Ҳабиба САЙДАЛИЗОДА,
мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Соҳаи маориф ва илм дар ҳама давру замон ҳамчун бахши сарнавиштсоз эътироф гардида, нақши он дар ташаккули неруи инсонӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пойдории давлат бениҳоят бузург арзёбӣ мешавад. Беҳуда нест, ки маорифро пойдевори рушду тараққиёти давлату ҷомеа ва бахши пешбарандаи ҳаёти иҷтимоӣ меноманд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсатгузориҳои хеш қарор дода, дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид намудаанд: «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем. Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад».

Дар ин миён, таҳсилоти томактабӣ ҳамчун зинаи аввалини низоми маориф, пояи аслии ташаккули шахсият ҳисоб ёфта, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Дар ин зинаи таҳсилот шахс қадами нахустини хешро ба пайроҳаи андӯхтани илму дониш ва маънавият гузошта, барои камолоти зеҳнии хеш замина мегузорад.

Таҳсилоти томактабӣ дар ташаккули қобилияти зеҳнӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак нақши ҳалкунанда дорад. Солҳои аввали ҳаёт давраи ҳассос ҳисоб ёфта, маҳз дар ҳамин марҳила асосҳои тафаккур, нутқ, муошират, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси масъулият ташаккул меёбанд. Муҳити солими таълимӣ ва тарбиявӣ имкон медиҳад, ки кӯдак дар марҳилаҳои минбаъдаи таҳсил ва зиндагӣ мутобиқшавии осон дошта бошад.

Дар баробари ин, таҳсилоти томактабӣ дар ҳифзи арзишҳо ва таҳкими худшиносии миллӣ низ саҳми муҳим мегузорад. Тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ аз овони хурдӣ заминаи ташаккули шаҳрвандони масъулу фаъолро фароҳам меорад.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар низоми маориф ба таҳсилоти томактабӣ аҳаммияти ниҳоят ҷиддӣ медиҳад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти олии давлат ба ин бахш аз маблағгузорӣ, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва нишондиҳандаҳои воқеии рушди он ба таври возеҳ бармеоянд.

Таваҷҷуҳи хос ба таҳсилоти томактабӣ дар паёмҳои солона ва вохӯриву мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар пайваста зоҳир мегардад. Ҳанӯз соли 2010, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабиро таъкид намуда, чунин гуфта буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне, тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд».

Чунин таваҷҷуҳ минбаъд низ идома пайдо намуда, Сарвари давлат дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояшон ба диққати бештар зоҳир намудан ба таҳсилоти томактабӣ, сохтану ба истифодадиҳии кӯдакистонҳои наву замонавӣ, муҷаҳҳазсозии муассисаҳо ва баланд бардоштани сифати таълим дар онҳо дар назди сохторҳои дахлдор вазифагузориҳо менамуданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ба сохторҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи кӯдакон, дар маҳаллаҳои аҳолинишине, ки зиёда аз 100 оила зиндагӣ мекунад, муассисаи томактабӣ бунёд ва барои таҳсили кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки дар панҷ соли оянда, бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабиро ба таҳсил таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки рушду пешрафти тамоми самту соҳаҳо, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ, таҳияи қонун, қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ вобаста аст. Бо мақсади танзими ҳуқуқии таҳсилоти томактабӣ соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди таҳсилоти томактабиро муайян менамояд.

Дар заминаи ин қонун як қатор барномаҳои давлатӣ таҳия ва татбиқ шудаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, инчунин, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Илова бар ин, Барномаи таълиму тарбияи барвақтӣ тавассути бозӣ ва Дастурамали марказҳои таълимии ҳамоҳангсозии инкишофи барвақтии кӯдак омода шуда, ҷиҳати истифода пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади рушди барвақтии кӯдак, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, марказҳо ва шаклҳои алтернативӣ, инчунин, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ, дар назди Вазорати маориф ва илм Шурои машваратӣ-ҳамоҳангсозии таҳсилоти томактабии фарогир таъсис дода шудааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати идоракунии соҳа такони ҷиддӣ бахшида, дар умум, чунин тадбирҳои муассир баҳри фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил ва танзиму рушди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуд.

Яке аз омилҳои рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зиёд гардидани маблағгузории давлатӣ мебошад. Зиёд гардидани маблағгузорӣ ба беҳтар шудани фарогирӣ, фароҳамоварии шароити хуби моддиву техникӣ, баланд гардидани сифати таҳсилот ва дар умум, ба пешрафти соҳа мусоидат намудааст. Барои мисол, соли 2025 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 496 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки 6,6 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 21,1 фоизи қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ё 32,5 фоиз зиёд мебошад. Барои муқоиса, дар соли 2024 ҳаҷми маблағгузории соҳа 8 миллиарду 231 миллиону 867 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамзамон бо ин, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри соли 2025 иброз доштанд: «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне, соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад».

Хурсандиовар аст, ки дар доираи ҳамин сиёсати афзалиятнок ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории зинаи таҳсилоти томактабӣ низ афзоиш ёфтааст. Дар соли 2025 ба ин зина 606,9 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2024  21,9 фоиз бештар мебошад.

Ҳар сол зиёд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ шаҳодати равшани таваҷҷуҳи давлат ба вазъи иҷтимоии кормандони соҳа буда, ҳамзамон, омили муҳимми баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат музди меҳнати кормандони бахшҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи илму маорифро афзоиш дода, таъкид намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, дигар муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

Чунин ғамхорӣ, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсус аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро ҳамчун самти муҳимми сармоягузорӣ ба рушди инсонӣ ва омили муассири рушди минбаъдаи ҷамъият дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор додааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда дар солҳои охир, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ, шумораи кӯдакистонҳои шакли нав дар мамлакат афзоиш ёфта, як қатор чунин муассисаҳо бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ин раванд дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 идома ёфта истодааст ва тибқи он фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд то ба 50 фоиз расонда шавад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалии Вазорати маориф ва илм, сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба таври назаррас боло рафтааст. Агар соли 2020 ин нишондиҳанда 15,6 фоизро ташкил медод, пас, дар соли 2025 ба 30,1 фоиз расида, талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ин самт иҷро гардидааст. Дар ҳамин давра шумораи муассисаҳои томактабӣ аз 678 адад ба 795 адад расида, теъдоди кӯдакони фарогирифташуда аз 146 496 нафар то 310 657 нафар афзоиш ёфтааст. 

Таҷриба нишон медиҳад, ки рушди устувори таҳсилоти томактабӣ бе ҳамкории зичи давлат, ҷомеа, бахши хусусӣ ва густариши шабакаи муассисаҳо ғайриимкон аст. Дар ин замина, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 тасдиқ гардида, тибқи он бунёди 264 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар назар гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда иҷрои нақшаи сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ дар доираи ББарномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ба 152 фоиз расидааст. Ин нишондиҳанда аз фаъол шудани бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба соҳа дарак медиҳад.

Бо мақсади васеъ намудани дастрасӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фақат дар соли 2025-ум 3154 маркази инкишофи барвақтии кӯдак таъсис дода шуд, ки 182 744 кӯдакро ба таҳсилоти томактабӣ фаро мегиранд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 270 марказ ва 51 427 кӯдак зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирии зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соли 2025 ба 310 657 нафар ё 30,1 фоиз расидааст, ки нисбат ба соли 2024 65 370 кӯдак ва 6,9 фоиз бештар мебошад.

Айни ҳол Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026-2030 омода гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Дар он масъалаҳои густариши фарогирӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, татбиқи низоми миллии баҳодиҳии сифати таҳсилоти томактабӣ, густариши барномаҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони 5-6-сола, баланд бардоштани сатҳи тайёрии кадрҳои соҳавӣ ва фароҳамсозии шароити баробар барои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус пешбинӣ шудаанд.

Аз таҳлили далелу рақамҳо бармеояд, ки давлат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ба рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳамоварии шароит баҳри донишандӯзии кӯдакон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Тавре болотар иброз доштем, зинаи таҳсилоти томактабӣ ҳамчун таҳкурсии асосии рушди шахсият ва ҷомеаи пешрафта мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, сармоягузорӣ ба он сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ гардидааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти давлат ба ин зинаи муҳимми таҳсилот, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, такмили заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиён имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон аз синни барвақтӣ ба донишандӯзӣ, худшиносӣ ва рушди ҳамаҷониба ҷалб гарданд.

Илова бар ин, тадбирҳои андешидашуда дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ имкон медиҳанд, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти босифат сол то сол афзоиш ёбад. Дар кӯдакистонҳо муҳити солими тарбиявию таълимӣ ташаккул ёфта, ба рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии кӯдакон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамкории зичи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо волидон ва ҷомеа самаранокии раванди тарбияро боз ҳам тақвият мебахшад. Дар чунин шароит кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба камол мерасанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки идомаи чунин сиёсати оқилона ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳа рушди устувори таҳсилоти томактабиро таъмин намуда, дар дарозмуддат ба ташаккули ҷомеаи пешрафта, соҳибмаърифат ва рақобатпазир заминаи боэътимод мегузорад.

Бо таваҷҷуҳ ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, хусусан, таҳсилоти томактабӣ бо боварии комил метавон гуфт, ки идомаи ин сиёсати ҳадафманд заминаи устувори рушди инсонӣ ва пешрафти давлатро тайи даҳсола ва садсолаҳо таъмин хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *