Иосиф Брагинский, Абдуқодир Маниёзов, Иржи Бечка, Атахон Сайфуллоев, Абдулҳай Маҳмадаминов, Худойназар Асозода, Матлубаи Мирзоюнус ва даҳҳо нафари дигар зиндагӣ, фаъолияти илмӣ, адабӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии С. Айниро мавриди баҳс қарор додаанд. Айнишиносӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ низ идома ёфта, бо диду нигоҳи тозаи арзишҳои милливу маънавӣ таваҷҷуҳи пажуҳишгаронро ба худ кашидааст, аммо дақиқан бояд гуфт, ки шинохти шахсияти Айнӣ дар фосилаи муайян шуруъ нагардида, ҳанӯз дар замони наврасиаш лаёқати баланди фитрии ӯ аз мадди назари фарҳангиёни давр, махсусан, Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, ки дар таърихи адабиёти нимаи аввали асри ХХ ба унвони муаррих, тазкиранигор ва адиби маорифпарвар шуҳрат дорад, дар канор намондааст.

Садри Зиё дар замони низоъҳои дохиливу хориҷӣ ва вазъи кулфатбори Бухоро умр ба сар бурдааст. Ӯ дар баробари иҷрои вазифаҳои маъмуриву давлатӣ дар ҳаёти маданӣ, адабӣ ва сиёсии аморати Бухоро низ нақши муассир гузоштааст.

Мусаллам аст, ки тамоми сарчашмаҳои адабии нимаи дувуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ва равандҳои эҷодии ин давраро дар худ таҷассум кардаанд. Бинобар ин, бо асли матлаб иктифоъ карда, ба лаҳзаҳо ва андешаҳои ибратбахши ин ду ситораи тобноки адаби тоҷик, ки ба ҳамдигар садоқати бепоён доштанд ва дар муаррифии шахсияти ҳамдигар заминаи боэътимод гузоштаанд, назар меандозем.

Пас аз вафоти падару модари Айнӣ дар вабои соли 1306-1889, дар вақти сафари Fиждувон, Садри Зиё чун шахси соҳибмаърифату соҳибмартабаи замони худ ба зиракии маънавӣ ва истеъдоди баланди Айнии 12-13-сола таваҷҷуҳ намуда, ӯро ба Бухоро меорад. Ҳамин муносибати хайрхоҳона худ як ҷаҳиши бузург ва заминагузорӣ ба маънавиёти Айнии наврас мегардад, зеро дар замони истиқомат дар хонаи Садри Зиё дар баробари хидмати ин хонавода, инчунин, аз китобхона ва маҷлисҳои адабии дар ин хона баргузор гардида, баҳраҳо мебардорад. Ин марҳила ба устод Айнӣ манфиати бештар оварда, ба афкори ин ҷавони закиву ҳушманд табаддулоти маънавиро ба миён меорад. Ҳар ҳафта се рӯз ҷамъшавии нозимону носирон, донишмандону равшанфикрон, зарифону ширинкорон дар ҳавлии Садри Зиё ва оростани маҳфилҳои адабӣ ба Айнии ҳушманд таъсири амиқ гузоштааст. Ин аст, ки ӯ дар «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (1920), «Таърихчаи ҳаракати инқилобӣ дар Бухоро» (ба туркии ӯзбекӣ, 1920-1921), «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1920-1923) «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» (1940), «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва «Ёддоштҳо» (1948-1953) бо як эҳтироми махсус ба шахсияти Садри Зиё ва мероси адабиву илмии ӯ баҳои баланд додааст. Устод Айнӣ дар муддати 8 моҳи (1891-1892) зиндагӣ дар хонаи Садри Зиё аз хусуси мутолиаи як силсила кутуби адабӣ, бадеӣ ва таърихӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ ба таври зайл хабар медиҳад: «Шарифҷон-махдум девонҳои классикҳо ва китобҳои ҳикояро бисёр мутолиа мекард ва ҷойҳои фавқулода дилчаспи онҳоро ба ман ва Мирзо Абдулвоҳид шарҳ дода, ба завқи худ моро ҳам шарик менамуд» [1, с.33 ].

Дар асарҳои муҳаққиқони таърихи адабиёти тоҷик, ки дар боло зикрашон рафт, таъсири Садри Зиё ба зиндагӣ, шахсият ва камолоти эҷодии С. Айнӣ ва дар баробари ин, ошиқи асарҳои Аҳмад-махдум будан ва нақши андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ва таъсири он ба ҷаҳонбинии зеҳниву фикрии Садри Зиё борҳо сухан рафтааст. Аз ҷумла, дар китоби «Садри Бухоро»-и М. Шакурӣ рисолати таърихии маҳфили адабии Садри Зиё» ва таъсири он ба пешрафти афкори маорифпарварӣ ба таври хос таъкид шудааст: «Рисолати таърихии маҳфили адабии С. Зиё ин будааст, ки ҷасорати ҳақгӯӣ, маорифпарварӣ ва бахши иҷтимоиро, ки С. Зиё бо қатъияти том ба майдон овард, устуворӣ бахшид ва барои нуфузафзоии маорифпарварӣ дар ҷомеа мусоидат намуд» [12,с.21]. Зиёда аз ин, ба таври пинҳонӣ рӯйнавис шудани нусхаи китоби А. Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» аз ҷониби шоир ва хушнавис Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва муқоисаву муқобалаи ин ду нусха бо ҳамдастии Мунзим, Айнӣ ва Ҳайрат далели муносибати ҷиддии С. Зиё ба таълифот ва ақоиди А. Дониш мебошад. Ба «инқилоби фикрӣ» сабаб гардидани китоби мазкур ба равшанфикрони замон, ки аввалин бор устод Айнӣ дар осори худ таъкид кардааст, аз ҳамин таърих сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, «он дигаргунии кулливу қатъии маънавӣ, ки ин ҷавононро ба сӯйи пархоши фидокоронаи маорифпарварӣ раҳнамун гардид, аз китоби бузурги А. Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» ба шарофати С. Зиё ва ҳавасмандии аҳли маҳфили адабии ӯ ба ҳосил омад. Аз шарофати маҳфили адабии С. Зиё дар поёни қарни XIX ва оғози қарни XX бисёре аз зиёиёни тоҷик баҳра бурдаанд» [11, с.13].

Баъди ба мадраса дохил шудани С. Айнӣ ҳангоми қозии Қаршӣ будани С. Зиё аз мадрасаи соҳибнуфузи шаҳри Бухоро —  Кӯкалтош як ҳуҷраро харидорӣ намуда, ба ихтиёри Айнӣ мегузорад. Устод дар ҳуҷраи мазкур аз соли 1907 то соли 1917 истиқомат намуда, таҳсили илм кардааст. Чунин муносибат бори дигар шаҳодат аз ғамхорӣ, дӯстдорӣ ва эҳтирому ихлоси Садри Зиё нисбат ба Айниро нишон медиҳад. С. Зиё ба он дараҷае ба С. Айнӣ ва Мунзим муҳаббати бепоён ва ихлосу иродат доштааст, ки Айниро бо ифтихор дар яке аз манзумаҳояш дар “Тазкори ашъор” “…як чашми ман” менигорад:

Вафокеш мардум бидидам басе,

Чу Айниву Мунзим надидам касе.

Тавон гуфт Айнист як чашми ман,

Дигар чашм Мунзим дар ин анҷуман.

Бинозам ба гетӣ бад-ин ду нафар,

Ки мурғи диламро чу боланду пар. [10]

Садриддин Айнӣ низ дар қиёс бо шахсиятҳои шинохтаи Бухоро фазилатҳои фардии Садри Зиё, аз қабили хоксорӣ, ахлоқи ҳамида, ғамхорӣ, заковату дониш ва амалу андешаҳои маорифпарваронаи ӯро дар «Ёддоштҳо» алоҳида зикр мекунад [1,с.9-10].

Ҳамзамон, Муҳаммадҷон Шакурӣ бо такя ба асарҳои С. Айнӣ аз дастгириҳои Садри Зиё, баҳрамандии ҷадидон аз ӯ дар таълифоташ ишораҳои ҷолиб дорад: “Ба гувоҳии Садриддини Айнӣ таъминоти моддии ҷамъияти «Тарбияи атфол»-ро чанд тан равшангарон ба уҳда гирифта буданд, ки Садри Зиё яке аз онҳо буда, ҳар моҳ пинҳонӣ маблағи муайяне ба тариқи иона медод” [9, с.20]. Инчунин, муҳаққиқ Шодмон Воҳидов аз дастгириҳои моддиву маънавии Садри Зиё нисбат ба ҷавонони равшанфикр иттилои ҷолиб медиҳад: “Шоирони ҷавон: Муҳаммад Шамсиддини Шоҳин (1865-66 — 1895-96), Мирзо Абдулвоҳид «Мунзим», Нозим, Ҳайрат (соли вафот 1902), Айнӣ ва хаттотон, ҳамчунин, бахши аъзами устоҳои соҳаи китобат нафақат аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати моддӣ низ мавриди дастгирии Садри Зиё қарор гирифтаанд” [8, с.14.].

Яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар зиндагии С. Зиё ва С. Айнӣ ба сифати падидаи адабӣ муносибати эҷодии ин ду шахсияти адабии замон мебошад, ки дар навиштаҳояшон ба ин нукта бармехурем. Садри Зиё дар тазкираи манзуми «Тазкори ашъор» дар бораи С. Айнӣ андешаи ҷолиб дорад ва дар баёни ҳунари Айнӣ чунин овардааст:

Яке аз наҷибони равшанравон,

Ки дорад ватан хиттаи Fиждувон.

Ба фазлу ҳунар шуҳраи хосу ом,

Лақаб Айнӣ, Садриддинхоҷа ном.

Ба мулки сухан Айнии хушбаён,

Чу шамъ аст урёну равшанравон.

Ба назму ба насри сухан довар аст,

Зи насраш, вале назми ӯ хуштар аст

Суханҳои Айнӣ хуштар зи xон,

Агар боварат не, биёву бихон [10].

Садри Зиё дар баробари офаридани симои Айнӣ ба шоирии ӯ баҳои дуруст медиҳад ва назми Айниро нағз мешуморад. Бино ба таъкиди профессор И. Брагинский С. Зиё «ҳомии дерина»-и Айнӣ буд, ки «истеъдоди баланди Айниро эътироф карда, на танҳо дар назм, балки дар наср ҳам қобилияти фавқулода доштани ӯро қайд мекунад» [7, с.15].

Дар асари пурарзиши “Рӯзнома”-и С. Зиё чандин маротиба зикри номи С. Айнӣ рафта, дар ҷое ӯро “Саъдии сонӣ” меномад. Зимни нишон додани воқеаи рӯзи 9 апрели соли 1917 дар Бухоро, ки ҳолати риққатовари 75 дарра таъзир шудани Айнӣ мебошад, чунин менигорад: “Шунидам, ки баъд аз воқеаи ҳоилаи дирӯза, вақте ки дар Арки Бухоро ба хонаи тангу торик бешуур афтода будам, бародари муҳтарамам Мулло Садруддинхоҷаи ғиждувонии Айнитахаллусро, ки назман ва насран аввали Амири Хованд ва сонии Саъдии Шерозӣ ва дар ҳадди зоташ ранҷуру касалманд буд, аз мадрасаи Кӯкалтош ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмонаву бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво ҳафтоду панҷ чӯб таъзир кардаанд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки Обхона меноманд, ба ҳамон ҳол андохтанд. Аҳолии консулхона дар ҷамъи ин мавод фақат ҳамин қадар карданд, ки мазлумин ва маҷруҳинро аз он маҳбас оварда, ба Когон бурданд, ба духтурхона супурданд…”  [7, с.308].

Ин нукоти ҷолиб ва дигар андешаҳо перомуни ҳамбастагии Садри Зиё бо Садриддин Айнӣ ва сипосу садоқати бепоёни ҳамдигар дар осори ҳарду бо як шукӯҳмандӣ ба ҷилва меоянд.

Адабиёт:

  1. Айнӣ, С. Ёддоштҳо. Қисми I. — Сталинобод: Нашриёти Тоҷикистон, 1958. -286 с.
  2. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. -Душанбе: Адиб, 2010. -438 с.
  3. Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик. — Маскав: Чопхонаи Нашриёти марказии халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сусиёлистӣ, 1926. -626 с.
  4. Айнӣ, С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. — Куллиёт. Ҷ.10. — Душанбе: Ирфон, 1966. -С. 5-191.
  5. Айнӣ, Садриддин. Таърихи инқилоби Бухоро. Тарҷума аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ ва мураттиб Р. Ҳошим. — Душанбе: Адиб, 1987. -240 с.
  6. Айнӣ, Садриддин. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. — Куллиёт. Ҷилди 14. — Душанбе: Ирфон, 2005. -270 с.
  7. Брагинский И. С. Садриддин Айни: Жизнь и творчество (второе, дополненное издание). — Москва: Советский писатель, 1978. -248 с.
  8. Вохидов Ш., Чориев З. Садри Зия и его библиотека.-Ташкент: Янги аср авлоди, 2007. -182 с.
  9. Рӯзнома. Таҳқиқ ва пажуҳиши Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. — Теҳрон: Маркази аснод ва хадамоти пажуҳишӣ, 1382. -500 с.
  10. Садри Зиё, Шарифҷон-махдум. Тазкори ашъор. Бо тасҳеҳи Саҳобиддини Сиддиқ. Бо кӯшиши Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Чопи аввал. — Теҳрон: Суруш, 1380-2001.-428 с.
  11. Шакурӣ М. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. -Душанбе: Пайванд, 2006. -456 с.
  12. Шакурӣ М. Садри Бухоро. Ба эҳтимоми С. Ахавон. — Теҳрон: Маркази аснод ва таърихи диплумосӣ, 1380-2002. -110 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *