Фаридун ИСМОИЛОВ,
устоди калони кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди ДБССТ,
номзади илмҳои филологӣ

Фолклор як бахши муҳимми илми мардумшиносӣ буда, асоси донишҳои мардумӣ ё вежагиҳои иҷтимоии аҳолии ин ё он гӯшаи оламро фаро мегирад. Дар ин мақола доир ба яке аз сарчашмаҳои муҳимми мардумшиносӣ, китоби «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» маълумоти таҳқиқотӣ — китобшиносӣ манзури хонанда мегардад. Муаллифони ин маҷмуа, устодон Раҷаб Амонов ва Муҳаммад Шукуров кӯшиш намудаанд, то махсусияти осори мардумиро риоят намоянд ва ин китоби боарзиши фолклориро барои хонандагон тақдим созанд. Ҷобаҷогузории матн, навиштани пешгуфтори муфассал, маълумотномаи гӯяндагон, таснифи жанрҳо, муайян намудани навъи осори мардумӣ, шарҳи луғоти лаҳҷавӣ, аз рӯйи тахассус ба зиммаи Р. Амонов буда, хидматҳои академик Муҳаммад Шукуров низ дар таҳриру тасҳеҳи асар назаррас аст.

Агар ба шахсият ва фаъолиятҳои олимони соҳаҳои мухталифи илму маориф таваҷҷуҳ намоем, бегумон китобу мақолаҳои бунёдии онҳо пеши назари мо ҳувайдо мегарданд. Яке аз ҳамин қабил шахсиятҳои фидоии илми фолклоршиносии тоҷик устоди зиндаёд академик Раҷаб Амонов (1923–2002) буд, ки дар бунёд гузоштани ин илм саҳми арзанда гузоштааст.

Муҳимтарин асарҳои илмии  академик Р. Амонов «Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб» (1963), «Лирикаи халқии тоҷикӣ» (1968), «Эҷодиёти бадеӣ, халқ ва замон» (1970), «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик» (1980, бо ҳамқаламии В. Асрорӣ), «Адабиёт ва бачагон» (1981), «Адабиёти бачагона» (1982, қ.1-уми ҷ. 6 аз «Таърихи адабиёти советии тоҷик»), «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ» (1984), «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» (1987) мебошанд. Соли 2002 интишороти «Суруш»-и кишвари Эрон китоби охирро бо унвони «Рубоиёти мардумӣ ва рамзҳои бадеӣ» ба хатти форсӣ дубора ба табъ расонид.

Р.Амонов дар баробари фолклоршинос будан, ҳамчунин, яке аз нависандагони маъруфи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, китобҳои зерин маҳсули эҷоди бадеии ӯ мебошанд: «Аз пайи ҳикмати халқ» (1963), «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (1964, ба забони русӣ), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973), «Навбаҳори Чашмасор» (1976), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981), «Шарораи меҳр» (1983), «Дар нимароҳи умр» (1988), «Қиссаҳои сари кӯҳи баланд» (1990), «Пушаймонӣ» (1996), «Ишқи найнавоз» (1994), «Нимкосаҳои таги коса» (1994), «Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя» (Душанбе 1994; Теҳрон 1999), «Қиссаҳои диёри Чашмасор» (1995).

Маҷмуаи «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» ба ифтихори 1100-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон (соли 1958) ба табъ расид. Муҳтавои маҷмуаро асарҳои халқие, ки дар давоми эъзомияҳои солҳои 1956 ва 1957 аз тарафи ходимони илмии Институти забон ва адабиёт Р. Амонов, М. Шукурӣ, Р. Аҳмадов ва М. Холов аз деҳаҳои Панҷрӯд, Кулолӣ, Шинг ва Рашнаи Поёни шаҳри Панҷакент гирдоварӣ шудаанд, ташкил медиҳанд.

Маводди маҷмуа аз ду қисм иборат аст. Қисми якумро асарҳои насрӣ — нақлу ривоятҳо (14 адад), афсонаҳо (сеҳромез, тамсилӣ ё афсонамасалҳо ва ҳаҷвӣ – 23 адад) ва латифаҳо (8 адад) ташкил медиҳанд. Бахши дуюми маводди маҷмуаро асарҳои манзум, аз қабили рубоиёт ва дубайтиҳо, байтҳо, ғазалу мухаммасҳо, суруду таронаҳо, марсияҳо ва ашъори шоирони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди асарҳои манзум аз рӯйи жанрҳо ба ин қарор аст: рубоӣ ва дубайтиҳо — 89 адад, байтҳо — 62 адад, ғазалу мухаммасҳо — 14 адад, таронаҳо — 35 адад, суруд  — 30 адад, ҳикмат ва мақолу зарбулмасал — 69 адад, чистон — 12 адад, масъала — муаммо 3 адад. Миқдори шеърҳои шоирони маҳаллӣ, ки дар жанрҳои мухталиф эҷод шудаанд, ба 17 адад мерасанд.

Маҷмуа дорои сарсухани мукаммал ва тавзеҳоти муфассал мебошад. Дар охир рӯйхати 72 нафар гӯяндаи асарҳои фолклорӣ ёддошт шудааст. Афсонаву латифаҳои маҷмуа низ ҷолибу хонданианд. Тарзи баёни асарҳои мазкур содаву равон ва ба адабиёти хаттӣ наздиканд. Рубоӣ ва дубайтиҳои ҷолибро дар бахши осори манзум дучор мешавем, ки дар мавзуъҳои ишқу муҳаббат, мусофират, ғарибӣ, бечорагиву нодорӣ, рӯзгори сахти кӯҳистон ва ғайра, суруда шудаанд:

 Ларзон-ларзон барги найистон диламе,

Озурда шудаст аз ин кӯҳистон диламе.

Ман гуфта будам, сарам бигирам, биравам,

Побаста шудаст ба номусулмон диламе

 Байтҳои ҷолиб бо образофаринии содаву ширин, тасвирҳои омиёнаву шоирона аз тарафи гӯяндагони моҳир эҷод шуда, сиришту дониш ва ҷаҳонбинии мардумро инъикос менамоянд. Мусофирату ғарибӣ ба таври густарда дар осори фолклорӣ тасвир шудаанд:

Оби чашмам рехт, рехт, чандин замине боғ шуд,

Гиряҳо кардам чунон ки халқи олам доғ шуд.

Ман дигар тоқат надорам, меравам кӯҳи баланд,

Ҳайфи майдоне, ки он охир насиби зоғ шуд.

Аз муҳтавои қитъаи мазкур маълум мешавад, ки гӯянда барои муассиру хотирмон шудани суханаш аз санъатҳои ташбеҳу муболиға истифода кардааст.

Баҳору Наврӯз дар ин маҷмуа ба таври густарда ҷой доранд. Ҳамчунин, дар порчаи шеърии зер ба яке аз одатҳои бостонии мардумӣ, ки дар баргузории ҷашни Наврӯз шогирдон ва волидони онҳо ба дидорбинии устодон мерафтанд, ишорат намудааст:

 

Фасли Наврӯз асту олам сабзазор,

Занги дилро мебарад бӯйи баҳор.

Эй падар, устоди моро шод кун,

То туро раҳмат кунад Парвардигор.

 

Баррасии чистону муаммоҳо аз лиҳози муҳтаво диққатҷалбкунанда буда, дар онҳо таҷрибаву мушоҳида, донишу маҳорат ва афкори мардум моҳирона тасвир шудаанд.  Дар бахши эзоҳ рӯйхати гӯяндагон ба таври комил дарҷ гардидааст, ки ҷанбаи илмии маҷмуаро қавӣ гардонидааст.

Ҳамин тавр, китоби мазкур барои омӯзиши жанрҳои гуногуни адабиёти шифоҳӣ аҳаммияти бузург дошта, аз он дар таълими фанни фолклори тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар истифода намудан зарур аст. Зеро дар ин дастури адабиёти гуфторӣ хусусиятҳо ва шартҳои илмии фолклорӣ ба таври зарурӣ риоя гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *