Фазилатпочои
МАҲМАДЮСУФ,
муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Давлатдории миллӣ яке аз асоситарин шартҳои таҳкими ҳувияти миллӣ, расидан ба худшиносию худогоҳӣ ва густариши асолати фарҳангию адабӣ мебошад. Кишвари мо, ки истиқлоли худро 34 сол пеш эълон намуд, дар солҳои аввали давлатдорӣ сахттарин рӯзҳоро таҷриба кард. Халқи тоҷик ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки кишвари тозаистиқлоли мо дар вазъияти мудҳиши амниятӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар шароите бар уҳда гирифтанд, ки ноумедӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мардум намедонистанд, ки фардо чӣ сарнавиште барояшон пеш меояд ва сарсону саргардон ба кишварҳои бегона паноҳ бурда буданд. Дар чунин вазъият танҳо сарсупурдагӣ, азхудгузарӣ, ҷасорат ва далерӣ метавонист, руҳияи ҷомеаро баланд, иродаашро қавӣ ва умедашро барқарор созад. Имрӯз бошад, бо ифтихор ва эътимоду қаноатмандӣ аз сарварии Президенти кишвар гуфта метавонем, ки Пешвои сулҳпарвари мо тавонистанд!
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои нодир пазируфта шуда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи камназир эътироф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши Сарвари давлат бениҳоят бузург аст.
Қаҳрамони меҳнат, шоири машҳури Доғистон – Расул Ғамзат раванди сулҳофарӣ ва давлатсозии Пешвои миллати тоҷикро дида, бисёр хуб гуфтааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Албатта, формулаи сулҳи Пешвои тоҷикон тавонист дар Ватан ваҳдату ҳамгироиро ҳукмрон намуда, истиқлолро барои мо ҳамчун марҳилаи рушду нумуи кишвар ба кор бибарад. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, рушди демократӣ ва меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳамзамон, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва саодати миллатро таъмин намуд.
Мо – сокинони Тоҷикистони хуршедӣ ифтихор аз он дорем, ки 34 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Агар миллати мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро соҳиб шуда бошад, пас, дар марҳилаи ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифати сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёз дорем. Ин назокатҳои сиёсати замонро ба инобат гирифта, Роҳбари давлат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию умумибашарӣ талошҳои зиёд менамоянд.
Ин ҳама заҳмати Пешвои миллатро дида, Президенти Шурои Аврупо Доналд Туск мегӯяд: “Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи доштани чунин Сарваранд”. Ба монанди ин, сиёсатмадорони дигари ҷаҳон доир ба фаъолияти Сарвари давлати тоҷикон таҳлилу андешаҳои амиқу санҷидашуда гуфтаанд. Беҳуда файласуфи бузурги юнонӣ Демокрит нагуфтааст, ки “Мардонагӣ зарбаҳои тақдирро ночиз мегардонад”. Маҳз мардонагии Сарвари давлат буд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон як руҳияи некбинона ба оянда ташаккул ёфта, баҳри музаффариятҳои иқтисодию фарҳангӣ замина гузошт. Вақт собит кард, ки миллати сарбаланди тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат дар назди ягон мушкилӣ таслим нагардиданд, балки бо ақлу заковат ва неруи хиради худ ҳамаи онҳоро то имрӯз паси сар кардаву имрӯз ҳам барои зиндагии борифоҳи миллат талошҳо ҷар аён дорад.
Имрӯзҳо истиқлоли кишвари мо 34-сола шуд. Аз саҳифаҳои таърих маълум аст, ки истиқлол барои кишвари мо бо заҳмати фаровон даст дода, ҳифзи он кори саҳлу осон набуд. Воқеан, вақте ин неъмати бузург ба хони мардуми тоҷик омад, баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва абадияти миллиро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Таърихи Истиқлоли давлатии мо ҷавон бошад ҳам, тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост”. Дар марҳилаи соҳибистиқлолии диёри мо, ки на он қадар таърихи тулонист, дастовард ва муваффақиятҳои ҷумҳурии мо фаровон буда, давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудааст, сӯйи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир раҳнамун гаштааст.
Раванди таҳкими истиқлол ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон шарҳу эзоҳ дод. Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлол ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт.
Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ — ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санади муҳимми меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлол ба миён омад, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат аз тариқи қабули конститутсия буд. Дар қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабули конститутсияи нав пешбинӣ гардид.
Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлоли ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳимми Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як узви ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту ором ҳис мекунад, ки дар Ватанаш сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ побарҷо бошаду хонаву кошонааш амният дошта бошад.
Хулоса, дар шароити кунунии ҷаҳони пурмуаммо ба қадри истиқлолу озодӣ расидан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, аз сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кардан, ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Зеро таҳаққуқ пайдо кардани ин масъалаҳо метавонад, кишвари моро боз ҳам музаффару муваффақ ва пешрафтаву шукуфо гардонад.
