Ҷавонмеҳр ИСМАТОВ,
омӯзгори Коллеҷи тибби шаҳри Панҷакент

Ҳамасола дар сартосари кишвари азизамон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қайд карда мешавад. Таҷлили Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад.

Арҷгузорӣ ба Рӯзи донишу баргузории Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар марҳалаи таърихӣ доир мегардад. Зеро сокинони шарафманди Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талоши қавӣ омодагӣ дида, дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи Пешвои миллат саҳми назаррас гузошта, дар фазои сулҳу субот ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо руҳияи созандагиву бунёдкорӣ кору зиндагӣ доранд.

Барои аҳли зиё ва мардуми хушиқболи мо ин нукта равшан аст, ки дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, аҳаммияти он дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон, рушду нумуи кишвари биҳиштосоямон калидӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, рухдоди фараҳбахшу созанда – Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш беҳтарин имконест, ки зимни баргузории он нақши сулҳу субот дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат бо дарназардошти аҳаммияти хоссаву ҳаётӣ доштани сулҳу субот барои ҷомеаи башарӣ зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30.08.2025) таъкид доштанд: “Чунонки мушоҳида мекунем, вақтҳои охир вазъи геосиёсии сайёра бо сабаби талошҳои бесобиқаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, ташкили тартиботи нави ҷаҳонӣ ва дигар равандҳои хатарнок ниҳоят мураккабу ҳассос гардида истодааст. Дар чунин вазъият, ки амнияти ҷомеаи башарӣ ва ҳатто, истиқлолу озодии кишварҳо зери хатар қарор дорад, қадру манзалати сулҳ ва аҳаммияти суботу оромӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Дар натиҷаи ҷангу мухолифатҳои мусаллаҳона миллионҳо нафар сокини кишварҳои гуногун тарки Ватан карда, ҳазорҳо нафар, аз ҷумла, кӯдакону наврасон ҷони худро аз даст доданд ва мутаассифона, ин вазъияти хатарнок идома дорад. Чунин ҳолати бесарусомон таъсири манфии худро бевосита ба раванди таълиму тарбияи наслҳои наврасу ҷавон расонида, ҳоло миллионҳо нафар кӯдакон аз ҳаққи таҳсил маҳрум гардидаанд. Дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона ва талош ба хотири сулҳу осоиш мегардад”.

Дар ҳошияи ин таъкиди дурбинонаи Пешвои миллат метавон гуфт, ки Дарси сулҳ чун  дарси садоқату ватандорӣ заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву оромӣ ва амонии кишвар гардида, чун як армуғон ё туҳфаи арзишманди Пешво, мо ва наслҳои моро ба сӯйи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.

Воқеан, баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро  дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд. Маҳз ин омил ба ташаккули зеҳнии насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.

Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифат ва дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорҳо наврасу ҷавон ба остонаи боргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳаммияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳ даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то ки насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Дарвоқеъ, бе ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои муосир ба ҳадафҳои неку ояндасоз ноил шудан мушкил гардида, таъмини рушди минбаъдаи сармояи инсонӣ низ мураккаб мегардад. Дар иртибот ба ин мавзуъ, набояд фаромӯш сохт, ки ояндаи ободи Ватан ба донишандӯзии имрӯзаи наврасону ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Бо дарки ин масъала, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустин ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон аҳаммияти зарурӣ зоҳир намуда, заминаҳои моддиро ҷиҳати рушди босуботи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мустаҳкам гардонид.

Истиқлоли давлатӣ яке аз дастовардҳои беназири миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар роҳи давлатдориву давлатсолорӣ баъд аз ҳазор сол маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои миллати тоҷик муяссар гардид. Ба миллати тоҷик имкон даст дод, ки волотарин арзиш — Истиқлоли давлатии хешро таҳким бахшад ва дар заминаи он ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардад ва ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузорад.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне, насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имконҳои заруриро фароҳам овардааст».

Баёни ин нукта ба маврид аст, ки тамоми тадбирҳои амалигардонидаи Ҳукумати мамлакат, аз қабили ташкилу ба роҳ  мондани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон дар назар дошта мешавад.

Бо ифтихор, шарафмандӣ ва садоқат ба халқу Ватан дар атрофи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, сараввал, таърихи гузаштаи миллат, осори адабии гаронбаҳову оламшумули ниёгонамонро чун ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил, сарчашмаи пурғановат, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва мардумони дигар нақши пурарзиш бозидааст, омӯхта, дастуру раҳнамоиҳои Сарвари кишварро сармашқи кори худ қарор дода, бо роҳи татбиқи донишҳои омӯхтаамон, дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошем.

Бо роҳнамоӣ ва дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат соҳаи маориф марҳала ба марҳала пеш меравад, мақоми омӯзгор афзуда, музди кори кормандони соҳа зиёд мешавад ва ба онҳо имтиёзҳои бештар муқаррар мегардаду ислоҳоти соҳаи маориф боз ҳам вусъат меёбад.

Дар фарҷоми андешаҳои хеш таъкид мекунам, ки мо — аҳли маорифи кишвар имсол низ соли нави таҳсилро бо омодагии комил, азму иродаи қавӣ ва бо шукргузорӣ аз истиқлолу ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтем ва мекӯшем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон – ояндасозони миллат боз ҳам саҳми боризу мондагор гузорем. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *