ЗАМИНАИ МУКАММАЛИ ҲУҚУҚӢ БАҲРИ РУШДИ СОҲА ВА НУФУЗУ МАҚОМИ ОМӮЗГОР ДАР ҶОМЕА
Руқия МИРЗОЕВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №90, ноҳияи Рӯдакӣ
Рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат аз пешрафти соҳаи маориф ва илми он вобаста аст. Дар шароити имрӯз ягона омили наҷоти инсоният аз тамоми хатару таҳдидҳои мавҷуда рӯй овардан ба илму дониш ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф мебошад, зеро дастовардҳо дар ин бахшҳо омили меҳварии саодати инсон ва василаи муҳимми расидан ба камолоти маънавӣ маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботу оромӣ ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту тараққиёти ин соҳаи калидӣ тамоми тадбирҳои судмандро андешида, шароити созгорро фароҳам овардааст. Дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм аз ҷумлаи бахшҳои муҳим ва самти афзалиятнок ба шумор рафта, дастгирӣ ва ғамхориҳо нисбат ба устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф сол то сол меафзояд.
Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2023) иброз дошта буданд: «Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Ташаббусу иқдомҳо дар самти рушди соҳаи маориф дар кишвар хеле зиёданд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда, қарору қонунҳо, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва амалисозии онҳо ба пешрафти ин соҳаи калидӣ мусоидат намуданд.
Чанде пеш дар фазои хабарии кишвар пайки нек интишор шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид ва мавриди амал қарор гирифт. Барои мо — омӯзгорон шунидани ин навиди фараҳбахш — қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» басо хушоянду шодиафзост, ки бо дастуру супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат таҳия ва қабул гардидааст.
Бо баррасии муҳтавои қонуни мазкур метавон гуфт, ки он ҳамчун як санади муҳимми ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа нақши муайянкунанда дорад, зеро муносибати давлат ва ҷомеаро нисбат ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ба сатҳи нав мебарорад. Дар тули солҳои зиёд масъалаи мақом, ҳифзи иҷтимоӣ ва дахлнопазирии фаъолияти омӯзгор ба таври ҷузъӣ танзим мегардид, аммо қабули ин қонун заминаи мукаммали ҳуқуқиро фароҳам овард, ки омӯзгор худро ҳамчун шахси дорои эътибор ва кафолати иҷтимоӣ эҳсос намояд.
Мазмуни қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, меъёрҳои ҳуқуқиро дар самти таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва кафолатҳои омӯзгор ба низом медарорад. Дар қонуни мазкур мафҳуми мақоми омӯзгор ҳамчун вазъи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯ дар ҷомеа ба таври возеҳ муайян гардида, аҳаммияти фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчун пояи рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа таъкид мешавад. Ин равиш гувоҳ аз он аст, ки давлат ба пешаи омӯзгорӣ ҳамчун самти стратегии сиёсати иҷтимоӣ муносибат мекунад.
Дар қонун принсипҳое муқаррар шудаанд, ки фаъолияти омӯзгорро аз ҳар гуна фишор, дахолат ва сарбориҳои ғайрикасбӣ ҳифз менамоянд. Манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд ва ҳамчунин, маҳдуд кардани санҷишу назорати ғайрисоҳавӣ имкон медиҳад, ки омӯзгор таваҷҷуҳи худро пурра ба сифати таълим ва тарбия равона созад.
Шаъну шарафи омӯзгор дар қонун ҳамчун арзиши дахлнопазир эътироф гардида, ҳифзи он ба зиммаи давлат гузошта шудааст. Манъи ҳама гуна амалҳое, ки ба паст задани мақоми омӯзгор равона шудаанд, заминаи ҳуқуқиро барои ташаккули муносибати эҳтиромона дар ҷомеа фароҳам меорад. Ин меъёр баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгориро дар шуури ҷамъиятӣ таъмин менамояд.
Муайян намудани ҳуқуқҳои омӯзгор дар қонун ба фаъолияти эҷодӣ ва мустақили ӯ такони ҷиддӣ мебахшад. Озодии интихоби усул ва шаклҳои таълим, иштирок дар таҳияи барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, баҳогузории воқеъбинонаи дониш ва истифодаи технологияҳои муосир шароит фароҳам меорад, ки омӯзгор худро субъекти фаъоли раванди таълим эҳсос намояд. Ҳамзамон, уҳдадориҳои омӯзгор бо дақиқӣ муқаррар гардидаанд, ки риояи қонун, одоби касбӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи таълимгирандагон ва пешгирии ҳама гуна талаботи молиявии ғайриқонунӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин тавозун миёни ҳуқуқ ва уҳдадорӣ заминаи эътимодро миёни омӯзгор, ҷомеа ва давлат тақвият медиҳад.
Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии қонун аҳаммияти махсус доранд, зеро онҳо бевосита ба шароити зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгор таъсир мерасонанд. Кафолати пардохти саривақтии музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, ҳифзи саломатӣ, таъмини шароити кор ва имтиёзҳо барои омӯзгорони деҳот мақоми иҷтимоии омӯзгорро устувор месозанд. Озодкунӣ аз баъзе намудҳои андоз ва пешбинӣ намудани тадбирҳо барои таъмини манзил ба омӯзгорон, бахусус, дар деҳот, дар қонун гувоҳи он аст, ки давлат мушкилоти воқеии ин қишрро ба инобат гирифтааст.
Низоми ҳавасмандгардонӣ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ба рушди касбӣ ва болоравии сифати таълим мусоидат мекунад. Иловапулиҳо барои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, инчунин, барои дастовардҳои шогирдон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омӯзгорро ба меҳнати пурмасъулият ва эҷодкорона ҳавасманд месозанд. Ин тадбирҳо муҳити рақобати солимро дар соҳаи маориф ташаккул дода, сатҳу сифати таълимро боло мебаранд.
Ба андешаи инҷониб, муҳимтарин дастоварди қонун муқаррар намудани дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор мебошад. Дар баробари ин, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар ба таври мушаххас дар қонун муайян гардидаанд.
Танзими масъалаҳои омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсия дар қонун имкон медиҳад, ки омӯзгор ба талаботи замони муосир мутобиқ гардад. Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти олии дуюм ва иштирок дар курсҳои такмили ихтисос рушди пайвастаи касбиро таъмин намуда, сифати таълиму тарбияро боло мебарад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳамчун санади сарнавиштсоз ва ҳимоявӣ ба таҳкими мавқеи омӯзгор дар ҷомеа мусоидат мекунад. Татбиқи комили меъёрҳои он метавонад ба баланд гардидани эътибори пешаи омӯзгор, беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ташаккули ҷомеаи донишбунёд заминаи устувор фароҳам оварад.
Мо — омӯзгорон аз қабули ин қонун хеле шод гардидем ва талош менамоем, ки дар ҳамовозӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушду пешрафти соҳаи маориф саҳми арзандаву арзишманди хешро гузорем.
