А. ШАРИФЗОДА,
барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Бойматов Камолиддин Ҳамроевич бо заҳмати зиёду комёбиҳои беназир дар пешрафти фанҳои физикаю математика ҳиссаи калон гузоштааст. Номбурда ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба илмҳои дақиқ, рассомӣ ва шеъргӯӣ майл нишон дод, ки ба идомаи зиндагиаш бетаъсир намонд. Тақдир ӯро бо олими барҷастаи тоҷик, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ рӯ ба рӯ намуд. Олими номвар дар байни наврасони кишвар истеъдодҳои ҷавонро ҷустуҷӯ мекард. Ҳангоми сафар ба мактаби миёнаи №1, ки Камолиддин Бойматов дар он ҷо таҳсил мекард, ташриф овард. Зимни вохӯрӣ бо хонандагони мактаб Камолиддини ҷавон ашъорашро қироат кард. М. Осимӣ истеъдоди ӯро пай бурд. Пас аз вохӯрӣ бо хонандагон М.Осимӣ бо волидони Камолиддин мулоқот карда, аз падари Камолиддин Ҳамро Бойматов ва модараш Салтанат хоҳиш кард, ки барои идомаи таҳсил дар мактаб-интернати махсуси Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Лучоби шаҳри Душанбе, ба Камолиддин иҷозат диҳанд. Ҳамин тавр, Камолиддин баъд аз хатми синфи 8 таҳсилро дар мактаб-интернати махсуси тамоюли математикӣ идома дод. Пас аз хатми мактаб соли 1966 ба факултаи механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шуд.
Дар ташаккули истеъдоди ҷавони тоҷик саҳми олимони намоёни соҳаи математикаи донишгоҳ-профессорон А.Г. Костюченко ва Б.М. Левитан хеле калон аст. Соли 1974 таҳти роҳбарии профессор Анатолий Гордеевич Костюченко рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Оид ба спектри оператори эллиптикӣ» бомуваффақият ҳимоя кард. Шурои олимони факултети механикаю математикаи Университети рақами аввали собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба кори илмии ӯ баҳои баланд дод. Пас аз ин Камолиддин Бойматов ба Тоҷикистон баргашт.
Камолиддин Бойматов дар вазифаҳои гуногун дар Институти математика кор карда, минбаъд, фаъолияти илмию педагогии хешро дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии Маскав дар факултети механикаю математика идома дод. Соли 1982 рисолаи докториро дар мавзуи “Асимптотикаи спектралии операторҳои дифференсиалӣ ва теоремаҳои ҷудошавӣ” ҳимоя кард.
К. Бойматов пайваста дар семинар, симпозиум, мизҳои мудаввар дар дохил ва хориҷи кишвар бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекард ва ҷаҳониёнро бо сатҳи инкишофи илми математикаи тоҷик шинос менамуд. Аз ин ҷо номаш ҳамчун математик дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Бесабаб нест, ки ӯ узви мактабҳои математикаи Аврупо ва Америка гардид. Акнун математикҳои тоҷик бо ифтихори баланд номи Камолиддин Бойматовро ҳамчун вориси ҳақиқии ал-Хоразмӣ, ал-Берунӣ, ат-Тусӣ, ал-Кошӣ, Хайём ба забон мегирифтанд. Қариб дар ҳамаи марказҳои илмии ватанӣ ва чандин марказҳои илмии олам аз таҳқиқоти анҷомдодааш истиқбол намуда, ба заковати ӯ аҳсан мегуфтанд. Асарҳои илмии К.Ҳ Бойматовро шартан ба чор самти мушаххас тақсим кардан мумкин аст.
Самти якум, теоремаи ҷудошавандагии операторҳои дифференсиалӣ мебошад, ки дар он К.Бойматов масъалаҳои ҷудошавии оператори Штурм-Лиувилро омӯхта, натиҷаҳои комилан нав ба даст овард ва дар соҳаи математика ҳамчун кашфиёти нав аз ҷониби математикҳои ҷаҳон эътироф шудаанд.
Самти дуюм, асимптотикаи спектри дастаҳои хаттӣ ва бисёрхаттии операторҳои дифференсиалӣ ва псевдодифференсиалиро дар бар мегирад. Вақте ки дар доираҳои математикӣ саволи ҷустуҷӯи усулҳои нави ҳалли ин самт ба миён омад, К. Бойматов ба он ҷалб шуд ва ҳамроҳи ҳамкасбонаш дари фазоҳои нави илми математикаро кушод.
Самти сеюми таҳқиқоти ӯ дар забони математикӣ «Масъалаҳои сарҳадии муодилаҳои дифференсиалии ҷузъӣ» ном дорад ва аз мушкилтарин масъалаҳои илми математика ба ҳисоб меравад.
Барои ҳалли самти чорум, ки онро хосияти нётерии операторҳои интегралии сингулярӣ меноманд, як гурӯҳи олимон якҷоя шартҳои самарабахши зарурӣ ва кифоягии хосияти нётерӣ будани операторҳои баррасишавандаро дар фазо муқаррар намуда, формулаҳои ҳисобкунии индексҳои онҳоро ба даст оварданд.
Бо чунин равиш К. Бойматов зиёда аз 150 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои муҳимми илми математика ба табъ расонд, ки аксари онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи математикии марказии ҷаҳон чоп шудаанд. Ӯ усулҳои нави омӯзиши рафтори асимптотикии спектралии операторҳои дифференциалӣ ва псевдодифференсиалиро кор карда баромад. Заҳматҳои фаровони илмии К. Бойматов ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар муҳити илмии ҷаҳонӣ қадршиносӣ шудааст. Аз соли 1991 унвони илмии профессорро соҳиб гардида, соли 1993 узви вобаста ва соли 2001 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Таҳти роҳбарии ин олими гавҳаршинос 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Аз ҷумла, таҳти роҳбарии мавсуф банда низ як қатор таҳқиқоти илмиро анҷом додаам, ки бароям боиси ифтихор мебошад. Яке аз онҳо китоби таълифкардаи банда ва К.Ҳ. Бойматов — “Масъалаҳои шавқовари мантиқӣ” (Душанбе, нашриёти “Маориф”, 1987) мебошад, ки шояд нахустин китоби илмӣ-оммавӣ аз фанни математика бо забони тоҷикӣ барои мактабиёни тоҷик ба шумор равад.
Аз хислатҳои нодири ин олими сатҳи ҷаҳонӣ кӯтоҳбаёнӣ, ботамкинӣ, ба ҳама хайрхоҳ будану некбинона назар кардан, табассуми зебо ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Ҳамчун олими сермаҳсул дар таърихи илми тоҷик ва ҷаҳон мавқеи хосаро ишғол кардааст. К. Бойматов, мутаассифона, дар авҷи фаъолияти эҷодӣ 4-ми апрели соли 2006 дар шаҳри Душанбе вафот кард. Ӯ соҳиби се духар бо номҳои Сарвар, Дилбар ва Нигора аст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатамон меҳнат карда, ному шарафи падарро баланд мебардоранд.
Хулоса, умри кӯтоҳу зиндагии рангини саропо адабу ахлоқу талоши академик Камолиддин Бойматов барои ҳар як фарди соҳибзавқ манбаи омӯзишу пайравист, зеро дар сарнавишти ин шахсияти вораставу миллӣ ҳам илм асту ҳам меҳнат, ҳам талош асту ҳам мубориза барои расидан ба ҳадафҳои илмӣ. Бале, илме, ки дар он сарнавишти миллат, ояндаи халқ ва тараққиёти Ватан ҳувайдост.
Адабиёт:
1. А.А. Вигасан. «История древнего Востока».//Вигасан А. А., Дандамаев М.А. и др. -Москва, «Высшая школа» 2002, 462 с.
2. Асадулло Шарифзода, Алишер Раҳимзода. ”Сад математики муваффақ”, Душанбе, 2025, 233 с.
3. Материалы Международной конференции, посвященной 60-летию академика К. Бойматова. — Душанбе, 23-24 июня 2010 г.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *