
А. Зарифӣ,
омӯзгор,
вилояти Суғд
Бақо, мондагорӣ ва қудрати ҳар давлат ба афроди фарҳангӣ, ихтироъкор ва наслҳои закиву ҳушманд, сарфаю сариштакори он вобаста аст. Таърих чун оинаи барқад миллатҳоеро дар тоблуи намоиш ва пешоҳангӣ ҷило медиҳад, ки ба қадри доштаҳои хеш расидааст ва ҳамеша барои афзудани даромадҳои моливу рушди ақлонӣ дар талош аст. Истиқлоли давлатии мо имрӯз наздик ба 35 сол аст, ки ба даст омадаву бо ибтикороти бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯй ба эҳёи арзишҳои тамаддуни бостонӣ овардааст. Зеро ин фармудаи Ҳофизи Шерозӣ “Оинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар,” рӯй бар хештаншиносист, ки “То бар ту арза дорад, аҳволи мулки Доро!”. Бале, истиқлол арсаи дарёфти гумкардаҳои худ аст. Иқтидор ва мондагории ин неъмати бебаҳо вобаста аст ба хирад, заковат, ҳиммат ва дурандешии наслҳои бедор.
Имрӯз вақте сармояи давлатҳову қудратҳо ҷаҳонро идора месозад, барои миллати сарбаланди тоҷик доштани сарчашмаи асосии сармояи миллӣ зарур аст. Рушди иқтисод, рифоҳ дар иҷтимоъ, маориф ва таҳрики ақлонӣ, эҳёи фарҳанг ва асолати миллӣ аз манбаи сӯзишворӣ, барқу гармӣ вобаста аст, чунки бе барқ дар замони муосир ягон қадам пешрафт имкон надорад.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун майдони нангу номус ва шарафи миллат аст. Ин маъбади нуронии баланди аҳуроӣ фардои дурахшони моро асос асту рӯшангару пайвандсози миллат. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол натанҳо заҳри ҷанги нангини таҳмилии миллаткӯшро чашидаанд, балки дар муҳосираи иқтисодӣ, роҳбандӣ, фарҳангию иттилоотӣ ва муҳосираи бебарқӣ мондаанд, ки даҳшати сахтиҳои он айём аз ёдҳо ҳанӯз нарафтааст.
Шукронаи Истиқлоли давлатӣ ва Пешвои маҳбуби миллат, ки имрӯз Ватан обод асту соат ба соат коргоҳе, корхонае, ташкилоте, муассисае ва ҳазорон манзилу маъвое сохта мешаванд, ки дар онҳо гармиву нур бо хати неруи барқ ворид мешаваду ҳазорҳо дастгоҳу таҷҳизоти хурду бузург бо қувваи барқ ба кор медароянд. Албатта, ҳамаи ин хушоянд аст, ки давлат рушд менамояд, сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад, молу маҳсулот фаровон мешавад. Ҳама чизро дар вақти фаровонияш бояд қадр намуд, зеро чизе, ки камёфт шуд, нодиру гаронқадр мешавад. Матлаби мо сари фарҳанги сарфакорӣ ва пешгирии талафоти барқ аст. Неруи барқ ҳам яке аз муқаддасот ва манбаи қудрату нуфузи давлату миллатҳост. Норасоии неруи барқ ва афзоиши рӯзафзуни қимати он дар давлатҳои саноатии ҷаҳон, бахусус, Аврупову Амрико ва давлатҳои рушдёбандаи Осиёи Марказӣ муаммои бузург аст. Хушбахтона, неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсолкунандаи неруи барқи доимии сабз ва тозаи экологӣ мебошанд, ки ба табиат, ҷамъият, фазо хатар надошта, баръакс, барои бақову покизагии табиат хеле муфиданд. Ин ганҷҳои нодири табиӣ боигарии Ватани азизи мост ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани ҳар кв/соати он қарз, нанг, номус, шараф ва фахри ватандории мост!
Миллати шарифи мо нонро муқаддастарин неъмат дониста, ҳар резаи онро ба чашм мемолад ва қасам бо бузургии нон мехӯрад. Ин фарҳанги асилзодагии мост. Пас, сарфаю сариштакорӣ дар так-таки рагҳои шарёнии мосту посдории он ва тарбияи наслҳо дар ин асолат қарзи ҳар яке аз мост. Тоҷикистон бо фарҳанги сариштакорӣ ва сиёсати оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ ва давлатҳои собиқ Шуравӣ буд, ки истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф ва таҷҳизоти каммасрафи барқиро ҷорӣ намуд ва барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон муваффақ гардид. Дар ҳоле, ки талабот ба неруи барқ дар солҳои 90-уми асри XX ба 1 миллиард кв/соат баробар буд ва дар замони истиқлол ин талабот ба 2,2 миллиард кв/соат расидааст. Ин иқдоми наку тавонист, миллионҳо кв/соат неруи барқро сарфа сохта, хонадони сокинонро равшанӣ бахшад. Имрӯз зарурияте пеш омада, ки бори дигар барои баланд бардоштани фарҳанги сарфаю сариштакории мардумон тадбирандешӣ шавад. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намудани ҷиноятҳои зараррасон ба иқтидори иқтисодӣ, қоида ва меъёрҳои стандартии истифодаи қувваи барқ буда, зинаи беҳтарини тарбияи фарҳанги сарфакорӣ дар ин самт мебошад. Зарурияти саривақтии чунин иқдом дар он аст, ки фарҳанги истифодаи неруи барқ аз тарафи баъзе корхонаю ташкилот ва ҳатто, шахсони масъули соҳа дағалона вайрон карда шуда, васлу насби ғайриқонунӣ, ғайристандартӣ, дуздии барқ, исрофкорӣ ва напардохтани маблағҳои калон ба мушоҳида расид.
Зинаи аввали ин тағйирот агар ҷаримабандии шахсони воқеӣ аз 20 то 30 нишондиҳанда бошад, барои шахсони мансабдор аз 30 то 50 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда муқаррар гардидааст. Ҷавобгарии ҷиноӣ аз тарафи гурӯҳҳо ва иттиҳодияҳои муташаккили ҷиноӣ бо тариқи маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6-то 10 сол зинаи аввали ин иқдом аст, то фарҳанги сарфакории мардум баланд бардошта шавад. Зеро истеҳсол, интиқол, тақсимот бо воситаи хатҳои интиқол, табдилдиҳии неруи барқ дар зеристгоҳҳои трансформаторӣ дар шароити иқлими кӯҳии Тоҷикистон хеле душвору қимат аст, аммо нархномаи фурӯши он аз ҳама арзонтарин дар минтақа мебошад.
Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ таъкиди ояндабинона намуда буданд: “Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла, тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.
Чуноне аз омори мутахассисони соҳа аён аст, соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22,4 миллиард квт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 567,6 миллион квт-соат, ё 2,6 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, бо дарназардошти ҳаҷми неруи барқи қабулшуда, иҷрои уҳдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ, талафоти неруи барқ дар низоми энергетикӣ ба 4,5 миллиард квт-соат, ё ба 20 фоиз баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 то 163 миллион квт-соат, ё 1,2 фоиз кам мебошад. Дар натиҷаи татбиқи чораҳои амалӣ ҳоло сатҳи талафот дар бахши истеҳсол ва интиқоли барқ ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик буда, мутаассифона, дар шабакаҳои тақсимоти барқ ин ҳолат то ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ монда, ба 3 миллиарду 613,7 миллион квт-соат, ё 19,2 фоиз баробар мебошад. Ҳарчанд талафот нисбат ба соли 2023 то 2 фоиз коҳиш ёфтааст, вале ба талабот ҷавобгӯй нест.
Ба андешаи мутахассисон масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳимми соҳа шуморида мешавад. Дар соли 2024 талафоти неруи барқ дар системаи энергетикии мамлакат ба 4 миллиарду 479,7 миллион квт-соат, ё 20% баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли гузашта 163,2 миллион квт-соат, ё 1,2% кам мебошад. Сабаб- ҳои асосии талафоти неруи барқ, ин фарсуда гардидани таҷҳизоти барқии ноқилҳои хати интиқоли барқи шиддати пасти 0,4 — 35 квт, аз меъёр зиёд будани дарозии хатҳои интиқоли барқ, шиддати паст ва серборӣ, ё камбор будани зеристгоҳҳои трансформаторӣ мебошад. Дар замони истиқлол баробари ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида кандан ва истифодаи чоҳҳои обкашии гуногунандоза дар миқёси ҷумҳурӣ зиёд гардид, ки бо муҳаррикҳои барқии обкаш фаъолият мебаранд. Мутобиқи нишондоди илмию амалии мутахассисони соҳа интихоб ва васлу насби таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар ин гуна пойгоҳҳои обкашӣ натанҳо ба сарфаи неруи барқ оварда мерасонад, балки барои сарфаи маблағҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд. Масалан, дастгоҳи обкашии 1,8 ва 2 квт-соата ҳамон миқдор обро аз чуқурӣ мекашад, ки муҳаррики бо тавоноии 3 квт-соат коркунанда низ ба ҳамон иқтидор кор мекунад. Танҳо масрафи барқ аз муҳаррики бо тавоноии калон чархзананда зиёд аст. Албатта, инҷо харҷ зиёд аст ва ҳолати таъмирталабӣ низ бо камии қисмҳои эҳтиётӣ харҷро меафзояд. Пас, як муҳаррики обкаш агар дар як шабонарӯз ба миқдори аз 7 то 10 квт сарфа намояд, ин нишондод дар даҳ муҳаррик то 100 квт ва дар сад муҳаррик то ба 1000 кв/соат неруи барқро ташкил медиҳад. Ин амал ба истифодаи захираи оби чоҳ (дебит) низ сахт вобаста аст, зеро ҳангоми истифодаи муҳаррик бо тавоноии бузург хатари тез хушк гардидан, ё корношоям гардидани муҳаррикро низ дорад. Мутахассисони соҳа ин иқдоми дурандешонаи Пешвои муаззами миллатро такони ҷиддие дар фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ медонанд, зеро неруи барқи дар Тоҷикис- тон истеҳсолшаванда аз нигоҳи экологӣ тозаву безарар ва аз нигоҳи қонунҳои физикию электромагнитӣ доимӣ ва шиддату тавоноии бузургдошта мебошад. Он боигарии миллӣ ва сарвати бебаҳои мост. Пас, касе, ки ба қадри он намерасаду қимати масрафи онро пардохт намесозад, ё исрофкорӣ менамояд, хиёнаткори ин Ватан ва миллати шарифи тоҷик аст!
Баҳри рушди соҳа ва татбиқи амалии ин иқдоми созанда чанд пешниҳоди тахассусӣ менамоем, ки саривақтист:
— дар ҳамаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайъати бонуфузи гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроия, мақомоти қудратӣ, мутахассисони шабакаҳои барқ, нозирони стандарти давлатӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намуда, санҷишҳои даврии истифодаи сарфакоронаи неруи барқ гузаронида шавад.
— дар факултети “Таъминоти барқ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ихтисоси “Ҳуқуқшиноси соҳаи барқ” таъсис додан зарур аст, то мутахассисони дар он таҳсилкарда тамоми ҷиноёти васлу насби ғайристандартӣ, истифодаи дастгоҳҳои ғайристандартии таҳвилдиҳандаи неруи барқ ва дигар омилҳои харобкори дар НБО, ХИБ, ЗТТ ва дигар пойгоҳҳои таҳвилдиҳандаи барқро ошкор карда тавонад.
— воридот ва фурӯши дастгоҳҳои барқии ғайристандартӣ ва сермасрафи барқиро дар ҷумҳурӣ манъ намудан зарур аст.
— дар тамоми васоити ахбори омма, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио ба роҳ мондани таблиғи дастгоҳҳои каммас- рафи барқӣ, таҷҳизоту ноқилҳои босифати стандартӣ ва каммасрафи барқии истеҳсоли ватанӣ.
Миллати фарҳангпарвари тоҷикро зарур аст, то дар ин даврони пурошӯби хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои фарҳанги ориёии сарфаю сариштакории хеш рӯй орад, то неруи барқи истеҳсолшудаи Ватанро чун сарвати беназири миллӣ сарфакорона истифода намояд.
Ин фарҳангро дар андешаву пайкори наслҳо чун одати наҷибзодагӣ парвариш бояд дод ва манфиати онро барои рушди наслҳои хушбахти оянда таъмин сохт. Зеро мақоли мардумии “Сарфагари сари оташдон, беҳ аз савдогари Ҳиндустон” дар фарҳанги ҳафтҳазорсолаи миллати тоҷик ҳикмате дорад созандаву омӯхтанӣ. Дар ин даврони пуртакопӯи рақобатҳои иқтисодӣ баланд бардоштани фарҳанги сарфаю сариштакории истифодаи неруи барқ рисолати ватандорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст, зеро афзудани сармояи иқтисодӣ аз интиқол ва фурӯши неруи барқ тибқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ дар минтақа омили муҳимми ҷаҳиши иқтисодию иҷтимоии давлат ва рифоҳи миллат аст.