Фарҳод КАРИМОВ,
омӯзгор, муовини директори МТМУ №9-и
шаҳри Бохтари вилояти Хатлон
Тарбияи ватандӯстии хонандагон яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи маориф ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мунтазам чораандешиҳо сурат мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2024 ва қабули як қатор барномаҳои давлатӣ, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, баҳри ташаккули масъулияти ватандорӣ, садоқат ба Ватан ва хидмати содиқона ба халқу кишвар заминаи устувор фароҳам оварданд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид намуданд: «Дар шароити пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва созандаву ободгар вазифаи мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб, кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа мебошад. Мову шумо бояд Ватани худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва ҳамеша шукронаи истиқлолу озодӣ, сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намоем».
Дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории миллӣ, ки бо равандҳои мураккаби сиёсиву амниятии ҷаҳонӣ ҳамзамон сурат мегирад, масъалаи таҳкими пояҳои Артиши миллӣ аҳаммияти хос пайдо кардааст. Таҳлили таҷрибаи давлатҳо гувоҳӣ медиҳад, ки қудрати ҳар як артиш дар заминаи устувории маънавӣ, интизоми ҷамъиятӣ ва сатҳи баланди худшиносии миллӣ ташаккул меёбад, ки ин омилҳо нақши муайянкунанда дар самаранокии низоми дифоӣ доранд. Дар ин замина Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни асосии ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзӣ ба захираи инсоние ниёз дорад, ки дорои ҳисси миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ бошанд.
Ташаккули чунин захира натиҷаи фаъолияти мақсадноки ниҳодҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, соҳаи маориф ба шумор меравад. Мактаб ҳамчун фазои асосии иҷтимоишавии шахс дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ заминаи ибтидоии ташаккули арзишҳои миллӣ, муносибат ба давлат ва дарки вазифаи шаҳрвандиро фароҳам месозад. Дар ҳамин муҳит муносибати хонанда ба мафҳумҳои Ватан, истиқлол, қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ шакл мегирад.
Таълим ва тарбияи ватандӯстӣ дар мактаб хусусияти фарогир дошта, тамоми ҷанбаҳои фаъолияти таълимиро дар бар мегирад. Раванди мазкур ҳамчун ҷузъи низоми таълиму тарбия дар мазмуни фанҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, дар фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, шаклу усулҳои омӯзиш, муносибатҳои педагогӣ ва муҳити тарбиявии муассиса инъикос меёбад. Дар ин замина, омӯзиши таърихи миллат, марҳилаҳои давлатдорӣ, арзишҳои истиқлол ва дастовардҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамзамон бо тарбияи ахлоқӣ, ҷаҳонбинии шаҳрвандии хонандаро ташаккул медиҳад.
Аз нуқтаи назари педагогикаи муосир, тарбияи ватандӯстӣ раванди системавӣ буда, ба ташаккули сифатҳои устувори шахсият равона мегардад. Ин раванд дар хонанда эҳсоси мансубият ба давлат, масъулият нисбат ба тақдири ҷомеа ва омодагӣ ба адои вазифаҳои шаҳрвандиро ба вуҷуд меорад. Маҳз ҳамин сифатҳо дар оянда асоси муносибати бошууронаи ҷавононро дар робита ба хидмати ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Ҷавоне, ки дар муҳити таълимӣ бо арзишҳои миллӣ ба камол расидааст ва зимни омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз нозукиҳои хидмати ҳарбӣ огоҳ гардидааст, хидмат ба Ватанро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ қабул намуда, баҳри иҷрои он ҳавасманд мешавад.
Дар раванди тарбияи ватандӯстии хонандагоншахсияти омӯзгор нақши муайянкунанда дорад. Омӯзгор бо масъулияти баланд, мавқеи шаҳрвандӣ, сатҳи маърифат ва фарҳанги касбии худ ба хонанда таъсир мерасонад. Муносибати ӯ ба арзишҳои миллӣ, қонун, тартибот ва масъулият дар шуури хонанда ҳамчун меъёри рафтор сабт мегардад. Омӯзгор метавонад тавассути муҳтавои таълим, таҳлили воқеаҳои таърихӣ ва шарҳи воқеъбинонаи нақши артиш дар таъмини амнияти кишвар заминаи маънавии эҳтиром ба хидмати ҳарбиро фароҳам оварад.
Фаъолияти тарбиявии мактаб дар самти ватандӯстӣ бояд ба ташаккули сифатҳое равона гардад, ки барои хидмати ҳарбӣ аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Интизом, масъулиятшиносӣ, устувории равонӣ, қобилияти итоат ба қонун ва эҳтиром ба тартиботи ҷамъиятӣ сифатҳое мебошанд, ки дар муҳити таълимӣ шакл мегиранд ва дар шароити хидмати ҳарбӣ аҳаммияти амалӣ пайдо мекунанд. Агар ин сифатҳо дар зинаи мактабӣ ба таври мақсаднок парвариш ёбанд, раванди мутобиқшавии ҷавонон ба муҳити ҳарбӣ осонтар мегардад.
Дар ташаккули чунин сифатҳо фаъолияти беруназсинфӣ ҳам нақши муассир мебозад. Суҳбатҳои тарбиявӣ, вохӯрӣ бо хидматчиёни ҳарбӣ, инчунин, шиносоӣ бо таърихи таъсис ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки амиқи моҳияти хидмати ҳарбӣ мусоидат менамояд. Чунин шаклҳои кор ба хонанда имкон медиҳанд, ки хидмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи бошарафона ва иҷтимоии муҳим дарк намояд.
Зарур он аст, ки чорабиниҳои ватандӯстӣ танҳо хусусияти ташрифотӣ надошта бошанд. Самаранокии онҳо аз мазмуни маънавӣ, робитаи мантиқӣ бо раванди таълим ва мутобиқати онҳо ба сатҳи тафаккури хонандагон вобаста аст. Самти асосии тарбияи ватандӯстӣ бояд ба ташаккули фаҳмиши мақсадноки арзишҳои миллӣ ва давлатӣ нигаронида шавад, ки он заминаи устувори мавқеи шаҳрвандиро фароҳам меорад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти омӯзгорон, банақшагирии корҳои тарбиявӣ, ҷалби волидон ва ҳамкории мақсаднок бо ниҳодҳои дахлдор заминаи ташаккули муҳити солими тарбиявиро фароҳам месозад.
Таҷрибаҳои педагогӣ нишон медиҳад, ки тарбияи ватандӯстии самаранок танҳо дар сурате имконпазир аст, ки он пайдарҳам, мунтазам ва мутобиқ ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон ба роҳ монда шавад. Гузариш аз дониш ба боварӣ ва аз боварӣ ба рафтори иҷтимоӣ раванди тулонӣ буда, назорати пайваста ва таҳлили натиҷаҳои тарбиявиро тақозо мекунад. Дар ин ҷода арзёбии сатҳи худшиносии миллӣ ва омодагии шаҳрвандии хонандагон ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои сифати кори тарбиявӣ дониста мегардад.
Аз ин хотир, ҷавонони мо бояд хештаншинос, дорои афкору интизоми созанда ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ бошанд. Ин сифатҳо дар муҳити низомӣ тақвият меёбанд, аммо заминаи онҳо дар раванди таълим ва тарбия дар мактаб, хусусан, зимни омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ гузошта мешавад. Дар ҳамин замина ба роҳ мондани ҳамкории мактаб бо қисмҳои ҳарбӣ шарти зарур аст.
Дар натиҷаи таҳлили равандҳои таълим ва тарбияи ватандӯстӣ метавон ба ин хулоса расид, ки устувории низоми дифоии давлат дар баробари техникаву лавозимоти муосири ҷангӣ ба сатҳи маънавӣ ва зеҳнии ҳайати шахсӣ такя мекунад, ки асоси онро мактаб ва муҳити таълимӣ мегузорад. Яъне, омодагии равонӣ ва ахлоқии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ натиҷаи таъсири системавии таълим ва тарбия мебошад.
Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бояд ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ, маънавӣ ва равонӣ обутобёфта бошанд, зеро ин сифатҳо заминаи устувории низом ва тақвияти иқтидори дифоиро таъмин менамоянд. Ин хусусиятҳо маҳз дар раванди таҳсилот ва тавассути чорабиниҳои тарбиявӣ ташаккул ёфта, таҳким меёбанд. Ҳар иқдоми педагогӣ, ки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва давлатиро тақвият медиҳад, ба ташаккули неруи устувори низомӣ ва Артиши миллии кишвар хидмат менамояд.
