
Мирзохоҷа ШАРИФХОҶАЕВ,
номзади илмҳои педагогӣ,
Дороб МАҲМАДОВ,
омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Дарвози ВМКБ
Миллати бузурги тоҷик таҷрибаи давлати Сомониён ва дигар давлатдориҳои миллии хешро омӯхта, ин таҷрибаро баҳри офаридани кохи муҳташами фарҳанг, маънавиёт, вусъат ва таҳкими маърифату тафаккури созандаи миллат ба кор мебарад ва ҳамзамон, дар хазинаи хираду маънавиёти башарӣ падидаву арзишҳои гаронмояе аз худ боқӣ мегузорад. Зеро ҳар як давлати тоҷик дар ҳазорсолаи охир барои афкори башарӣ корҳои бузурге анҷом додааст. Махсусан, бо шарофати сулолаи Сомониён шахсиятҳои фаромиллие чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Наршахию Дақиқӣ, Низомулмулку Балъамӣ ва даҳҳо чеҳраи мондагори адабу фарҳанг ташаккул ёфтааст, ки ҳар кадоме барои миллати тоҷик ва фарҳанги форсию башарӣ арзишҳое офаридаанд, ки бо гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз боқӣ буда, дар бештари ҳолат бар рағми тохтубозҳои арабу муғулу турку тотору манғит миллати моро на танҳо аз нестӣ наҷот бахшиданд, балки мустамликадоронро водор карданд, ки бо арзишҳои миллии мо зиндагӣ, эҷод ва давлатдорӣ намоянд. Чунин бузургӣ ва шаҳомат дар фазои холӣ ба вуҷуд наомадааст, назарияҳо ва арзишҳои миллии аҳди Сомонӣ, пеш аз ҳама, дар заминаи тамадуни ориёӣ падид омада, сутуни нахустини он, бахусус, ахлоқи ҳамидаи авастоӣ дар зеҳн ва дидаи Сомониён -“Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек” қонуну қоидаи зиндагӣ гардид. Ҳатто, руҳияи ориёӣ-сулҳпарварӣ, пуртоқатӣ, раҳмдилӣ, гиромидошти ҷашн ва анъанаҳои ориёӣ, аз ҷумла, иди “Наврӯз”, ”Меҳргон”, “Сада” ва ғайра, дар ин давра роиҷ буд.
Ҳамин тариқ, ба қавли файласуф ва Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон, ки дар китоби “Ҳикмати озодагон” нигоштааст: “Давлати Сомониён дар фазои тантана ва ситоишу қомат рост кардани миллат баъди шикастҳову ҷароҳатҳои фурӯ рехтани империяи араб дар сарзамини пурбоғу киштаҳову бӯстонҳо, ки дар сарзамини фарҳанги оламшумул, фарҳанги рашки юнониёни мағрур, шеъри мардони ватанхоҳ, мардони боиззату икром, неъмату дороиҳо парвариш ёфтааст, таъмин намояд”. Аз ин ҷост, ки сайр дар андешаҳои давлати Сомониён ва фарзандони он на танҳо арзишҳои миллӣ, балки ҷавҳари арзишҳои башариро равшан мекунад. Вале бояд тазаккур дод, нуре, ки Пешдодиён ва Каёниён афрӯхта буданд, то асри XI ҷило медод ва тадриҷан дурахши он аз асрҳои минбаъда то Истиқлоли давлатии Тоҷикистон камнур гаштан гирифт.
Ҳатто, ба ҳадде расид, ки дар солҳои сиюми асри XX баъзеҳо даъво доштанд, ки тоҷикон туркони забонгумкарда мебошанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки ҳанӯз сайёҳи араби замони Сомониён Ибни Ҳавкал дар бораи тоҷикон, ки соҳибони аслии сарзамини Мовароуннаҳр буданд, менависад: “Ин миллат дар саросари дунё бо фарохнеъматиҳо, сафо, хуррамию пурбаракатӣ маъруф аст. Мардуми он ба некӣ ва дороӣ ва дастфарохӣ ҳамто надоранд. Онҳо ба зердастон ва бандагони худ бахшиш медиҳанд ва дорои шафқату нерумандӣ, қудрату далерӣ ва бузургвориянд. Дар онҳо фарохнеъматӣ чунон аст, ки дар ҳеҷ ҷойи дунё нест. Агар дар дигар билоди ислом мояи худро ба айшу ишрат сарф намоянд, давлатмандони ин диёр ба ободонии Ватани худ хароҷот менамоянд”. Ин баҳои баланд ифодагари бузургии миллати шарифи тоҷик мебошад.
Бо ин сайру таҳлили иҷмолӣ мо нишон додан мехоҳем, ки миллати тоҷик дорои андеша, ақида ва арзишҳои миллии худ буда, ҳанӯз ҳазорсолаҳои қабл аз милод дар заминаи фалсафаи Шарқи Бостон, Шарқи асримиёнагӣ маншаъ гирифта, ташаккулу таҳаввул ёфтааст. Роҷеъ ба ин масъала Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии худ Аз Ориён то Сомониён таъкид мекунад: “Мо аз омӯзиши таърихи гузаштаи худ фақат мехоҳем аслу насаби худро бишносем, нишемангоҳи аҷдоди гузаштаи худро ба таҳқиқ гирем, бурду бохти онҳоро дар тӯли ҳазорсолаҳои дуру наздик биомӯзем, аз шикасту пирӯзиҳои онҳо сабақ омӯзем, зеро таърих бузургтарин устод, одилтарин ҳакам, холистарин воқеанигор ва коромӯзтарин роҳбалад буда, моро аз гузаштаҳои дур ба сӯйи қарнҳои оянда ҳидоят менамояд”.
Ба ин мақсад, барои ташаккулу таҳаввули арзишҳои миллии халқи тоҷик дар шуур ва рафтори насли наврас ва ҷавон мо кӯшиш намудем, ки қабл аз ҳама, дар шароити кунунӣ омилҳои боздорандаи онро муайян намуда, раванди мазкурро ба риштаи педагогӣ дарорем. Ба замми ин, то ҳанӯз бошандагони маҳалу минтақаҳои Тоҷикистон, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсию иҷтимоӣ, диниву мазҳабӣ ва манфиатҳои маҳаллию гурӯҳиашон, бояд як ҳадаф, як дард, як мушкил, як марз, як Ватан ва як забон дошта бошанд, ки бо ин васила, соҳибунвони миллати воҳид гарданд. Зеро ҷавҳари миллати воҳидро андешаи миллӣ ташкил намуда, ҳар дутои онро арзишҳои миллӣ мазмунан устувор гардонда, намояндагони гуногуни кишварро ба ҳам пайванд месозад. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтаем, ки интихобан омилҳои муҳимми боздорандаи арзишҳои миллиро мисол оварда, роҳҳои ислоҳи педагогии онро ба нақша гирем.
Империяи Шуравӣ ба усули табартақсим (Р. Масов) такя намуда, аввал ҷумҳурии худмухтор (соли 1924) ва баъд Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил намуд, ки аҳаммияти муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онро дар солҳои аввал ва минбаъд ҳам касе инкор намекунад. Махсусан, солҳои панҷоҳум-ҳаштодуми қарни гузашта айёми мусоиди инкишофи фарҳанг ва адабиёт, санъати ҳақиқию касбӣ, сарояндагӣ, инкишофи муассисаҳои маданию маърифатӣ ва матбуот ба ҳисоб мерафт. Зоҳиран чунин менамуд, ки давлат миллӣ буд ва онро мутахассисони миллӣ роҳбарӣ мекарданд, аммо зимоми ихтиёр дар дасти бегонагон қарор дошт.
Бо баҳонаи “шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ” оҳиста-оҳиста ба дастгоҳи тамаддуни ориёӣ-тоҷикон, ки тафаккури баланди сиёсӣ, ҷомеаи рӯ ба инсону инсонофар ва ислоҳкунандаи ҳар як буҳрони маънавиро дошт, заъфи калон ворид намуд. Масалан, яке аз меъёрҳои сиёсати миллӣ алоқамандии манфиатҳои миллӣ ва интернатсионалӣ маҳсуб меёфт, вале раванди интернатсионаликунонии ҳаёти ҷомеа дар шароити набудани заминаҳои зарурӣ боиси пайдоиши гурӯҳҳои миллатгароӣ ва хусумат гардид. Дар натиҷа, зиддиятҳои миллӣ тезутунд гашта, муносибатҳои ғаразнокро дар байни маҳаллаҳо эҷод кард. Мафҳуми “Дӯстии халқҳо” дар сатҳи абстрактӣ фаҳмида шуда, дар воқеият аз олами маънавию ахлоқии инсони мушаххас дур монд.
Омили дигари боздорандаи ташакули арзишҳои миллӣ дар маҳалгароист, ки ҳамчун падидаи зараровар ба манфиатҳои миллӣ, худшиносӣ ва арзишҳои он латма зада, як миллатро ба шохаҳо ва маҳалҳо тақсим мекунад. Ба андешаи мо, реша давонидан ва ривоҷ ёфтани рӯйдоди мазкурро бояд дар карахтии тафаккур, дур мондан аз таърихи пуршарафи худ ва арзишҳои он ҷуст. Ҳатто, ҳодисаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ низ ба муносибатҳои қавмӣ, минтақавию авлодӣ алоқаи бевосита дошт, ки аксари одамонро ба шӯру ғавғо овард ва осори манфии онро имрӯзҳо дар ҳар сари қадам мебинем. Танҳо ва танҳо ташакулли арзишҳои миллӣ метавонанд, инсонҳоро аз ҳар вазъияти буҳронӣ наҷот бидиҳад, дар байни гурӯҳҳои сиёсии гуногун ва мафкураҳои гуногун созиш ба амал биоварад ва манфиатҳои ҳамагониро бароварда созад.
Вазифаи асосии оила дар ин маврид, чи дар гузашта ва чи дар айни замон, таваллуд ва тарбияи дурусти кӯдакон аст. Таркиби оиларо маҷмуи муносибатҳои байни узви он, аз ҷумла, муносибатҳои хешутаборӣ, силсилаи муносибатҳои маънавию ахлоқӣ, обрӯю эътибор, муносибатҳои педагогии волидон ва ғайра, ташкил медиҳад.
Мусаллам аст, ки вайрон гаштани мувозинати чунин арзишҳои хонаводагӣ: муносибати зан ва шавҳар, волидону фарзандон, бобоёну наберагон, гиромидошти ҳуқуқи бародариву хоҳарӣ ва амсоли онҳо, нишонаи зафъи тафаккури педагогии калонсолон буда, ба ташаккули худогоҳии наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Зеро арзишҳо объектҳои махсуси муқарраргардидаи ҷомеа мебошанд, ки дар шаклҳои мусбату манфӣ, зебову зишт, савобу носавоб, равою нораво зоҳир гашта, яке аз меъёрҳои зиндагии инсон ба шумор меравад. Мо бояд солимии фазои оилавӣ ва сатҳи маърифати педагогии калонсолонро маҳз бо ҳамин арзишҳо муқоиса намуда, баҳо диҳем.
Бояд тазаккур дод, ки паст будани тафаккуру андешаи миллии иддае аз ҷавонон онҳоро ба бегонапарастӣ, беҳурматӣ ба атрофиён, муштзӯрӣ, фиребгарӣ ва найрангбозӣ — сифатҳои ношоиста, ки ҳеҷ вақт хоси миллати тоҷик набуданд, гаравиш медиҳанд.
Сабаби асосии мавҷуд будани чунин равандҳои ба миллат бегонаро дар назари омиёна доштани падару модарони онҳо доир ба таърих, тамаддун, урфу одат ва арзишҳои моддиву маънавии хонаводагии миллат меҳисобем.
Набудани назари яксон дар бораи ғояи миллӣ ва арзишҳои он боиси ба миён омадани як силсила монеаҳо гардидаст. Бархе аз донишмандон дар муайян намудани ғоя ва ҳувияти миллӣ чунин андеша доранд, ки бояд танҳо маҷмуи унсурҳои тоисломӣ ва ғайриисломӣ фарҳангу ҳувияти моро фаро гирад. Тарафдорони назари мазкур тоҷиконро ҳамчун мардуми ориёинажод, ворисони оини зардуштӣ ва амсоли инҳо, муаррифӣ мекунанд. Гурӯҳи дигар аз чунин мавқеъгирӣ норозӣ буда, чунин мешуморанд, ки тамаддуни исломӣ низ ҳамчун арзишҳои милливу ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги тоҷик, ифодагари манфиатҳои миллат ба инобат гирифта шавад, ки ҳеҷ кас рад карда наметавонад, вале дар ниҳоят, онҳо арзишҳои исломиро дар маркази ҳувияти миллии тоҷикон мегузоранд. Дар андешаҳои онҳо унсурҳои тоисломиву ғайриисломӣ унсурҳои камаҳаммият дониста шуда, тоҷик ҳамчун пайравони мазҳаби ҳанафӣ паҳнкунандагони арзишҳои исломӣ муаррифӣ мешаванд ва ҳангоми баршумории ифтихороти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, пеш аз ҳама, ифтихороти исломӣ зикр мешавад.
Маълум аст, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун кулли арзишҳо ва намудҳо дугонагии чунин таърифу шинохти миллиро рад мекунад. Сиёсатшиноси тоҷик А. Ҳаким дақиқназарона ин андешаҳои яктарафаро “Набарди таърифҳо”, “Тафаккури сода” ё “Муносибати механикӣ” дар бораи падидаи мураккаб номида, таъкид кардааст, ки масъала як мавзуи сирфан фарҳангшиносӣ нест, балки мавзуест, ки ваҳдати воқеии миллати тоҷик ва суботи устувори ҷомеаи мо дар оянда аз чигунагии таҳаввул ва ҳалли он бисёр вобаста хоҳад буд.
Дар ҳақиқат, ҳувияти миллӣ чун миллати ташаккулёфтаи тоҷик наметавонад дар даруни худ чунин марзҳо ва таърифҳо дошта бошад. Ҳатто, агар ба таври омиёна ба ин падида назар намоем, мебинем, ки дар рӯзгори ҳар як тоҷик ҳам унсурҳои исломӣ ва ҳам аносири тоисломӣ пайванди органикӣ ва омезиши мавзуӣ дорад.
Ҳамин тариқ, арзишҳо бо гузашти айём вобаста ба шароити замону макон ва зуҳури он дигаргун мешаванд, вале як чиз мусаллам аст, ки фақат ислоҳу ҳалли воқеии омилҳои дар боло зикрёфта ба сурату сирати арзишҳои миллӣ асар намуда, андешаи миллиро дар дарёфту таҳкими истиқлоли комил, ташаккули миллати воҳид, бунёди демократия ва рушди ҷомеаи имрӯзаи тоҷик роҳандозӣ мекунад.