А. ЗАРИФӢ,
М. УСМОНОВ,
омӯзгорони Коллеҷи политехникии
ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Табиат барои одам муҳити ҳаётӣ ва манбаи зиндагӣ аст. Одам дар ҳаёту фаъолияташ ҳамчун як навъи мавҷудоти биологӣ мисли дигар мавҷудот ба муҳити зист таъсир мерасонад. Таъсире, ки ҳоло одам ба табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати умумии табиатро халалдор созад. Дар замонҳои пеш одамизод гумон мекард, ки захираҳои табиӣ беохир аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти худ ба табиат зарари ҷиддӣ расонд. Минбаъд ӯ маҷбур шуд, ки барои истифодаи оқилона ва ҳифзи табиат кӯшиш намояд. Ҳифзи табиат маҷмуи низоми исботгаштаи илмӣ буда, барои истифодаи оқилона, аз нав барқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, инчунин, барои ҳифзи минбаъдаи муҳити зист аз ифлосиву харобшавӣ равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда зарур мебошад. Мақсади асосии ҳифзи табиат ташкили шароити муътадил барои ҳаёти одамон, инкишофи истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Ҳаво, об, хок, канданиҳои фоиданок, нури офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот захираҳои табииянд. Захираҳои табиӣ ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда. Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда. Захираҳои табиии барқароршаванда хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин, намакҳои маъданӣ, ошӣ ва техникӣ мебошанд, ки дар кӯлҳо ва таҳшинҳои (лагуна) баҳрӣ мавҷуданд. Ин захираҳо метавонанд, дар шароити муътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабарӣ аз нав барқарор шаванд. Барқароршавии захираҳо бо суръати гуногун мегузарад; барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Ба гурӯҳи захираҳои табиии барқарорнашаванда захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд, ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нафт, газ, ангиштсанг, хокҳои металлӣ ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад. Захираҳои тамомнашаванда аз сарватҳои обӣ, иқлимӣ ва кайҳонӣ иборатанд. Захираҳои умумии об дар табиат тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро обҳои шӯри уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳо (ноҳияҳо) нафт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор шароити сабзиши рустаниҳою ҳайвонҳои баҳриро халалдор намуда, обҳои баҳрҳову уқёнусҳоро ифлос мекунанд. Оби ширин чун манбаи асосии ҳаётии одам захираи нотамом мебошад. Мушкилоти захира ва нигоҳдории обҳои ширин дар натиҷаи хушкшавии дарёву кӯлҳо, афзудани истифодаи заминҳои корам, рушди номутаносиби соҳаҳои саноат, нақлиёт ва ифлосшавӣ аз партовҳои саноатию маишӣ дучанд мегардад.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҳифзи табиат дар замони муосир аз усулҳои гуногуни илмию технологӣ истифода мебаранд.

Усули якум муайян месозад, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва омилҳои табиӣ барои одам аҳамияти калон дорад. Дар ин маврид нисбат ба ҳар кадоми онҳо роҳҳои хосеро интихоб карда, талаботи соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва барқароркунии табиатро ташкил кардан лозим аст. Масалан, ҷангал, пеш аз ҳама, манбаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва кимиёвӣ мебошад, лекин вай, ҳамчунин, хусусияти захираву танзимкунии об, ҳифзи хок ва ҳосил кардани ҳавои тозаро дорад. Бар замми ин ҷангал ҷойи зисти ҳайвоноту паррандагони гуногун ва истироҳати одамон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат аҳаммияти саноатии ҷангал дар ҷойи дуюм меистад.

Усули дуюми истифодаи захираҳои табиӣ ин шароити муҳити зисти аҳолии таҳҷойиро ба эътибор гирифтан лозим аст. Ҳоло дар табиат минтақаҳое мавҷуданд, ки аҳолиашон аз норасоии обҳои тоза танқисӣ мекашанд. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо зиёданду аз худ карда нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозат медиҳанд, вале дар минтақаҳои камҷангал онҳоро мувофиқи мақсад бо дарназардошти ҷараёни азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст. Қоидаи минтақавӣ (регионалӣ), ҳамчунин, барои олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди ҳайвони шикорӣ дар як минтақа бинобар кам буданаш ҷиддан ҳифз карда мешавад. Дар минтақаи дигар бошад, аз сабаби зиёд будани шумора, баръакс, барои шикори он иҷозат дода мешавад. Мувофиқи қоидаи минтақавии ҳифзи экологӣ муносибат ба истифодаи захираҳои табиӣ аз сатҳи ҷойгиршавӣ ва пайдошавии онҳо вобастагӣ дорад.

Усули сеюми истифодаи захираҳои табиӣ он аст, ки ҳифзи як намуди захираҳои табиӣ маънои ҳифзи дигар манбаъҳои табииро дорад. Аз ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлосӣ маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад. Ба воситаи ҷангал на фақат ҳаво тоза нигоҳ дошта мешавад, балки хок низ аз фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи паррандаҳои ҳашаротхӯр ва макони мӯрчаҳо, инчунин, ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад. Дар табиат муносибати мутақобилаи байни ҳамдигарӣ ҷой доранд, ки ҳифзи як намуд бар зарари намуди дигар аст. Бояд ҳангоми ҳифзи як намуд ҳолату имконияти дигар намудҳо ба инобат гирифта шавад. Пас, ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат барои чӣ зарур аст? Оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ гарави асосии рушд аст.

Қоида ва қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт иҷро мешаванд, ки пояи қонунӣ дошта бошанд. Дар сиёсати давлатсозии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар радифи истиқрори сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушд додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ба масъалаи экология аҳамияти хосса дода шуда, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру деҳоти кишвар ғамхориҳои доимӣ зоҳир мегардад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикис- тон барои таъмини фаъолият дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ як қатор кодексу қонунҳо мавриди истифода қарор доранд. Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”, ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Бо мурури замон ва зарурати воқеӣ ба ин қонун солҳои 1994, 1996, 1997, 2002, 2004,2007 тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Соли 2011 қонуни асосии соҳа дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” таҳия ва қабул гардид, ки бо қонунгузории байналмилалӣ мутобиқ ва мувофиқ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ кафолатҳои ҳуқуқии инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ пешгирии таъсири зараровари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

 Хулоса, омӯзиши экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат нафақат онро ҳаматарафа истифода барад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро омӯзад ва онро оқилона идора кунад. Аз омӯзиши экология ба мо маълум шуд, ки қонунҳои экологӣ инсонро барои ба куллӣ тағйир додани муносибаташ нисбат ба табиат водор месозад. Мо як қисми таркибии табиат ҳастем ва пурра ба он вобастагӣ дорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният на аз ҳукмронӣ ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю бегаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикӣ дар рӯи замин иборат мебошад. Инсоният дар айни замон вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару зиёнҳо равона кунад. Фаромӯш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши одам вуҷуд дошт ва бе он низ боқӣ хоҳад монд, вале одамон (ҷомеа) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *