Хайрулло РАҲИМОВ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон,
ноҳияи Варзоб

Дар бораи мавзуи Ватан ва шеърҳои ватан- дӯстонаи Ҳабиб Юсуфӣ, ки дилбохтагии шоирро нисбат ба манзараҳои табиати он нишон медиҳад, хонандагони синфи 11 ҳанӯз аз ду дарси қаблӣ маълумоти нахуст мегиранд. Дар ин дарс бошад, омӯзгор баробари ба синф ворид шудан овезаи коғазини қаблан тайёркардаи худро, ки дар он яке аз шеърҳои шоир навишта шудаанд, дар тахтаи синф овехта, супориш медиҳад, ки мазмуни порчаро дар дафтари адабиёт нависанд. Баъд аз ду-се дақиқа нақшаи дарси навро, ки чунин аст:

  1. Мафҳуми Ватан дар шеърҳои Ҳ. Юсуфӣ;
  2. Ғояи муҳофизати Ватан ва ватандӯстӣ дар лирикаи шоир;
  3. Манбаъҳои илҳоми Ҳ. Юсуфӣ ва ҳаётдӯстӣ дар ашъори ӯ;
  4. Таъсири воқеаҳои давр ба эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ — эълон намуда, аз хонандагон мепурсад, ки чаро Ҳ. Юсуфӣ дар шеъри «Ба Ватан» оҷиз будани худро баҳри васфи он изҳор кардааст? Хонандагон ҷавоб хоҳанд дод, ки дар бораи Ватан мисраъ ё байти тозае эҷод намудан кори саҳл набуд. Ҳ. Юсуфӣ, ки нав ба майдони адабиёт даромада буд, камбудии шеърҳои нав- қаламонаашро ҳис намуда, хонандаро бовар мекунонад, ки рӯзе мисли С.Айнӣ устоди шеър мегардад ва дар васфи Ватан мисраъҳои шоирона хоҳад гуфт.

Ин дарс бидуни пурсиши дарси гузашта гузаронида хоҳад шуд. Яъне, муаллим онро тавассути қироати байти:

                             Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

                             Забони ман зи ҳама пештар «Ватан» гӯяд.

оғоз карда, ба шогирдон мефаҳмонад, ки мавзуи Ватан ва муҳаббати бепоён доштан ба он тамоми ҳис ва шуури шоирро фаро гирифта буд. Агар мо Юсуфиро тараннумгари Ватан, сарояндаи ишқи он номем, хато нахоҳем кард. Зеро ҳар як шеъри ба Ватан бахшидаи ӯ дорои моҳияти хос ва мазмуну мундариҷаи махсус аст. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки Ҳ. Юсуфӣ чун шоири ватанпарвар дар ашъори худ ғояи ватандӯстиро, ки ба адабиёти имрӯзаи мо аз адабиёти классикӣ дар қатори беҳтарин анъанаҳои он мерос мондааст, бо маҳорати хоси худ давом додааст. Ватане, ки шоир васфаш мекунад, муқаддас аст; ватанест, ки метавонад, касро бахтиёр кунад, чун модар азизу меҳрубон, ғамхор аст. Аз ин рӯ, шоир ҳозир буд ҳар амре, ки Ватан диҳад, бо камоли майл адо кунад ва баҳри он, ҳатто, зарур шавад, ҷонашро фидо хоҳад сохт. Ҳамин маъно дар байти зер чунин ифода ёфтааст:

                                        Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

                                        Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

Омӯзгор мазмуни байтро тавзеҳ дода, илова хоҳад кард, ки шоир зиндагии бидуни Ватанро баробар ба марг медонист. Ба қавли ӯ, ҳар кӣ дар сина ишқи Ватан дорад, тавоноӣ дар бадан, ифтихор дар дил, осоишу айши мудом дорад. Вагарна мурғи дар кунҷе қарор гирифтаро монад, ки на дӯстрӯй асту на дӯстдор дорад:

                                   Бе ишқи ту дар дилам чӣ буду чӣ набуд!

                                   Ранҷу ғаму шодию шараф буду набуд.

Гузашта аз ин, Ҳ. Юсуфӣ Ватанро дар шеъри «Ишқи Ватан» — «модар», «ҷону ҷаҳон», «боғу бӯстон»-и худ номида, дар роҳи ҳифзи он ба ҷонфидоӣ омода буданашро бо дили аз муҳаббат саршор ва мисраъҳои оташбор тасвир кардааст.

                                    Ватанро бинозам, маро дар канор,

                                    Чу модар гирифту намуд бахтиёр.

                                    Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,

                                    Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст.

Дар баробари ин омӯзгор дар бораи сарчашмаҳои илҳоми шоир сухан ронда, бояд зикр кунад, ки ӯ ҳиссиёти ватандӯстонаи худро дар тасвири манзараҳои табиати Ватан – кори кишоварзон, меҳнати фидокорона, ҷасорату мардонагӣ, пешрафтҳои нав ба нави эҷодӣ ва зебогии маънавии ҷавонон низ бо назокат ва самимияти хос ифода кардааст.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо шеърҳои «Бунафшаҳо, шукуфаҳо», «Манзараи тирамоҳи ҷануб», «Ба қаҳрамони қутб», «Духтари ҳавопаймо»-ро мисол овардан кифоя аст. Ҳ. Юсуфӣ дар ин   шеърҳо бо ҳиссиёти ватандӯстона ва муҳаббати бепоён ба баҳори пурфайзи Тоҷикистон, тирамоҳи зарнисори он ва меҳнати сазовори таҳсин, қаҳрамонию ҷасорат ва хислатҳои неку зебои ҷавонон бо ифтихор сухан рондааст. Дар баробари ин, шоир дар шеъри «Маъзур» баробари тасвири зебогиҳои Тоҷикистони офтобиямон ҳамқаламонашро дар наомӯхтану надонистани диёри худ, сарзаниш карда, онҳоро даъват кардааст, ки табиати диёри худро пурра омӯхта, аз он илҳом гиранд.

Дар ин маврид омӯзгор бояд зикр кунад, ки манбаи илҳоми эҷодии Ҳ. Юсуфӣ тапиши набзи ҳаёт низ мебошад. Ӯ дар шеъри «Як замон аз паҳлуи шамсу қамар ҳам бигзарем» дар бораи дигаргуниҳои куллии кишвари худ, қудрату тавоноии одамон ва илму техникаи он, ки ҳатто табиатро ба итоат даровардааст, бо ифтихор сухан меронад.

Омӯзгор, инчунин, дар бораи ояндабинии Ҳ. Юсуфӣ сухан гуфта, бо такя ба илму техника ба фазо парвоз кардани одамро таъкид кардааст:

                        Гар Ватан ин асту кор ин асту давр ин аст, мо

                        Як замон аз паҳлуи шамсу қамар ҳам бигзарем.

Бо ҳамин равиш, омӯзгор ба хонандагон мефаҳмонад, ки Ҳ. Юсуфӣ ошиқи ҳаёт буд. Вай дар шеърҳои «Дар шаъни ҳаёт», «Ҳаёт медаваду меравад» бо ҳиссиёти басо баланд, самимияти амиқ аз номи қаҳрамони лирикии «ман» дар бораи ҳаётдӯстии одамон, зебоии зиндагӣ, хубрӯёни он ва тапиши набзи ҳаёт сухан ронда, дар шеъри «Мубориз бош!» бо муҳаббат ва ҳаяҷони руҳафзо ба воситаи саволи риторикӣ барои ҳаёти нағзро ҳимоя кардан омодагии худро таъкид намуда, қуввати ҳар фардро дар мубориза нишон додааст:

                                      Шарафи мову ту бувад дар он,

                                      Ки ману ту муборизони ҳаёт.

                                     Мо мусаллаҳ шавем дар майдон,

                                     Зидди манҳус душманони ҳаёт.

                                     Душмани инчунин ҳаёти нағз,

                                     Кист?

                                     Охир бидеҳ ба ман шамшер!

Агар такрор шавад ҳам, дар ин ҷо муаллим қайд бояд кунад, ки «ман»-и шоир образи ҳам фард ва ҳам кулл аст, «ман» ва «мо»-и ӯ тамоми халқи шуроӣ буда, ҳамчун як тану ҷон дар муборизаи умумӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. Ба ин маънӣ ӯ дар байти:

                               Аз ман-маниям магӯ, ки як ҷону танам,

                               Ман яксаду ҳаштоду се миллион «ман»-ам!

симои ҳақиқии қаҳрамони лирикиашро хеле барҷаста кушодааст.

Зимнан, омӯзгор бояд ёдовар шавад, ки эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ дар солҳои 1938-40 тад-риҷан такмил ва инкишоф меёфт. Вай акнун ҳар як ҳодисаи ҷамъиятиро амиқ дарк карда, аз пояи реализм инкишофи револютсионии онро нишон медод. Масалан, ӯ дар шеъри «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод!» ҳодиса ва воқеаҳои Ғарбу Шарқро бо рамзу киноя баён карда, ба хонанда сарчашмаи ин моҷароҳоро, ки буҳрони иқтисодии империализми ҷаҳонӣ буд, кушода медиҳад. Ва ба шогирдон тавсия мекунад, ки шеърро аз китоб хонанд.

Вазъи ногувору печидаи вақт шоири дӯст- доштаи мо Ҳабиб Юсуфиро ба ҳаяҷон оварда, хавфи Ҷанги дуюми ҷаҳонро ҳис намуда, аз номи «Яксаду ҳаштоду се миллион ман» гуфта буд:

                                    Нестам ман муборизи ин ҷанг,

                                    Ман ватанбони олами озод.

                                    На барои харобӣ овардан

                                    Ватанам дод найзаву пулемёт.

                                    Чун шавад ҷанг – зидди ҷанг эълон

                                    Ман кашам наъра, ки:

                                   — Бизан акнун!

Дар фарҷом, баъди санҷиши дониши аз худ намудаи хонандагон ба онҳо супориш додан лозим аст, ки аз китоби «Роҳи нотамом» шеърҳои солҳои 1937-40 навиштаи шоирро хонда, порчаҳо аз ёд кунанд ва ба навиштани иншои хонагӣ омода шаванд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *