
Зайнура БАҲРИДДИНОВА,
омӯзгор, вилояти Суғд
Мушкилоти экологӣ мураккабии вазъи экологии тамоми ҷаҳон мебошад, ки бо халалдор шудани равандҳои табиии ҳаёти замин ва тағйирёбии иқлим алоқаманд аст. Проблемаҳои экологӣ шартан ба ду категория тақсим мешаванд:
- Проблемаҳое, ки бо таъсири мутақобилаи табиат ба инсон марбутанд,
- Проблемаҳое, ки бо таъсири инсон ба табиат алоқаманданд.
Аз солҳои 60-уми асри гузашта маданияти экологӣ ва тарбияи экологӣ ташаккул меёбанд. Дар натиҷа, намудҳои зерини проблемаҳои экологӣ муайян шудаанд, ки харобкунии неъматҳои табиат аз тарафи одамон, истифодаи ғайриоқилонаи сарватҳои табиӣ: буридани дарахтон, эрозияи хок, биёбоншавӣ, ифлосшавии гидросфера, литосфера ва атмосфера бо пасмондаҳои газҳои СО2 дохил мешаванд. Ба ин намуд ҳодисаҳои туман дар болои ҳудуди шаҳрҳои калони саноатӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, борони кислота, партовҳои азим ва стихиявӣ, олудашавии захираҳои об бо нафту дигар моддаҳои зарарнок ва дафни партовҳои радиоактив дохил мешаванд.
Проблемаҳои экологии ҷаҳони муосир
Дар чаҳони муосир проблемаҳои экологӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтаанд. Олимони табиатшинос ҳоло 13 проблемаи асосии экологиро муайян кардаанд:
Ифлосшавии ҳаво, об ва хок. Фаъолияти инсон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ба он оварда расонд, ки партовҳои он бояд ба об ва хок рехта шаванд. Ҳаворо одамон тавассути истифодаи миқдори зиёди мошинҳо ва истеҳсолоти саноатӣ ифлос мекунанд. Резиши нафт, инчунин, дигар моеъҳои заҳрнок олами набототу ҳайвоноти тамоми минтақаҳоро нобуд мекунанд. Резиши нафт обро барои истифодаи ғизоию маишӣ номувофиқ мегардонад ва ҳаёти баҳриро аз байн мебарад.
Гармшавии глобалӣ. Партовҳои газҳои гулхонаӣ ва фаъолияти инсон ба тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд. Ҳар сол ҳарорати замин бештар гарм мешавад, ки ин боиси обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи об дар уқёнусҳо ва дигаршавии иқлим дар саросари ҷаҳон мегардад. Бар асари гармшавии глобалӣ шаҳрҳои гуногун, ба мисли Амстердам, Басра, Орлеани Нав ва Венетсия метавонанд аз рӯйи замин комилан нобуд шаванд.
Ноҳиябандии иқлимӣ низ вайрон мешавад, минтақаи яхҳои абадӣ дар Русия таҳти таҳдид аст, ки аз сабаби обшавии пиряхҳо мавҷудияти он метавонад аз байн равад. Нобуд шудани яхҳои абадӣ боиси оқибатҳои вазнинтар барои одамон-бедор шудани вирусу микроорганизмҳои қадимӣ мегардад.
Демография. Соли 2020 дар рӯйи замин тақрибан 7,7 миллиард одам зиндагӣ мекард ва рӯз ба рӯз шумора бештар гардида истодааст. Зиёдшавии аҳолӣ боиси кам шудани сарватҳои табиӣ мегардад. Ба теъдоде аз шумораи аҳолӣ оби тоза, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ намерасад, ки ин боиси гуруснагӣ мегардад.
Тамом шудани захираҳои табиӣ. Азбаски инсон барои фаъолияти худ миқдори зиёди захираҳои табииро (нефт, газ, маъдан) истифода мебарад, бидуни дарёфти навъҳои нави манбаъҳои энергия онҳо тамом мешаванд. Аз сабаби зиёд будани аҳолӣ дар сайёра партовҳо низ зиёданд. Корхонаҳои коркарди партовҳо на дар ҳама кишварҳо сохта шудаанд, аз ин рӯ, бисёр кишварҳо партовҳои худро ба баҳру уқёнусҳо мерезанд ва муҳити зистро заҳролуд мекунанд. Дар бобати коркарди партовҳо низ проблемаҳо мавҷуданд: баъзе навъҳои бастаро аз нав кор кардан мумкин нест. Масалан, партовҳои ядроӣ. Коркарди он барои саломатии инсон ва табиат хеле хавфнок аст. Ғайр аз ин, шикорҳои қочоқӣ, кофтукови ҳудудҳои нав ба он оварда мерасонад, ки бисёр намудҳои наботот ва ҳайвонот аз рӯйи замин нобуд мешаванд. Бештари равандҳои биологӣ низ вайрон мешаванд, масалан, равандҳои гардолудшавӣ.
Дарахтбурӣ. Дарахтон сарвати пурқимат мебошанд, зеро онҳо на танҳо ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода мешаванд, балки, оксиген ҳосил мекунанд. Ҷангалҳо ҳамагӣ 30 фоизи масоҳати умумии заминро фаро мегиранд ва ин шумора сол то сол кам шуда истодааст, зеро дар баробари дарахтбурӣ сӯхтори ҷангалҳо низ ба назар мерасад.
Туршшавии обҳои уқёнус. Гази оксиди карбоне, ки инсон хориҷ мекунад, обҳои уқёнусҳоро турш мекунад. Ба фикри олимон то соли 2100 туршии уқёнусҳо 150 фоизро ташкил медиҳад, ки боиси нобуд шудани ҳамаи мавҷудоти хурди баҳрӣ мегардад ва тадриҷан қабати озони замин хароб мешавад. Газҳои ихроҷшуда ва ифлосшавии ҳаво бо моддаҳои вазнини химиявӣ дар қабати озонии атмосфера «сӯрохиҳоро» ба вуҷуд меоваранд. Қабати озон барои мавҷудияти инсон ниҳоят муҳим аст: он таъсири зараровари нури офтоб ва радиатсияи офтобиро ҷилавгирӣ мекунад.
Нарасидани оби тоза. Проблемаҳои зиёд будани аҳолӣ, инчунин, ифлосшавии об дастрасии оби тозаро барои ҳамаи одамон зери хатар мегузорад. То ҳол технологияе ихтироъ нашудааст, ки оби шӯр бо коркард ба оби ошомиданӣ табдил дода шавад. Биноан, нарасидани оби ошомиданӣ яке аз дигар мушкилоти аслии замин мебошад.
Урбанизатсия. Ин истилоҳ маънои шаҳришавии босуръати аҳолист, ки ба андешаи мо оқибати хуб надорад. Дар ин ҳолат ҳайвонот ва наботот аз макони муқаррарии худ маҷбуран ронда мешаванд. Инчунин, нашъунамои шаҳрҳо боиси хароб шудани деҳу русто мегардад, зеро ҷавонон дар зодгоҳашон намонда, ба шаҳрҳо мераванд, то барои расидан ба орзуҳояшон бештар имкон пайдо кунанд.
Борони кислота. Ифлосшавии атмосфера боиси дар атмосфера пайдо шудани борони кислота мегардад. Одатан, онҳо ҳангоми фаъолияти вулканӣ, вақти сӯхтани сӯзишвории истихроҷшуда, инчунин, дар натиҷаи пӯсидани растаниҳо (ба атмосфера баровардани гази оксиди сулфур ва оксиди нитроген) ба вуҷуд меоянд. Мушкилоти экологӣ боиси мушкилоти саломатӣ мегардад. Ифлосшавии об, хок ва ҳаво на танҳо ба сайёра, балки ба сифати зиндагии одамон низ таъсир мерасонад. Вақте дуди ғафси саноат ё сӯхтор дар болои шаҳри мову шумо овезон мешавад ва гармшавии глобалӣ ба паҳншавии фаъоли бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.
Дунёро зер кардани партови пластикӣ. Сайёраи моро тадриҷан пластик нобуд месозад! Дар уқёнусҳои ҷаҳон аллакай 13 миллион тонна партовҳо шино мекунанд ва шиками 90 фоизи парандаҳои баҳрӣ аз партовҳои пластикӣ пур шудааст, ки дар натиҷа ҳайвоноти нодир кам ё нест шуда истодаанд.
Аз 500 ҳазор албатросе, ки дар як сол таваллуд мешавад, зиёда аз 200 ҳазораш аз беобӣ ва гуруснагӣ мемиранд. Парандаҳои калонсол партовҳои пластикиро ғизо фикр карда, ба чӯҷаҳои худ медиҳанд.
Мо — инсонҳо сарпӯшҳои зарфҳои обӣ, халтаҳои якбормасрафро андеша накарда, ба кӯлу дарёҳо, ҷангалу буттазорҳо ва дигар ҷойҳо ҳавола медиҳем ва фикр намекунем, ки моддаҳои кимиёвие, ки дар истеҳсоли зарфҳои якдафъаина истифода мешаванд, хоки замину обҳои зеризаминиро заҳролуд мекунанд, ки на танҳо ҳайвонот, балки ба мо-инсонҳо низ зарари худро мерасонад. Мо бо ин амал бо худамон дар ҷанг ҳастем ва танҳо тавассути истеъмоли бошуурона, бо назорати қатъии ҳаҷми истеҳсоли пластмасса ва дастгирии давлат ба корхонаҳое, ки ба коркарди он машғуланд, мубориза бурда метавонем.
Пластик маводи аҷиб аст. Онро барои сохтани зарф, халтаҳо, мебел ва ҳатто, қисмҳои мошин истифода мебаранд. Қариб ҳама чизе, ки мо дар ҳаёти ҳаррӯза дучор мешавем, аз пластик сохта шудаанд. Мушкили асосӣ дар он аст, ки 40 дарсади партовҳои маишӣ пластмассаи як бор истифодашавандаанд. Дар ҳақиқат, он кори моро осон мекунад, вале барои сайёра хатари зиёд дорад. Муҳлати хидматрасонии як халтаи пластикӣ 12 дақиқаро ташкил медиҳад, аммо то пурра пӯсидани он ҳамчун партов беш аз 400 сол лозим мешавад. То ҳол ягон давлат наметавонад аз пластик комилан даст кашад. Барои ин мо бояд маводи алтернативӣ пайдо кунем, ки ба муҳити зист зарар нарасонад. Баъзе аз кишварҳо, аллакай, ба муқобили он мубориза бурданро cap кардаанд. Дар Латвия мағозаҳое, ки ба муштариёни худ халтаҳои селофанӣ медиҳанд, андози иловагӣ месупоранд. Ифлосшавии пластикӣ дар сайёра ба мушкилоти ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Экологҳо на танҳо вазъиятро таҳлил мекунанд, балки роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ доранд.
Бисёр кишварҳо ба коркарди фаъолонаи пластик шуруъ кардаанд ва дар сатҳи давлатӣ коҳиши истифодаи он ва ҷудокунии партовҳоро назорат мекунанд, вале мо бояд чӣ кор кунем? Барои саҳм гузоштан ба некуаҳволии сайёра корро аз куҷо оғоз кардан лозим аст?
Одатҳои истеъмолии худро тағйир додан ва хариди бошуурона, тадриҷан даст кашидан аз маводи пластикӣ, иваз кардани он бо пластики бисёрмасраф зарур аст.
Шумо ин корро метавонед, аз қадамҳои одӣ оғоз кунед:
Ҳамеша бояд бо худ халтаҳои коғазӣ, латтагӣ ва ё бисёркарата дошта бошед ва дар мағоза розӣ нашавед, ки ба шумо халтаи якдафъаина диҳанд.
Мағозаҳоеро интихоб кунед, ки бидуни тамғаҳои часпанда нархгузорӣ мекунанд.
Аз маводи таблиғотӣ ва туҳфаҳое, ки дар хазина ройгон пешниҳод мекунанд, даст кашед.
Ба дигарон фаҳмонед, ки чаро даст кашидан аз халтаҳои якббормасраф муҳим аст.
Барои нӯшокиҳо зарфҳои пластикиро истифода набаред.
Партовҳоро ҷудо кунед, харитаи нуқтаҳои қабули зарфу селофанҳои пластикиро дар шаҳри худ омӯзед.
Бо кам шудани истеъмоли он ширкатҳо маҷбуранд, ки миқёси истеҳсолро кам кунанд.
Маҳз истифодаи бошууронаи ҳар як сокини сайёра дар ҳалли фалокати глобалии экологӣ ёрӣ хоҳад кард.
Роҳҳои ҳалли масъала
Барои ҳалли мушкилоти камшавии захираҳои табиӣ бисёр кишварҳо ба истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва устувори энергия: энергияи офтоб, шамол ва об мегузаранд.
Барномаҳо барои ҳифзи ботлоқзорҳо ва экосистемаҳои соҳилӣ барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва захираҳои об таҳия мешаванд. Бояд гуфт, ки қариб ҳамаи проблемаҳое, ки дар боло зикрашон рафт, аз дасти мо-одамон пайдо шудаанд.
Агар мову шумо ҳама якҷоя шуда, баҳри зиндагии шоиста дар сайёраи худамон мубориза барем, метавонем, шумораи чунин проблемаҳоро кам созем. Пас, биёед, кӯшиш ба харҷ бидиҳем, то ҳамарӯза сайёраамонро пок созему дар он зиндагии хубу зебо дошта бошем.