Саидмуроди ХОҶАЗОД,
профессори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Барои истифодаи дастовардҳои зеҳни сунъӣ ва корбурди онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, қабул намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ, 24 сентябри соли 2024, пешниҳод гардида буд. Дар асоси ин пешниҳод Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе бунёд мегардад, ки роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа аз самтҳои муҳимтарини он аст.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди илму техника бо суръати баланд идома дорад, ворид кардани технологияҳои нав, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) ба низоми таълим зарурати рӯз мебошад. Истифодаи зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим самаранок, инфиродӣ ва интерактивӣ гардад. Корбурди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фанҳои равияи дақиқ талаботи замони муосир буда, аз як тараф, дастрасии омӯзгоронро ба дастовардҳои навини илму фанноварӣ осон мегардонад, аз ҷониби дигар, тафаккури донишҷӯёнро ҳамқадами замон мекунад. Зеро маҳз тавассути ин воситаҳо мо метавонем, раванди таълимро на танҳо самараноктар, балки шавқовар ва муассир гардонем. Хусусан, дар омӯзиши фанҳои дақиқ — мисли математика, физика, химия ва информатика татбиқи технологияҳои рақамӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Зеҳни сунъӣ (AI) имрӯз на танҳо як соҳаи илм, балки воситаи пуриқтидори таҳлил, омӯзиш ва тарбияи тафаккури мантиқии хонандагон гардидааст. Бо истифода аз барномаҳои зеҳни сунъӣ, омӯзгорон метавонанд раванди дарсро мутобиқ ба сатҳи донишу қобилияти ҳар як хонанда ба роҳ монанд. Масалан, барномаҳои махсуси интерактивӣ метавонанд барои шогирдоне, ки дар фаҳмиши мавзуъ душворӣ мекашанд, тавсияҳои инфиродӣ пешниҳод кунанд. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳар як хонанда бо равиши худ таълим гирад ва сатҳи донишашро тадриҷан баланд бардорад.

Аз тарафи дигар, технологияҳои рақамӣ ба омӯзгорон имкон медиҳанд, ки маводди дарсиро бо шаклҳои ҷолиб — мисли видеоҳои таълимӣ, симулятсияҳо ва моделсозии рақамӣ пешниҳод кунанд. Ин навъ усулҳо фаҳмишро осон мегардонанд ва шавқи хонандагонро ба илмҳои дақиқ зиёд менамоянд. Барои мисол, истифодаи симулятсияҳои рақамӣ дар физика ё химия имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои лабораториро бе хатари воқеӣ ва бо дақиқии баланд иҷро намоем.

Дар шароити имрӯза фанҳои равияи дақиқ, мисли математика, физика, химия, биология ва информатика асоси пешрафти илм ва техника мебошанд. Бо рушди технологияҳои нав, махсусан, шабакаҳои нейронӣ ва зеҳни сунъӣ (AI) имкониятҳои таълим дар ин фанҳо ба таври назаррас васеъ шудаанд. Фаъолияти зеҳни сунъӣ ба шабакаҳои нейронии компютерҳо (нейросет) вобаста мебошад. Шабакаи нейронӣ ин роҳ ба сӯйи зеҳни сунъӣ аст. Шабакаи нейронӣ аз нейронҳо, яъне, ҳуҷайраҳои ҳисоббарор иборат аст, ки ба ҳамдигар пайвастанд ва маълумотро қабул, таҳлил ва ирсол мекунанд. Он модели зеҳни сунъӣ аст, ки кори майнаи инсонро тақлид мекунад.

Зеҳни сунъӣ ба омӯзгорон дар таҳия ва омодасозии дарсҳо ёрӣ мерасонанд, ба донишҷӯён шароити омӯзиши фаҳмотар ва шавқовар фароҳам меорад. Масалан, дар соҳаи математика зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили мушкилоти мураккаб, ташхиси хатоҳои донишҷӯён ва пешниҳоди роҳҳои ҳал истифода шавад. Барномаҳои ChatGPT, Wolfram Alpha ва GeoGebra AI барои омӯзиши фаҳмо ва амиқи мафҳумҳои математикӣ мусоидат мекунанд. Дар физика фаҳмидани қонунҳо ва таҷрибаҳо муҳим аст ва барномаҳои зеҳни сунъӣ қодир ҳастанд, таҷрибаҳои физикиро моделсозӣ кунанд, пешгӯии натиҷаҳои таҷрибавиро анҷом диҳанд ва тавассути таҳлилҳои рақамӣ донишҷӯёнро дар фаҳмидани қонунҳои табиат ёрӣ расонанд. Зеҳни сунъӣ метавонад равандҳои физикиро моделсозӣ кунад ва онҳоро бо тасвири визуалӣ нишон диҳад. Барномаҳои моделсозӣ, мисли PhET AI Lab ё Algodoo таҷрибаҳои ҳаракат, неру ва қонунҳои Нютонро дар муҳити виртуалӣ нишон медиҳанд. Бо истифода аз сенсорҳои AI ва барномаҳои ченкунии рақамӣ донишҷӯён метавонанд, натиҷаҳои таҷрибаҳоро фавран таҳлил кунанд. Дар баъзе донишгоҳҳо AI барои пешгӯии натиҷаҳои таҷрибаҳои лабораторӣ истифода мешавад, масалан, ҳисоб кардани суръати афтиши ҷисм дар муҳити гуногун. Дар натиҷа, донишҷӯ таҷрибаро бе хатар, бо дақиқияти баланд ва тавассути симулятсия меомӯзад.

Дар омӯзиши химия AI метавонад реаксияҳои мураккабро модел кунад, сохтори молекулаҳоро пешгӯӣ намояд ва донишҷӯёнро дар фаҳмиши равандҳои микроскопӣ дастгирӣ кунад. Барномаи ChemAI ё MoleculeNet метавонад пешгӯӣ кунад, ки ду модда ҳангоми якҷояшавӣ чӣ реаксия медиҳанд. Дар таҷрибаҳои лабораторӣ зеҳни сунъӣ барои идора кардани таҷҳизот ва ченаки дақиқи ҳарорат ё фишор истифода мешавад. Дар мактабҳо омӯзгор метавонад тавассути он симулятсияи реаксияи кимиёвӣ, масалан, оксидшавии металлҳо ё таъсири кислота ба моддаҳоро бе истифодаи маводди хатарнок нишон диҳад. Натиҷа ин аст, ки донишҷӯ равандҳои ноаёни кимиёвиро ба таври равшан мебинад.

Дар фанни информатика ва барномасозӣ зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки омӯзиши забонҳои барномасозӣ бо усули инфиродӣ сурат гирад. Барномаҳо метавонанд коди донишҷӯро таҳлил карда, хатоҳоро нишон диҳанд ва пешниҳодҳои беҳтар дастрас намоянд. Дар география AI харитаҳои интерактивӣ месозад, тағйироти иқлимиро таҳлил мекунад ва таҳлили додаҳои муҳити зистро анҷом медиҳад.

Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имкониятҳои нави омӯзишро барои фанҳои равияи дақиқ ба вуҷуд овардаанд. Онҳо дарсҳоро фаҳмотар, шавқовар ва таҷрибавӣ мекунанд, ба омӯзгор имкони истифодаи воситаҳои пуриқтидорро барои арзёбӣ ва моделсозӣ медиҳанд, ба донишҷӯён имкони омӯзиши инфиродӣ ва амалии илмро фароҳам меоранд.

Тавассути истифодаи технологияҳои нави рақамӣ, шабакаҳои нейронӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди таълим донишҷӯён имкон пайдо менамоянд, ки равандҳои илмҳои дақиқро моделсозӣ кунанд, барои омӯзиши алгоритмҳо ва сохтори маълумот мисолҳои фаҳмо пешниҳод намоянд, таҷрибаҳои ҳаракат, неру ва қонунҳои соҳавиро дар муҳити виртуалӣ ва графики функсияҳоро дар вақти воқеӣ бубинанд, харитаҳои интерактивӣ созанд, тағйироти иқлим ва боду ҳаворо таҳлил ва пешгӯӣ кунанд, узвҳои инсонро дар тасвирҳо шиносоӣ намоянд, моделсозии равандҳои физиологиро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамин тавр, зеҳни сунъӣ дигар воситаи иловагӣ нест, балки қисмати ҷудонопазири таълими муосир дар соҳаи илмҳои дақиқ мебошад ва ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба низоми таълим талаботи замон ва омили калидии рушди устувори ҷомеаи донишбунёд ва пешрафти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *