Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳим Саидзода ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Устодон ва шогирдони арҷманд!

Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!

Тоҷикистони соҳибистиқлолу шуҳратёри мо боз дар оғӯши зеботарин фасли сол – баҳори оламоро қарор дорад. Хушо, ки мо, ҳамагон, ба баҳори нав, ки ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб” омадааст, расидем ва Ватани азизамонро бештар сарсабзу хуррам мебинем.

Баҳор фасли шодию нишот, фасли дилрабою мушкбез буда, тавъам ба эҳёи табиат аст ва ба мардум неруи тозаю фараҳмандӣ эҳдо мекунад. Дар ин айёми дилписанд яке аз ҷашнҳои бостонию маъруф ва пуршукӯҳи тоҷикон-Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷлил мешавад. Наврӯз дар қатори Меҳргону Тиргону Сада аз бостонитарин ҷашнҳои ниёгони баруманду маърифатоини мост ва пайванди ногусастанӣ ба табиату воқеият дорад. Муҳимтар аз ҳама, ин фархундаҷашн мубаллиғу ифодагари дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ростию покизагӣ ва бахту саодат буда, одамонро ба ҳаётдӯстию накукорӣ даъват менамояд. Наврӯз ҷавонии ҷаҳон ва тантанаи ҳусну зебоист ва аз ин ҷост, ки гузаштагони суханварамон бо эҳсосоти баланд ва бо камоли шодию нишот садо додаанд:

                                 Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

                                  Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд!

Наврӯзи хуҷастаи тоҷикон, ки ба гувоҳии аҳли таҳқиқ, умри беш аз шашҳазорсола дорад, аз муътабартарин суннатҳои ниёгонамон ба шумор меравад ва дар дарозои асрҳо ба вартаю монеаҳои зиёде дучор омада бошад ҳам, чун аз оғоз муҳтавои адолатпарваронаю хайрхоҳона насибаш гаштааст, пойдору устувор боқӣ мондааст ва гузашта аз ин, боз ҳам такмил ёфтаю ҷилою тобиш ва моҳияту аҳамияташро марҳала ба марҳала афзудааст ва то замони мо расидааст.

Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи комил ва тантанаи фарогири ин ҷашни хуҷаста шароити созгор ва имконоти васеъ фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз ба як рукни Истиқлоли давлатӣ ва ба далели барҷастаи дорои фарҳанги воло будани тоҷикон табдил ёфт. Барои ба таври шоиста арҷгузорӣ кардан ба Наврӯзи ҷаҳоноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгару посдори арзишҳои миллӣ хидмати бузургу мондагор карданд. Сарвари кишвар Наврӯзро “шиносномаи миллат” номида, афзудаанд: “Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо, ҳатто, дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд”.

Паёмади гиромидошти ҳамагонии Наврӯз ва посдории суннатҳои дерини инсонгароёнаи он буд, ки соли 2010 бо қарори бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанде аз мамолики ҳамсояи мо ин ҷашни шукӯҳманд ба Феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март – Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ҳамакнун, Наврӯз дар паҳнои ҷаҳон барои рушду такомули робитаҳои фарҳангию маънавӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум байни халқу миллату давлатҳо, тантанаи сулҳу ваҳдату дӯстӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди бештари тамаддуни башарӣ нақши боз ҳам боризтар мебозад. Наврӯзи ҷаҳонӣ бо бисёр расму оин ва анъанаҳои нек ҳамбастагӣ дорад. Ба ифтихори фарорасии он мардум ҳашарҳо баргузор намуда, хонаю ҳавлӣ, гирду атроф ва маҳалли зисти худро тозаю пероста мекунанд, ба ҳамдигар таманниёти нек изҳор медоранд, ба аёдати беморону куҳансолон мераванд, дар маросими суманакпазию гулгардонӣ иштирок менамоянд ва даст ба бисёр амалҳои неки дигар мезананд. Наврӯз бо кинаю адоват, бевафоию хиёнат ва бо ҳар гуна аъмоли бад ҳаргиз созишу иртибот надорад ва аз ин ҷост, ки ба пешвози Наврӯз одамон ба ҳам оғӯш боз мекунанд, агар дар давоми сол ноҷӯрие, ихтилофе байнашон буд, аз ҳам бахшиш мепурсанд, аз дилҳо кинаю ғаразу адоватро дур меандозанд, зеро:

                                        Ғаразҳо тира доранд дӯстиро,

                                        Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?!

Боз як анъанаи хуҷастаи наврӯзӣ ба ҳам таманниёти нек кардан ва бахту барор хостан аст ва албатта, ин аз беҳтарин анъанаҳои марбут ба ҷашни бостонист. Биёед, ба поси ин ҳама русуми волои наврӯзӣ ҳамдигарро бо дили соф, самимона ба ифтихори фарорасии ҷашни бостониамон табрику таҳният бигӯем ва ба ҳам орзуҳои нек арз бикунем.

Орзумандем, ки ба шарофати Наврӯзи покниҳоди навин соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бештар рушд ёбад, омӯзгорони азиз посдори пешаи пуршарафи худ бошанд ва дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас дар ҷодаи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои муқаддаси миллӣ ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб гарданд.

Ҳамаи шумо – сокинони шарафманди кишвар ва аз ҷумла, аҳли илму маорифи мамлакатро ба муносибати даррасидани қадами мубораку эҳсоси нафаси гарми Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Таманнои онро дорам, ки Ватанамон боз ҳам ободу зебо, фаъолиятамон пурсамар, рӯзгорамон тинҷу осуда, дилҳоямон покизаю соф, ботину зоҳирамон озодаю зебо ва муҳитамон ҳамеша лабрез аз шодию фараҳ бошад.

                                      Дӯстон, ҷашни дилафрӯз муборак бошад,

                                      Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *