Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар ҳар давру замон маърифати кӯдакон ба
китоб вобастагии зич доштаву дорад. Наздик шудани кӯдак бо китоб ӯро дар
баробари маърифат ба шинохти худӣ, таҳлили зеҳнӣ ва муколамаи ботинӣ мерасонад.
Ин раванд ҷараёни мураккабу душвор буда, муҳаққиқон тарбияи кӯдакро вазнинтар
аз идораи давлат маънидод кардаанд. Аз ҷумла, публитсисти амрикоӣ Уилям Чэннинг
гуфтааст: «Барои тарбияи кӯдак андешаву хиради амиқ лозим аст, ҳатто,
амиқтар аз идоракунии давлат».
Ба ташхиси муҳаққиқон кӯдакон бо мутолиаи
китоб худро дар радифи қаҳрамонон тасаввур намуда, дунёи худро дар асоси
мутолиа ва тасаввуроти тифлӣ месозанд. Аммо дар рӯзҳои мо, ки рушди техникаву
технологияи инноватсионӣ: дастрасӣ ба айфону айпадҳо, планшету компютерҳои
насли охир, ноутбукҳо, телевизорҳои сенсории моҳворавӣ, бозиҳои интернетӣ,
филмҳои тасвирӣ озод шудааст, кӯдакон аз китоб то андозае дур мондаанд.
Масъалаи китоб, китобхонӣ ва пайвандӣ бо
маводди маърифатафзо дар шароити муосир моро водор менамояд, ки ба масъала на
аз зовияи фардӣ, балки аз лиҳози стратегӣ назар кунем. Ҷалби кӯдакону наврасон
низ ба ин самт масъалае мебошад, ки ҳалли он дар ростои мо – калонсолон қарор
мегирад. Пас, вазифаи ҳар як калонсол аст, ки дар ташаккули афкори солими
кӯдакон бо ҳар василае саҳмгузор бошем. Зеро тарбияи солиму созгори кӯдакон
ояндаи миллатҳоро рақам мезанад. Тавре файласуфи машҳур Мэн-сзи гуфтааст: «Инсони
бузург ҳамонест, ки қалби кӯдаконаи худро гум намекунад».
Назарияи педагогика, махсусан, муҳаққиқони
варзидаи соҳаи китобдорӣ яке аз воситаҳои муассири ҷалби наврасон ба китобхонию
китобхонаро дар баргузории чорабиниҳои шавқовари фарҳангӣ-фароғатӣ, маҳфилҳои
зеҳнию адабӣ ва бозиҳои гуногуни маърифатӣ донистаанд. Ин назария комилан
дуруст буда, дар раванди кори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи
миллии Тоҷикистон истифодаи фаровон мегардад ва натиҷаҳои хубу ҷолиб низ ба бор
овардааст. Таърихи кори шуъба аз моҳи марти соли 2013 оғоз мешавад. Дар ибтидо ҳамчун
толори хидматрасонӣ барои хонандагони хурдсол корро оғоз карда, аз соли 2015 то
моҳи марти соли 2017 ҳамчун бахши кӯдакон ва наврасон дар тобеияти шуъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ амал кардааст. Дар ин марҳила бо
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ва маҳфилҳои
адабию маърифатӣ тавонист шумораи зиёди хонандагони наврасро ба китобхона ҷалб
намояд.
Зиёд шудани хонандагон боис шуд, ки моҳи
марти соли 2017 бахши кӯдакону наврасон ба сохтори алоҳида: шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон табдил дода шавад. Ҳоло бошад ин шуъба яке аз шуъбаҳои
серхонандатарини Китобхонаи миллӣ маҳсуб шуда, ҳамарӯза ба хонандагони навраси
китобхона хидмат мерасонад ва аз ин шуъба рӯзона аз 100 то 150 хонанда дар ду
баст истифода менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари
хидматрасониҳо ба хонандагон дар шуъба мувофиқи нақшаи корӣ барномаҳои
фарҳангӣ, маҳфилҳо, дарсҳои боз, намоишҳои китобии мавзуӣ ва намоишҳои расмҳои
кашидаи наврасон барои ҷалби хонандагон гузаронида мешавад. Маҳфилҳое, ки дар
шуъба хусусияти давомнокӣ ва муназзам доранд, маҳфилҳои «Дар суҳбати адиб»,
«Панҷаи ҳунар», «Ҳамешабаҳор», «Китобхони беҳтарини моҳ», барномаи «Китоби
нав», барномаи телевизионии «Фурӯғ» ва монанди инҳо мебошанд. Инчунин,
чорабиниҳои «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон», ҳафтаи «Забон ва адабиёти
рус», «Рӯзи ҳадяи китоб» ва ғайраҳо, дар шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон
гузаронда мешавад. Ин чорабиниҳо бо мавзуъҳои гуногун, усули хоси баргузорӣ,
ҳузури фаъоли наврасону кӯдакон ва ҳавасмандсозии насли наврас барои ҷалби
қишри хурдсол ба китобхонию китобхона нақши созгор доранд. Ҷиҳати ошноии
бештари хонандагон чанд маҳфилро моҳиятан боз менамоем.
1. Маҳфил
— барномаи «Китоби нав». Ин
маҳфил дар як моҳ ду маротиба баргузор шуда, дар он китобҳои тозанашреро, ки бо
тарзу усули нав рӯйи чоп меоянд ва аз ҷониби шуъбаи коркарди адабиёт ба шуъбаи
адабиёти кӯдакон ва наврасон манзур мешаванд, мавриди баррасии хонандагони
фаъоли шуъба қарор мегиранд.
2. Маҳфили
«Дар суҳбати адиб». Ин
маҳфил-барнома моҳе як маротиба бо нақшаи мушаххас ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон
«Баҳористон» гузаронида мешавад. Маҳфил пурра адабӣ-фарҳангӣ буда, дар он як
нависандаву шоирони бачаҳо даъват мешавад. Дар ин маҳфил мулоқоти рӯ ба рӯ бо
хонандагони наврас баргузор шуда, наврасон дар ин мулоқот аз адибон «чаро», «чӣ
гуна» ва «чӣ тавр»-ҳоро, ки аз мутолиаи асарҳои бачагона пайдо кардаанд, аз
муаллифон мепурсанд. Ин маҳфил боис шудааст, ки ҳар навбат хонандагони нав ба
шуъба оянд ва бо адабиёти навин ошно шаванд.
3. Барномаи
телевизионии «Фурӯғ». Ин
барнома дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабт ва
пахш шуда, баррасии ҳар як асари бадеӣ миёни иштирокдорон, довталабон ва
ғолибони озмунро муҳайё месозад.
4. Маҳфили «Панҷаи ҳунар». Вазифаи ин маҳфил сохтани як фазои озод барои
наврасон аст, то тавонанд тариқи коғазҳои ранга, картонҳо, матоъҳои гуногун ва
ашёи нолозим ҳунари худро нишон диҳанд ва ё аз рӯйи конструксияҳо бозичаҳои
гуногун сохта. дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ, сохтусоз ва зебоишиносию
зебоипарастӣ тарбият ёбанд.
5. Маҳфили «Китобхони беҳтарини моҳ». Ин маҳфил сабқати зеҳнӣ ё мусобиқаи
китобхонӣ байни хонандагони шуъба буда, моҳе як маротиба баргузор карда
мешавад. Озмуни мазкур аз рӯйи дархости зиёди китобҳо аз фонди шуъба, посух
гуфтан ба саволҳои ҳакамон доир ба китобҳои дархосткарда, иштирок дар
чорабиниҳои адабию фарҳангии шуъба ва қироати шеъру тарзи баёни фикр баҳогузорӣ
мешавад.
6. Маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор». Ин маҳфил дорои вежагии адабӣ, фарҳангӣ,
маънавӣ ва педагогӣ буда, ҳар ҳафта як маротиба — рӯзҳои чоршанбе баргузор
мешавад. Дар маҳфил хонандагони навқалам ва завқмандони шеъру таронаву ҳикоя
ҷамъ омада, доир ба мавзуъҳои назм, наср, назми классикӣ, адабиёти ҷаҳон ва
эҷодиёти навқаламони хориҷӣ суҳбат мекунанд. Наврасон шеъру тарона ва ҳикояву
достонҳои ҷолиби хондаашонро бо бардоштҳояшон дар маҳфил ироа месозанд. Маҳфил
барои омода кардани наврасон дар руҳияи фарҳангсолорӣ, шеърхонӣ, ҳикоянависӣ ва
адабиётдӯстӣ хидмат намуда, хонандагонро ба самти китобу китобхонӣ равона
месозад.
Фонди шуъбаи мазкур, асосан, дар шакли намоиш
гузошта шуда, аз 6386 нусха китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ,
фаронсавӣ ва дигар забонҳои олам иборат мебошад. Ҳамзамон, дар фонди шуъба 1714
нусха рӯзномаву маҷҷалаҳои бачагона нигоҳдорӣ мешаванд, ки барои наврасон муҳим
мебошанд.
Дар баробари мутолиаи китоб ҳар хонанда
давоми 30 дақиқа аз барномаҳои электронӣ тавассути компютерҳо, истифода
мебарад, ки асосан, барои омӯзиши забонҳо, рангу бор кардани тасвирҳо, ҳисобу
китоби ададҳо, ки баҳри сайқал додани донишу ҷаҳонбинии наврасон нақши бузург
дорад, фароҳам гардидааст.
Хулоса, шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон бо
баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғагӣ, адабӣ, маърифатӣ ва корҳои
тарғиботӣ дар васоити ахбори омма тавонистааст, ки шумораи зиёди хонандагонро
ҷалб намояд. Пас, метавон бо боварии комил таҷрибаи кории шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ҷиҳати намуна ва пайравӣ
барои дигар ҳамкасбону муассисаҳои китобхонавӣ пешниҳод кард.
