Суҳбаторо Ҷ. САЙФУДДИН,
«Маърифати омӯзгор»
Омӯзгор роҳнамои олами маърифат ва равшангари шуури башарият аст. Ӯ бо садоқату иродаи инсонпарварона наврасонро ба саъю талош дар масири донишомӯзӣ ва зиндагии шоиста ҳидоят мекунад. Кору зиндагии омӯзгорон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта, сол то сол мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа волову аъло мегардад.
Танзими қонунгузории соҳа ҷиҳати таъмини шароити иҷтимоии омӯзгорон, баланд гардидани маоши вазифавӣ, ҳавасмандии онҳо дар самти илму маърифат далели ин гуфтаҳост. Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кашфи истеъдодҳо ва қадршиносӣ аз заҳматҳои омӯзгорони мамлакат озмунҳои илмӣ — маърифатӣ баргузор мешавад.
Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025», ки бо омодагии ҷиддии илмӣ — тахассусӣ баргузор шуд, Ҳусейн Ализода, омӯзгори фанни биологияи Литсейи ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соҳиби ин унвони пуршараф гардид. Як суҳбати самимӣ оростем бо муаллими навовару номвар, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем.
— Дар оғози суҳбат шуморо бо ин дастоварди бузург табрик мегӯем. Лаҳзае, ки эълон карданд, “Омӯзгори соли Тоҷикистон” шудед, чӣ эҳсос доштед?
— Ташаккур. Эҳсоси тасвирнашаванда аст. Маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳамоиши бошукӯҳ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар толори барҳавои Кохи «Суруш» баргузор шуда, аҳли маорифу маънавиятро гирди ҳам оварда буд. Он лаҳза як толори пур аз шахсиятҳои арзанда ва фидоиёни пешаи омӯзгорӣ ба ифтихори ин пирӯзӣ бароям каф мекӯбиданд. Замоне, ки мукофот ва ҷоми ғолибиятро аз дасти муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гирифтам, фаромӯшнашаванда буд. Тамоми он заҳмату шабзиндадориҳо ва солҳои талош дар ин лаҳза ба ҳисси аҷиби хушҳолию ифтихор мубаддал гардиданд. Собит шуд, ки кӯшишҳои пайвастаам самар овард — қадршиносӣ шуданд ва он дам пеши назарам чеҳраҳои гарми волидонам, устодон, шогирдон ва ҳамаи онҳое, ки бо бовариву эътимод дар паҳлуям буданд, падид омад. Эҳсоси фараҳу шодӣ ва ҳисси масъулияти бузург дар пеши миллат ва фарзандони ин сарзамин дар ниҳодам ҷӯш мезад.
— Тавре медонем, шумо қаблан ҳам дар ин озмун иштирок карда будед. Чӣ чиз шуморо ҳар дафъа пеш мебурд ва водор мекард, ки батакрор дар он ширкат намоед?
— Дуруст аст. Ҳангоми қадамҳои аввалини худро гузоштан дар озмунҳои бузург барои донишамро санҷидан ширкат мекардам. Ман бо ҳар иштирок таҷрибаи тоза мегирифтам. Баъдан ин ба як ҳадафи бузург мубаддал гардид. Иродаву талош ҳамеша инсонро муваффақ мегардонад ва боварии падару модар, дӯстону устодон инсонро руҳияи нав ато месозад. Биноан, инсон ҳамеша бояд дар талошу кӯшиш бошад.
— Одатан, ҳар омӯзгор як ҳикояи ҷолиб доир ба омӯзгор шудан дорад. Чӣ сабаб шуд, ки ба ин касб дил бастед ва чаро маҳз фанни биологияро интихоб кардед?
— Аз кӯдакӣ табиат ва олами зинда барои ман як асрори бепоён буд. Бо шавқ ба растаниҳо менигаристам, фарқи онҳоро меомӯхтам ва аз ҳар як баргу гул маъно меҷустам. Дар мактаб омӯзгори фанни биологияи мо шахсияти фарҳехта, донишманд ва меҳрубон буд. Рӯзе аз ман тақозо кард, ки мавзуеро барои ҳамдарсонам шарҳ диҳам. Он лаҳза гӯё заминаи интихоби касби ман гузошта шуд. Он рӯз фаҳмидам, ки мехоҳам ин роҳи пуршарафро пеш гирам. Устодам буданд, ки дар дили ман муҳаббат ба илм ва эҳсоси эҳтиром ба зиндагиро тақвият бахшиданд. Ин боис шуд, ки пешаи омӯзгориро интихоб кунам ва ҳоло аз ин касби муқаддас ном ёфтааму нон мехӯрам.
— Саломат бошед. Тавре гуфтед, ҳар омӯзгор дар пешрафти кори худ боз роҳнамое дорад. Аз онҳо бигӯед.
— Бале, дуруст аст. Ҳеч инсоне наметавонад бе ҳузуру таъсири устодон ба ҷое бирасад. Банда низ дар кору зиндагӣ устодони бузург дошта, аз ҳар яки онҳо сабақи муҳим гирифтаам. Эҳсоси масъулиятро аз яке, низоми идораи синфро аз яке, дарсҳои тахассусиро аз дигарон ва услуби кориро аз яке. Аз ин рӯ, ҳар як устод ба ман мактаби бузурги омӯзгориро мерос додаанд. Ин гуфтаи устодон ҳамсафари доимии кору зиндагиям мебошад: “Омӯзгор бояд, пеш аз ҳама, инсони нек бошад” ва ман мекӯшам ҳар рӯз ба ин андеша содиқ бимонам.
— Шогирдонатон мегӯянд, ки дарсҳои шумо ҷолиб мегузаранд. Чӣ тавр тавонистед дарси биологияро ба як машғулияти шавқовар табдил диҳед?
— Биология фаннест, ки худаш пур аз зебоиҳои ҳаёт аст. Ман кӯшиш мекунам, ки хонанда ин зебоиро эҳсос кунад. Барои ҳамин дар дарсҳо аз усулҳои таҷрибавӣ, лоиҳаҳо ва бозиҳои шавқовар истифода мебарам. Ман мекӯшам, ҳар мавзуъро ба ҳаёти воқеӣ пайванд диҳам, то дониш дар зеҳни хонандагон табдил ба таҷриба шавад. Донишҳо ва мушоҳидаҳои худи хонандагонро таҳрик додан лозим аст, то хонанда худро ҷузъи аслии дарс тасаввур кунад. Аз ин рӯ, дар дарс гузаронидани таҷрибаҳо, бозӣ, таҳқиқ ва лоиҳаҳои муосир ниҳоят заруранд. Ман бовар дорам, ки ҳар дарс бояд ба як сафари шавқовар табдил ёбад, ки дар он ҳам омӯзгор ва ҳам шогирд ҳамроҳ ҳастанд.
— Тавре мебинем, Пешвои миллат соҳаи маорифро пайваста дастгирӣ намуда, нақши созандаи омӯзгоронро дар ҷомеа эътироф ва таъкид мекунанд. Шумо ҳамчун омӯзгор ин ғамхориҳоро чӣ гуна тафсир мекунед?
— Бешубҳа, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як омӯзгор манбаи илҳоми бузург мебошанд. Имрӯз мо мебинем, ки маориф ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ эътироф шуда, мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Омӯзгор эҳсос мекунад, ки меҳнаташ қадр мегардад, суханаш шунида мешавад ва талошаш беподош намемонад. Бо шарофати сиёсати маорифсолори Сарвари давлат имконоти васеъ барои омӯзгорон фароҳам шудааст. Курсҳои такмили ихтисос, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, дастгирии моддӣ, молӣ ва маънавӣ намунаи равшани ин ибтикорот мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» низ яке аз ҳамин иқдомҳои наҷиб аст. Илова бар ин, омӯзгори ҳар хонандае, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муваффақ мегардад, низ қадршиносӣ мегардад, ки ҳамаи ин мо — омӯзгоронро руҳия дода, масъулияти бузургеро бар дӯшамон мегузорад.
— Ба назари шумо омӯзгори муосир бояд чӣ гуна бошад?
— Омӯзгори имрӯза бояд, пеш аз ҳама, инсони намунавӣ ва соҳиби дониши амиқ буда, ҳар рӯз донистаҳои худро нав кунад ва ҳамзамон, решаҳои ахлоқию инсондӯстиро тақвият бахшад. Инчунин, доимо аз пайи такмили малакаҳои касбӣ бошад, падидаҳои илмиро таҳлил намуда, ҳамқадами замон гардад ва технологияҳои навинро босамар истифода барад. Бояд чунин эҳсос дошта бошад: “Имрӯз ман наслеро парвариш медиҳам, ки ояндаи давлату миллати тоҷик аз онҳо вобаста аст.”
— Дар баробари иҷрои рисолати бузурги омӯзгорӣ шумо мақолаҳо низ менависед. Чӣ шуморо ба навиштан водор мекунад ва чаро барои як омӯзгор муҳим аст, ки фақат ба дарс иктифо накунад?
— Барои ман навиштан як ниёзи руҳист. Вақте таҷрибаҳои кориро навишта, дар матбуот нашр мекунӣ, яъне, онро бо дигарон тақсим менамоӣ. Ҳар як мақола метавонад барои омӯзгори дигар роҳнамое шавад. Банда низ аз таҷрибаҳои омӯзгорони собиқадори кишвар омӯхта, онҳоро дар раванди таълим истифода мебарам. Дар ин баробар, мақола менависам, то таҷрибаҳои худро дар бораи усулҳои нави таълиму ва тарбия ба ҳамкасбон расонам. Навиштани мақола омӯзгорро водор мекунад, ки бештар андешад ва таҷрибаҳоро таҳлил намояд.
— Сарфароз бошед, муаллим. Мехоҳам боз андаке доир ба ғолибияти шумо ҳарф занем. Шогирдонатон чӣ гуна аз пирӯзиятон истиқбол карданд?
— Эҳсоси онҳо беҳтарин ҷоизаи ман буд. Пеш аз натиҷа ҳамаашон пур аз ҳаяҷон буданд. Пас аз эълон шудани ғолибият табассуму ашки шодӣ дар чеҳраҳояшон якҷо буд. Онҳо маро бо гулдаставу табрикномаҳо ва суханони самимӣ пешвоз гирифтанд. Аммо муҳимтар аз ҳама, ман дар чашмонашон ифтихорро дидам: ифтихор аз он ки омӯзгорашон тавонист ному обрӯи мактабро баланд бардорад. Бовар кунед, ҳамин эҳсос тамоми заҳматҳоро арзишманд мекунад. Ҳар омӯзгор вақте мебинад, ки шогирдонаш аз комёбиаш ифтихор доранд, дучанд ба ин касб дил мебандад.
— Ба омӯзгорони ҷавоне, ки нав ба ин пеша қадам мениҳанд, чӣ мегӯед?
— Ба онҳо мегӯям: пеш аз ҳама, ин касбро бо дил интихоб кунед. Ҳеҷ гоҳ аз мушкил наҳаросед, ҳар душворӣ қадаме ба сӯйи камолот аст. Ин роҳ осон нест, вале пуршараф аст, муқаддас аст ва вежагии аҳуроӣ дорад. Омӯзгор бояд сабур бошад, чун дарахти талошаш баъди солҳо мева медиҳад. Бояд муҳаббат дошта бошад, зеро бе муҳаббат таълим сухани хушк аст. Дар маҷмуъ, сабр, меҳру муҳаббат ва талош — се сутуни асосии муваффақияти ҳар як омӯзгор аст, ки ҷавонон ин ҳамаро дарк намуда, интихоби худро бовар кунанд. Зеро дар дунё ҳеҷ чиз зеботар аз парвариши инсон нест.
— Дар муваффақиятҳои шумо нақши оила чӣ гуна буд?
— Оила боз як мактаби бузурги дигар аст, ки бе дастгирии он комёб шудан имкон надорад. Вақте хонавода боварат доранд, ту дигар аз ҳеҷ чиз наметарсӣ. Пайвандонам барои ман сарчашмаи оромӣ, тавозун ва такягоҳи аслист. Бе муҳаббат ва дастгирии онҳо шояд ман ба ин ҷо намерасидам. Муҳити гарми оила мисли паноҳгоҳи маънавиест, ки омӯзгорро аз хастагӣ раҳо мекунад. Вақте аз кор бармегардам, бо ҳам суҳбат мекунем ва то андозае сабукии равонӣ мегирам. Падару модарам аз кӯдакӣ ба ман меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба одамонро омӯзонданд. Ман як умр аз дастгириҳояшон сипосгузорам.
— Пас аз ғолибият чӣ ҳадафҳои нав доред?
— Бароям ин ҷоиза оғози як марҳилаи нави корист. Ният дорам таҳсили худро идома дода, дар соҳаи биология корҳои илмӣ анҷом диҳам ва вориди муҳити илмӣ шавам. Азми аслиям ин аст, ки таҷрибаи таълимиро бо таҳқиқоти илмӣ пайванд созам. Зеро омӯзгоре, ки худ меомӯзад, метавонад дигаронро низ беҳтар омӯзонад. Инчунин, ният дорам дар рушди маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорам.
— Ва ниҳоят, паёми шумо ба омӯзгорони Тоҷикистон.
— Ҳамкасбони азиз, тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст”. Ин сухан барои мо бояд шиори зиндагӣ бошад. Зеро мо — омӯзгорон дар баробари иҷрои рисолати касбӣ барои садсолаҳо таҳкурсии давлатдории миллиро мегузорем ва дар ҳифзи асолат, худшиносӣ ва бедории зеҳнҳои ҷомеа саҳм мегузорем. Аз ин рӯ, аз пешаи муқаддаси худ ифтихор кунед, ба касби худ муҳаббат варзед, зеро муҳаббат неруи муъҷизавиест, ки ҳар дарсро ба дарси зиндагӣ табдил медиҳад.
— Муаллими арҷманд, барои як суҳбати самимӣ аз шумо сипосгузорем ва дар иҷрои ин рисолати бузург иродаи қавӣ ва саломатии ҳамешагӣ таманно дорем.
PS. Хонандаи арҷманд, хулосаи суҳбат бо Ҳусейн Ализода — ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2025» нишон медиҳад, ки муваффақият натиҷаи талош, омӯзиш, меҳру муҳаббат ва сабру садоқат ба пешаи омӯзгорӣ аст. Барои ҳамин дар амалӣ кардани ҳадафҳо ба худ бовар дошта бошем ва пайи ҳадафҳои маънавӣ боварӣ ва талошро раҳо насозем.
