Мавҷуда ХУҶОВА,
ходими пешбари илмии
Маркази мероси хаттии назди раёсати
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Донишу маърифат асоси рушди фикрии инсон буда, ҷаҳонбинии ӯро васеъ мегардонад. Бо афзудани дониш, қобилияти таҳлил ва ҳаллу фасли мушкилот низ беҳтар мешавад. Ин раванди маърифат ба инсон боварӣ бахшида, ӯро ба қабули қарорҳои дуруст ҳидоят мекунад. Дар ҷомеае, ки дар он дониш қадр мегардад, ба пешрафти иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ асос гузошта мешавад. Аз ин рӯ, дониш сармояи пойдорест, ки арзиши худро ҳаргиз аз даст намедиҳад ва ба пешрафти ҳар як насл мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо ба шумор меравад. Сармояи асосии ҳар миллат донишу маърифат аст. Маҳз мо — олимон ва омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки ба кӯдакон ва наврасон аз зинаи аввал сар карда, таълиму тарбияро хуб ба роҳ монем, то ки насли ҷавонро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ тарбия намоем.

Бунёди оилаи солим ба зан-модар вобастагии калон дорад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занон ва модарони тоҷик ҳамеша такя менамоянд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд: “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату адолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”. 

Ҳар қадар, ки фарзандони мо аз хурдсолӣ дар фазои ороми оила тарбия ёбанд ва аз тамоми моҳияти тарбия бархӯрдор гарданд, ҳамон қадар соҳибақлу соҳибмаърифат шуда, дар ҷомеа мавқеи хешро пайдо мекунанд ва ба ягон гурӯҳҳое, ки ҷомеаро ба ақиб мебаранд, шомил намегарданд. Баръакс, агар фарзанди ноболиғ дар фазои ноороми оила ба воя расад ва аз моҳияти тарбия бархӯрдор нагардад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷамъият мавқеъ пайдо карда наметавонад ва роҳи оворагардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, дуздӣ ва дигар амалу одати зиштро барои худ интихоб мекунад.

Яке аз сарчашмаҳои гаравидан ба равияҳои тундгаро ин коста будани сатҳи таълиму тарбия ва худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон аст, ки аз зинаи мактабӣ, муҳити атроф ва бемасъулиятии волидон дар таълиму тарбияи фарзандон оғоз мегардад. Гурӯҳҳои тафриқаандоз чунин ҷавонони камдонишу гумроҳро ба сафи худ ҷалб намуда, бо ҳадафи расидан ба ҳадафҳои манфуронаи хеш ақидаҳои ифротиву тафриқавиро дар зеҳну шуури онҳо ҷой мекунанд. Имрӯз воситаҳои техникӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ фазои озодро барои паҳн гардидани муҳтавои нодуруст ва ақидаҳои иртиҷоиву хатарнок фароҳам овардааст. Агар ҳар фарди имрӯза ақли солим, зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандориву ватандӯстии комил надошта бошад, зери таҳдиди гароиш ба ин гурӯҳу равияҳо қарор мегиранд. Маҳз ҷавонон бояд донанд, ки равия ва ҷараёнҳои тундгаро, экстремистӣ ва террористӣ ҳеҷ гоҳ ҳадафи нек надошта, гаравидан ба онҳо хиёнат ба Ватан, миллат, ҷамъият ва оила аст. Албатта, афроди соҳибдонишу ботарбия ҳеҷ гоҳ ба миллату Ватан хиёнат накарда, баръакс, бо равияҳое, ки авзои дохилии кишварро ноором месозанд, мубориза мебаранд. Ҳар қадар, ки насли ҷавони миллат босаводу доно бошад, ҳамон қадар миллат пешрафтаю сарбаланд хоҳад буд.

Мо ҳанӯз даҳшати ҷанги дохилиро фаромӯш накардаем ва набояд аз ёд барорем, зеро ин як саҳифаи хунину ғамбори таърихи мост. Агар вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он замон ва имрӯзи кишварро бо ҳам қиёс намоем, амиқан дарк мекунем, ки неъмати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, оромиву осоиш ва сулҳу субот то чӣ андоза арзиши  баланд  доранд. Дар пайравӣ аз  сиёсати созанда ва ваҳдатофари Ҳукумати кишвар ҷаҳонбинии насли имрӯз ташаккул ёфта истодааст. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки донишу ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза аз ҷавонони даҳаи қабл хеле баланд аст.  Насли ҷавони имрӯза чун меваҳои истиқлол барои андӯхтани донишҳои техникӣ, рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ, забономӯзӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ талошҳои созгор доранд. Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандони фарзонааш ифтихор мекунад. Маҳз заҳмат ва талоши фарзандони фарзонаи миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори баланд гардидааст.

Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо дар ҷомеа баъзе масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли онҳо вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат ба шумор меравад. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари падидаҳои нек, як қатор урфу одат ва унсурҳои барои фарҳанги мо бегонаро дар ҷомеа густариш дода, бо ин роҳ фарҳанги миллии моро зери таҳдид қарор додааст. Бегонапарастӣ дар пӯшидани либос, таассуби динӣ, боварӣ ба хурофот, худхоҳиву худпарастии бемавқеъ ва  гароиш ба фарҳанги бегона аз масъалаҳоест, ки боиси осебпазирии ҷомеа мегардад. Аз ҷумла, як зумра ҷавондухтарон бо ақоиди хурофотӣ рӯ ба фарҳанги бегона оварда, арзишҳои миллиро, ки аз гузаштагони фарҳангпарварамон ба мерос мондаанд, нодида мегиранд, ки ин боиси таассуф буда,  ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани таъсиргузории чунин равандҳои номатлуб, ки хатари ҷиддӣ ба рушди ҷомеа ва ахлоқ маҳсуб мешаванд, бояд донишу маърифат ва ҷаҳонбинии илмии муосир ва худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон баланд бардошта шавад.

Ниҳоят, силоҳи қудратманди ягона ва муассир дар асри нав, яъне, асри ХХ1 танҳо ва танҳо донишу маърифат аст. Бо мусаллаҳ шудан ба илму дониш метавонем алайҳи хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ҳуҷумҳои фарҳангӣ, таҳдиди экстремизму терроризм мубориза барем. Дар ин роҳ саводнокӣ, фарҳангу маънавиёти баланд ва зиракию ҳушёрии сиёсии ҳар як нафар нақши ҳалкунанда дорад. Тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад».

Ҳамаи мо вазифадорем, ки ин таъкиди Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем ва аз он дарси ватандӯстӣ андӯзем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *