Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
“Маърифати омӯзгор”,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

                           Арҷгузорӣ ба китоб — ҷузъи аслии фарҳанг

Китоб дар фарҳанги миллати тоҷик ва тафаккури миллӣ ҷойгоҳи шоиставу арҷманде дорад. Гузаштагони барӯманду китобдӯсти мо китобҳои арзишманду мондагорро таълиф намудаанд ва хушбахтона, осори ин фарзонафарзондони номвару донишманду илмдӯсти миллати тоҷик то имрӯз ба мо – меросбаронашон расидааст, ки бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ онҳоро сарчашмаи илму маърифатомӯзӣ қарор додаем. Китобҳои ашъори ноби Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ, “Баҳористон”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра, ганҷномаҳои рӯимизии мо гаштаву ҳамарӯза аз байту сатрҳои дилнишинашон баҳраманд мешавем ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро ҳамчун дастури зиндагӣ истифода мебарем. Зеро китоб, дар ҳақиқат, “аниси кунҷи танҳоӣ” буда, чун ганҷи ноёб, чун хазинаи бепоёни илму маърифат барои инсон асрҳои аср хидмат карда истодааст ва дар оянда низ ҷойгоҳи шоистаи худро аз даст нахоҳад дод.

Фарзанди хирадгарову маърифатдӯсти сарзамин — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин нукта диққати махсус дода, таъкид мекунанд: “Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.

Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар ташвиқи китобдӯстӣ

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу некиқбол ба мақоми баланди китоб, китобдӯстиву китобхонии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Сарвари давлат ҷиҳати тарвиҷи илму дониш, китобдӯстиву китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар иқдому ташаббусҳои бешуморро амалӣ намудаанд, ки воқеан, барои миллати тоҷик рӯйдодҳои мондагору таърихӣ мебошанд, аз ҷумла, бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо шукӯҳу шаҳомати хеш дар минтақа беназиру нотакрор аст. Ҳамчунин, чоп ва тақдими асарҳои арзишманду ҳувиятафзо —  китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз рӯйдодҳои нодирест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, ҳамовозиву ҳамдилии густардаеро соҳиб гардиданд. Маҳз, бо ибтикору роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯзҳо ин ду ганҷинаи нодир – китобҳои таърихиву мондагор дастраси мардум гардида, ба дастури болоимизӣ табдил ёфтааст, ки гувоҳ аз ҳисси баланди ватандӯстиву маърифатпарварии Роҳбари дурандешу ботадбири давлати мост.

Илова бар ин, бо сарпарастии бевоситаи Сарвари кишвар чанд солест, ки дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар робита ба роҳандозии озмунҳо чунин таъкид намуданд: “Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои Илм – фурӯғи маърифат, Тоҷикистон – Ватани азизи ман, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.

                                                              Дар бораи озмун

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маҳз бо ҳамин ҳадафҳои накуву олӣ — бо мақсади ташвиқу тарвиҷи боз ҳам бештари китобхониву китобдӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки доираи васеи мардумро ба худ ҷалб кардааст. Масъулияти баргузории онро вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар дӯш доранд.

Сабқати мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ доир мегардад.

Бояд гуфт, ки дар озмуни имсола дигаргунӣ ворид гардидааст ва аз ин пас, он аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:

— адабиёти кӯдакону наврасон ва  осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикии тоҷик;

— адабиёти муосири тоҷик;

— адабиёти ҷаҳон.

Тибқи низомномаи он довталабони номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

1) Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ (3 гурӯҳ):

— гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8);

— гурӯҳи сеюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11).

2) Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):

— гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4)

— гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11).

 — гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои аҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо,аспирантҳо, докторантҳо);

— гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

3) Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

(4 гурӯҳ):

— гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4);

— гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

— гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

4) Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):

— гурӯҳи якум — хонандагони синфҳои  ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4);

— гурӯҳи дуюм — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— гурӯҳи сеюм — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

— гурӯҳи чорум — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

                          Оғози даври ҷумҳуриявии озмун ва ҷараёни он

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 14 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса оғоз гардид, ки дар расми ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун, иштирокдорон ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ аҳли адаб, масъулони озмун, довталабон ва меҳмононро бо оғози даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик гуфта, иброз дошт, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин озмун на танҳо василаи бедории завқи китобхонӣ, балки роҳи устувори баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир пур аз иттилооту хатарҳои иттилоотии бегона аст, китоб — василаи муҳимми ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷомеаи мо танҳо бо дониш, маърифат ва китобхонӣ метавонад муваффақ ва пешрафта гардад.

Дар ҳамоиши мазкур вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки имсол мо шоҳиди оғози соли ҳафтуми баргузории озмуни бузурги маърифатӣ мебошем. Дар тули ин солҳо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавонист, чеҳраҳои нави илму адабро муаррифӣ кунад, муҳаббат ба китоб, ба забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳониро таҳким бахшад, дар миёни кӯдакону наврасон, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеа руҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зиракии сиёсиро тақвият диҳад. Бигзор, ин озмун мисли ҳар соли дигар ба тантанаи дӯстӣ, ваҳдат, дониш ва маърифат табдил ёбад.

Зимни баргузории маросим таъкид шуд, ки вазифаи комиссияи ҷумҳуриявӣ таъмин намудани шаффофият, адолат ва баҳогузории холисона дар даври ниҳоии озмун аст. Бояд ба ҳар як иштирокдор бо руҳияи хуб муносибат намуда, заҳмат, дониш ва омодагии ҳар довталаб ба таври одилона арзёбӣ шавад.

Сипас, озмуни тақдирсоз тибқи низомнома ба кори худ шуруъ намуд. Ҳайати ҳакамони кордидаву корозмуда – олимону донишварон, устодону омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба иштироки ҳар як довталаб воқеъбинона баҳогузорӣ менамуданд.

Тавре ки мо мушоҳида кардем, 17 толори Китобхонаи миллӣ барои ба таври шоиста баргузор шудани озмун омода буд. Ҳамчунин, дар толорҳои барои волидону ҳамроҳон пешбинишуда экранҳои калон насб гардиданд ва ҳаводорону наздикони наврасону ҷавонон раванди баргузории ҳар як номинатсия, иштироки ҳар як довталабро тариқи бархат — онлайн тамошо мекарданд. Ин амал шаффофияти озмунро таъмин намуда, баъди баромади ҳар як довталаб, ба ғайр аз ҳайати ҳакамон, тамошобинон низ сатҳи омодагии иштирокдоронро бевосита мушоҳида намуда, хулосаҳои хешро мебароварданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Раҳим Саидзода пайваста аз ҷараёни баргузории сабқат дидан намуда, бо волидону ҳамроҳони иштирокдорон, ҳайати ҳакамон ва довталабон суҳбатҳо меорост ва ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд гузаштани озмуни бонуфузу номвар тавсияҳо медод.

Ҳар бегоҳ бо иштироки масъулону мутасаддиён ҷаласаи ситоди озмун баргузор гардида, ҷараёни баргузорӣ, бурду бохт, пешрафту навгониҳои сабқат ба риштаи таҳлил кашида мешуд. 

Муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ба таври доимӣ дар макони баргузории озмун – Китобхонаи миллӣ қарор дошта, ҳамарӯза раванди баргузории озмунро назорат мекард.

Довталабон дар талаби пирӯзӣ ҳар як лаҳзаро ғанимат дониста, бо шавқу ҳаваси зиёд дар толору роҳравҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон донистаҳояшонро зери лаб такрор ва бо ёрии омӯзгорони роҳнамояшон осори хондаашонро таҳлил менамуданд.

Ба тасдиқи ҳайати ҳакамон, довталабон, иштирокдорон, волидон ва дигар алоқамандон шароити баргузории озмун аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дар сатҳи бисёр баланд буд. Лоиқи зикр аст, ки довталабон ва волидони онҳо (дигар шахсони ҳамроҳикунандаи иштирокдорон) дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷои хоб ва 2 маротиба ғизои гарм таъмин гардиданд. 

Ҳамчунин, ба иттилои директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Муяссара Давлатзода барои болидахотирии довталабони озмун аз ҷониби маркази номбурда саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, саёҳати иштирокдорон бо ҳамроҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо тамошои филми мустанади  «Марди роҳ» оғоз ёфт. Рӯзҳои дигари озмун довталабон аз Вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба саёҳати шомгоҳии шаҳри Душанбе баромаданд, бо фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд, дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барномаи театрикунонидашударо бо номи «Модар, маро бубахш»  тамошо карданд, аз Осорхонаи “Пешвои миллат”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Хона-музейи Садриддин Айнӣ дидан карда, дар “Шоми дӯстӣ” дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд, ки барояшон бисёр хотираангезу ҷолиб буд. Ҳамчунин, довталабон бо шоирону адибони шинохтаи тоҷик – Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Сироҷиддин Икромӣ, Толиби Луқмон, бо омӯзгорон ва узви маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе вохӯрда, суҳбатҳои дилнишин намуданд.

Ҷалолиддин Амиров, узви Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, корманди Вазорати маориф ва илм зимни суҳбат бо мо чунин ибрози андеша кард:

— Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо муҳаббату самимияте, ки дӯстдорони китобро аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ба ҳам меорад, ба даври ниҳоии худ расид ва дӯстдорони асили китоби бадеиро дар соли 2025 муайян карда, заминаи заруриро барои солҳои минбаъда ба миён овард. Ҳангоми мушоҳидаи ҷараёни озмун маълумам гашт, ки довталабон бо тайёрии ҳамаҷониба омада, фазои зебои илмӣ ва майдони баҳсу мунозираҳои хушоҳанги бадеиро фароҳам оварда буданд. Ваҳдат ва ягонагӣ, муҳаббат ба ҳамдигар, эътирофи ҳамсоле, ки аз ман бештар медонад ва бештар китоб хондааст, тамошои пойтахти ҷумҳурӣ, ташкили гардишу тамошоҳои якҷоя дар хиёбону гулгаштҳои пойтахт ва даҳҳо амалҳои неку инсондӯстие, ки фазои озмун ва муҳити Китобхонаи миллиро давоми 15 рӯз мунаввар нигоҳ дошт.

Аз теъдоди бештар аз 140 нафар тоҷики бурунмарзӣ, форсизабонон ва ҳамдиёрони мо, ки барои ширкат дар озмун маслиҳат пурсида, ҳуҷҷат пешниҳод намуда буданд, ду нафар то даври ҷумҳуриявӣ омада, тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) дар озмун иштирок намуданд. Заминаи зарурӣ барои ширкати тоҷикони бурунмарзӣ¸ форсизабонон ва ҳамдиёрони мо, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, дар озмун фароҳам оварда шуда, бо боварӣ метавонам бигӯям, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз доираи кишвари мо ба фазои ҷаҳонии форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон роҳ ёфтааст. Ба андешаи ман, бояд тарғибу ташвиқи хондани китоби бадеӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои фарҳангу маориф ва дигар масъулон роҳандозӣ гардад. Зеро барпо доштани асолати аҷдодии китобдӯстию китобхонӣ ҳадафи аслии озмун буда, дар ҳамин замина, эҷод намудани як фазои оканда аз илму дониш ва маънавиафзо барои мардум мебошад.

               Ҷамъбасти озмуни “Фурӯғ …” ва маросими ҷоизасупорӣ

 Пас аз ду ҳафтаи донишу ҳунарсанҷиҳо Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба анҷом расид. Маросими ҷоизасупорӣ 4 декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо шукӯҳи хосса баргузор гардид, ки то дергоҳ дар ёди иштирокдорону ҳозирин хоҳад монд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ дар расми ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки дар ҳақиқат, довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтҳоро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез – китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад. Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд.

Дилрабо Мансурӣ дар идома афзуд, ки имсол зиёд гардидани маблағҳои ҷоизаҳои ғолибони озмун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам омадани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа замина гузошт. Иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа муҳаббат ва самимияти мардуми мамлакатро ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ифода намуда, эҳёи рисолати аҷдодии китобдӯстиву китобхониро таъмин кард. Хусусан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо шавқу завқ ва муҳаббат ба китоб рӯй меоранд, ки ин падидаи нек сазовори дастгирист.

Бояд ёдовар шавем, ки замони баргузории маросими ҷоизасупорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар сафари корӣ қарор дошт, аз ин рӯ, аз шаҳри Брюссели Белгия таманниёти хешро ба аҳли озмун ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

— Бо камоли сарфарозӣ ва эҳтироми баланд ҳамаи шумоёнро, ки дар дар “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қадамҳои устувор гузоштед ва ғолибияти бузургро ба даст овардед, самимона табрик менамоям. Ин озмун нишони бедории фикрӣ ва оинаи равшани сатҳи маърифати насли соҳибистеъдоди кишвар мебошад. Дастовардҳои шумо, хоҳ ғолиб бошед ё иштирокдори даври ҷумҳуриявӣ, шаҳодати равшан аз ҷустуҷӯ, заҳмат, покизагии ният, китобдӯстӣ ва ҷаҳонбинии васеъ аст, ки имрӯз барои рушди давлату миллат арзиши бебаҳо дорад. Ба ҳар яки шумо, ҳамчун чеҳраҳои умедофар ва поягузорони фардои илму маорифи кишвар, бо дилгармӣ ва самимияти хос табрик гуфта, барои кӯшишу ғайрат, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ва ҳаракати ҳамешагӣ дар роҳи донишандӯзӣ изҳори сипос менамоям. Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба дониш, технология ва эҷодкорӣ такя мекунад, баргузории чунин озмунҳо барои рушди неруи зеҳнии насли наврас, болоравии сатҳи маърифат ва таҳкими пояҳои маориф аҳаммияти азим доранд. Шумо, ғолибон, бо маҳорати худ нишон додед, ки дар роҳи илму маърифат босалоҳият ҳастед ва ин дастовард ифтихори тамоми ҷомеа мебошад…

Ҳангоми маросими эълони ғолибон муайян шуд, ки дар даври ниҳоии озмуни имсола 434 нафар ширкат варзида, аз 94 нафар ғолиби озмун 15 нафар соҳиби ҷои якум, 30 нафар соҳиби ҷои дуюм, 45 нафар соҳиби ҷои сеюм ва 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” — 2025 хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод Табассуми Ҷиёнхон сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара Анӯшервон  Раҳимов сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ Умеда Шарифова сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ Фариса Холиқова сазовори Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд. Наврасону ҷавонони хушбахт шоҳҷоизаҳоро бо талошу кӯшишҳои бепоён, шабҳои бедорхобиву ранҷу заҳмат ба даст овардаанд,

Тавре огаҳӣ дорем, мукофотпулиҳои озмун дар соли 2025 афзоиш ёфта, барои ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомониро ташкил доданд.

Дар умум, аз соли 2019 то соли 2025 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 миллиону 971 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ин озмуни бонуфуз аз соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, тули солҳои баргузорӣ (солҳои 2019–2025) дар он 1 505 658 нафар иштирок намудааст, ки аз онҳо 608 нафар соҳиби ҷоиза, аз ҷумла, 12 нафар соҳиби Шоҳҷоиза гардидаанд. Тавре аз оморҳо маълум гардид, соли ҷорӣ ҳам таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба китобхонӣ бамаротиб зиёд гардидааст, аз ҷумла, 57 нафар ғолиби наврас ва 3 гирандаи Шоҳҷоиза хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Пас аз анҷоми маросими ҷоизасупорӣ барандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” — Табассуми Ҷиёнхон, Анӯшервон  Раҳимов, Умеда  Шарифова ва Фариса Холиқова бо ҳисси баланди эҳтирому муҳаббат ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили чунин озмуни бошукӯҳ, бонуфуз ва фароҳам овардани чунин шароити созгору рушддиҳанда изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки иштирок ва ғолибияташон дар сабқат дар ҳаёташон такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Як нуктаи муҳимми дигарро, ки басо хушоянду фараҳафзост, наметавон сарфи назар кард: Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро зимни баргашт ба макони истиқомат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф ва намояндагони дигар мақомот дар сатҳи баланд, тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Ҳангоми дидани ин манзараҳои хуш дигар кӯдакону наврасон ва ҷавонон барои китобхониву иштирок дар озмун ва ба даст овардани ҷойи намоён ташвиқу ҳавасманд мешаванд.

                                                                Анҷом

Дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” далели он аст, ки иқдому амалҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари зиёд додааст ва китобу илму дониш дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мавқеи хоссаро соҳиб аст. Наврасону ҷавонон ва дигар ашхоси синнусоли гуногун фавҷ-фавҷ ба китобу китобхонӣ рӯй оварда, ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ мегардонанд. Озмуни мазкур, воқеан, аҳли ҷомеаро такон дода, шавқи китобхониву китобдӯстиро дар дили ҳамагон бедор кард ва онҳо дарк намудаанд, ки:

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчу хонаи беравзан аст.

Рӯзҳои баргузории озмун пиру ҷавон, намояндагони касбу кори гуногун аз мо дар бораи ин сабқати пурнуфуз мепурсиданд, иттилои боз ҳам бештар мехостанд, аксаран мегуфтанд, ки мехоҳем, фарзандонамон дар он иштирок намуда, зеҳнсанҷӣ намоянд. Ин ҳама далели он аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари маърифатоини давлат ин озмун ҳамасола бошукӯҳ ва дар сатҳи баланд баргузор шуда, ҳамчун машъали фурӯзони илму маърифат дар рушди зеҳнӣ, худшиносии миллӣ ва кашфу дарёфти истеъдодҳои наву болаёқат нақши мондагор гузоштаву мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *