
Ҳасан АЗИЗОВ,
“Маърифати омӯзгор”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёму мулоқоташон бо аҳолӣ оид ба рушди илми тоҷик ва дурнамои он, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ бештар ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, ҳангоми вохӯрӣ бо аҳли илму маорифи кишвар, 30-юми майи соли 2024 қайд намуданд: Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Ҳукумати кишвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи сокинони мамлакатро ба илму маориф ҷалб намуда, корҳои зиёдеро барои рушди ин ду соҳаи муҳимми ҳаёт роҳандозӣ кардаанд. Чунин ташаббусҳои оянданигаронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону омӯзгорон неруи созанда ва пешбарандаи кишвар маҳсуб мешаванд. Таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи илм бесабаб нест, зеро тараққиёти ин соҳа дар тамоми давлатҳо сабаби болоравии иқтисоди кишвар буда, боиси беҳтар шудани зиндагии шоиста ва муҳайё гардидани ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта, барои баланд бардоштани стандартҳои сатҳи илмӣ, падидаҳои илмӣ ва навгониҳо дар фановариро дастгирӣ кардаанд, ки дар натиҷа, дастовардҳои назаррасро дар пешрафти ҷаҳони муосир соҳиб мебошанд. Дар ин бора Роҳбари давлат чунин таъкид кардаанд: “Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.
Ба андешаи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ илму маориф ва навоварию ихтироъкорӣ бо ҳамдигар алоқаи зич дошта, дар ҳама давру замон қавитарин зинаи пешравӣ дар таърихи ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Ҳамзамон, қадрдонию эҳтироми аҳли илму дониш низ яке аз омилҳои рушди ин самт буда, кишварҳои ҷаҳон ба ҳарду таваҷҷуҳи махсус медиҳанд ва ҷавононро дар ин самт тарбия менамоянд.
Барои мо-ҷавонон мояи ифтихор ва қадршиносист, ки дар ин айёми шукуфоиҳо дастгирии корҳои илмӣ, хусусан, олимони ҷавон яке аз бартариҳои сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва илм ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм дар самти дастгирии ҷавонон як қатор санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, як қатор озмунҳои гуногуни илмиву ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳои соҳавӣ роҳандозӣ шудаанд. Ҳадаф аз баргузории озмунҳои мазкур низ тақвияти неруи зеҳнии насли навини кишвар, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолаи фарогир ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ мебошад. Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ барои ҷалби бештари шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон ба самти илм ва рушди илми тоҷик озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Олими сол”, “Магистранти сол”, “Омӯзгори сол” ва дигар озмунҳои илмиро ба роҳ мондааст, ки дар он олимону ихтироъкорон, донишҷӯёну магистрантону аспирантон ва омӯзгорони зинаҳои гуногун иштирок варзида, ҳунару истеъдоди худро месанҷанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 25 муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ихтирооти донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро дар ҳаҷми 187 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотиро пешниҳод намуданд.
Дар озмуни “Магистранти сол” аз 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 20 кори озмунӣ ва дар озмуни “Олими сол” миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 23 муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 80 ҳуҷҷат аз рӯйи 10 равия пешниҳод гардида буд. Ҷамъбасти озмунҳои мазкур ва маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол» 25 апрели соли равон дар Кохи Суруш ба муносибати Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун корҳои беҳтарини илмию тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва олимон муайян гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорнома дониста шуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронӣ дар ин маҳфили бошукуҳ чунин қайд кард: “Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм пайваста ҷиҳати таъмини шароит ва дастгирии раванди таҳқиқоти бунёдӣ, кашфиёту ихтирооти илмӣ ва истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти мардум, ба талаботи замон ва стандартҳои илми ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад”.
Ташаббусу иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ насли ҷавони кишварро водор месозад, ки аз зарфиятҳо ва имкониятҳои фароҳамшуда истифода карда, барои пешрафти илмӣ, маънавӣ ва эҷодии худ талош намоянд. Ҳамзамон, ҳар як муҳаққиқро лозим аст, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, фаъолияти илмии худро низ барои пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ равона созад ва шабонарӯз баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас заҳмат бикашад. Бешак, ҳамаи заҳматҳои олимони пуркор бе подош намонда, ҳатман қадрдонӣ мешаванд. Дар фарҷом, мехоҳам қайд намоям, ки рушди илму маориф дар шароити муосир шарти бақои давлату миллат мебошад.
Академик Никита Николаевич Моисеев гуфта буд: Тамаддуни нав бояд на аз иқтисодиёти нав, балки аз донишҳои нави илмӣ ва барномаҳои нави таълимӣ оғоз ёбад. Принсипҳои нави ахлоқӣ бояд ба ҳастӣ ва хуни инсон ворид шаванд.
Пас, моро низ лозим аст, ки дар раванди пуртазодди имрӯза тафаккур ва дидгоҳи худро бо таълимоти илмӣ мутобиқ ва муносиб сохта, дар шукуфоии илми кишварамон нақши созгор гузорем.