Фарҳод КАРИМОВ,

омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбии

МТМУ №9, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Дар шароити номусоиди ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои амниятӣ, низоъҳои минтақавӣ ва равандҳои геополитикӣ босуръат афзоиш меёбанд, масъалаи ҳифзи Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни наврасону ҷавонон аҳаммияти ҳаётан муҳим пайдо кардааст.

Иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ, гувоҳи он аст, ки кишвари мо барои таъмини суботи сайёра, ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ ва ташаккули низоми муштараки мубориза бо равандҳои хатарзои ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои пешқадам маҳсуб мешавад.

Қабул ва дар амал татбиқ намудани стратегияҳои миллӣ ва такмили қонунгузории кишвар дар самти ҳифзи амният, манфиатҳои миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, баҳри таъмини суботу амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тақвияти низоми мудофиавии кишвар ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва омодагии ҳарбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро маҳз ҷавонон қувваи пешбарандаи низоми давлатдорӣ, муҳофизони якпорчагии кишвар ва кафили ояндаи дурахшони миллат маҳсуб мешаванд.

Бояд гуфт, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон асоси худро аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст. Дар моддаи 43-и ин санади олӣ чунин омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Дар ин асос, ба роҳ мондани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тақвияти донишҳои заминавии шаҳрвандон, махсусан, қишри наврасу ҷавони кишвар, баҳри дарки амиқи масъалаи ҳифзу ҳимояи Ватан амри зарурӣ ба шумор меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҳимояи амнияти давлат, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа вазифаи танҳо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин кори ниҳоят муҳим, яъне, ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осудаи мардум бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти халқи тоҷик шарик, масъул ва саҳмгузор бошад».

Дар робита ба ин таъкиди Пешвои миллат зарур аст, ки ба тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва зиракии сиёсии насли наврасу ҷавон ҳанӯз дар муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Бояд гуфт, ки барои ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ заминаҳои мусоид фароҳам мебошад. Зеро арзишҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ ва дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ аз арзишҳои бунёдии маънавӣ ва ахлоқӣ дар фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб меёбанд. Дар осори шоирону мутафаккирони мо, аз устодон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ, Ватан дар баробари модар муқаддас зикр шудааст. Ватандӯстӣ дар фарҳанги миллии мо муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ифтихор аз таърих ва масъулият барои ояндаи давлат дониста мешавад. Барои ҷавонон ин мафҳум бояд заминаи эҳсоси ифтихор, нангу номус ва шараф бошад. Зеро омода будан дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ маҳз аз ҳисси баланди меҳанпарастии ҷавонон сарчашма мегирад.

 Дар ин замина, тадриси фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва такмили қувваи ҷисмонии хонандагон ба шумор меравад.

Нақши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ

Фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар баробари дигар фанҳои таълимӣ вазифаи муҳим дорад. Ташаккули шуури миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, меҳанпарастӣ ва омодагии ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои марказии ин фан ба ҳисоб рафта, дар он асосҳои тактикаи ҳарбӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир, қоидаҳои дифоъ ва ёрии аввалияи тиббӣ омӯзонида мешавад. Ин фан заминаи назариявӣ ва амалӣ мегузорад, то ҷавонон дар ҳолатҳои фавқулода ва хидмат дар артиш аз нигоҳи равониву ҷисмонӣ қобилиятнок ва устувор бошанд. Фанни мазкур дар баробари дигар фанҳои таълимӣ вазифаҳои бисёрҷониба дошта, пеш аз ҳама, дар ниҳоди хонандагон донишҳои назариявӣ дар бораи асосҳои мудофиа, тактикаи ҳарбӣ ва қоидаҳои амниятӣ дода, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Дар доираи ин фан хонандагон бо раванди ҳамкорӣ дар гурӯҳ ва таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд. Маҳз ин донишҳо ба фаҳмиши ҳарбии насли наврас замина гузошта, ҳисси ҳамбастагӣ, масъулият ва ифтихори миллиро дар ниҳоди онҳо бедор мекунад.

Хушбахтона, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат иштироки фаъоли наврасону ҷавонон дар корҳои созандагӣ, омодагӣ ба хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар давра ба давра бештар гардида, дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид барои гузаронидани дарсҳои омодагии ҳарбӣ ва баргузор намудани силсилачорабиниҳои омӯзиши тактикаҳо ва ҳолатҳои омодабош фароҳам гардидаанд. Чунин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат мо — омӯзгоронро дар иҷрои рисолати хеш бештар ҳавасманд мегардонад.

Бояд гуфт, ки неруи мудофиавии кишвар танҳо ба техника ва силоҳ маҳдуд намешавад, балки он, пеш аз ҳама, ба қувваи ҷисмонӣ ва руҳии сарбозон такя мекунад. Мунтазам машғул шудан ба варзиш аз овони наврасӣ барои рушди ҷисмонӣ ва равонии фард хеле муҳим аст. Варзиш ҷисмро тобовар месозад, руҳияро қавӣ мегардонад, эҳсоси ҳамбастагӣ ва интизоми даставиро инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ, фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо дигар фанҳо амал кунад, то насли нав ба хидмат дар артиш бо тайёрии ҷиддӣ ворид гардад.

Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандӣ, мактаби мардонагӣ ва ватандорист. Дар сафи артиш ҷавонон ба ирода, интизом ва масъулият одат мекунанд, қобилиятҳои худро месанҷанд ва муҳаббати худро ба Ватан дар амал исбот менамоянд. Таҳқиқоти иҷтимоӣ нишон медиҳанд, шахсоне, ки хидмати ҳарбиро адо кардаанд, дар зиндагии минбаъда устувор, қавиирода ва масъулиятшинос мебошанд. Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас ва умумиҷамъиятии ҳар як шаҳрванд аст. Барои иҷрои ин вазифа ҷавонон бояд ҳанӯз аз синни мактабӣ ба омӯзиши малакаҳои дифоӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи арзишҳои ватандорӣ ҷалб гарданд. Пояи қудрати ҳар як давлат аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодагии дифоии насли наврас сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити беҳтари таълимӣ, густариши чорабиниҳои ватанпарастона ва ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд минбаъд низ идома ёбад. Зеро пешрафти давлат, амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва ояндаи дурахшони кишвар маҳз аз неруи қавии зеҳнӣ ва ҷисмонии наврасону ҷавонон вобаста мебошад.

Адабиёт:

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016.
  2. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои гуногун).
  3. Исмоилов Н., Исмоилов А., Зиёев Қ. «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ». Китоби дарсӣ барои синфҳои 10-11-ум. Душанбе, 2018.
  4. Назаров А. «Психологияи ватандӯстӣ ва ҷавонон». Душанбе, 2020.
  5. Сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *