
Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА,
сардори шуъбаи депозитарии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Таълиму тарбияи инсон дар ҳама давру замон яке аз корҳои душвору мураккаб ба шумор рафта, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо мекунад. Имрӯзҳо ин масъаларо дар баробари муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, дигар идораҳои масъул, ҳамзамон, қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд.
Дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҷойи асосиро ишғол менамояд. Қонуни мазкур муносибатҳоро дар таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи манфиатҳои кӯдак равона месозад. Дар қонуни мазкур масъулияти муштарак бар дӯши падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, давлату ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо гузошта шудааст. Тавре аз талаботи қонун бармеояд, хонавода масъули асосии тарбияи кӯдак мебошад. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, масъулияти онҳо барои таълиму тарбияи кӯдак воситаҳое мебошанд, ки қонунгузор бобати таъмини меъёрҳои қонунҳои амалкунанда пешбинӣ менамояд.
Ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, бо роҳи тарбияи насли солиму созанда гузоштани заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифат, хушахлоқ ва до рои беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, бешак, кори мураккаб мебошад. Имрӯзҳо ин рисолати азим
— таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан бар дӯши устодону омӯзгорон вогузор шудааст.
Камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ӯ танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як шахсу ниҳоди масъул аз он иборат аст, ки барои таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа саҳми фаъол гузошта, рисолати хешро софдилона ва аз рӯйи муҳаббат анҷом диҳад.
Дар фарҳанги миллии мо тоҷикон ва ориёиён тарбияи фарзанд аз хонавода оғоз гардида, кӯдак дар муҳити оила ҳамчун шахсият ва инсони комил ташаккул меёбад ва баъд ба ҷомеа мепайвандад. Агар кӯдак дар оила одоби риоя кардани эҳтиром дигарон, урфу одат ва талаботи қонунҳоро омӯхта бошад, ӯ ба беэҳтиромӣ нисбат ба дигарон роҳ надода, ба таъсири шахсоне, ки рафторҳои зиддиҷамъиятӣ доранд, дода намешавад ва дар ниҳояти кор, ба амалҳои зиддиҳуқуқӣ роҳ намедиҳад. Падару модарони соҳибэҳтироми мо хуб дар хотир доранд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мо барои хонандагону донишҷӯён чӣ гуна мушкилоту маҳдудиятҳо вуҷуд доштанд. Вале сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, падару модарон фарзандони худро ҳамеша барои донишандӯзиву касбомӯзӣ ҳидоят мекарданд.
Бинобар ин, имрӯзҳо низ бояд падару модарон аз раванди таълиму тарбияи ҳаррӯзаи фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ бохабар бошанд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва камолоти ҳамаҷонибаи хонандагонро танҳо бо роҳи ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа бо мактаб таъмин кардан мумкин аст. Яъне, робитаи наздики падару модар ва аҳли ҷомеа бо мактаб, ҳам ба оила, ҳам ба ояндаи фарзандон ва ҷомеа манфиатовар мебошад.
Тарбияи кӯдак масъулияти бузургест, ки инсон на барои як рӯзу як соат ва ё як муҳити хурди хонаводагӣ вақт мегузорад, балки барои умри як инсон ва муҳити бузурги ҷамъиятӣ ва дар маҷмуъ, барои шукуфоии миллату давлати худ неруи зеҳнияшро равона мекунад. Бузургони мо фармудаанд, ки кӯдак дар назди волидон эътибори амонатро дорад ва қалби поки ӯ ҷавҳари нафисе ҳаст, ки аз ҳар гуна нақшу тасвир холӣ буда, қобили қабули ҳар гуна нақш мегардад ва ба ҳар тараф, ки ҷалб шавад, майл мекунад.
Аз ин ҷо бармеояд, ки камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ӯ танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад, ки барои ноил шудан ба он падару модарон бояд бо мактаб ҳамкории хуб дошта бошанд. Зеро фарзанд дар муҳити хонавода ба дунё омада, шахсияташ дар ин маҳдудаи мушаххас ташаккул меёбад. Бо рафтан ба боғча ва мактаб дар зинаи ибтидоии таҳсил кӯдак бо муҳити дигар дучор меояд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, ки барои ба таври матлуб иҷро намудани уҳдадориҳои ба зиммадоштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки рисолати падарию модарӣ ва устодии худро ҳамчун қарзи азалӣ иҷро намоянд.
Амалӣ гардидани уҳдадориҳои мазкур ба хоҳишу ирода ва ба шуурнокии баланди ҳар як падару модар вобастагию алоқамандии бевосита дорад. Мутаассифона, баъзе падару модарон уҳдадориҳои худро дар самти тарбият ва таълими шоистаи фарзанд ба таври бояду шояд иҷро намекунанд ва масъулияти худро кӯшиш мекунанд, ки танҳо бо фароҳам овардани шароити моддӣ: нону обу сару либос маҳдуд намоянд. Ин дар ҳолест, ки маҳдуд кардани масъулияти худ дар тарбияи фарзанд бо дасти худ фарзандро ба пойи “қисмат” раҳо кардан мебошад.
Фарзанд меваи умри инсон, неруи дилу ҳаловати ҷон, номбардори падару модар ва ифтихоровари миллату давлату халқу кишвари худ мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи фарзанд ба зиммаи падару модар гузошта шуда, ҷомеа, мактаб ва муҳити иҷтимоӣ низ дар ин радиф масъулият доранд. Вақти он расидааст, ки фарзандони худро чунон тарбия кунем, ки фахри хонадон бошанд ва ба халқу Ватан манфиат расонда, аз худ амали хубу номи нек боқӣ гузошта тавонанд. Тавре шоир гуфтааст:
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавонӣ, ин самар бо рангу бӯи хуш расон.