Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
рӯзноманигор,
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дониш ё адаб? Ин суоли баҳсбарангез мисоли ба хонаи занбӯр чӯб халонданро мемонад ва ҳамаро ба баҳсу мунозира мехонад. Каманд касоне, ки худро аз ин мубоҳиса канор гиранд. Мубоҳисаю мунозира сари ин мавзуъ солҳо идома дорад. Гурӯҳе илму донишро муқаддам мешуморанд, иддае тарбияву адабро боло мегузоранд. Зумрае мегӯянд, ки донишу тарбия мисоли ду паллаи як тарозуянд, яъне, ҳамшафату баробаранд ва аз рӯйи адолату инсоф тарбияву дониш ҳамқадаманд. Ҳар кадоме аз онҳо барои исботи дурустии андешаи худ далелу мадраки зиёде ҷамъ овардаанд. Бо вуҷуди ин, баҳс тамом нашудааст ё саҳеҳтар бигӯем, ҳаргиз тамом намешавад. Бештар ин мунозираҳо зеҳни фарзандони моро машғул медоранд. Онҳо ин матлабро фаҳмидан мехоҳанд, ки барои инсон тарбия доштан беҳтар аст ё доно будан. Ҷавоби дуруст ба ин пурсиш ба онҳо имкон медиҳад, ки аз байни ин ду падида – адабу дониш чизи авлотарро интихоб намоянд ва онро сармашқи кору машғулияти иҷтимоии худ созанд.
Замони донишҷӯӣ як устод ин байти бузургвор Абдурраҳмони Ҷомиро пайваста такрор мекард, барои ҳамин то кунун аз ёдам нарафтааст:
Дор адаби дарси муаллим нигоҳ,
То нашавӣ таблаки таълимгоҳ.
Адиб беадабро ба таблаке монанд мекунад, ки танҳо бо зарбу лат ба наво дармеояд. Беадаб низ ҳамеша мавриди сарзанишу накуҳиши дигарон аст.
Бузургони илму адаби тоҷик донишомӯзиро кори муҳимму арзишманд мешуморанд ва дар баробари ин, ба касби адабу ахлоқ таваҷҷуҳи бисёр доранд. Дар ашъори мансуб ба Ҷалолуддини Балхӣ адабу ахлоқ чунин тавсиф шудаанд:
Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон
адаб аст,
Одам аз олами улвист, шарафи ҷон
адаб аст.
Чанд рӯзе, ки дар ин хонаи тан меҳмонӣ,
Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар абёти зер мақоми адабро чунин васф кардааст:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Ахлоқи Муҳсинӣ” ҷиҳати бузугдошти адабу ахлоқ овардааст: “Адаб сиёнат (нигоҳдорӣ)-и нафс аст, аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ дошта ва обрӯйи худу дигарон нарехтан аст. Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи рост дошта бошӣ”.
Бузурге дигар мефармояд: “Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб кардан аст”.
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.
Аз ҳамин гуфтаҳо равшан мегардад, ки фарзанди мо шояд нахонад ё пешравиаш дар омӯзиши дониш қаноатбахш набошад, вале агар тарбияи хуб гирифта бошад, зиндагиашро пеш бурда метавонад. Дар ҳикмати халқӣ омадааст: “Фарзанд азиз, адабаш аз вай азизтар…”
Албатта, дар ҳикмату фазилати гузаштагон ҷойи шубҳаву тардид нест. Аммо барои донистани фикру андешаи муосирон дар бораи одобу ахлоқ бо як-ду тан аз аҳли адаб ҳамсуҳбат шудем.
Нахуст бо ин савол ба доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён муроҷиат кардем. Мавсуф ба ин савол чунин ҷавоб гуфт: “Тарбия аз одам инсон месозад, бе таълим метавон зиндагӣ кард, аммо бе тарбия ба ҷое наметавон расид”. Аз нигоҳи ӯ, сар задани ҳар гуна муноқишаҳо, бадрафтории хонандагон, беҳурматӣ нисбат ба калонсолон далели он аст, ки тарбияи мо муассир нест ва барои тарбияи солим муҳите созгор созмон бояд дод. Падару модар бояд ба тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро фарзанд танҳо 6 соат дар мактаб ба касби таълиму тарбият машғул мешавад, тайи 18 соат пеши падару модар аст.
Кори таълим муҳим аст, вале тарбия муҳимтар. Олими рус Д.И. Менделеев дар робита ба ин масъала гуфтааст: “Таълиме, ки бо тарбия ҳамоҳанг нест, ба ин монанд аст, ки ба дасти аблаҳе теғ дода бошанд».
Бояд гуфт, ки ин масъала дар каломи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо як шеваи дилпазир асрҳо пеш баён шуда буд:
Теғ додан дар кафи зангии маст,
Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон
Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.
Аз сӯйи дигар, интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба зеҳни хонандагону наврасону ҷавонон сахт таъсир мегузоранд. Онҳо арзишҳои беҳтарини тарбияи суннатиро аз байн мебаранд. Имрӯз нишонаҳои расму таомули тоҷикона – одоби салом, эҳтироми якдигар ва монанди инҳо дар маъракаҳои мардумӣ камтар мушоҳида мешаванд.
Беҳроншо Ҷумъа, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мегӯяд, ки «адаб бояд дар ҷойи аввал бошад, зеро шахси бетарбия ба ҷомеа бештар зиён мерасонад. Бинобар ин, тарбияи фарзандро кори одӣ набояд пиндошт. Хонандаю донишҷӯй бояд ба омӯзгор эҳтироми асилу табиӣ дошта бошанд, на сатҳиву рӯякӣ. Беҳурматӣ ба муаллим гувоҳи беадабу бетарбия будани хонандаву донишҷӯй аст. Аз ин сабаб, тарбия дар ҷойи аввал меистад ва таълим мақоми дуюм».
Хулоса, ҳусну зеби инсон адабу ахлоқ буда, сиришти наку аз сурати зебо сад бор беҳтар аст. Дар охир, гуфтори худро бо байти зебои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷамъбаст мекунам:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
