
Меҳри ту бошад фурӯғи рӯзу моҳу соли мо,
Номи ту дар сархати шаҳномаи иқболи мо.
Эй муаллим, дарси ту дарси наҷоти зиндагист,
Ҳарф-ҳарфи ҳикматат бодо пари шаҳболи мо.
Ҳар каломат аз саодатҳо бувад пайғоми мо,
Аз фурӯғи нури ирфони ту равшан шоми мо.
Раҳнамои умри мо, дасти балогардони туст,
Фазлу одобу футувват аз ту шуд инъоми мо.
Дар дили мо шуълаи завқи ҳавас афрохтӣ.
Ҷони моро бо фари Додор аз нав сохтӣ.
Фазлу илм оби бақо буду ту онро бо чи меҳр,
Қатра-қатра бар дилу бар коми мо андохтӣ.
Ин ту ҳастӣ оқилу фарзонаву меъмори илм,
Кохи ҳикмат бо ту подор аст, эй девори илм.
Қадри ту аз Каҳкашони осмон болотар аст,
Зиндагиро кардаӣ равшан ту аз изҳори илм.
Ту ба мо омӯхтӣ суду зиёни зиндагӣ,
Рамзу рози зиндагониву забони зиндагӣ.
Аз ҷаҳони поку зебоят ба мо гардад аён,
Ҳусни зебову шикебои ҷаҳони зиндагӣ.
Ҷони мо аз меҳри ту саршор бодо то абад,
Бо садоят қалби мо бедор бодо то абад.
Роҳи моро кардаӣ ҳамвор бо ҷаҳду ҷадал,
Роҳи бахту толеат ҳамвор бодо то абад!
Рӯдобаи МУКАРРАМ