Майдагул АСОМУДДИНОВА,
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии
ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон
Дар давраи тараққиёти иқтисоди бозоргонӣ ҷараёнҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳодисаҳои гуногуни солҳои ахир нишон медиҳанд, ки дар олами муосир масъалаҳои глобалӣ мушкилзо шудаанд. Масъалаҳои глобалӣ маҷмуи масъалаҳои умумиинсоние мебошанд, ки ҳалли онҳо иқдоми умумибашариро тақозо мекунад. Аз ҷумла, роҳ надодан ба ҷангҳои ядроӣ, фароҳам намудани шароит барои пешрафти муносибатҳои байналхалқӣ, маҳви гурӯҳҳои террористӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбҳои ифротгаро, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии маводди мухаддир, аз байн бурдани бекорӣ, қашшоқӣ, коркард ва амалисозии сиёсати демографӣ ва стратегии ҳифзи табиат, истифодаи муштараки комёбиҳои илмӣ-техникӣ, ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ, маориф ва масъалаҳои тандурустӣ аз зумраи масоиле мебошанд, ки иқдоми дастаҷамъонаро тақозо мекунанд.
Масъалаҳои глобалӣ аз он ҷиҳат характери умумисайёравӣ гирифта истодаанд, ки дар дунё қонунвайронкунӣ ё худ сиёсатҳои чандпаҳлу дар муносибатҳои байналхалқӣ афзоиш ёфта, тафаккури мустамликадорӣ дигарбора авҷ гирифтааст. Шартномаҳое, ки баъд аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон оид ба дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо имзо шуда буданд, гоҳҳо дағалона вайрон шуда, дахлнопазирии ҳудуд ва марзҳои давлатӣ сарфи назар шуда истодааст.
Солҳои ахир буҳрони фарҳангӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, аз дигар масъалаҳо пеш гузаштааст. Ин, пеш аз ҳама, дар беқурбшавии нақши ташкилоти бонуфузи сиёсии байналхалқӣ, ки барои ҳамоҳангию устувории муносибатҳои байналхалқӣ таъсис дода шудаанд, ба назар мерасад. Ҳоло баъзе абарқудратҳои ҷаҳон қонунҳои дигар кишварҳоро вайрон карда, онҳоро чун кишвари “мурда” номида, бо мақсади ба даст овардани сарваташон ва соҳиб шудан ба бозори ҷаҳонӣ ҷангҳои истилогарона анҷом медиҳанд, ки чунин муносибат барои давлатҳои мустақил ва тамоми инсоният метавонад, оқибатҳои мудҳиш дошта бошад.
Тамаддуни инсонӣ аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ ба буҳрон гирифтор шудааст. Инсонҳо ба ҳамаи хатарҳо, дигаргунии харобиовар ва рухдодҳои неофашизм (фашизми нав), натсионализм (миллатпарастӣ), ки шахсро тобеи худ карда, арзишҳои инсониро поймол мекунанд, рӯ ба рӯ шуда истодааст.
Инсони ҷадид бо бунёди ҷаҳони мураккаб тавоноии пешгӯии самти тараққиёти ояндаи хешро аз даст додааст. Ба гуфтаи коршиносон ҳоло аз аҳолиии сайёраи Замин танҳо як миллиарди “тиллоӣ”-и он озоду орӣ аз мушкилот зиндагӣ доранд. Дигарон дар ҳолати ногувор қарор доранд. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамаи ин мушкилӣ барои фарҳангу маънавият таъсири манфӣ ва фоҷиабор мерасонанд. Ин аст, ки имрӯз аз сабаби паст будани маърифат гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ зиёд шуда, дар вуҷудашон ба ҷойи раҳму шафқат ва муҳаббат бераҳмию ваҳшат ҷой мегирад.
Муҳаққиқ Сэмюэл Филипс Хантингтон гуфта буд: “Ҳар навъи терроризм, таассуби маҳаллӣ, этникию умумисайёравӣ аз ин иштибоҳҳои “куҳнапарастон” маншаъ мегирад”.
Ҳоло баъзе гурӯҳҳои динию сиёсӣ зидди озодии занон баромада, дар тасарруфи мард нигаҳ доштани занону бонувонро тақозо мекунанд.
Ҷаҳон бештар шоҳиди мухолифатҳои этникӣ шудааст, ки аз ҳисоби ихтилофҳои миллӣ сарчашма мегиранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол наметавонад, ки ҳукми қатъии худро нисбат ба яроқи қатли ом содир кунад. Комёбиҳои бузург дар бахшҳои генетика, биология ва тиб, гарчанде барои беҳбудии саломатӣ ва тарзи дурусти ҳаёти инсон имконоти зиёд медиҳанд, аммо хатар ҳам доранд. Ҷомеаи бархе аз кишварҳо дучори як қатор буҳронҳои маънавӣ гардидаанд, ки хатари онҳо рафтори зиддииҷтимоиро дар ҷомеаҳо шиддат мебахшанд. Чунин буҳронҳо дар косташавии қадри инсон, коҳиши боварӣ байни инсонҳои наздик, аз байн рафтани рағбат ба илму маърифат, камшавии корҳои илмӣ, тарғиби корои номатлуб ва муҳайё кардани фазои кушод барои савдои мухаддироту инсонҳо зоҳир мегарданд.
Баъзе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки чунин рухдодҳо маҳсули раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд. Ин аз як ҷиҳат дуруст аст, зеро раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари пайомадҳои мусбат ҳодисаҳои манфиро низ вориди ҷомеа намуда, ба арзишҳои тули асрҳо шаклгирифтаи миллӣ ва байналмилалӣ таҳдид мекунад. Ҷаҳонишавиро метавон зинаи болоии интегратсия номид. Мақсади ниҳоии он бо ҳар роҳ ба даст овардани манфиат аст.
Дар чунин шароити мураккаб миллатҳоро зарур аст, ки фарҳангу маданияти миллии худро ҳифз кунанд, зеро маданияти ҳар халқу миллат ҳосили раванди дурударози ташаккул буда, хусусият ва арзишҳои неки инсониро дар ин ё он ҷомеа густариш бахшидаанд.
Бояд дар хотир дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои хатарноки он ба фарҳангу маънавияти халқи тоҷик низ бетаъсир нест. Бинобар ин, барои пешгирии хатарҳо, мо бояд асолат ва фарҳанги миллии худро пос дорем ва арзишҳои неки хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Мо-тоҷикон, сарфарозему сарбаландем, ки Ватани ободу биҳиштосое бо номи Тоҷикистон дорем. Ин сарзамини аҷдодӣ, ҳар як ваҷаби хоки он барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст. Ҳар як шаҳрванди ин мулки афсонавӣ барои пойдор мондани сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли давлатӣ дар Меҳани азизамон бояд саҳмгузор бошад. Дар айёме, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ҳаракатҳои террористӣ, ашхоси худхоҳу худмеҳвар ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро аз роҳи дурусти зиндагӣ мунсариф намуда, ба ҳар вартаву роҳи номатлуб роҳнамоӣ мекунанд, вазифаи мо-насли бедори Ватан ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ камари ҳиммат бандем.
Тавре медонем, ки мафҳумҳои худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки мо онҳоро сараввал, бояд дуруст дарк намуда, амалӣ намудани онҳоро мароми зиндагии худ қарор диҳем. Татбиқи ин мафҳумҳо дар ҳаёт барои ҳар яки мо — ҳар як шаҳрванди диёри офтобиямон бояд вазифаи аввалиндараҷа ба шумор биравад.
Шарҳи пурраву комили ин мафҳумҳои пурарзиш вақти бисёрро мегирад ва ба соатҳои дурудароз ниёз дорад. Вале ҳамин нуктаи асосиро бояд бидонем, ки ҳар яке аз онҳо пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад.
Давлат бе миллат вуҷуд дошта наметавонад ва ҳамчунин, миллате, ки худшинос набошад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром нагузорад, наметавонад, ки соҳибдавлат бошад. Маҳз ҳисси баланди ватандӯстиямон буд, мо таҳти сарварии Пешвои маҳбубу номварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилот, масъалаҳои гуногун ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиямонро пойдору поянда нигоҳ доштем.
Хулоса, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳоро ба роҳ монем. Бояд ба онҳо чунин талқин намоем, ки ватандӯсти ҳақиқӣ на фақат ватанашро аз таҳти дил дӯст медорад, балки барои сарсабзию хуррамии сарзаминаш шабонарӯзӣ меҳнат мекунад. Яке аз хислатҳои шоиставу асосии ватандӯсти содиқу асил ҳамин аст, ки барои ҳифзи Меҳанаш аз таҳоҷуми аҷнабиён ҷонашро фидо мекунад.
Дар даврони пурошӯбу пурмасъалаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳои мухталиф вазифаи калидии ҳар яки мо фарзанди фидоиву сарсупурдаи Ватану миллат будан аст.
