Субҳ. Ҳаво сард ва меҳолуд буд. Боди саҳарӣ бӯйи нони гарму шириниҳои фурӯшгоҳи назди бозорчаро ба дуриҳои дур мебурд. Мардум оҳиста-оҳиста аз хоб бедор мешуданд. Сангрезаҳои канори роҳ дар зери нурҳои офтоби субҳгоҳӣ медурахшиданд…
Одамон шитоб доштанд. Яке ба кор мерафт, касе дидорбинӣ, дигаре ба мактабу донишгоҳ…
Аз рӯйи одат, аз холаи фурӯшанда, ки зани бисёр меҳрубону ширинзабон аст, як ширинии хурд харидам. Табассуми ӯ шодӣ бар дилам афзуд. То ба роҳи калон қадам задамзанон рафтам. Ҳаври нафасам дар меҳи субҳгоҳӣ нопадид мешуд.
Ба хатсайри лозимӣ нишастам. Мошин пур буд. Мусиқӣ баланд, гуфтугӯи нишастагон бо садои чархи нақлиёт ба ҳам мепечиданд. Дар охирин нишастгоҳ зани солманде дидам. Мӯйҳои сафед, айнак дар чашм ва китобе дар даст дошт. Ӯ мехонд, гӯё тамоми шӯру ғавғо ва садои атрофро намешунид ё шояд ба он одат кардааст. Ба омӯзгор монанд буд. Ҳар саҳифаи китоби дасташро бо эҳтиёт варақ мезад ва табассуми малеҳ лабонашро зеб медод. Ба назарам, ӯ мисли офтобе буд, ки аз миёни абрҳо ба шаҳр рӯшноӣ мебахшад.
Мехостам ин сафар тулонӣ бошад. Аммо ҳамагӣ ду истгоҳ пас мошин бозистод. Зани солманд китобро пӯшида, ба кифаш гузошт ва бо тамкину оромӣ фаромад. Ҷояш холӣ шуд. Мисле, ки фазо ҳам тағйир кард.
Дар истгоҳи навбатӣ, духтараке тахминан ҳафт ё ҳаштсола бо модараш нишастанд. Ҷузвдонашро модараш мебардошт. Китобе дар дастони нафису хурди кӯдаконааш буд, ҳамон тавр ки чанд лаҳзае пеш он зани солманд дошт. Саҳифаҳоро бо ангуштони нозукаш мегардонд ва бо овози паст мехонд. Модар бо табассум ба ӯ менигарист, сари духтаракро сила мекард ва ҳар гоҳе кӯдак калимаеро нодуруст мехонд, сабурона ислоҳаш менамуд. Дар миёни садоҳои гуногун боз ҳамон манзараи дидаам такрор шуд.
Ман ба он модару духтар бо шавқу ҳавас менигаристам. Бо иҷозати модараш, шириние, ки барои худ гирифта будам, ба духтарак додам. Бо табассуми зебое изҳори ташаккур кард.
Аз тарафи рост ҳам зане бо телефон машғул, ҳамроҳи писараш нишаста буд. Писарак як-як ба он духтари китобхон менигарист. Шояд ӯ ҳам китоб хондан мехост, аммо китоб надошт.
Духтарак мехонд, модар мешунид ва ман аз тиреза ба берун менигаристам, меҳ оҳиста-оҳиста пароканда мешуд.
Ба истгоҳи зарурӣ расида, аз нақлиёт пиёда шудам. Ҳавои саҳарӣ ҳанӯз сард буд, аммо аз дидани он манзараи хуш гармие дар вуҷуди хеш эҳсос намудам.
Бале, аз ин чанд тасовир ба ин хулоса расидам, ки инсон ҳамеша бо дидани китоб ба зиндагӣ дилгарм мешавад.
Ҷ. КАРИМЗОДА