Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Аз соли 2009 инҷониб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид. Ин санаи фархунда ифодагари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба рамзи муқаддаси миллӣ, аз ҷумла, Парчами давлатӣ мебошад. Парчаме, ки ҳастии давлати мо, ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси баланди мо мебошад.

Инсоният дар таърихи тулонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида бо азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст, ки аз ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи рангинтар дорад. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар даврони то милод таъкид ва собит намудаанд. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки барои ҳамчун рамзи давлатӣ пазируфта шудани парчам соҳаи ҳарбӣ нақши муҳим бозидааст. Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари сарбозон ба пирӯзӣ будааст. Парчамдор аз ҳисоби сарбозони далеру шуҷоъ ва матинирода пазируфта мешуд. Парчам ифодагари шарафу қудрат ва нангу номуси лашкар буд. Забти парчами ҳар лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Фориғ аз сафкашию ҳарб парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоят мешуд ва ин анъана то ба имрӯз боқист.

Дар таърихи миллати тоҷик парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояи басе ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузург то ба рӯзгори мо расидааст.

Бино ба ҳикояти муаллифи «Шоҳнома», Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад. Ӯ пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва дар ниҳоят ба пирӯзӣ мерасад. Ба ин васила, шоҳ Фаридун бар сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро «Дирафши Ковиёнӣ» ном ниҳода, бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад.

Таърихнигорон овардаанд, ки «Дирафши Ковиёнӣ» солҳои сол боиси ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун, яъне, аҷдоди ифтихорманди мо будааст.

Баъд аз ин ҳодисаи басе ҷолиби таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва баъдан ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт ва ҳар шахсе, ки ба қудрат мерасиду кулоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз ончунон мавқеи устувор пайдо кардааст, ки имрӯз ҳеҷ давлатеро наметавон бе он тасаввур кард.

Тоҷикистон чун ба истиқлол расид, дар радифи масъалаҳои дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ — Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс ороста, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят, «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ — Парчами давлатӣ гардид, ки ба ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ 33 сол пур мешавад. Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар намуда, эҳтироми волои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва тарзи муносибат ба ин муқаддасоти миллиро инъикос менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватансозӣ ба ҳисоб меравад».

Воқеан ҳам, дар Парчами давлатӣ дар  таҷассуми ватандӯстию ватанпарастӣ, шуҷоату рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандӯстӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад.

Парчами мо дар замони Истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамоии мардуми мамлакат ба сӯйи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Хусусан, дар пояи баландтарин парафшонӣ кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқуъ пайваст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки 30 августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат маросими бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе рӯйи пояи 165-метра, ки дар ҷаҳон баландтарин буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннесс” дохил шудааст, баргузор шуд.

Аз ин рӯ, он нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи номусу ватандӯстӣ — Парчами давлатӣ дар қалби поку муқаддаси Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мебошад ва ҳоло ифтихори ҳар шаҳрванди бонангу номус буда, майдони он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мубаддал гардидааст. Он тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ роҳнамун месозад. Ё ба таъбири дигар, бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ, Президент ва марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ фаро мегирад. Чунин эҳсосоти гарм, махсусан, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Ҳар фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлоли хешро устувору пойдор сохт ва ба ваҳдати миллӣ расид. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик пайваста созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф мегардад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалии варзишӣ ба ифтихори ғалабаи варзишгарони мамлакат ва азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад ва Суруди миллии мо садо медиҳад. Бешак, вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам Парчами миллии Тоҷикистон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо — тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бори дигар моро ба он водор менамояд, ки дар зери ливои Ватан муттаҳид гардида, кӯшиш намоем, ки дар Тоҷикистон пешравиҳои аз имрӯз бештару азими сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба амал оянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *