
Ҷаҳонгир ФАЙЗЗОДА,
устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов
Бо дастгириву роҳнамоиҳои
беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки занону бонувони тоҷик дар
мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамасола меафзояд.
Сарвари давлат дар ин бора таъкид кардаанд, ки модари тоҷик баробари иҷрои
рисолати аслии хеш, яъне, тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим,
омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар
рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне, барои ободии кишвар
саҳми басо арзишманд дорад. Ин таъкиди Пешвои миллат ҳақиқати комил
аст, зеро бонувони тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди тамоми соҳаҳои
иҷтимоӣ, аз ҷумла, варзиши кишвар низ саҳми мондагор гузошта, бо заҳматҳои
шабонарӯзӣ ва туфайли ҷасорату музаффариятҳояшон дар майдонҳои мухталифи олам
Парчами Тоҷикистон афрохтаву Суруди миллии кишвари азизамон садо медиҳад.
Аввалин зани тоҷик, ки дар соҳаи
варзиш шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард, Зебуннисо Рустамова буд. Ӯ солҳои
1975-1976 дар як қатор мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ иштирок намуда, зина
ба зина маҳорати худро сайқал дод ва ниҳоят, дар бахши камонварӣ қаҳрамони
ҷаҳон гардид. Ҳамзамон, Зебуннисо Рустамова — барандаи медали биринҷии Бозиҳои
XXI олимпии Монреал дар соли 1976, дар ҳайати тими миллии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ
чемпиони ҷаҳон шуд. Ӯ се маротиба беҳтарин камонвар дар Аврупо, дорандаи медали
нуқраи мусобиқаи дӯстӣ, чемпиони чандинкарата дар солҳои 1975-1987 мебошад.
Инчунин, дигар варзишгарбонувони
Тоҷикистон, ба мисли Гавҳар Пӯлодова, Лола Валихоҷаева, Наргис Умарова, Марҳабо
Шарифова, Эрика Шиллер, Валерия Королева дорандаи медали чемпионати ҷаҳон,
иштироккунандагони бозиҳои олимпию қаҳрамонии Аврупо ва ҷаҳон мебошанд, ки дар
хориҷи кишвар номи тоҷиконро баланд бардоштаанд.
Дар айёми соҳибистиқлолӣ
варзишгарбонувони тоҷик тавонистанд, ки дар Тоҷикистон соҳаи варзишро бесобиқа
рушд диҳанд ва имкон ёфтанд, ки иштирокдори комилҳуқуқи ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ
бошанд ва дар он саҳми худро гузоранд. Аз ҷумла, Сурайё Ҷумъаева дар намуди
тирпаронӣ, Гавҳар Раҷабова (камонварӣ), Гулсара Дадабоева ва Галина Митяева дар
намуди варзиши сабук, Наталя Шлемова (дар обронӣ), Дилбар Камолова (гуштии
озод), Дилбар Султонова (самбо), Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Сабина Тағойназарова
ва Дилафрӯз Боҳирова (таэквандо) ва бисёре аз бонувони дигари тоҷик бо
ҳунарнамоии худ машҳур гардидаанд. Мо чанде аз ин бонувони пешсафро муаррифӣ
менамоем.
Варзишгари маъруф Сабина
Тағойназарова (соли таваллудаш 1993) дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо, ки
соли 2010 дар шаҳри Минск баргузор гардид, ҷои 1-умро ба даст овардааст. Ё ин
ки соли 2009 варзишгари тоҷик Дилбар Камолова бори аввал дар арсаи байналмилалӣ
баромад карда, дар мусобиқаи Гран-при дараҷаи «А» оид ба гуштии озод ва юнониву
румӣ дар Фаронса аввалин медали биринҷиашро ба даст орад.
Варзишгарбонуи тоҷик Мавзуна
Чориева соли 2010 дар мусобиқаи
қаҳрамонии Осиё оид ба бокс байни занон, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии
Қазоқистон баргузор шуд, аввалин медали тиллои худро ба даст оварда, беҳтарин
муштзани ин мусобиқа дониста шуд. Инчунин, М. Чориева соҳиби медали Бозиҳои
олимпии Лондон – 2012, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Дар
баробари ин, ӯ 5 карат ғолиби
мусобиқаҳои байналмилалӣ чун муваффақтарин муштзан миёни бонувони тоҷик ба
ҳисоб меравад.
Дилбар Султонова устоди варзиши
байналмилалӣ оид ба самбо мебошад. Дар бисёр мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва
байналмилалӣ ширкат варзидааст.
Соҳибистиқлолии кишвар, узви
комилҳуқуқи Кумитаи байналмилалӣ гардидани Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон,
баргузории нахуст спартакиадаи занони Тоҷикистон дар соли 1999 ба инкишофи
ҳаракати олимпӣ, иштироки занҳо дар олимпиадаву мусобиқаҳои байналмилалӣ
мусоидат намуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шуғли варзишгарӣ дар байни бонувони
кишвар беш аз пеш паҳн гардида, ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ боиси
фахри ҳамватанон шуд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ
занону бонувон дар соҳаи варзиш дастовардҳои назаррас доранд. Чунончи, соли
1993 Гулнора Ғоибова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шашка иштирок намуд. Ӯ аввалин
бонуи варзишгари тоҷик буд, ки дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат кард ва сазовори
ҷойи аввал гардид. Нигина Қурбонова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар
Лаҳистон соли 1995 миёни занон ва ҳамон сол дар Англия Л. Хоҷамқулова дар
Чемпионати ҷаҳон – сеҳарбаи вазнбардорӣ бо натиҷаи 445,5 кг ҷойи дуюмро соҳиб
гардиданд. Иштирокдори мусобиқаҳои байналмилалӣ Гулсара Дадабоева дар
спартакиадаи занҳои Шарқ дар Покистон соли 1996 аз рӯйи давидан ба масофаи
марафонӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дар варзиши дастхобонӣ, бадансозӣ ва
вазнбардорӣ миёни занон Адолат Хӯҷамқулова, барандаи роҳхати бозиҳои олимпӣ
шуд. Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон дар ин се намуди варзиш ва ду карат
(солҳои 2006 ва 2009) чемпиони Осиё мебошад.
Комёбиҳои бонувони варзишгари
дастаи яккачини таэквондо дар солҳои 2007-2010 низ қобили таваҷҷуҳ аст. Онҳо ин
муддат дар чандин чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва осиёӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро
соҳиб гаштаанд. Шаҳло Муҳаммадраҳимова моҳи апрели соли 2007 дар мусобиқоти
қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бледи Словения, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон
медали тилло ба даст овард. Соли 2008 чемпиони Осиё гардид ва дар Чемпионати
ҷаҳон — 2009 медали биринҷиро соҳиб шуд. Сабина Тағойназарова, дорандаи медали
нуқраи мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон — 2009, чемпиони Осиё ва ҷаҳон — 2010,
Нодира Исоева, чемпиони Осиё — 2010, дорандаи медали нуқраи мусобиқоти
Чемпионати ҷаҳон — 2010, Гулрӯи Равшанмурод, Чемпиони Осиё -2010, дорандаи
медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон — 2010, Меҳрангез Алиева, дорандаи медали нуқраи
Чемпионати Осиё — 2010, Нилуфар Шарифова, дорандаи медали биринҷии Чемпионати
ҷаҳон — 2010, Надима Раҳимзода, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон —
2009 ва медали нуқраи Чемпионати Осиё — 2010, дар риштаи таэквондо аз
комёбтарин бонувони варзишгар мебошанд, ки ҳар кадоме дар давраву дар навбати
худ барои миллати тоҷик шарафу шуҳрат ато намудаанд. Дар ин намуди варзиш
баъдтар Ширин Набиева шуҳрат пайдо кард. Ӯ соли 2014 «Беҳтарин варзишгари
ҷавони тоҷик» эътироф шуд. Ширинбону соҳиби унвони Қаҳрамони Осиё ва барандаи
Ҷоми ҷаҳон (шаҳри Минск) мебошад.
Корномаи бонуи шарафманд Мижгона
Самадоваро наметавон сарфи назар кард. Устоди
варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ғолиби мусобиқаи ҷаҳонии
ҳунарҳои размӣ дар Калуга (соли 2013), ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба
таэквандо дар Италия (соли 2016), Қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба
кикбоксинг (Ашқобод, соли 2017 ва Қирғизистон, соли 2018), Қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон
оид ба бокс (шаҳри Нижневартовск, Россия, соли 2021) мебошад. Моҳрӯ Ҳалимова,
ки ба варзиши бисёрҳарба машғул аст, дар андак муддат шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ӯ низ
устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аст. Се маротиба Ҷоизаи Чемпионати Осиёро
ба даст овардааст. Шоҳида Қаландарова дастпарвари Мактаб-интернати тамоюли
варзишидоштаи ба номи Иброҳим Ҳасанов ва хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов (2021) мебошад.