Ш. АВЕЗОВА,
омӯзгори калони забони англисӣ,
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Забони лотинӣ яке аз забонҳое мебошад, ки бо қадомати таърихӣ ва таъсиргузории худ дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ имрӯз ба шумори забонҳои мурда дохил мешавад. Ин забон чӣ гуна забон буд ва чаро онро “лотинӣ” мегӯянд? Аслан, калимаи “лотинӣ” аз Latium (Латсий) – номи вилояте, ки дар қисми миёнаи нимҷазираи Апенин, маҷрои поёнии дарёи Тибр ҷойгир буд, гирифта шудааст. Дар ин ҷо қабилаи лотинҳо зиндагӣ доштанд. Ҷамъияти ибтидоии Латсия шаҳри Рим буд, ки соли 754 то мелод таъсис ёфтааст. Забони аҳолии Рим низ лотинӣ буд. Дар натиҷаи ҷангҳои   забткунанда қабилаҳои дигари Латсия ва баъдан тамоми Италия ба таҳти ҳокимияти Рим дохил шуданд. Ниҳоят, забони лотинӣ ё забони шаҳри Рим дар қарни якуми мелодӣ воситаи муомилаи қариб ҳамаи Италия гардид.

 Аз давраҳои ҷанги Пунӣ сар карда (қарнҳои III-II то мелод), ҳамроҳи легионҳои римӣ забони лотинӣ аз ҳудуди Италия берун баромад. Он ба ҳудуди мамолики дорои маданияти қадимӣ (Юнон, Карфакон, Сурия) даромада, байни қабилаҳои маданияташон нисбатан пасти Аврупои онвақта: галлҳо – авлодони фаронсавиҳо, иберҳо – авлодони испаниҳо, дакҳо, ки дар ҳудуди Руминия ва Молдавияи ҳозира мезистанд, инчунин, Осиё дохил шуданд.

 Дар соҳилҳои баҳри Миёназамин (Юнон, Осиёи Хурд, Миср) забони лотинӣ ба забонҳои маҳаллӣ, ки анъанаи тулонии хаттӣ ва маданияти баландтар доштанд, бархӯрд. Бо зарби яроқ ва декретҳо забони лотинӣ тадриҷан ба забони давлатии империяи бузург ва аз рӯи маҳал гуногун – Рим мегардад. Он танҳо дар Юнон ва Шарқ, ки забону русум ва анъанаҳои хаттии худро доштанд, паҳн шуда натавонист.

 Забони юнонӣ забони дуюми римиҳои соҳибмаълумот буд. Онро дар мактабҳо меомӯхтанд. Донистани забони юнонӣ ба азхудкунии соҳаҳои мухталифи илм роҳ кушод. Осори зиёди юнонӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуданд. Дар натиҷа, калимаҳои мансуби илм ба лотинӣ гузаштанд. Паҳншавии забони лотинӣ ба васеъшавии алифбои лотинӣ боис гардид. Ба алифбои лотинӣ ду ҳарф: Уу (ипсилон) ва Zz (зета) дохил карда шуданд. Ҳанӯз то вақте ки Юнон зери таъсири Рим монд, он дорои маданияти баландтар буд. Дар қарни V то милод, давраи классикӣ, фалсафа, санъат ва адабиёти Юнони қадим инкишоф ёфт. Асарҳои муҳим оид ба илмҳои табиӣ ва тиб ба миён омад. “Падар”-и тибби илмии Аврупо Ҳиппократ (460 – 377 то милод) ҳисоб меёфт. Дар асарҳои ӯ, ки то мо расидаанд, заминаи асосии илмии истилоҳоти тиббӣ гузошта шудааст.

 Асари Ҳиппократ бо унвони “Ta pharmaka” ё “Pharmakitis” мебошад, ки мутаассифона, он ҳифз нашудааст. Дар китобҳои то мо омада расида, Ҳиппократ калимаи pharmakcia (дар намуди лотинӣ pharmakcia — формасия)-ро барои ишораи санъати тайёр намудани доруҳо истифода бурдааст. Қариб 236 растании доруиро номбар кардааст. Маълумоти зиёде дар бораи тайёр кардани доруҳо аз растанӣ, минералҳо ва ҳайвонотро ҷамъоварӣ кардааст.

 Соли 395 мелодӣ империяи Рим ба ду қисм ҷудо шуд – Ғарбӣ ва Шарқӣ. Дар қисмати Шарқӣ – Византия забони юнонӣ маъмул гардида, дар қисмати Ғарбӣ забони лотинӣ чун забони давлатӣ боқӣ монд.

 Баъди пошхӯрии империяи Рими Ғарбӣ дар асри V Рим қудрати пешинаро аз даст дод. Аз асрҳои  VI  то VIII ҳар вилоят  ниммустақил буда, бо тарзи худ зиндагӣ мекарданд. Байни романиҳо (аз Rома — Рим) ҷудоӣ пайдо шуд. Асри IX забонҳои романӣ: итолиёӣ, фаронсавӣ, руминӣ, молдавӣ ташаккул меёбанд. Забони лотинӣ чун забони зиндаи гуфтугӯӣ барҳам хурд. Дар асрҳои миёна (VI — XIV) забони лотинӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ таълим дода мешуд. Ҳуҷҷатҳои қонунӣ, судӣ ва дипломатӣ ба забони лотинӣ навишта мешуданд. Ҳамаи китобҳо дар Аврупо дастхатҳо, сипас, китобҳои чопӣ (XIV — XVI) ба забони лотинӣ нашр мешуданд.

 Табиатшинос Плиннии калонӣ (асри I-и мелодӣ) оид ба олами растаниҳо ва ҳайвонот маълумоти зиёде ҷамъоварӣ намуда, онро ба низоми муайян даровард. Асари муҳимми ӯ “Histоria naturalis” (Таърихи табиатшиносӣ) аз 37 китоб иборат буда, 8 китоб ба ботаника, 8-то ба растаниҳои доругӣ, 1 китоб ба антропология ва физиологияи одам тааллуқ дорад. Олим – энсиклопедист ва табиб Корнелий Селс (асри I-и мелодӣ) муаллифи асари 8-ҷилда “Дар бораи тиб” аввалин шуда, номгӯи лотиниро дар баробари юнонии анъанавӣ ворид месозад.

 Тавре аз сарчашмаҳо маълум аст, дар ҳазораи якуми мелодӣ олимон асарҳояшонро ба забонҳои лотинӣ, юнонӣ ва арабӣ менавиштанд. Ба забони лотинӣ китоби “Қонуни тиб”-и Абуалӣ ибни Сино тарҷума шуд. Дар ин давра ба истилоҳоти фарматсевтӣ калимаҳои арабӣ ворид шуданд. Чунончи: alcohol (алкаголь, спирт), elexir (эликсир — қиём), alkal (шелоч-ишқор, аз ин ҷо номи элементи калий), sirupus (сироп — шарбат), saccharum (аз арабӣ sugor — қанд), senna (сенна – номи растанӣ).

 Дар баробари васеъ шудани назари нав оид ба табиати атроф шаклгирии истилоҳоти нав дар асоси фонди луғавии юнонию лотинӣ сурат мегирад. Дар баробари тасвири олами ҳайвонот ва растаниҳо шавқи зиёд ба омӯзиши анатомияи одам пайдо мешавад. Донишмандони асрҳои XV — XVI Леонардо да Винчи, Везалий, Евстахий, Гарвей аввалин шуда, омӯзиши анатомияро дар ҷасад пеш гирифтанд. Физиология низ инкишоф ёфт, ки хидмати Вилям Гарвей дар ин соҳа калон аст. Маҳз дар ҳамин давра пояҳои истилоҳоти тиббии байналмилалӣ гузошта шуд.

 Истилоҳоти тиббӣ-биологии юнонии лотиниасос дар асри XVIII инкишоф ёфтанд. Олимони зиёд бо ин забон менавиштанд. Олими машҳури шведӣ Карл Линней (1707 — 1778) номи растаниҳои ба ӯ маълумро ба танзим дароварда, асарҳои машҳурашро бо забони лотинӣ таълиф намуд. Чунончи: “Genera plantarum” (“Ҷинси растаниҳо”), “Species plantarum” (“Намуди растаниҳо”), “Philosophia botanica” (“Фалсафаи ботаника”).

 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ “Pharmacopoea Internationalis – Международная фармакопеяя” – “Фармакопияи байналмилалӣ”-ро нашр мекунад, ки дар он ба ҳар як дору номи байналмилалии лотинӣ дода мешавад ва дар ҳамаи кишварҳои дунё мавриди истифода қарор мегирад.

 Дорухатҳо дар ҳамаи кишварҳои дунё аз рӯйи сарфу наҳви забони лотинӣ навишта мешавад. Аз ин рӯ, дорухати духтури тоҷик ё англис навиштаро ҳамаи духтурони дунё хонда метавонанд, ё баръакс, аз рӯйи дорухати духтури олмонӣ ё англис навишта, доруро дар Тоҷикистон ё Германия тайёр кардан мумкин аст.

 Барои номгузории намудҳои гуногуни бемориҳо, ҳолати патологӣ, нишонаҳои беморӣ, асбобҳои зиёди тиббӣ, сирояткунандаҳои беморӣ маводди асосӣ аз фонди луғавӣ ва калимасозии юнонӣ – лотинӣ истифода бурда мешавад. Номгӯйи муосири феҳристи байналмилалии анатомӣ – “Nomina anatomica”, ки соли 1955 дар шаҳри Париж қабул карда шудааст, на танҳо аз калимаҳои юнонӣ ва лотинӣ иборат аст, балки бо забони лотинӣ навишта шудааст. Ҳамин тавр, системаи лотинии истилоҳот дар давраи муосир низ ба сифати системаи аломатҳои байналмилалии ёридиҳанда дар тиб, форматсия, ботаника ва зоология инкишоф меёбад.

Хулоса, ҳар як забон дар ҳар марҳилаи таърихӣ метавонад барои соҳаҳои башарӣ хидмат кунад. Забони лотинӣ низ аз зумраи он забонҳои ҷаҳон аст, ки новобаста аз доираи омӯзишҳо берун шудан ва ба бахши забонҳои мурда шомил шудааст, вале то ҳанӯз тавонистааст барои соҳаи тибби ҷаҳонӣ хидмат намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *