Мубашшир АКБАРЗОД,
ходими калони илмии Институти забон
ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таҳлили як шеъри устод Рӯдакӣ

ашъори вай ҳам дар ҳамин вазн гуфта шудааст ва ин нишон медиҳад, ки ин вазн ба табъи ӯ созгор афтода будааст.

Шеъри мазкур бо мисраи дуоии «Дер зиёд он бузургвор худованд!» оғоз мешавад ва бо ҳамин зебоию хушоҳангӣ то охир идома меёбад. Аввалин чизе ки аз ин шеър ба зеҳни шунаванда мерасад, оҳанги он аст. Ин оҳанг он қадр дилнишин аст, ки агар аз матни шеъри мавриди назар сарфи назар шаваду ба ҷои калимоти он танҳо мусиқӣ ё оҳанги ин вазн гузошта шавад ҳам, зебоияш кам нахоҳад шуд, ба таври мисол, ба ҷои матн замзама кунем: Лай-ла-ла-лай-лай ла-лай-ла-лай-ла-ла-лай-лай!

Аз тавоноиҳои устод Рӯдакӣ дар ин шеър баъзан ба кор бурдани сактаи малеҳ аст, ки дар кори шоирӣ ҳунар ба ҳисоб меравад ва на ҳар шоир метавонад аз уҳдаи чунин коре барояд. Ин равишро дар мисраъҳои 2, 3, 4, 11, 26 метавон дид, ки миқдору тартиби ҳиҷоҳошон бо вазни аслии шеър тафовут дорад, яъне, ба ҷои ду ҳиҷои кӯтоҳ як ҳиҷои дароз омадаву табиист, ки миқдори ҳиҷоҳо якто кам шудааст. Аз нигоҳи овоз ҳам дар ин шеър овози «о» бартарӣ дорад, ки онро хушоҳанг кардааст, баъд овозҳои дигар, мисли «д», «р», «м», «н», ки ҳар яке дар таъмини хушоҳангии шеър саҳм доранд. Дигар қофияи шеър аст, ки онро хушсадову гӯшнавоз кардааст: ҳамқофия омадани калимаҳои худованд, пайванд, фарзанд, хирадманд, чанд…ба оҳанги он афзудааст.

Акнун, биёем ба таҳлили ҳунарии шеър:

Дер зиёд он бузургвор худованд,

Ҷони гиромӣ ба ҷонаш-андар пайванд!

Дар ин байт шоир дар ҳаққи мамдуҳ (шахси мадҳшаванда)-и худ дуо мекунад, ки «умри он худованди бузургвор (шоҳ) дароз бод, зеро ҳастии ман вобастаи ҳастии ӯст ва ҷони ман ба ҷони ӯ пайванд аст, агар ӯ нест, ман низ нахоҳам буд».

Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к

Модари озодагон кам орад фарзанд.

Шоир дар ин байт мамдуҳи худро аз табори озодагон ба қалам медиҳад ва мегӯяд, ки «Доим барои ҷони ӯ меларзам, ки мабодо осебе ба ӯ бирасад, зеро ки ӯ аз табори озодагон асту онон камшуморанд». Устод Рӯдакӣ дар ин байт маҳорати олии суханварӣ ба кор бурда, матлаби худро навъе печида баён кардааст. Вай гуфтанист, ки озодагон камшуморанд ва ҳаргиз ба он маънӣ нест, ки модари озодагон фарзанд кам меорад, балки ба ин маънист, ки озодагон кам ба дунё меоянд.

Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне

Роду сухандону шермарду хирадманд.

Дар ин байт гӯянда қаҳрамони худро ба родию сухандонию шермардию хирадмандӣ, ки хосси шоҳон бошад, васф мекунад.

Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,

Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд!

Дар ин байт тавсифро идома медиҳад ва барои зебоии суханаш бо истифода аз санъати тарсеъ калимаҳои таркиби мисраъҳоро мувозӣ қарор медиҳад: кас нашиносад ҳаме – халқ надонад ҳаме; кӯшиш– бахшиш; чун — чанд.

Дасту забон зарру дур(р) пароканад ӯро,

Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд.

 Маънии ин байт каме печида аст, зеро шоир аҷзои онро тавре гузоштааст, ки дарёфтани манзураш андаке мушкил мешавад. Дар нигоҳи аввал дуруст намешавад фаҳмид, ки соҳиби «дасту забон», ки шоир овардааст, кист. Ибтидо чунин ба назар мерасад, ки дасту забон дасту забони мамдуҳи шоир аст, ки зарру дур(р) мепароканад. Аммо чунин нест, зеро ин ҷо забон забони худи шоир асту даст дасти шахси мавриди зикри ӯ, яъне, шоир як феъл (пароканад)-ро ҳамзамон, барои ду шахс ба кор бурдааст. Вай мегӯяд, ки чун мамдуҳи ман дасти ҳиммат боз мекунад, дур(р) мепароканад ва аз забони ман ҳам дур(р), яъне, шеър мерезад ва ман дар ивази саховате, ки мамдуҳам дар ҳаққи ман мекунад, номашро ба ҷаҳон мепароканам, яъне, машҳур мекунам. Шоир дар ҷои дигар ба ҳамин монанд мегӯяд:

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,

Расад марҳабо аз замину замонам.

Байти дигар:

 Дар дили мо шохи меҳрубонӣ биншост,

 Дил на ба бозӣ зи меҳри хоста барканд.

 Дар ин байт «шохи меҳрубонӣ» ташбеҳи изофист ва шоир меҳрубониро ба шохи дарахт монанд кардааст. «Хоста» ба маънии сарвату дороист. Ин байт матлаи як ғазали Хоҷа Ҳофизро ба ёд меорад, бо ин тафовут, ки баёни Рӯдакӣ хабаристу аз Ҳофиз амрӣ: Дарахти дӯстӣ биншон… Дар ҳар ду маврид санъати тазод ба кор рафтааст.

Байти дигар:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд.

 Дар ин байт шоҳиди тасвирҳои зебо мешавем: шоир аввал ду падидаи зеҳнӣ (фахру ҳаммат)-ро ба ду падидаи зеҳнии дигар (муаммо ва шарҳи он) ва дар мисраи дувум ду падидаи зеҳнӣ (фазлу сират)-ро ба ду падидаи айнӣ (Абисто ва Занд), ки дувумӣ шарҳи аввалист, монанд кардааст, ки хеле устодона воқеъ шудааст.

 Гарчи бикӯшанд шоирони замона,

 Мадҳ касеро касе нагӯяд монанд.

 Шоир ин ҷо мегӯяд, ки агар ҳамаи шоирон дар тавсифи ту шеър бигӯянд, васфатро адо натавонанд кард, зеро дар муқобили сифоти неки ту сухани онҳо камарзишу ноқис хоҳад буд. Ин ҷо манзур аз «касе»-и аввал мамдуҳи шоир аст ва «касе»-и дувум ҳамаи шоирон.

Дигар:

Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,

Чунки ба оин-ш Панднома биёганд.

Дар идома сирати мамдуҳро ба ваҳйномае, ки ба Анӯшервон фиристода шуд, монанд мекунад ва аввалиро дар мақоми пайғамбар мегузорад, ки фиристодани нома аз ҷониби ӯ буд. Дар идома сирату хӯйи шоҳро пандномаи аслӣ (дастури зиндагӣ) ба қалам медиҳад, зеро ки имрӯз ҳама кору рафтораш шоистаи пайравист:

Сирати он шоҳ пандномаи аслист,

З-он ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд.

Шоир касонеро, ки аз иқболи ин мамдуҳ ношод мешаванд, асоси бадбахтиҳо мешуморад. Зимнан, мутазод овардани идбор ва иқбол, ки ҳамвазнанд, ба оҳанги сухани шоир афзудааст:

 Кист ба гетӣ хамирмояи идбор?

 Он ки ба иқболи ӯ набошад хурсанд.

Барои тақвияти андешаи худ аз сари танз хитоб ба ин бадхоҳон мегӯяд, ки агар кушоиши кори мамдуҳи маро намехоҳед, роҳи халосӣ аз ин дарди сар танҳо якест: бояд дасти рӯзгорро бибандед, то ин ҳама саховату ҳиммату хуширо аз ӯ бигирад, ки албатта, ин кор шуданӣ нест:

 Ҳар кӣ нахоҳад ҳаме кушоиши кораш,

 Гӯ: Бираву дасти рӯзгор фурӯ банд!

 Шоир бо истифода аз санъати тарсеъ вожагони байти пеш аз мақтаъи шеърро мутавозину мутавозӣ овардааст, ки ба суханаш оҳанги хуше бахшидааст: малак – фалак, дӯстон – душманон, ҳаменоз – ҳамеханд:

 Эй малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз,

Эй фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд!

 Ниҳоят, шоири бузург ин шеъри тулонии васфиро бо ҳамон лаҳну оҳанги зебое ба поён мебарад, ки оғоз карда буд ва чӣ дилнишин раддулматлаъро ба кор мебараду мегӯяд:

Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам:

Дер зиёд он бузургвор худованд!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *