Теҳрон НАҶМИДДИНОВ,
магистранти бахши дуюми
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин даврон Ҳукумати кишвар барои ба вуҷуд овардани заминаҳои мусоид ва ҷалби ҷавонон ба илмомӯзию донишандӯзӣ як қатор тадбирҳо андешида, барои бунёди мактабу дабистон, таъсиси донишгоҳу дигар макотиби олӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нав, омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун талошҳои самаровари зиёд намуд. Дар баробари дигар самтҳои кишвардорӣ барои пешбурди илму маориф, саноату кишоварзӣ, тандурустӣ ва иқтисод шароити мусоид муҳайё шуд, ки ҷавонон имкон пайдо намуданд, қобилияти зеҳнии худро истифода карда, рӯ ба донишомӯзӣ оваранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби шахсони лаёқатмандро ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа шуморида, таъкид намуданд: Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Дар асоси ин иқдоми Пешвои миллат дар кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар радифи чопи китобу дастурҳо ва нашрияҳои соҳавӣ, инчунин, дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ, ба монанди кимиё, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила, метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа, сатҳу сифат ва касбияти мутахассисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд ва заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ пойдор мегардад.
Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» тибқи нақшаи тасдиқгардида дар доираи баргузории «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» миёни хонандагон озмунҳои гуногуни илмиву эҷодӣ ва зеҳнӣ, дарсу машғулиятҳои таҷрибавию озмоишӣ, намоиши ихтироот ва навоварии хонандагон дар муассисаҳои таълимии пойтахт баргузор карда мешаванд. Мақсад аз баргузории ҳафтаи мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорон мебошад.
Дар ин радиф барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул шуда, барои мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 яке аз чунин барномаҳо мебошад. Ҳадафи аслии ин барнома донистан ва пешниҳод намудани маълумоти фарогир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ бо истифода аз асбобҳои аёнӣ, маълумоти муосир оид ба сохти олами зинда, системаи офтобӣ бо ёрии асбобҳои аёнӣ, донистан ва пайдо кардани тасаввурот оид ба олами атроф, мушкилоти умдаи инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ, алоқамандии инсон ва системаи экологӣ дар миқёси масъалаҳои ҷаҳонишавии инсоният, мавқеи илмҳои табиатшиносӣ дар ҷомеаи инсонӣ, тарбияи эстетикӣ ва маънавии хонандагон ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Амалӣ гардидани ин барнома, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагон ва донишҷӯён ташкил менамоянд, ба тараққиёти илму техника то як андоза тавонист, мусоидат намояд. Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба масъалаҳои саноатикунонии мамлакат, истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт диққати махсус дода, ба ин васила, сатҳи зиндагии аҳолиро зина ба зина баланд мебардорад. Бо дарназардошти ҳамаи ин, дар кишвар мақсад гузошта шуд, ки фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ рушду тақвият ёбанд. Бо ин мақсад, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мавриди татбиқ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагон, бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияи замонавӣ дар ҷаҳони муосир ҳеҷ ҷомеа наметавонад, ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шуда, рушди минбаъдаи сармояи инсониро таъмин намояд. Асри XXI асри илм ва технология дониста шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ танҳо мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат ва соҳибкасб метавонанд, дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар як давлат саҳми бориз дошта бошанд. Миллати тоҷик фарзонагон, олимону донишмандон, кайҳоншиносон ва ҷаҳоншиносон, аз қабили Шайхурраис ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, ҳаким Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ ва садҳои дигар аз машоҳир ва абармардони илму маорифу фарҳангро ба дунё ҳадя намудааст, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърихи олам бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Хулоса, дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварии Пешвои дурандеши миллат низоми маорифу илми мамлакат рушд намуд ва барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва донишандӯзии ҷавонону наврасон имконияту шароити мусоид фароҳам карда шуд. Бо истифода аз ин имкониятҳо наврасону ҷавононро мебояд, ки барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ талош намоянд, нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ омӯхта, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бояд бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшида шавад. Дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забономӯзии насли наврас низ аз масъалаҳои муҳим мебошанд, зеро сатҳу сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, ин имкон медиҳад, ки соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардад. Бояд гуфт, ки ояндаи ободи Ватан ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Илму дониш дар байни тоҷикон аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанду мегузоранд.
Бо пайравӣ аз ин суннатҳои неки гузаштагон аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода намуда, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли наврасу ҷавон бояд таҳким бахшида шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *