Томирис КИШВАРЗОДА,
магистри соли дуюми ДДСТДТ

Дидан намудан аз коргоҳи рассом рӯйдодест, муҳимму босамар ва хотирмон. Махсусан, барои онҳое, ки ҳаққи шогирдӣ дошта, ҳамакнун вориди фаҳму дарки заҳамоти ҳирфаи мусаввириро менамоянду баҳри вусъату  тавсеабахшии ҷаҳонбинию биниши хеш талош меварзанд, равандест, ниҳоятан муҳим, зеро пешаи рассомӣ дунёест, рангин, оламест зебоӣ, равандест офаранда.

Шогирдон бо ворид шудан ба коргоҳи рассомон, аз сирру асрори рассомӣ, дунёи андешаҳои фарогири ӯ, афкору дарки олами ҳастии рассом, фалсафаву тахайюлоти ӯ ва дунёи ботинии рассом ошно мегарданд. Кӣ будани мусаввири касбӣ ва чӣ будани заҳмати рассомиро беҳтар дарк хоҳад кард. Ин таҷриба як раванди педагогӣ буда, шогирдро ба дунёи эъҷоз ва бо эҳсоси воқеии офарандагӣ ошно месозад.

Рассомони ҷавон бештар аз коргоҳи мусаввирони соҳибмактаб дидан намуда, таҷрибаи бою шеваи нигориши кори онҳоро меомӯзанд, аз таассуроташон бо устодони чирадаст ҳамсуҳбат мешаванд, маслиҳатҳои муфидеро баҳравар мегарданд ва бо ҳамин, дар ҷодаи мусаввирӣ, ки шоҳроҳи афкору ҳунару истеъдод аст, қадамҳои ҷасурона мегузоранд.

Дар яке аз рӯзҳои фараҳбахшу накуфол моро рассоми чирадасти соҳибмактаб, омӯзгори соҳибтаҷриба ва инсони равшанзамир Раҳим Сафаров ба коргоҳи хеш даъват намуд. Баробари ба коргоҳ ворид шудан, аз даромадгоҳи коргоҳ фазои махсусу дигаре ҳис карда мешавад. Равзанаҳои калонҳаҷм, ки равшании табииро вориди коргоҳ месозанд, онро мунаввар мекунад ва теъдоди зиёди гулҳои хонагӣ ҳавои онро матлубу фазояшро фараҳбахш месозанд.

Деворҳои коргоҳро осори офаридаи устод Раҳим Сафаров фаро гирифтаанд, ки ҳар кадоме аз он таъриху сарнавишти худро доранд. Пояҳои рассомие чанд, лавҳи мусаввирӣ, мӯқаламҳои бешумори гуногунҳаҷм ва гунаҳои мухталифи рангҳои дохили коргоҳ аз вуруди издиёди илҳоми нигорандагии мусаввир огаҳӣ медиҳанд. Коргоҳи устод бо ин ҳама шароити мавҷуда, худ илҳомбахши рассоманд, дар қалби пурасрори рассом таҳрике баҳри эҷоди осор падид меоранд, ки туғёни баҳру уқёнусҳоро шабеҳ аст.

Раҳим Сафаров аз шумори рассомони маъруфи тоҷик мебошад, ки соли 1951 дар пойтахти азизамон шаҳри зебои Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ба Донишкадаи давлатии рассомии Литва (Академияи рассомии Вилнюс) дохил мешавад. Донишкадаро бомуваффақият хатм карда, ба макони аввалияи дар ҷодаи ҳунар раҳнамунсозаш — Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов баргашта, пешаи омӯзгориро оғоз мекунад.

Мавсуф барандаи ҷоизаи Комсомоли ленинӣ ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон аст. Осори ин омӯзгор-рассоми меҳнатқарин Нигористони Третяков, Осорхонаи Санъати халқҳои Шарқ (Москва), Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои шахсӣ дар ИМА, Канада, Олмон, Фаронса, Норвегия ва Англияро зиннат мебахшанд.

Миёни осори дар коргоҳбудаи мусаввир «Руъёи модар» таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд. «Руъёи модар» аз сидқи дил офарида шуда, дар тасвир Модаре, ки ба равшании абадӣ наздик мегардад, аз фарзандонаш таскинбахшона хоҳиш дорад, ки аз ӯ, аз тақдираш дар ташвиш набошанд, орому хуш зиндагӣ кунанд, хотири модарро бо амалҳои писандидаву накуяшон масрур гардонанд, руҳашро мушавваш насозанду оромаш бигзоранд, назди Ҳақ шармсораш нагардонанд. Дар ин тасвир нишон дода шудааст, ки Модар тасфиякунандаи амалҳои ҷигарбандон аст; Модар бузургу нигаҳдорандаи гармии хонадон аст; Модар фаришта аст!!!

Дар маркази тасвир Модар шабеҳи фариштаи болдор қарор дорад, ки ҷониби самои нуронӣ парвоз менамояд. Дар қисмати поёнии тасвир торикиву тирагӣ, ки тимсол ва рамзи тақдири сангину озмоишҳои азиятбори зиндагие, ки Модар аз сар гузаронидааст, инъикос гардидааст.

Асар, воқеан ҳам, дар сатҳи баланд эҷод шудааст ва онро рассом, махсусан, барои қалбу диду руҳи худ тахсис дода, маҳфуз нигоҳ медорад. Шояд бо ин сирре нуҳуфта дошта бошад, сирре, ки рабти бевосита ба дуои Модар бастагӣ дорад, дуое, ки ба ҳар кас муяссар намегардад.

Асари дигаре, ки дар ин коргоҳи ҳунарӣ инсонро бехудогоҳ ба дунёи афкор мекашонад, мусаввараи «Хаёлпарастони ятимхона» аст. Ин асар фарогири чеҳраҳои зиёд-нуҳ тан ва шояд бештар аст. Дар байни асар мизе тасвир шуда, ки рӯйи он аквариум қарор гирифтааст, ки дар дохилаш моҳии заррин дар шиност, тасвир ёфтааст. Даври миз кӯдакони ятимон гирд омада, нигоҳҳои андешадорашон ба ҳар тараф равона шуда, хаёлоти кӯдакияшон ба сӯйи дунёи пурасрори афсонаву муъҷизаҳост.

Асар мавзуи мубрами айём-сарнавишти кӯдаконеро нишон додааст, ки тақдир дар ин синни ширинии ҳаёт ба ятимӣ вогирашон сохтааст. Шеваи пешгирифтаи рассом имкон медиҳад, ки ҳолати воқеӣ дуруст дарҷ ёбад. Моҳии заррине, ки дохили аквариум қарор дорад, рамзи умеду орзуҳост ва танҳо ҳамин унсури муҳимму гиреҳкушои муҳтавои асар ба шумор меравад. Аз чӣ сабаб бошад, ки бошандагони ятимхонаро тамоми ҳаёт сарнавишти сангин ҳамқадам мегардад. Шояд ин ҳама ба дигарон имтиҳону сабақи заҳрогини зиндагӣ бошад.

Рассом сюжетҳои мураккабе аз зиндагӣ пайдо намуда, пайи эҷоди асаре мегардад. Ӯ кӯшиш менамояд, ки падидаҳои манфиву азиятбори зиндагиро нигорад, ҳамагонро бо онҳо ошно созад, пайи кам кардан ва аз байн бурдани мушкилоти сангини ҳаёт аз бинандагон даъват карданист, баҳри баробариву бародарӣ миёни фарзандони Одам, барои созандагии оламу ҳаёти пурнишоту пурмасрур ҳаммаром бошанд. Рассом дар интихоби мавзуъ озод аст ва ҳамчун ҷузъи ҷомеа хешро берун аз он тасаввур кардан, барояш бегонаву ноошност.

Баҳсҳои эҷодӣ атрофи ин ҳама як мусаввара ва навои мусиқии классикӣ фазои коргоҳи устодро фаро гирифта буданд, ки ҳар сонияи он китоб асту дарс. Раҳим Сафаров моро ба он ҳавасманд месохт, ки дар ҷодаи эҷод устувору собитқадам бошем, рисолати хешро сарбаландона амалӣ гардонем. «Мунтазири фаришта шудан даркор нест, ки бароят паймон расонад. Меҳнат ягона роҳест ба басорат»-дар яке аз лаҳазоти суҳбат баён дошт устод.

Ҷодаи тайнамудаи устод, воқеан, як масири мушкилу сангин аст, ки ӯ сипарӣ намуд ва ҳамчун як рассоми соҳибкасбу соҳибҷода ташаккул ёфтааст. Имрӯз рассомро бо тамоми маънӣ Рассом метавон дид ва осори ӯро осори як рассоми соҳибшева метавон ҳисобид. Ӯ ин айём, ки аз ҳаёт таҷрибаи бое андӯхтаасту натоиҷи он ҳамаро тариқи осораш манзури бинандагон мегардонад; қаламашро то ҳадди ниҳоӣ баҳри эҷоду офариданҳо мебахшад. Раҳим Сафаров ҳамчун падари ғамхору мушфиқ, омӯзгори сахтгиру серталаб ва дар навбати худ меҳрубон ва намунаи ибрати рассомони ҷавон мебошанд. Мактаби ӯ ба шогирдон-рассомони ҷавон омӯзанда аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *