Шоира ПӮЛОДОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илми филология

Дар низоми муосири таҳсил баланд бардоштани сифати дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва салоҳиятнокии хатмкунандагони мактабҳои олӣ ба ташаккули маҳорати суханварӣ, муоширати озоду фасеҳ дар доираи ихтисос, корбасти истилоҳоти тахассусӣ дар мавқеи худ иртибот дорад. Айни замон, бартараф намудани муаммоҳои зиёди раванди таълим аз чандин омилҳо вобастагӣ дорад, ки муҳимтарини онҳо таълифи дастури таълимии мувофиқ ба талаботи замон ба шумор меравад.

Нашри дастури таълимӣ-методии «Забони тоҷикӣ» (барои донишҷӯёни ихтисоси таърих ва ҳуқуқ)-и устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дилоромхон Каримова таҳти назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саъдулло Неъматов падидаи тоза маҳсуб меёбад. Он фарогири масоили асосии назария (мухтасар) ва амалияи маданияти нутқ: калимасозӣ, истеъмоли калима, ибораороӣ, ҷумлабандӣ ва меъёрҳои талаффузи саҳеҳ; аз бар кардани қоидаҳои имло (мушкилоти имлои ҳарфҳои садоноку ҳамсадо, қоидаҳои аз сатр ба сатр кӯчонидани қисми калима, имлои даҳ ҳиссаи нутқ); мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат; шохаҳои услубии забон ва шарҳи муфассали услуби илмӣ бо мақсади ошно ва омода кардани донишҷӯён ба омӯзиши матнҳои таълимии тахассусӣ мебошад.

Дастури «Забони тоҷикӣ» барои 16 ҳафта пешбинӣ гашта, бо қолаб ва тартиби ягона фароҳам омада, аз пешгуфтор, матни мухтасари назарӣ, саволу супоришҳо, саволу ҷавобҳои тестӣ, машқҳо, кор бо матнҳои тахассусӣ, луғатомӯзӣ ва феҳристи адабиёти истифодашуда иборат аст. Аз хусуси вежагиҳои таълими фанни забони тоҷикӣ дар низоми кредитии таҳсилот андешаронӣ сурат гирифта, вобаста ба се навъи машғулияти гуногуншакл: дарси амалӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва кори мустақилонаи донишҷӯ мавод манзур гаштааст.

Омӯзиши забон якчанд рукн ва ҷанбаи таълиму тарбияро фаро мегирад, ки дар ташаккул ва такомули ҳусни калом, одоби муошират созгор аст. Дар оғози ҳар машғулият катибае оварда шудааст, ки шогирдонро дар руҳияи муҳаббат ба миллату Ватан, ифтихор аз забону фарҳанг, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ парвариш менамояд. Аз ҷумла, суханони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарси аввал тазаккур ёфтааст: “Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлоли миллӣ мебошад. Барои ҳар як фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад”.

Иҷрои машқҳо дар он сурат натиҷаи хуб медиҳад ва ба ташаккули салоҳиятҳои забонӣ, маърифатӣ ва иртиботии донишҷӯён ва салоҳиятҳои касбии онҳо мусоидат менамояд, ки агар низоми муайян ва тадриҷан гузаштан аз осон ба душвор ба эътибор гирифта шавад. Принсипи мазкур дар дастури таълимии мавриди назар комилан риоя гашта, маводди барои таҳлилу коркард интихобшуда бевосита ба ихтисоси донишҷӯён иртибот дорад.

Ҳадафи аслии дастури мазкур на танҳо додани маълумоти назарӣ, балки омода намудани шогирдон ба бозҷӯии маърифат, вусъати дониш, маҳорат ва малака дар таълим, дар маҷмуъ, ташаккули шахсияти ҷӯянда ва навовар маҳсуб мегардад. Масъалаҳои матраҳгардида барои дарки зарурату аҳаммияти иҷтимоии забон, риояи қоидаҳои роиҷ бар овозҳо, вожаҳо, ибораву ҷумлаҳо, таркибҳо, маъношиносӣ ва дигар унсурҳои забон мусоидат менамояд.

Дар дастур миқдори зиёди матнҳое оварда шудааст, ки дорои мазмуни баланди тарбиявӣ буда, аз лиҳози риояи меъёрҳои умумии адабӣ бенуқсон ҳастанд. Дар дастури таълимӣ барои ҳар як машғулият матни тахассусӣ барои таҳлилу баррасӣ бо иҷрои маҷмуи супоришҳо пешниҳод гаштааст, ба монанди:

— Ҷудо кардан ва шарҳ додани истилоҳоти соҳавӣ;

— Муродифи калимаҳои ишорашударо ёфтан;

— Тартиб додани ҷумла бо ибораҳои додашуда;

— Пурра кардани ҷумлаҳо;

— Аз матн ба саволҳо ҷавоб ёфтан;

— Нақли мухтасари матн;

— Таҳияи матн бо истилоҳи соҳавӣ;

— Навиштани эссе.

Иҷрои ин супоришҳо ба омӯхтани забони ихтисос, шиносоӣ бо истилоҳоти соҳавӣ, бой гаштани захираи луғавӣ, ташаккули малакаи суханварӣ, инкишофи нутқи шифоҳию хаттӣ мусоидат менамояд. Пас аз ба итмом расидани кор бо матн қисмати луғатомӯзӣ амалӣ карда мешавад, ки дар дастур оид ба ҳар як мавзуъ 15-20 истилоҳи марбут ба ихтисос ташреҳ гаштааст, ки бевосита барои дарки матни тахассусӣ мусоидат менамояд.

Коркарди тестҳо ҳамчун воситаи арзёбӣ барои натиҷагирӣ ва таҳлили донишҳои муҳассилин дар ҷараёни омӯзиши мавзуъ истифода мегардад, аз ҷумла:

  • Саволу супоришҳои санҷишӣ бояд мақсадҳои таълимии дарсҳо, бобҳои таълим ва салоҳиятҳои фанниро санҷад.
  • Ҳама гуна воситаҳои арзёбие, ки ҳангоми санҷиш интихоб менамоем, бояд ҳатман ба талаботи стандарт ва барномаи таълимӣ, силлабус, натиҷаҳои таълим (салоҳиятҳо, мақсадҳои дарс) мувофиқ бошанд.
  • Гуногунии навъи саволу супоришҳо бо мақсади арзёбӣ вобаста ба шакли он, яъне, марҳалавӣ, ҷамъбастӣ ё худ ниҳоӣ мувофиқат кунад.
  • Агар мақсади арзёбӣ санҷидани шинохтан ё ба хотир овардану фаҳмидани маълумот бошад, он гоҳ саволҳои навъи пӯшидаро метавон истифода намуд.
  • Тести таҳиякарда бояд навъҳои гуногуни супоришро фарогир бошад, зеро дар ин ҳолат дурустии (эътимоднокии) натиҷаҳои тест таъмин мегардад.
  • Саволу супоришҳои тестӣ бояд фаҳмо ва мушаххас бошанд.

Зимни таҳияи саволҳои тестӣ муаллиф комилан принсипҳои зикршударо риоя кардааст, ки аз муҳассаноти дастури таълимии мазкур мебошад. Дар охири ҳар мавзуъ супоришҳо барои кори мустақилонаи донишҷӯён (КМД) пешниҳод шудааст, ки иҷрои онҳо низ ба ихтисоси донишҷӯён рабт дорад.

Ҳамин тариқ, омӯзиши забони тоҷикӣ дар макотиби олӣ такрори маводди лексикиву грамматикии муассисаи таҳсилоти миёна набуда, балки бо таҳлилу коркарди матнҳои тахассусӣ хусусияти таҳқиқотӣ ва эҷодкорӣ дар зеҳну замири донишҷӯёни ихтисоси таърих ва ҳуқуқ таҳким бахшида мешавад. Ҳангоми ба низом даровардани системаи машқҳо таснифи усулҳо ва роҳу равиши инкишофи нутқ, ташаккули маданияти сухан ва гуфтори саҳеҳ муайян ва татбиқи бонизоми онҳо муқаррар карда шудааст. Ин дастур комилан ба талаботи низоми кредитии таҳсилот, принсипҳои ташаккули салоҳиятҳои забониву иртиботӣ ва фарҳанги нутқи донишҷӯён, барномаи тайёр кардани мутахассисон ва рушди салоҳияти касбии онҳо ҷавобгӯй мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *