Юсуфи ШОДИПУР,
дотсенти кафедраи таърихи
халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ мебошад ва ҳар яки мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем. Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки ворид шудани унсурҳои бегонаро ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён зарур ва ҳатмӣ мебошад. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар кишвари маҳбубамон бисёр корҳои муфиду созанда ва бунёдкориҳои шоёни таҳсин анҷом шуданд, ки онҳоро воқеан ҳам, аз падидаҳои тозаву оламшумули замони муосир арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат ҳам, яке аз падидаҳои неку ҷолиби ин даврони таърихӣ аз он иборат аст, ки дар инкишофу такомули илму фарҳанги тоҷикон, хусусан, таҳқиқу пажуҳиши сарчашмаҳои таърихӣ шароити мусоид пайдо шуд. Мутолиаи осори рангини нашргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар таърихномаҳо, сафарномаҳо, ёддоштҳо ва дигар жанрҳои адабию фарҳангӣ ва матолиби таърихии даврони наву навин доир ба вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, ҳаёти иқтисодиву фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Аморати Бухоро маводду санадҳои муфиду пурқимат ниҳоят зиёд мебошанд. Аз ин хотир, он теъдоди сершумори сарчашмаҳои нодири таърихие, ки дар захираҳои илмиву фарҳангӣ маҳфуз мондаанд, муҳаққиқони хешро интизорӣ мекашиданд. Чунончи, дар ганҷинаҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чандин сарчашмаҳои хаттӣ, хоса, асарҳои нави таърихӣ маҳфуз мебошанд, ки онҳоро ба хатти кириллӣ баргардон ва нашр карда, ба доираи васеи хонандагони тоҷик тақдим намудан вазифаи фахрӣ ва қарзи ҷониву шаҳрвандии муҳаққиқон ва муаррихони ватанӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то кунун асарҳои таърихии гумноми фарзонафарзандони миллати тоҷик, хусусан, асарҳои таърихии Абдуқодир Муҳиддинов то имрӯз дуруст таҳқиқ нашудаанд.

Абдуқодир Муҳиддинов (солҳои 1892-1937; 1891-1940) ходими намоёни ҳизбӣ, арбоби машҳури сиёсӣ, ходими маъруфи ҳаёти маданӣ ва намояндаи беназири илму адабиёт ва забони тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Бино бар ахбори устод Садриддин Айнӣ, ӯ аз овони наврасӣ ва ҷавонӣ рӯзгори тираву тори сохти феодалии аморати Бухороро ҳадафи танқиди шадид қарор дода, перомуни он дар саҳифаҳои рӯзномаи “Вақт” бо имзои мустаори “Бухороӣ” силсилаи мақолаҳо нашр менамуд. Маҳз аз ҳамон вақт фаъолияти сиёсиву публитсистии Абдуқодир Муҳиддинов оғоз меёбад. Пас аз ғалабаи Инқилоби Бухоро чанд муддат муҳаррири рӯзномаи “Қутулиш” буд. Биноан, мавсуф дар рушди матбуоти ҳизбию шуравии тоҷик ҳамчун публитсист ва ходими намоёни ҳизбию давлатӣ хидматҳои босазо намудааст. Иловатан, мавсуф дар таълифи мақолаҳои сершумор ба забони тоҷикӣ нақши бузург ва назаррас мегузорад. Алалхусус, мақолаҳои калонҳаҷм ва аз ҷиҳати илмӣ пурқимати ӯ – “Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ” (Тоҷикистони Сурх, 1929), “Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек?” (Роҳбари дониш, 1928.- № 8; Тоҷикистони Сурх. -1928.- № 12) ва ғайра, бо далелҳои боварибахши таърихӣ ва мардумшиносӣ таълиф ёфта, дар замони хеш рисолати бузургу таърихиеро иҷро карда, то имрӯз аҳаммияти илмиашон коста нашудаанд ва дар тарғиби худогоҳию худшиносии тоҷикон арзиши ниҳоят баландро соҳиб мебошад.

Абдуқодир Муҳиддинов дар баробари фарзонафарзандони миллати тоҷик, чун Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев ва Чинор Имомов дар таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва баъдан Тоҷикистони Шуравӣ кӯшишу талошҳои зиёде сарф намудааст. Аз соли 1924, пас аз ҳалли масъалаи тақсимоти миллию марзӣ, ки худ яке аз фаъолони он ба шумор мерафт, А. Муҳиддинов нахустин раиси Шурои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон таъйин мегардад. Мавсуф ҳамчун роҳбари моҳиру кордон дар ҳалли масоили мубраму рӯзмарраи ҷумҳурии ҷавон, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, хоҷагии халқ, пойдор гардонидани сохти нави сотсиалистӣ ва умуман, рушду такомули ҷумҳурии навбунёди тоҷикон ҳиссаи арзанда гузоштааст. Ҳамзамон, дар тарғиби илму фарҳанг, ташкил намудани корҳои маданию маърифатӣ ва рушду нумуи адабиёту санъати тоҷикон ва амсоли он тадбирҳои муфиду арзандаеро иҷро намудааст. Масалан, бо хоҳиш ва дархости бевоситаи А. Муҳиддинов баҳори соли 1925 ҳукумати Тоҷикистон бо Садриддин Айнӣ дар бораи навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” шартнома имзо мекунад ва амсоли он. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар асараш “Фитнаи инқилоб дар Бухоро ” низ таъкид мекунад, ки “яке аз нахустин корҳое, ки Абдуқодир Муҳиддинов ҳангоми Сарвазири ҶМШС Тоҷикистон (солҳои 1924-1928) буданаш иҷро намуд, ин ба устоди худаш Садриддин Айнӣ супориш медиҳад, ки “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро таълиф намояд, то ки дар он мавҷудияти халқи тоҷик ва таърихи тулонии забону адабиёт ва фарҳанги пурғановати он исбот карда шавад”. Бесабаб устод Садриддин Айнӣ ин омили муҳимро дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ба тариқи зайл ишора намекунад, ки он ҷолибу писандида аст: ”Чун Ҳукумати Мухтори Тоҷикистон ҷамъу тартиби “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро ба камина ҳавола намуд, бо вуҷуди адами иқтидор, бинобар камоли ишқам ба адабиёт ин хидмати муқаддасро қабул намудам …”.

Ин нуктаи муҳимро устод Айнӣ ба ғайр аз “Намунаи адабиёти тоҷик”, инчунин, дар дигар асарҳои таърихиаш низ бо мамнуният ва руҳбаландии бузург инъикос кардааст.

Рисолаи гумгаштапайдои А. Муҳиддинов, ки хушбахтона, дар охири соли 2024 дарёфт гардид, “Ба деҳқонони Тоҷикистон Инқилоби Ӯктабир чӣ дод?” (Тошканд, соли 1927) ном дорад. Абдуқодир Муҳиддинов нахустин шахсест, ки дар бораи Тоҷикистон рисолаи таърихиро таълиф намудааст.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар асараш “Фитнаи инқилоб дар Бухоро ” менависад, ки “Абдуқодир Муҳиддинов аз зиёиёни сиёсии тоҷик якумин касе буд, ки дар бораи таърихи халқи тоҷик китоб навиштааст. Китоби дигари ӯ ба таърихи Бухоро бахшида шуда, дар рӯзномаи ӯзбекии “Бухоро ахбори“ ба забони тоҷикӣ дунболадор нашр шуда буд”. Вале ин асари таърихӣ то кунун ба пажуҳишгарон номаълум монда, муҳаққиқони хешро интизорӣ мекашад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик ин рисолаи ба таърихи аморати Бухоро бахшидаи А.Муҳиддинов ба аҳли илму адаб дастрас ва омӯхта мешавад.

Рисолаи “Ба деҳқонони Тоҷикистон Инқилоби Ӯктабир чӣ дод?” соли 1927 бо супориши Комиссияи ҷашнии 10-солагии ”Инқилоби Ӯктабир“-и назди Маркази Иҷроияи Тоҷикистон навишта шуда, аз 62 саҳифа иборат аст ва дар нашрияи “Матбугат”-и шаҳри Тошканд бо теъдоди 3070 нусха нашр шудааст, ки нархи ин китоб 40 тин муқаррар шуда будаст. Ин рисола аз 3 боб ва 39 зербоб иборат аст.

Боби якуми асар “Инқилоби Октябр” ном дошта, аз 6 зербоб иборат аст: 1). Сабабҳое, ки дар Русия инқилоби иҷтимоиро ҳозир намуд; 2). Ҳаракати инқилобии соли 1905; 3). Ҷанги умумӣ ва аз тахт афтодани императори Русия; 4). Роҳбарии фирқаи иштирокчиён дар бобати “Инқилоби Октябр” ва афтодани ҳукумати муваққатии бойҳо ва барпо шудани ҳукумати шуроӣ; 5). Хулосаи тезиси рафиқ Ленин дар бобати “Вазифаи ранҷбар дар Инқилоб” ва 6). “Ранҷбарӣ ба сари ҳукумат”. Ба тариқе, дар ин бахш, аз унвони зербобҳо бармеоянд, ки муаллиф доир ба заминаҳои Инқилоби Октябр ва ҷараёни падид омадани он маълумоти мухтасари таърихӣ медиҳад. Албатта, бардоштҳо ва таҳлилҳои ӯ аз нуқтаи назари он замон сурат гирифтааст.

Боби дуюми рисола “Инқилоби Бухоро” ном дошта, аз 7 зербоб иборат аст: 1). Ҷанги соли 1868 ва тобеъ шудани Бухоро ба Русия; 2). Асос ва усули ҳукуматдории амир; 3). Инқилоби феврал дар Русия ва таъсири он дар Бухоро; 4). Ҳувалмустаъон; 5). Инқилоби Октябр дар Русия ва воқеаи Колесов дар Бухоро; 6). Баъд аз воқеаи Колесов аҳволи амири Бухоро ва фаъолияти ҷавонбухориён;                    7). Фаъолияти ҳукумати шуроии халқи Бухоро ва аксулинқилоб. Дар ин боб, муаллиф Абдуқодир Муҳиддинов дар бораи аҳволи Бухоро дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ маълумот дода, воқеаҳои муҳимми то суқути ҳукумати амирӣ ва ба мақом расидани ҳукумати нав – ҳукумати инқилобиро мухтасар баён кардааст. 

Боби сеюми ин рисола “Ҷумҳурияти Тоҷикистон” ном дошта, аз 26 зербоб иборат аст: 1). Аҳаммияти Ҷумҳурияти Шуроии Тоҷикистон; 2). Замин ва мардуми Ҷумҳурияти Тоҷикистон; 3). Барпо шудани Ҳукумати Ҷумҳурияти Шуроии Тоҷикистон ва вазифаҳои асосии он; 4). Дар роҳи барпо намудани амнияти мамлакат; 5). Намуна аз хатоиҳои босмачиён; 6). Дар роҳи истеҳком додани ҳокимияти ранҷбарони ҳокимияти шуроӣ; 7). Дар шурои ҷамоатҳо; 8). Дар иҷроияҳои туманҳо; 9). Дар роҳи беҳбудии аҳволи иқтисодии омма ва ба даст овардани маданият; 10). Доир ба кишти обӣ; 11). Муҳоҷирати дохилӣ; 12). Пахтакорӣ; 13). Қарз ба деҳқонон; 14). Асбоби деҳқон; 15). Мадад ба таҷрибаи деҳқонӣ; 16). Кори пилла-абрешим; 17). Чорводорӣ; 18). Лалмикорӣ; 19). Таъмин намудани омма бо матои фабрика; 20). Дурустии роҳҳо; 21). Мухобара; 22). Корҳои ҳифзу сиҳат; 23). Маориф; 24). Миқдори мактабҳои ибтидоӣ дар соли 1927; 25). Миқдори мактабҳои равшаннамоӣ–сиёсӣ; 26). Кори Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва ғайра. Хулласи калом, аз боздид ва муқоисаи номи зербобҳо бармеоянд, ки Абдуқодир Муҳиддинов дар бораи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи он маълумоти мухтасари таърихӣ медиҳад, ки онҳо шоистаи дастгирӣ ва арзу сипос мебошанд.

Ҳамин тариқ, рисолаи Абдуқодир Муҳиддинов “Ба деҳқонони Тоҷикистон Инқилоби Ӯктабир чӣ дод?” нахустин китоб дар бораи Тоҷикистон ҳамчун давлат мебошад ва аз ҳамин нуқтаи назар арзиши баланди илмиву амалиро соҳиб аст. А. Муҳиддинов дар ин рисола дар баробари маълумоти васеи таърихӣ, инчунин, оид ба Инқилоби Октябр, густариши он ба Осиёи Миёна, суқути низоми амирӣ дар Бухоро ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон, инчунин, бори нахуст дар бораи ҳаёти сиёсӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, теъдоди аҳолӣ, авзои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон маълумоти муфиду арзишманд медиҳад. А. Муҳиддинов дар рисолаи хеш оид ба таърихи миллати тоҷик бо фахр менависад: “Миллати тоҷик, ки дар асрҳои гузашта соҳиби маданияти бузург будааст, аз байни худ ҳокимҳо, файласуфҳо, адибҳо, муаррихони номдор ба вуҷуд оварда, дар илми улум ва адаб хизматҳои намоён кардааст”. Ҳамзамон, муаллиф андешаҳои худро идома дода, изҳори умед менамояд, ки албатта, пас аз таъсиси ҶМШС Тоҷикистон имкон фароҳам хоҳад омад, ки тоҷикон “боз дубора соҳиби маданияти бузург гардида, аз маданияти ранҷбарӣ васеъ истифода намуда, ба ҳамзабонони пасмондаи худ, ки дар хориҷи Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳуриятҳои шуроӣ зиндагонӣ мекунанд, ёрмандиҳои илмӣ ва маданӣ бирасонанд”.

Тибқи иттилои ҷадвали ин рисола, ҶМШС Тоҷикистон дар соли 1927 аз ҳафт вилоят иборат буда, масоҳати он 135. 618 км мураббаъ ва аҳолиаш 823 600 нафарро ташкил медоданд. Вале бо вуҷуди он, А. Муҳиддинов таъкид месозад, ки дар ин ҷо теъдоди аҳолӣ ноқис ва нопурра аст. Аз ин боис, муаллиф ақидаи нисбатан дуруст пешниҳод кардааст: “бинобар он нуқсонҳое, ки дар кори ташкилоти саршумори халқ пайдо буд, қисми мардум аз рӯйхат берун монданд ва ба аъзои соҳибони хонаҳои аслӣ хонаводаро камтар нишон додаанд, аз ин боис, тахмин кардан душвор нест, ки мардуми Тоҷикистон аз 1 миллион нуфус бояд кам набошанд” ва амсоли он. 

Ҳамчунин, дар рисолаи А. Муҳиддинов доир ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳаёти иқтисодӣ, тандурустӣ ва маорифу фарҳанги ҶМШС Тоҷикистон маълумоти арзишманд оварда шудаанд, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ, қимати илмиву адабии худро то имрӯз гум накардаанд.

Ҳамин тариқ, пайдо ва дастрас шудани рисолаи нави А. Муҳиддинов падидаи илмиву амалӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Аз баррасии фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии А. Муҳиддинов ба хулосаи муҳим расидан мумкин аст, ки саҳми вай дар рушду такомули кишвар дар он давра ниҳоят бузург мебошад. А. Муҳиддинов бо омаду ноомадҳои бебарор ва душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, тамоми мушкилоти ҷумҳуриро ба хотири посдории халқу Ватан паси сар намуда, Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳурҳои Шуравӣ ба пеш баровард ва мавқеи онро мустаҳкам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *