Эҳром РАҶАБОВ,

омӯзгори фанни географияи МТМУ №63,

шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Сифати таълим яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми таҳсилоту маориф буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди воситаҳои иттилоотӣ аз ҳар як омӯзгор тақозо мешавад, ки навтарин имкониятро дар самти тақвияти сифати таҳсилот ба кор бубаранд.

Тағйироти ҷиддӣ дар ҷаҳони муосир, рушди босуръати технологияи рақамӣ ва воридшавии зеҳни сунъӣ (AI) ба соҳаҳои мухталиф, бахусус маориф, имкон медиҳанд, ки сифати таълим боло равад ва самаранокии он беҳтар гардад. Фанни география, ки дорои хусусиятҳои визуалӣ, таҳлили маълумоти фазоӣ ва омӯзиши муҳити табиӣ мебошад, ба воситаи зеҳни сунъӣ метавонад боз ҳам ҷолиб ва муосир гардонида шавад.

География ҳамчун фанни мактабӣ ба омӯзиши ҷойгиршавии табиӣ ва иҷтимоӣ, харитаҳо, иқлим, захираҳои табиӣ ва дигар равандҳои глобалӣ равона шудааст. Бо ворид кардани зеҳни сунъӣ, омӯзгор метавонад маълумоти харитавиро дар шакли интерактивӣ нишон диҳад, тағйирёбии иқлим, ҳаракати борон ва зилзиларо бо моделҳои 3D намоиш диҳад, ки дар натиҷа, хонанда дарсро на танҳо мехонад, балки онро эҳсос мекунад.

Гузашта аз ин, системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд, сатҳи дониши хонандаро арзёбӣ намуда, тавсияҳои инфиродӣ барои беҳбудии фаҳмиши мавзуъ пешниҳод кунанд. Ин раванд, махсусан, барои хонандагони наврас муфид аст, ки имрӯз бо технология, смартфон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар сари кор доранд.

Таҳлил ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар раванди таълими фанни география, истифодаи якчанд платформаҳои зеҳни сунъӣ самаранок мебошад:

  • Google Earth Education – имкони сафарҳои виртуалӣ дар харитаи 3D, омӯзиши қитъаҳо ва кишварҳо.
  • Socratic (Google) – барномаи мобилӣ барои фаҳмондани мавзуъҳо бо забони сода.
  • ChatGPT (OpenAI) – ёрирасон дар таҳияи нақшаҳои дарсӣ, шарҳи мавзуъҳо ва таҳлили саволҳо.
  • GeoGebra (Geography) – воситаи интерактивӣ барои омӯзиши координатаҳо ва масоҳат.
  • EdPuzzle – эҷоди дарсҳои видеоӣ бо саволу ҷавобҳо дар мавзуъҳои географӣ.
  • Google Maps AI – омӯзиши масофаҳо, ҷойгиршавии маҳалҳо ва ҳаракатҳои воқеӣ.

 

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ  ВА ОМӮЗИШИ ФОСИЛАВӢ

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд, дар паҳн кардани маводди таълимӣ, ташвиқи муҳокимаву баҳсҳо ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар мавзуъҳои географӣ истифода шаванд. Барои мисол, омӯзгорон метавонанд, дар шабакаи видеоии YouTube дарсҳои муфид ҷойгир кунанд ё бо истифода аз Telegram-гурӯҳҳо саволу ҷавоб баргузор намоянд, ки ин албатта, баҳри пешбурд ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам нақши созгор дорад.

Мушкилоти таълимӣ дар мактабҳои деҳот бештар бо норасоии омӯзгорони тахассусӣ ва маводди таълимӣ алоқаманд аст. Аммо тавассути смартфонҳо ва барномаҳои сабук, имрӯз зеҳни сунъӣ метавонад, дар муассисаҳои деҳот низ роҳ ёбад.

 Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла, Финландия, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Эстония зеҳни сунъиро дар таҳлили иҷроиши дарсҳо, таҳияи нақшаҳои фардӣ ва ҳамкорӣ бо хонандагон истифода мебаранд. Дар ин самт, таҷрибаи онҳо метавонад, барои кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла, Тоҷикистон намуна бошад.

 

НАЗАРИ ОЛИМОН ВА СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Зеҳни сунъӣ ҳамчун падидаи технологӣ дар шароити имрӯз муҳаққиқонро ба ҳайрат овардааст. Ҳарчанд зумрае аз коршиносон ва пажуҳишгарон истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълимро нолозим мешуморанд, вале як зумраи бузург ин падидаро муҳимтарин имконият барои расидан ба ҳадафҳои педагогӣ медонанд. Аз ҷумла, мутахассиси Донишгоҳи Кембриҷ доктор Алекс Бейкер иброз доштааст: «Зеҳни сунъӣ метавонад, ҳамчун равзана ба ҷаҳон барои хонандагон хидмат кунад, агар бо омӯзиши таҳлилӣ ва интерактивӣ якҷоя шавад».

Профессор Лю Юн, омӯзгори фанни технологияи таълим дар Донишгоҳи Пекин бар ин назар аст, ки «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар фанни география имкон медиҳад, ки хонанда муҳитро на танҳо бо маълумот, балки бо ҳисси визуалӣ ва ақлонӣ дарк намояд».

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ЮНЕСКО ва ЮНИСЕФ истифодаи зеҳни сунъиро ҳамчун омили калидӣ барои таҳсилоти фарогир, босифат ва замонавӣ меҳисобанд.

Хулоса, зеҳни сунъӣ бо имкониятҳои васеаш метавонад, дарсҳои мактабӣ, ба вежа, таълими фанни географияро ба сатҳи сифатан нав бардорад. Барои насли наврас, ки ба технология наздик аст, омӯзиши фан тавассути зеҳни сунъӣ метавонад, ҷолибтару муассир гардад. Агар истифодаи дурусти он дар мактабҳо, махсусан, дар деҳот роҳандозӣ шавад, мо метавонем, насли донишманд, таҳлилгар ва огоҳ дар соҳаи география, нобиғаҳои навро ба ҷомеа эҳдо намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *