Дилафрӯз Қурбонзода,
“Маърифати омӯзгор”,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Андешае чанд дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар

Мехоҳам ин матлабро бо каломи гуҳарбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям”, оғоз кунам. Албатта, ин ниятам бесабаб нест, зеро Президенти ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини сарварӣ баланд бардоштани мақоми занону бонувонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор доданд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар Анҷумани сеюми иттиҳодияи занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997 чунин таъкид карда буданд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки мақом ва мавқеи занону бонувонро дар ҷомеа ба маротиб устувор гардониданд. Дар радифи санадҳои муҳимтарин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” мебошад, ки дар таърихи давлатдории мо-тоҷикон ҷойгоҳи хоссаи худро дорад. Қабули санадҳои дигар, аз қабили Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва ғайра, боз ҳам далели возеҳи дастгириву ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба модарону бонувони кишвар мебошад.

Ҷиҳати қадрдонии бештар аз заҳамоти занони сарбаланди тоҷик бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март Рӯзи Модар эълон гардида, ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Имсол низ ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад дар сатҳи хеле баланду хотирмон баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суҳбати самимӣ бо аҳли нишаст Сарвари давлат қайд карданд, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашн нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад.

Президенти кишвар аз саҳми арзандаи занони фаъолу пешқадами ҷумҳурӣ дар ободию сарсабзии Ватан ёдовар шуда, гуфтанд, ки мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хидматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем. Ҳунару истеъдод, саъю кӯшиш, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарон шоистаи таҳсин буда, онҳо метавонанд дар оянда дар татбиқи сиёсати давлат, пешрафти ҷомеа ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Сипас, Пешвои миллат ба саҳми занону бонувон дар пешрафти маориф таъкид намуда, чунин изҳор доштанд:

— Солҳое, ки ман дар мактаби миёна мехондам, ҳамагӣ 3-4 бонуи омӯзгор дар мактаби мо кор мекард. Ё баъдтар дар хоҷагӣ кор кардам, вазъият аз ин ҳам бадтар буд. Дар ҳамон давра занони маълумоти олидор дар баъзе минтақаҳо умуман набуданд ё ангуштшумор, яъне, бениҳоят кам буданд. Ҳоло дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 80 фоизи омӯзгорон бонувон мебошанд. Хатмкунандагони мактабҳое, ки аксари омӯзгорон дар онҳо бонувон мебошанд, қариб 100 фоиз ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил мешаванд.

Нуктаҳои зикркардаи Сарвари давлат боиси ифтихору сарфарозии аҳли маориф, хусусан, омӯзгорбонувон мебошад, зеро чунин баҳои баландро аз ҷониби Пешвои маҳбуби кишвар сазовор гардидан осон нест, он танҳо дар натиҷаи заҳмату талошҳои беҳисоб ба даст меояд. Дар соҳаи маориф, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас, занону бонувони фаъоли зиёде ҳамчун роҳбар кор мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар дигар соҳаҳо низ занону бонувон бо пайравию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди созандагию ободкории диёри азизамон бо муҳаббату садоқати бекарон заҳмат мекашанд.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмону ҷолибтарин дар ин чорабинии сатҳи баланд тақдими аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ  мебошад, ки то дергоҳ дар ёди иштирокдорон — модарону бонувон ҳамчун рӯйдоди фараҳбахшу ширине боқӣ хоҳад монд.

Сарвари давлат зимни эҳдои ин туҳфаи гаронбаҳо иброз доштанд, ки тақдим кардани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест. Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳову шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё овардаву ба камол расонидааст. Дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:

                                      Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,

                                      Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Ҳамчунин, Президенти ҷумҳурӣ дар идома афзуданд: Як нуктаи бисёр муҳимро дар ин самт мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар байни наврасону ҷавонони мо, хусусан, духтарон, ки муносибати ҷиддии модарону бонувони моро дар масъалаи китобхонии фарзандон нишон медиҳад, истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд ба онҳо ғамхорӣ кунем, кумак расонем ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонем. Ёдовар бояд шуд, ки калонсолон, бахусус, падару модарон низ бояд пайваста китоб хонанд, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонанд, донишу ҷаҳонбинии хешро барои тарбияи дурусти фарзандон истифода баранд ва бо ҳамин роҳ дар соҳибмаърифат гардидани фарзандон саҳм гузоранд…

Ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дилсӯзиҳои падаронаи Пешвои маҳбуби мо ба наврасону ҷавонон аз чӣ дарак медиҳад? Ин ҳама роҳнамоиҳои ҳакимонаро сабаб чист? Ба хотири он ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон-дар айёми ҷаҳонишавӣ фарзандони мо, хусусан, духтаромонамон таҳсил намуда, соҳибҳунару соҳибкасб гарданд, роҳу равиши дурусти зиндагӣ ва дар ҷомеа ҷойгоҳи шоистаашонро пайдо намоянд, то зиндагии роҳате дошта бошанд. Ин мақсаду мароми доимии Президенти мардумпарвари мо мебошад, ки дар тӯли фаъолияти роҳбарии сиёсии хеш онҳоро дар амал татбиқ кардаанд ва имрӯз мо  самараи заҳмату талошҳои бесобиқаашонро мебинем.

Фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлатамон чунин изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтар баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.

Ҳамчунин, қайд карданд, ки аз оғози таъсиси Квотаи Президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтари боистеъдоди мо, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун ба нафъи давлату ҷомеа фаъолият доранд.

Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтару бону ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд. Тавре шумо медонед, мо ҳар сол дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ барои соҳиб шудан ба стипендияи Президенти мамлакат озмун доир мекунем, ки духтарон барандаи қисми зиёди он мешаванд. Масалан, натиҷаи озмун барои соли таҳсили 2024-2025 нишон дод, ки аз 3000 нафаре, ки барандаи стипендияи Президентӣ шуданд, 1860 нафар ё 62 фоизро духтароне, ки танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил мекунанд, ташкил додаанд. Илова бар ин, барои дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯдухтарон стипендияи Президентӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, дигар мақомоти марказӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад…

Дар фарҷом, ҳаминро хотиррасон карданӣ ҳастам, ки маҳз дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону бонувони тоҷик дар тамоми арсаҳо, дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияти пурбор дошта, паҳлу ба паҳлу бо ҷавонмардони сарбаланди диёр дар ободию сарсабзии Ватани азизамон саҳми шоиста мегузоранд. Ҳамчунин, ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ модарону занони саодатманди тоҷик аз рӯзҳои нахустин сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварро дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдилию сарҷамъии халқ, пойдории истиқлолу озодӣ на фақат содиқона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани мақсаду ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлати соҳибистиқлоламон фарзандона хидмат мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *