П. РӮЗИЕВ,
З. АМИНҶОН,
устодони Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Миллате, ки таърихи гузаштаи худро фаромӯш мекунад, пояндагии худро нигоҳ дошта наметавонад. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар масъалаи шинохти асолати миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии он ҳамеша пешгому собитқадам буда ва дар робита ба ин масъала фармудаанд: «Ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ мебошанд». (Эмомалӣ Раҳмон. «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби сеюм, саҳ. 43). Бо дарки ин зарурат, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар (16.12.2025) соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Барои шинохти ҳақиқати таърихӣ, воқеаву ҳодисот, ноадолативу нодидагирифтанҳо, хиёнату дасисаҳои ноҷавонмардонаи ҳаммиллатону бегонагон бояд ҳақиқатнигорона саҳифаҳои норӯшану фаромӯшгаштаи таърихро омӯхт ва ба гӯши наслҳо расонид. Барои миллати фарҳангсолори тоҷик ҳеҷ зарурати таърихсозию таърихбофӣ нест. Танҳо тавсифномаи ба арзишҳои тамаддунӣ — фарҳангии ориён нигоштаи таърихнигорони юнонӣ: Ҳеродот дар “Таърих”, Ксенафонт дар “Курушнома”, Страбону Ктесий дар “Оини озодагон”; солноманигорону сайёҳони чиноӣ: Сим Тсян дар солномаи “Шитзи” (навиштаи таърихӣ), инчунин, таърихномаҳои “Чун Тси” (солномаи подшоҳон) ва садҳо рисолаю монографияи таърихнигорони аврупоӣ, ҳинду араб, рус ва чанде дигар дилбохтагони ин таърихи заррин кофист, то шаҳомати озодагонро бубинем.
Миллати ориёигавҳару озодаманиши тоҷик аз ибтидои таърих, то кунун ҳамеша хостори озодӣ ва ҳамеша дар талошу пайкор баҳри ин неъмати бебаҳо будааст. Хушбахтона, интиҳои асри бистум Истиқлоли давлатиро ба мо арзонӣ дошт, лекин душманони дар камин ва фурсатталаби озодагону ориёизодагон хостанд ин неъмати бебаҳоро аз мо бибаранд.
Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони озодидӯстдор ва озодаманиши мо дар чаҳор даврони афтишу бархост, аз нав эҳё шуда, чун симурғи наҷотбахш аз хокистар чу ахтар биҷастаанду фарҳангу тамаддуни навине барои инсоният офариданд, ки худ муъҷизаест беназир. Таърих дарси ибрат аст, агар давлат ва тамаддуни барсохтаи Пешдодиён аз дасти ифрити бегонае чун Заҳҳоки аҳриманнажод фурӯ рехт, зери дирафши Коваи озодихоҳ озодагон гирд омаданду заминае барои давлату империяҳои Кушониён ва Ҳахоманишиён гузоштанд. Чун ин империяҳои фарохдомон аз заҳри бегонапарастӣ бо дасти Искандари Мақдунӣ пора гардиданд, суғдиёну бохтариёни боғурури озода бо пайкору рӯйинтанӣ ин оташи ҷаҳонсӯзро хомӯш карданд ва ташкилкунандаи давлатҳои юнонубохтарӣ ва сипас, Ашкониёну Сосониёни бузург гардиданд. Фоҷиае, ки аз нифоқи динию мазҳабӣ бар сари озодагон омад, ин чира шудани тозиёни бодиянишин бар давлати бесаробонмондаи Сосониён буд. Дар ин афтиш ба вартаи мағзрабо ҳам озодагону асилзодагони ориёӣ парчами озодӣ ва мубориза бар ғосибонро афрохтанд ва нахустин хиштеро бар бунёди пояҳои давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Сарбадорон ва чанде дигар гузоштанд. Тоҷикон, ҳарчанд муддате дар сари қудрати сиёсӣ набуданд, лек бори масъулияти вазорат, фарҳанг, тамаддун ва маънавиёти тамоми давлатҳои дар ин сарзаминҳои биҳиштӣ пайдошударо бар дӯши хештан доштанд. Яъне, давлате бо зевари ҳикмату адабиёт доштанд ва руҳи озодихоҳонаи наслҳоро бедор нигоҳ медоштанд. Тамоми ҷузъиёти онро аз асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», осори мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», асари таърихӣ-ҳуҷҷатии академик Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» ва даҳҳо осори таърихии даврони навин метавон дарёфт.
Шоҳроҳи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон росту ҳамвор нест. Ин даврони ҳаёту мамот ва зинда мондан ё аз саҳфаи таърих афтодан буд.
Хушбахтона, бо интихоби оқилонаи сарвари сиёсӣ дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат тавонист ормонҳои таърихии хешро бароварда созад. 2-юми марти 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти СММ пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами ҳумоюнӣ барои эътирофи давлат аз тарафи беш аз 190 кишвари ҷаҳон гардид. Ташкили нахустфоруми тоҷикони ҷаҳон «Пайванд» дар шаҳри Душанбе партави бедорӣ барои муттаҳидии миллат буд. Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат аввалин нафаси тоза барои ваҳдати миллӣ ва қабули Нишону Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.11.1992) бо рангу рамзҳои ориёии тоҷу ситора, китобу хуршед эҳёи дирафши Ковиёнии деринтизор буд. Баргузории Симпозиуми байналхалқии ҷашни 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (5.09.1994) дар шаҳри Душанбе нишонаи эҳёгариву бар асли хеш баргаштан буд.
Ҷашни 1100-солагии нахустдавлати миллии тоҷикон — давлати Сомониён дар соли 1999 сиккаи таърихӣ дар худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, шинохи ниёгон, фахре ба таърихи заррин буд, ки заминаи нахустину хос барои бозтоби силсилаи давлатҳои ориёӣ гардид. Иқдоми фарҳангии ҷашни 2700-солагии китоби муқаддаси «Авасто» ва шинохти паёмовари ростини озодагон Зардушт таконе бар афкор ва андешаи миллӣ буд, то миллат аз дуроҳаи гумроҳию бегонапарастӣ раҳо ёбад.
Таҷлили 2500-солагии шаҳрҳои бостонии Истаравшан (Киропол, Курушкада), 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 5500-солагии Саразм ва иқдомҳо барои бозтоби осори таърихии бостоншаҳрҳои Тахти сангин, Балх, Бохтар ва даҳҳо ёдгории дигар муаррифи таъриху тамаддун ва фарҳанги беназири ориёист.
Рӯй овардан ба арзишҳои фарҳангии бостон ва эҳёи ҳикмати пок ва муқаддас доштани яке аз чор унсури ҳаётофар — об аз панҷ ташаббуси беназиру дар робита бо фарҳанги инсонпарваронаи ориёист, дар самти оби тоза, то ҳифзи пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ. Эътироф ва эъломи «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) аз намоди хуҷастаи фарҳанги бостон ва арзиши зиндагидӯстдорию пайванд бо табиат доштани тамаддуни ориёист.
Дар соли 2006 дар қароргоҳи СММ ташкил ва баргузор намудани Симпозиуми байналмилалии «Саҳми тамаддуни ориёӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ» муассиртарин гардиш дар шинохти миллат, эътирофи фарҳангу тамаддуни бостонии он гардид. Бузургтарин марҳилаи худшиносӣ эҳёи ҷашнҳои чаҳоргонаи ориёӣ — Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада бо бозтоби санъат, ҳунару анъанаҳои миллӣ чун, шашмақому фалак, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, муҳраю порчадӯзӣ ва чандин анвои дигар буд, ки ҷаҳониёнро тасхир намуд.
Бо қабули қатъномаи СММ дар ЮНЕСКО (30.09.2009) Наврӯз ҷашни байналмилалию ҷаҳонӣ эълон гардид, ки ташаббусҳои фарҳангии Тоҷикистон, бахусус, талошҳои пайгиронаи Пешвои фарҳангпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёву муаррифии фарҳанги бостонии мост.
Беҳин иқдом ва ҷасорати таърихию сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ҳассоси ҷаҳонишавӣ, пайкор баҳри эҳёи асолат ва бедорсозии ҳувияти ориёии миллат, бознашр ва ба ҳар хонадон ройгон дастрас намудани китоби мондагори «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва шаҳкитоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Зеро ин ду шаҳболи тавоно миллатро дар тули таърихи пурфоҷеа аз вартаи нобудӣ наҷот ва руҳу равон бахшидаанд.
Ҷашнвораи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» марҳилаи дигари эҳёгарист дар зеҳнҳои бедори миллӣ, барои расидан бар асолати ориёии хеш ва миллатро якпорчаю яктан, дӯстдори Ватан, миллат ва тамаддуну фарҳанги ориёӣ намудан. Ин рисолати аҳли зиё, давлатмардон ва пешоҳангони ҷомеа аст, то рӯшноиофари роҳи дурахшони фардои миллат бигарданд.
