Урватулло ТОИРОВ,
собиқ сармуҳаррири маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”,
доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ,
Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2019 зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Файзобод бо самимияти махсус иброз доштанд, ки «ман мулки Файзобод ва мардуми онро, пеш аз ҳама, ба хотири дӯсту бародари азизам — Сафаралӣ Раҷабов дӯст медораму сахт эҳтиром мекунам».

Барои мардуми тоҷик муаррифӣ кардани сиёсатмадори шинохтаи Ватан, ба мисли равоншод Сафаралӣ Раҷабов ҳоҷат нест, зеро ӯ фарзанди содиқи ин миллат, ҳамқадами беғараз, пайрави асили кору пайкори Пешвои миллат буд. Дар тули солҳои роҳбарии худ — аз соли 1990 то дами марг (2011) ҳамчун ходими давлатӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷавонмардона ва беғаразона дастгирӣ мекарду тарғиб менамуд.

Шарҳи ҳоли ӯ мисли мардони бузург хеле одӣ аст. Ӯ зодаи деҳаи Чилчаи ноҳияи Файзобод буда, 2-юми сентябри 1955 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи 2 мактаби олӣ:  Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) буд. Фаъолияти ӯ ҳамчун коргари хоҷагии бригадаи саҳроии совхози “Қалъаидашт”-и Файзобод аз соли 1972 оғоз ёфта, баъди гирифтани маълумоти олии педагогӣ соли 1977 аввал муаллими мактаби миёнаи №8, солҳои 1978-1980 сардори Клуби варзишӣ-техникӣ, солҳои 1981-1986 директори Комбинати таълимӣ-истеҳсолии байнимактабӣ, солҳои 1986-1990 директори Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №24-и ноҳияи Файзобод буд. Соли 1990 вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод интихоб шуд. Солҳои 1990-1995, аввал, котиби Кумитаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, баъдан, муовини раиси ҳамин кумита ва сипас, раиси кумитаи зикршуда, солҳои 1995-2000-ум Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000-ум аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон депутати Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Солҳои 2000-2005 ба ҳайси вазири маорифи Тоҷикистон кор кард. Соли 2005 аз рӯйхати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид ва солҳои 2005-2010 раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи давлатии Маҷлиси намояндагон буд. Соли 2010 аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур-№3 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз моҳи марти соли 2010 то октябри соли 2011 ба ҳайси раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, 5-уми октябри соли 2011 дар 56-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ номзади илми сиёсатшиносӣ, доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Тоҷикистон буд.

Сафаралӣ Раҷабов дар дӯстию одамгарӣ инсони бовафо, соҳиби садоқату самимият буд. Вай ҳамеша ба такрор мегуфт, ки ҳар давлату миллат бояд ду рукни аслӣ: истиқлоли сиёсӣ ва Конститутсия дошта бошад. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта қабули Конститутсияи навро тақозо менамуд, чунки ба қавли Сафаралӣ Раҷабов, ҳамчун Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бидуни Қонуни асосӣ ҳеҷ кишваре дар замони муосир рушд нахоҳад кард. Барои ҳамин баъди соҳибихтиёрӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд соҳиби Конститутсияи нав бошад, то ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шаванд. Иқдому кӯшишҳои шодравон Сафаралӣ Раҷабов дар бобати таҳияву такмилу татбиқи Конститутсияи нав, ки соли 1994 қабул гардид, хеле зиёд ва пурарзишанд.

Чӣ тавре ки маълум аст, солҳои навадуми асри ХХ ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои зиёде овард ва дар он солҳо номбурда дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ кор мекард ва аз зиндагии сахти мардум бохабар буд. Ӯ бо чашмони худ медид, ки як гурӯҳи одамон дар ғами нонанд, гурӯҳи дигар аз ин бадтар — дар ғами ҷонанд, хоҳарону модарон ҳама ҳайрону гирёнанд. Дар назари шоир, дар байни мардум раҳму шафқат намонда, ҳама ҷоро чодари сиёҳи ғафлат печида, сарварон ҳайрону мардумон сарсонанд. Ниҳонӣ (тахаллуси шоирии С. Раҷабов) аз ин ҳолати руҳӣ ба танг омада, ба ҳоли зори онҳо пинҳонӣ нола мекунад:

Аз сӯзи дили ёрон месӯзаму месӯзам,

Аз бахти бади инсон месӯзаму месӯзам.

Ҳайрон ҳама ҷо хоҳар, гирён ҳама ҷо модар,

Аз оҳи дили тафсон месӯзаму месӯзам…

Сафаралӣ Раҷабов, ки солҳои 2000-2005-ум вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, барои амалӣ кардани ин ҳадафи нек тамоми қуввату ғайрат ва истеъдоди худро сарф кард. Дар он солҳо кормандони вазорат зери шиори “Ислоҳоти маорифро таҳким мебахшем” амал карда, баҳри татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор 11 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод намуданд ва ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дастгирӣ ёфта, қабул шуданд, ки ин бешубҳа, ба пешрафти кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Танҳо соли 2003 бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф 13 ҳуҷҷат таҳия ва қисме аз онҳо ба имзо расиданд, ки ҳар кадоме дар навбати худ барои рушди ҳамкориҳои маорифи кишвар заминаи ҳуқуқиро фароҳам намуданд.

Банда муддати панҷ сол вазифаи сардабири маҷаллаи “Маърифат” (ҳоло “Маърифати омӯзгор”)-ро ба уҳда доштам ва ҳамеша дар ҳар ҷаласаи назди вазир ва мушовараҳои вазорат ширкат меварзидам. Медидам, ки Сафаралӣ Раҷабов то кадом андоза ба қадру қимати инсон, махсусан, омӯзгор мерасад. Пайваста дар ҳар мушовара таъкид мекард, ки омӯзгор дар тамоми давру замон шахси азизу муътабар ба ҳисоб меравад.

Ӯ на танҳо сиёсатмадори варзида, роҳбари корозмуда, балки донишманд ва шоири хушсалиқа ҳам буд. Ба қалами ӯ китобҳои “Дунявият иродаи халқ аст” (1996), “Ҳокимияти қонунгузор” (1999), “Тоҷикистон: давлати дунявӣ” (назария, таҷриба ва проблема), ба забони русӣ (2000), “Мақоми маориф” (2002), “Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2004), “Маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият” ( 2006), ҷамъ 14 китоб ва беш аз 70 мақолаи илмӣ-таълимӣ тааллуқ дорад.

Тавре ки пештар ишора шуд, С. Раҷабов табъи хуби шоирӣ ҳам дошт ва бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър эҷод мекард, ки соли 2017 ашъори ӯ бо кӯшиши писари калониаш — Мутеъулло бо номи “Баёзи ашъори Сафаралӣ Раҷабов” дастраси хонандагон карда шуд. Ашъори боқимондаи ӯ, асосан, аз ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, тарҷеъбанд, мусаммат ва фард иборат буда, дар мавзуъҳои мухталифи зиндагӣ  таълиф шудаанд.

Ҳар боре ба хотири дӯсту бародари гумкардаам — Сафаралӣ Раҷабов ба хонаи писараш — Мутеъулло меравам, мебинам, ки аз гум кардани падар хеле ғамгин аст. Боре ба ӯ гуфтам:

— Мутеъуллоҷон, ту фарзанди сазовори падар ҳастӣ. Ҳоло барои халқу ватанат мисли падар хидмати шоиста карда истодаӣ. Оё медонӣ, ки ғами ман аз ғами ту бузургтар аст? Ту падар гум кардаӣ. Гум кардани падарро анъанаи меросӣ меноманд, вале гум кардани дӯстро теғи алмосӣ. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *