
Амоншо ПАЛАВОНОВ,
корманди Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили Наврӯз таърихи беш аз 6000-сола дорад, ки қадимтарин ва бошукӯҳтарин оини миллии тоҷикону ориёнажодҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Бо саъю талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Македония, Албания ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ муайян гардид. Бо дарназардошти тамоми вижагиҳои ин ҷашни муборак 30-юми сентябри соли 2009 созмони бонуфузи ЮНЕСКО онро ба феҳристи 76 ёдгории мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳонӣ шомил кард. Омӯзиш ва эҳёи расму оинҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши бебаҳо барои ҳар як вориси ояндаи халқамон бояд вазифаи муқаддас гардад. Тамоми оинҳои Наврӯз сарчашмаи бузурги арзишҳои ахлоқиву тарбиявӣ буда, метавонад наслҳоро ба покии зоҳириву ботинӣ, садоқат ва вафодорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд. Наврӯз аз қадимулайём то имрӯз аз ҷониби тоҷикон бо шукӯҳу вижагиҳо ва расму оинҳои хоси ин сарзамини бостонӣ таҷлил мегардад. Наврӯз расму оинҳои зиёдеро дар бар мегирад ва чанде аз онҳоро, ки дар шаҳру навоҳии ҳавзаи Наврӯз, бахусус, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз солҳои қадим роиҷ ҳастанд, ин ҷо меорем.
Ҳафтсин. Ҷашнгирии иди Наврӯз дар торикӣ оғоз меёбад, вақте ки тамоми аҳли оила либоси нав пӯшида, дар гирди дастархон ҷамъ мешаванд, ва дар он ҷиҳозҳои нав гузошта мешаванд. Дастархони наврӯзӣ махсус чинда шуда, онро «ҳафтсин» мегӯянд. Дар рӯйи миз ҳафт маҳсуло ти ғизоӣ, ки номашон бо ҳарфи «син» оғоз мешавад: сипанд, себ, сиёҳдона, санҷид, сирко, сабзӣ ва суманак, гузошта мешавад.
Ҳафтшин. Ба ақидаи дигар, дар баробари дастархони «ҳафтсин» омода намудани дастархони «ҳафтшин» низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводи ғизоӣ, ки бо ҳарфи “шин” шуруъ мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир, шароб, гузошта мешаванд.
Ҷуфтбаророн. Ин маросим аз қадимтарин оинҳои Наврӯз маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқи тоҷик Дилшод Раҳимов то солҳои 50-уми асри гузашта деҳқонони вилоятҳои Суғду Хатлон қабл аз оғози ҷашни Наврӯз маросими “Ҷуфтбаророн”-ро анҷом медоданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хона ҷамъ шуда, якҷоя оши палав мепухтанд, дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас, ба саҳро баромада, ба шохи говҳо равғани зағир молида, ба сару гарданашон орд мепошиданд, ки ин рамзи баракат ва ҳосили фаровон буд.
Хонатаконӣ. Маросими дигаре, ки дар иди Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, «хонатаконӣ» ном дорад ва яке аз ҷузъҳои муҳимму ҳатмии ин ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Мардум тамоми зарфҳои рӯзгорро берун оварда, хонаҳоро сафед мекунанд, кӯрпаву қолин ва дигар ашёи рӯзгорро мешӯянд, яъне, хонаҳоро покиза мекунанд. Барои мардуми тоҷик ҷашни Наврӯз аз қадим рамзи покӣ маҳсуб мешуд.
Суманакпазӣ. Муҳимтарин туҳфа барои Наврӯз суманак аст, ки аз сабзаи гандум омода мешавад. Худи сабза тимсоли эҳёи табиат, зебоӣ ва сарсабзии ҳаёт аст. Зимни омода кардани суманак занону духтарон суруд хонда, рақсу шӯхию бозӣ мекунанд, зеро тибқи эътиқоди мардумӣ, агар ҷашни Наврӯзро бо ханда, шодиву хурсандӣ таҷлил кунанд, ҳамон сол соли файзу баракат, шодиву хурсандӣ хоҳад буд. Ҳангоми кофтани дег ҳама суруди халқии «Суманак дар ҷӯш»-ро бо ҳамовозӣ мехонанд. Дар деги суманак ҳафт дона чормағз ва гоҳе ҳафт сангча мегузоранд, ки рамзи ҳафт фариштаи ҳафт осмон аст.
Сайри наврӯзӣ. Мардум дар айёми Наврӯз ҷашни баҳорро дар боғу гулзорҳо, назди чашмаҳову рӯдхонаҳо ҷашн мегирифтанд, ки онҳоро “идгоҳ” ё “сайргоҳ” мегуфтанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди касбӣ ва зебо таҷлил кардани ҷашни Наврӯз, дар пойтахти кишвар, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо майдону марказҳои махсуси наврӯзӣ ташкил карда шудаанд.
Бозиҳои суннатии варзишӣ. Бахши муҳимми таҷлили Наврӯз бозиҳои суннатии варзишӣ мебошанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуштигирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ, давидан, бандкашӣ ва чавгонбозӣ баргузор мешавад.
Гулгардонӣ. Қабл аз Наврӯз аксари кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон паём ирсол мекунанд. Кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияҳгӯш, бойчечак ё наврӯзӣ доранд, ба ҳар хона наздик шуда, соҳибхонаҳоро бо шеърҳо дар васфи баҳор шодбош мекунанд. Соҳибхонаҳо гулро ба чашму абрӯвон молида, ба гулгардонҳо қадри ҳиммат чизе ҳадя мекунанд.
Чоршанбесурӣ. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар охирин чаҳоршанбеи соли қамарӣ, пеш аз Наврӯз, мардуми ориёитабор маросиме доранд, ки онро «Чоршанбесурӣ» меноманд. Ин ҷашн аз гузашта то ба имрӯз дар тамоми манотиқи кӯҳистони Эрон баргузор мегардад. Дар бисёре аз навоҳии манотиқи Осиёи Марказӣ, бахусус, дар Мовароуннаҳр низ таҷлил мегардид. Муҳаммадраҳим Раҳимов, пажуҳишгари тоҷик дар китоби худ «Деҳқонони тоҷик дар ҳавзаи дарёи Хингов пеш аз инқилоб» менависад, ки дар чоршанбеи охири сол дар минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Рашт, Яхсу бегоҳӣ, пас аз ғуруби офтоб, гулхани оташро фурӯзон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум “чоршанбеи охири сол” ва ё “аловпарак” меномиданд.
Фолгирии наврӯзӣ. Оини дигар, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалла: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, наск, мош ва ғайра, мебошад. Ғалларо дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалла дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон хоҳад дод.
Маросими обрезон. Аз давраҳои қадим дар мардуми ориёӣ оине маъмул буд, ки пеш аз Наврӯз мардум худро поку озода мекарданд. Тибқи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, сардори оила субҳи барвақт ба даст кӯза ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рӯди об мерафт. Баъди шустушӯй зарфро пури об карда, аз болои об се маротиба ҷаҳида: «Ҳарчи дарду бало дорам, об бибар!»,- мегуфт.
Оҷили мушкилкушо. Дар гузашта, пас аз поёни оташафрӯзӣ аҳли хона ва хешовандон гирди ҳам меоянд ва охирин тухми тарбуз, каду, фандақ, бодом, тухми харбуза, шоҳдонаро, ки аз захираи зимистона боқӣ мондааст, мехӯрданд. Онҳо бовар доштанд, ки ҳар касе аз ин донаҳо бихӯрад, кинаву рашк аз вай дур мегардад.
Ситдуздӣ. Дар Бадахшони Тоҷикистон мардум ба тоза кардани хонаҳои маскунӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор шуруъ мекарданд. Марди хонавода барои таъмир аз ҷойи махсус хок меовард, ки ҳангоми овардани хок касе ӯро набояд бинад. Ӯ ин корро замоне мекард, ки пардаи торики шом атрофро фаро мегирифт ва ё субҳи барвақт буд. Дар баъзе ҷойҳо инро ситдуздӣ (гилдуздӣ) мегӯянд.
Пичирумчшиканӣ. Дар бархе аз маҳалҳои Рӯшон ва Шуғнон ҳангоми пухтани баъзе аз ғизоҳои миллӣ бо номи бат-айём, хидир-айём оғози меҳмониро, ки «пичирумчшиканӣ» меноманд, соҳиби хона ба ҷо меорад. Мард вориди хона мешуд ва “Шогун-баҳор муборак”-гӯён аҳли хонадонро табрик мекард ва занаш “ба рӯйи шумо муборак” гуфта, чун одат ба китфаш орд мепошид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлили баҳору Наврӯз вижагиҳои хоси худро дорад. Ин ҷашн дар Бадахшон бо се ном: Хидирайём, Наврӯз ва Шогун-баҳор маъруф аст. Наврӯз дар ин минтақа аз тоза кардани хона шуруъ мешавад. Дар навбати аввал аз хона чизи сурх (матоъ, кӯрпа ва ғайра) бароварда, ба ресмоне меовезанд, ки рамзи ид ва муҳофизат аст. Дастархони идонаро аз рӯйи анъана бо боҷкашк — таом аз донаи гандум бо гӯшт ва нони аз чормағзи кӯфташуда оро медиҳанд.
Бо фарорасии бегоҳ қисми муҳимтарини ид-маросими «килоғузғуз» оғоз мешавад, ки онро кӯдакон бесаброна интизор мешаванд. Кӯдакон бо рӯймолҳо хона ба хона гашта, ба бом мебароянд ва нӯги рӯймолро ба воситаи равзанаи хона ба поён партофта, суруд мехонанд. Соҳибхонаҳо дар як тарафи рӯймол ҳадя гузошта, мебанданд.
Дар ин рӯз барои меҳмонон ҳеҷ чизро рад кардан мумкин нест. Нақлест, ки ҷавоне чандин бор ба хостгории духтари писандидааш меравад, аммо волидони духтар хоҳишашро намепазиранд. Ин писари ҳушманд дар ҷашни Наврӯз ба боми хонаи он духтар баромада, аз волидонаш талаб мекунад, ки духтаратонро ба ман диҳед. Бад-ин васила, дилдодагон ба муроди дили хеш мерасанд.
Дар бораи Наврӯз таърихшиноси Юнони қадим Страбон навиштааст: “Дар замонҳои қадим ва то ба имрӯз сокинони Байнаннаҳрайн (Сирдарё ва Аму) дар ин рӯз дар маъбади оташ ҷамъ меоянд. Ин ҷашни маъруфтаринест, ки тоҷирон дуконҳои худро мебанданд, косибон аз кор мемонанд, ҳама вақтхушӣ мекунанд, якдигарро бо нӯшокиҳо ва хӯрокҳое, ки оташ ламс кардааст, меҳмондорӣ менамоянд”.
Ба андешаи муҳаққиқи эронӣ доктор Шариатӣ “Агар рӯзе Худо оламро оғоз карда бошад, мусаллам, он рӯз Наврӯз будааст. Ба фикри ӯ Баҳор нахустин фасл, Фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст”.
Дар замони Шуравӣ таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон зиёд роиҷ набуд. Бо вуҷуди ин мардум суннатҳои Наврӯз, расму оинҳои аҷдодии худро содиқона ҳифз карда, бо номҳои гуногун онро ҳар сол ҷашн мегирифтанд.
Пас соҳибистиқлолии кишвар Наврӯз дубора ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва ороми сарзамини бостонӣ ва муҳити созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои аҷдодӣ — Наврӯз танинандоз асту ба шарофати он як эҳсоси фораму фараҳбахш дили пиру ҷавонро фаро мегирад.
Наврӯз ба такягоҳи аслии худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвастани наслҳо, пайвастани гузашта ва имрӯз, эҳёи суннатҳои зебоӣ, инсондӯстӣ, бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва расидан ба қадри зиндагии хушу хурсандона табдил ёфтааст.
Хулоса, Иди Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор буда, ин ҷашни зебо ба қалбҳои хурду калон умеду ҳавас ба зиндагӣ, шодиву нишот ва руҳияи ҳамзистӣ оварда, мардумро ба дӯстӣ, самимият, меҳру садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.