Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори муассисаи таълимии хусусии
“Мактаби ҷаҳон”-и ноҳияи Фирдавсӣ,
шаҳри Душанбе
Истиқлоли Тоҷикистон дарахти пурбореро мемонад, ки мо аз меваҳои шакарини он чашида истодаем. Истиқлоли давлатии мо се даҳаро пур кард ва даҳаи чаҳорумро тай карда истодааст. Агар ҳамаи давраҳои истиқлоли Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ кунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки даҳсолаи аввал агар давраи музокирот, гуфтушунид ва гирудорҳову ба ҳам муттаҳид кардани мардум бошад, даҳаи дуюм давраест, ки мардуми мо мафҳум ва маънои истиқлолро дар худ ҳазм карданд ва аз самараи он ком ширин намуданд. Таваҷҷуҳу эътимод ба воситаи озодӣ ва истиқлол ба давлати миллӣ комилан зиёд гардид. Ба воситаи фазилатҳои шоистаи истиқлол мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи дуюм аҳлона аз як гиребон сар бароварда, барои якпорчагӣ ва пос доштани ҳувияти миллӣ камар бастанд.
Марҳалаи сеюм аз ду давраи аввал комилан фарқ мекунад. Ин давра дар муқоиса бо ду даҳаи қаблӣ хусусияти комилан прогрессивӣ дошта, даврони ободкорӣ, навсозӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба ҳамаи қишрҳои ҷамъият мебошад. Маҳз дар ҳамин давра корхонаҳои азими истеҳсолӣ, коргоҳу корхонаҳо, мактабу донишгоҳҳои типи нав кушода шуда, толибилмонро ба таҳсил фаро гирифтанд. Гузашта аз ин, муҳимтарин ва комилтарин иншооти аср ‒ бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун дар ҳамин давра ба кор шуруъ кард. Дар ҳамин давра беҳтарин унсурҳои моддӣ ва маънавии Тоҷикистон ба феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуд. Дастовардҳои давраҳои истиқлоли миллӣ ва махсусан, даҳсолаи охирро дар як мақола баён кардан ғайримимкон аст.
Истиқлол асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузургу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан, мо — ҷавонон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳми худро гузорем ва дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллатамон саъю кӯшиш намоем.
Шоирону нависандагони мо аз файзи Истиқлоли давлатӣ илҳом гирифта, онро ҳамчун мавзуи марказии эҷодиёти худ қарор додаанд. Аз ҷумла, шоири маҳбуб, мумтоз ва ватансаро, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар доир ба истиқлол ва аҳаммияту мафҳуми ин неъмати бебаҳо шеърҳои зиёд эҷод карда, муҳимтарин арзишҳои башарии истиқлолро бозгӯ кардааст:
Оламафрӯз аст Истиқлоли мо,
Пайки Наврӯз аст Истиқлоли мо.
Парчами меҳр аст дар боми фалак,
Сарбаландӣ аст аз номи фалак.
Ганҷи Истиқлол дар кӯҳи мурод
Саргузашти аслро орад ба ёд.
Дигар шоирони ватанпарасти мо низ дар замони Истиқлоли давлатӣ рӯ ба ин мавзуъ оварда, фалсафаи онро барои хонандагон шарҳу тавзеҳ додаанд.
