САДРИДДИН АЙНӢ ВА АҲАММИЯТИ АСАРҲОИ ВАТАНДӮСТОНАИ Ӯ ДАР ЗАМОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ

Файзулло ҚУРБОНОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
Сафарбӣ ҚАРАЕВА,
омӯзгори Коллеҷи муҳандисиву омӯзгории шаҳри Душанбе
Вақте ки Олмони фашистӣ ба хоки собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (22. 06. 1941) ҳуҷум кард, тамоми мардуми ин давлат аз рӯзҳои нахустини ҷанг зери шиори «Ғалаба бо мост!» ба мудофиа бархестанд… Тоҷикон низ мисли дигар халқҳои Шуравӣ дар торумори фашистон ҳиссаи худро гузоштанд. 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардида, 13 997 нафар ба ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар ақибгоҳ низ тоҷикон камари ҳиммат баста, барои ғалаба меҳнат мекарданд ва Артиши Сурхро бо ғизову либос таъмин мекарданд.
Адибони тоҷик низ дар фронту ақибгоҳ бо яроқу бо қалам мубориза бурданд, корнамоиҳои фарзандони далери тоҷикро дар асарҳояшон ситоишу васф намуданд. Мавзуи мудофиаи Ватан дар ин давра калидӣ маҳсуб мешуд. Адибон тавассути эҷод ҷанговаронро ба корнамоӣ, ҷоннисорӣ даъват менамуданд ва дар тарғиби руҳияи ватандӯстии халқи Шуравӣ саҳми шоиста мегузоштанд. Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода дар ҷабҳа бар зидди фашистон меҷангиданд. Лутфулло Бузургзода ва Ҳабиб Юсуфӣ қаҳрамонона дар майдони ҷанг ҳалок шуданд.
Махсусан, устод Садриддин Айнӣ дар ин марҳила эҷодиёти худро бар зидди фашизм равона карда, ҳамзамон, чеҳраҳои таърихии миллати тоҷикро, ки дар дифоъ аз ватан қаҳрамонӣ кардаанд, эҳё намуд. Абдусалом Деҳотӣ дар мақолаи «Садриддин Айнӣ» чунин менависад: Асарҳои илмӣ-тадқиқотии Айнӣ дар бораи ҳаёту эҷодиёти Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва Восифӣ дар адабиётшиносии мо мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Аз каломи ӯ танҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз як қатор очеркҳо, «Исёни Муқаннаъ», «Темурмалик» барин ду асари адабӣ-таърихии муҳим ба вуҷуд омадаанд. Хеле характернок аст, ки Айнии куҳансол солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ боз як бори дигар (чун соли 1918) бо «Суруди интиқом» ба майдон баромада, инсониятро ба несту нобуд кардани душмани ашадӣ-фашистони одамхӯр даъват намуд…
Устод Айнӣ дар очерки таърихии «Исёни Муқаннаъ» замони истилои араб ва муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик, хусусан, Муқаннаъро ба қалам дода, дар хусуси вазъи сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр, шӯришу исёнҳои Яздак, Ғурак, Абумуслиму дигарон маълумоти пурарзиш пешниҳод мекунад. Ӯ Муқаннаъро пайрави роҳи Абумуслим дониста, мақсади асосии муборизаи онҳоро озод кардани Ватани худ аз ҳузури аҷнабиён, ба даст овардани истиқлол ва ташкили як давлати мустақили миллӣ медонад.
Мутаассифона, орзуҳои Абумуслиму Муқанаъ ҷомаи амал напӯшида, шӯришҳои онҳо бераҳмона пахш карда мешавад, аммо ба ҳар ҳол, ба қавли устод Айнӣ «натиҷаи аввали исёни Муқаннаъ ҳамин буд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили мардуми Хуросон кошт ва онҳоро ба ҳамин омӯхт, ки фурсати муносибе ёбанд ва ба муқобили арабҳои истилогар хуруҷ намоянд ва дар роҳи ба даст овардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд».
Дар ҳақиқат, ҳамин муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус, қаҳрамононе чун Абумуслиму Муқаннаъ, Яҳёи Бармакӣ ва дигарон буд, ки тоҷикон ба ташкили давлатҳои нисбатан мустақили миллӣ, аз ҷумла, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён даст ёфтанд. Дар ин бора устод Айнӣ дар боби панҷи очерки «Исёни Муқаннаъ», ки «Натиҷаҳои исёни Муқаннаъ» ном дорад, чунин менависад: Фарзандони Асад бинни Сомон ва авлоди онҳо дар андак вақт бо кордонӣ, халқпарварӣ ва маданиятдӯстии худ дар байни аҳолии Хуросон ва Мовароуннаҳр обрӯю эътибори бисёр калон пайдо карданд. Маданияти миллӣ ва забони миллиро ривоҷ доданд ва дар охир, дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрон давлати миллии мустақили Сомониёнро барпо намуданд, ки марказаш Бухоро буд.
Айнӣ дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аввал дар бораи аҳволи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданияти кишвардории Муҳаммад Хоразмшоҳ қабл аз ҳуҷуми Чингизхон ба ин сарзаминҳо, маълумот дода, махсусан, аз хиёнати Муҳаммад Хоразмшоҳ бо нафрату истеҳзо ва аз диловариҳои писараш бо ҳаяҷону ҳисси ифтихор ёд меоварад. Ба қавли ӯ Султон Муҳаммад ҳамеша мағрури худписанд, яъне, «хонашеру майдонғариб» буд.
Султон Муҳаммад, ки дар биёбон Тӯқтағанро ҷустуҷӯ мекард, ба қатлгоҳе расид, ки ӯро ба тамоми навкаронаш Ҷуҷӣ кушта будааст ва дар миёни Султон ва Ҷуҷӣ ҷанг воқеъ шуд. Муғулон ба қалби лашкари Султон, ки худаш ҳам дар онҷо буд, ҳуҷум оварда, аскарони ӯро кушта, пароканда карданд ва қариб буд, ки Султон дастгир шавад, дар ҳамин вақт писараш Ҷалолуддин, ки ҳақиқатан як муҷассамаи шуҷоат буд, аз дасти рост ба мадади падар расида, ӯро аз он таҳлука раҳо дод. Ҷалолуддин мардонавор ҷангро то шаб давом дод ва муғулон ба тарафи урдаи Чингиз рафтанду Султон ба Самарқанд баргашт.
Аввалин ва охирин муҳорибае, ки Султон Муҳаммад шахсан бо чингизиён рӯ ба рӯ шуда ҷангид, ҳамин вохӯрии тасодуфӣ буд. Ӯ ба ҳамин ҷанг на танҳо дили худро бой дод, ҳатто, ғурурҳои забонии худро ҳам якбора тарк карда рӯирост дар паи гурез афтод. Ӯ на танҳо худ мегурехт, балки сардорони хос ва писари далери худ Ҷалолуддинро ҳам ба гурехтан ташвиқ мекард. Аммо устод Айнӣ баръакси маълумоти боло, дар бораи азму иродаи қавии ҳокими Хуҷанд Темурмалик, ки ба дифои ватан, шарафу нангу номуси инсонию миллати хеш бархоста буд, ба хонанда чунин хабари ифтихоромезу таҳсинбарангез медиҳад: «Шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Аҳолии ин ҷо ҳам монанди дигар аҳолӣ ба дасти тақдир супорида шуда буданд. Маслиҳате ҳам, ки аз тарафи Султон ба онҳо дода шуда буд, ҳамон маслиҳат буд, ки ӯ дар вақти гурези худ ба аҳолӣ сари роҳ дода буд. Ин «маслиҳат» ҳамон буд, ки гуфт: Чораи кори худ созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб эмин бошед. Чунонки ба аҳли Марв кард, фармон медод, ки агар гурехта натавонед таслим шавед!»
Аммо ҳокими Хуҷанд-қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба ин маслиҳату фармони хоинона гӯш надод. Аз вақте ки ҳаракати Чингизи хунрезро ба тарафи Мовароуннаҳр шунид, дар паи мудофиаи Ватан кӯшид. Темурмалик аз аввал медонист, ки як душмани хунхори пурзӯр монанди Чингизхонро Хуҷанд ба танҳоӣ шикаст дода, нест карда наметавонад. Лекин виҷдонаш ӯро маҷбур мекард, ки то дар бадан ҷон ва аз ҷон рамақе дорад, вазифаи аз тарафи Ватан ба зиммаш гузошташударо адо намояд ва дар таърих номаш бо нафрат ёд нашавад. Ӯ ин нуктаро ба хубӣ медонист, ки агар Ватан аз даст равад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, қаҳрамонона дар мудофиаи Ватан кушта шудан ҳазор бор аз он гуна зиндагонии зиллатбор ва беномусона беҳтар аст. Аз ин рӯ, қарор дод, ки ба қадри қуввату имкон дар мудофиаи Ватан талош намояд.
Дар баробари ин, устод Айнӣ ҳамчун адиби нобиға ва равоншинос барои барҷаста нишон додани воқеаҳо, руҳи қаҳрамонон ва парвариши эҳсоси ватандӯстонаи хонандагон аз шеър, ки бузургтарин сармояи миллати мост, дар ин асари худ хеле моҳирона истифода менамояд. Шеърҳое, ки ӯ дар ин замина аз адибон (Фирдавсӣ, Хоқонӣ …) меорад, имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардаанд. Аз онҳо ҷавонони мо дарси ибрат ва ҷасорату далерӣ гирифта, барои ҳифзи Ватан омода мешаванд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
Бимирем чун каму ноком мо,
Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо,
Манеҳ дар миён роҳ бо ҳар касе,
Ки ҷосуси ҳамкоса дидам басе.
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.
Устод Садриддин Айнӣ дар ин очерк ҳам аз бисёр маводи таърихӣ истифода бурда, манзараҳои ҳаёти халқи тоҷикро дар давраи истилои муғулҳо равшан ва таъсирбахш инъикос намудааст. Ӯ дар асари худ образи Темурмаликро ба тарзи дигар нишон дода, хусусиятҳои асосии қаҳрамони худро, ки яке ватандӯстӣ, дигаре ҷасорату истеъдоди лашкаркашӣ мебошад, дар маркази диққат гузоштааст. Шуҷоат ва далерӣ, зиракӣ ва ботадбирии Темурмалик, ки дар мубориза бар зидди душман равшан намоён мегардид, бо ҳаяҷони баланде тасвир ёфтааст. Дар образи Темурмалик қаҳрамонӣ ва фидокорӣ дар роҳи мудофиаи Ватан чун беҳтарин аломати шарафи инсонӣ талқин мешавад.
Руҳияи ватанпарварии Темурмалик ҷанговарони ӯро дар мубориза бар зидди истилогарони муғул ба ғайрат меовард. Як гурӯҳ ҷанговарони Темурмалик ба ҷанги душмани сершумор даромада, ин гуна суханони ибратбахшро вирди забон мекарданд:
Ба номи наку кушта гаштан ба ҷанг,
Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг.
Тамоми очерки “Темурмалик” ба ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ, нафрат нисбат ба истилогарони ваҳшӣ навишта шудааст ва дили хонандаро низ нисбат ба фашистон бо оташи ғазаб ва нафрат шуълавар мекард.
Устод Айнӣ дар замони ҷанг ба ҷуз ин очеркҳо боз як қатор ҳикояву асарҳои ҳаҷвӣ фелетон, очерк ва мақолаҳои публитсистӣ низ менависанд. Хонандагон аз онҳо доир ба корномаҳои мардуми Шуравӣ дар замони ҶБВ огоҳ мешаванд ва ҳисси ватандӯстии онҳо боло меравад. Барои мисол мақолаи «Модар-Ватан», ки соли 1942 навишта шуда, аз шоҳкориҳои адабиёти мост, ҳаргиз аҳаммияти худро аз даст намедиҳад.
Дар фарҷом, бо боварӣ метавон гуфт, ки асарҳои арзишманди устод Айнӣ бузургтарин мавод дар тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва адабии ҷавонон буда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, дӯст доштани миллату забону фарҳанг, дифоъ аз арзишҳои миллӣ тарбият менамоянд.
Проснувшись однажды утром после беспокойного сна, Грегор Замза обнаружил, что он у себя в постели превратился в страшное насекомое.