Роҳатой ҶУМАЕВА,

магистранти соли 2-юми
Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Муаллим — омӯзгор шахси бузург аст. Маҳз  заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгор аст, ки инсонҳо комил мегарданд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро пайдо мекунанд. Ҳеҷ як шахс бидуни омӯзгор чизеро омӯхта наметавонад.

Садои ҷонфизо дорӣ, муаллим!

Чу най дар худ наво дорӣ, муаллим!

Мақомат аз ҳама болост, боло,

Чу ҳарфи бехато дорӣ, муаллим!

Ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ муаллими аввалин доранд. Албатта, аввалин устоди ҳар як кӯдак то рафтан ба остонаи мактаб модараш аст. Вақте кӯдаке қадамҳои аввалини худро ба макони муқаддасе, мисли мактаб, мегузорад, ҳатман зери ҳидояти нафаре қарор мегирад, то ба ӯ барои хондану навиштан ёрирасон бошад. Ин шахс муаллим аст. Муаллим инсонест, ки моро аз давраи хурдӣ ба сарпарастӣ гирифта, роҳи дурустро нишон медиҳад. Барои фарқ гузоштан миёни хубу бад ба мо ёрӣ мерасонад.

Лаҳзаҳое ёдам меоянд. Ҳанӯз мактабхон набудам. Дар ҳамсоягии мо муаллимае зиндагӣ мекард. Чун бо он кас робитаи хешутаборӣ низ доштем, мунтазам ба хонаи онҳо мерафтам ва ҳатто, баъзе шабҳо он ҷо мемондам. Азбаски шашсола будам, бароям гӯш додан ба ҳикояҳо ва афсонаҳо хеле ҷолиб буд. Барои ҳамин худам назди он муаллима мерафтам ва «ба ман афсона нақл кунед», — гуфта шабро он ҷо мегузаронидам.

Муаллима ҳам бе фикр кардан, новобаста аз он ки ман як кӯдак ҳастам, бо ҳавсалаи том, шабҳои дароз ба ман афсона нақл мекарданд. Аксари онҳоро то ҳол дар ёд дорам. Ҳамин тавр, соле сипарӣ гардиду ман якуми сентябри соли 2009 қадамҳои аввалини худро ба остонаи мактаб гузоштам.

 Он вақт намедонистам, ки барои ҳар як синф, махсусан, хонандагони синфи якум як муаллим дарс мегӯяд. Баъд аз тамом шудани сухани табрикии роҳбари муассисаи таълимӣ навбат ба эълони роҳбарони синфҳо расид. Бо гулдастаи дар дастамбуда ҳамон муаллимаро бодиққат нигоҳ мекардам ва бо худам мегуфтам, ки кош, маро он муаллима дарс диҳад. Эълони роҳбарони синфҳо оғоз шуд ва роҳбарии синфи моро ба Амонҷон Маҳмудова доданд. Бале, ҳамон муаллимае, ки ман дар даст гулдаста ба он кас менигаристам. Ҳамон муаллимае, ки барои гӯш додан ба афсонаҳои шӯрангезу ҷолибаш доим ба хонааш мерафтам. Меҳраш, алакай, дар қалби мани хурдсол ноаён ҷой гирифта  буд.

Занги аввал садо доду мо-хонандагонро ба синфҳо тақсим карданд. Он вақт мактаб бароям чунон намуд, ки гӯё ҳеҷ вақт ба ин ҷо одат намекарда бошам. Зеро ба куҷо рафтану куҷо нишастанро намедонистам. Ҳеҷ вақт рӯзи аввалини дарсро фаромӯш намекунам. Он рӯз муаллима дасти ҳар кадоми моро, ки 16 нафар будем, дар алоҳидагӣ гирифта, ба курсиҳо мешинонд. Аз ҳамон рӯзҳои аввал муаллима бо нигоҳи меҳрбор ва садои нарм доим ба мо таъкид мекард:

— Имрӯз, дар ин ҷо шумо хонандагони мактаб ҳастед ва фаромӯш накунед, ки мактаб хонаи дуюми шумо ба ҳисоб меравад.

Албатта, барои як муаллима кор кардан бо 16 кӯдак, ки ҳанӯз чизеро намедонанд, хеле душвор буд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Амонҷон Маҳмудова дар ҳар дарс бо ҳар кадоми мо дар алоҳидагӣ кор мекард. Ҳатто, агар хато мекардем, бо лабханд ва бо меҳрубонӣ ба мо «офарин» мегуфт, ки ин рафтор моро ҳам ба мактаб ва ҳам ба дарс боз бештар ҷалб менамуд. Муаллима ҳар як дарсро бо нармӣ ба мо меомӯзонд ва нишон медод, ки чӣ гуна бояд дуруст рафтор намоем. Ӯ ба мо ҳамеша таъкид менамуд:

 — Бачаҳо, хато кардан айб нест, аммо шумо бояд аз хатои худ сабақ гиред, ин муҳим аст.

Муаллима Маҳмудова барои мо дар сабурӣ, меҳрубонӣ, поквиҷдонӣ ва ростқавлӣ намунаи ибрат буд. Мо аз он кас омӯхтем, ки ҳеҷ як ганҷеро бе меҳнат ва бе илму дониш наметавон ба даст овард. Маҳз ҳамин рафторҳои хубу муомилаи неки муаллима шавқи хондани дарсро дар диламон бедор мекард.

Амонҷон Маҳмудова дасти ҳар кадоми моро гирифта, дар алоҳидагӣ дуруст навиштани ҳарфу рақамҳоро ёд медод. Муаллима ҳар рӯз бо чеҳраи хандон дар даст китобу дафтарҳо ба синфи мо медаромад ва бо меҳру муҳаббат ва сабр бо ҳамаи мо муносибат мекард. Баъд аз “Салом” гуфтан «Бачаҳову духтарони ман чӣ хел?», — гуфта, аҳволи моро пурсон мешуд. Ӯ барои мо на танҳо муаллима буд, балки дар хонаи дуюми мо модар ба ҳисоб мерафт.

Муаллимаи аввалин на танҳо ба мо хондану навиштанро омӯзонд, балки самимият, ахлоқи нек ва эҳтиром гузоштан нисбат ба бузургсолонро дар дили мо ҷой намуд. Мо аз ӯ омӯхтем, ки дониш чароғи зиндагист ва инсони комил ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш бошад.

Бо гузашти солҳо фаҳмидем, ки ҳеҷ як инсон аз пеши худ чизе намешавад, агар ӯро дар зиндагӣ омӯзгоре набошад. Ҳамаи инсонҳои бузург аз омӯзгор дониш омӯхтаанд. Ҳеҷ як муваффақияте бидуни омӯзгор муяссар намешавад. Маҳз омӯзгор аст, ки дар дили ҳар як инсон меҳри хондан ва дониш андӯхтанро бедор месозад.

Муаллимаи аввалин бо қалби пурмеҳр, бо лабони пурханда, бо дӯстию меҳрубонии модарона ва бо дастони нармаш ба мо навиштанро ёд дод. Ғамхориву меҳрубониҳои ӯ буд, ки ман имрӯз соҳиби илму дониш ва соҳибкасб шудам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки омӯзгор инсони бузург аст. Зеро кор кардан бо кӯдак пешаи ҳар кас шуда наметавонад. Чун таълими як кӯдак таълими як насл аст ва омӯзгор меъмори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Омӯзгор, дар ҳақиқат, инсони бошараф аст. Бузургон шарафмандии омӯзгорро дар он медонанд, ки ӯ илму дониши худро ба дигарон мебахшад. 

Маҳз ҳамин бузургии омӯзгор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа дар мадди аввал қарор дода, чунин таъкид кардаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.

Ба ҳамин хотир, ҳар яки моро зарур аст, ки заҳматҳои омӯзгоронро қадр намоем ва барои ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошем, то ки устодону омӯзгорон аз мо хушнуд бошанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *