Саодат РАҶАБОВА,
омӯзгори МТМУ №97, шаҳри Ҳисор,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллат аст, ки ба даст овардани он нуру зиё, меҳру вафо, озодию ободӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию амниятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Дастовардҳои асосии даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз барқарор намудани сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъсиси давлати мустақил, бунёди ниҳодҳои демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум иборат аст. Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон роҳи худро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона интихоб кунад ва мардум сарнавишти худро муайян намоянд.

Дар хотир бояд дошт, ки миллати шарафманди тоҷик аз азал ба арзишҳои озодиву соҳибихтиёрӣ эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист, зеро истиқлол барои миллати мо рамзи олии ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар фард ва бахту саодати воқеии халқ маҳсуб меёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Мову шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудааст».

Агар саҳифаҳои таърихиро варақ гардонему ба солҳои 90-уми асри гузашта назар афканем, ба воқеиятҳои талхе рӯ ба рӯ хоҳем гашт. Дар он давраи мудҳиш миллати моро зулму ситам, ҷангу фитна, нофаҳмоиҳои байниҳамӣ фаро гирифта, бештар аз як миллион нафар сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба иқтисодиёти навташкили мамлакат ҳисороти калон расонида шуд. Дар натиҷаи чунин раванд робитаҳои иқтисодии соҳаҳои истеҳсолӣ канда гардида, сохтори истеҳсолии мамлакат тағйир ёфт ва суръати рушди иқтисоди миллӣ ба маротиб коҳиш пайдо кард. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба 82% расида, дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ҳиссаи соҳаи саноатӣ 1,4 маротиба, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 1,3 маротиба поин рафта, дар заминаи инҳо суръати бекории аҳолии қобили меҳнат баланд гардида, муҳоҷирати меҳнатӣ афзоиш ёфт.

Барои аз чунин ҳолат раҳонидани миллати тоҷик он замон абармарде хидматҳои шоиста анҷом доданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре буданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои бунёди давлати тоҷикон корнамоиҳои беназире нишон доданд. Баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ фазои солимеро дар ҷомеа фароҳам оварад, ки он минбаъд барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ замина гузошт.

Албатта, иродаи матин ва садоқати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоди халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, ҳастии миллат ва якпорчагии давлат аз вартаи хатар раҳоӣ ёфт. Ҳамзамон, Сарвари давлат сохтори боэътимоди иқтисоди миллиро тавассути интихоби сиёсати «Дарҳои боз» таъсис дода, маҷрои ҳаёти аҳолии мамлакатро ба самти рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини сатҳу сифати баланди зиндагӣ равона намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои стратегиеро, аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ намуда истодааст, то ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар шавад.

Албатта, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шавад. Хушбахтона, дастовардҳои замони истиқлол хеле зиёд ҳастанд, ки ин ҷо мехоҳам арзишмандтарин ва муҳимтарини онҳоро номбар намоям:

  1. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он;
  2. Ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ;
  3. Оғози бунёди давлатдории миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ;
  4. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар;
  5. Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
  6. Ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон;
  7. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла, Сангтуда-1, Сангтуда-2, ба кор андохтани ду агрегати НБО-и Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии дигар;
  8. Баланд бурдани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани шумораи онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкории инфиродӣ.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илму маориф яке аз масъалаҳои асосӣ буда, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имконияти буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Аз моҳи июли соли 2024, дар баробари дигар соҳаҳо, маоши кормандони соҳаи илму маориф 40 фоиз ва аз моҳи сентябри соли 2025 20 фоизи дигар зиёд карда шуд, ки ин дастгирии бузурги давлатӣ мебошад.

Илова бар ин, дар Паёми навбатӣ (16.12.2025) Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки маоши кормандони ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, кормандони соҳаи илму маориф аз 20 то 25% зиёд карда шавад.

Рушди иқтисоди миллӣ ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон буда, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем”. Пас, ҷойгоҳи зиёиёну донишмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд буда, устодон барои омода намудани шогирдон дар соҳаи ихтирооти илмӣ корҳои зиёдеро низ анҷом медиҳанд.

Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дахл доранд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки ин дастовардҳо низ дар саҳифаи китоби таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Ҳоло вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба қадри ин неъмати худодод, яъне, Истиқлоли давлатӣ бирасем, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем, баҳри ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ин Ватани азизамон кӯшиш намоем, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастию ифротгароӣ ба мардуми шарафмандамон, бахусус, наврасону ҷавонон зиёне расонад.

Маҳз аз оилаву муасиссаҳои таълимӣ шуруъ намуда, меҳру муҳаббати Ватанро дар дили наврасону ҷавонон бедор намоем ва бо ин амалҳои нек тавонем дар пешрафту шукуфоии кишвари хеш ва таҳкими истиқлол саҳмгузор бошему муаррифи он дар арсаи ҷаҳон гардем.

Бигзор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдату сулҳи меҳани азизамон ҳазорсолаҳо поянда бошад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *