Барно ТОШОВА,
омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими забон
ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
номзади илмҳои педагогӣ

Мавзуи истифодаи воситаҳои аёнӣ дар таълим ва татбиқи он дар дарси синфҳои ибтидоӣ дар адабиёти психологию педагогӣ вобаста ба пайдоиши намудҳои нави асбобҳои аёнӣ ва имкони онҳо дар таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ беш аз пеш паҳн мегардад.

Истифодаи воситаҳои аёнӣ баҳри дар шуури хонандагон ба миён овардани тасвири образнок, ташаккули мафҳумҳо, дарки алоқа ва вобастагии абстрактӣ буда, яке аз муҳимтарин нуқтаҳои дидактика дар асоси методологияи материалӣ-диалектикӣ мебошад. Хусусияти дарк дар чорчӯбаи консепсияи марҳалаҳои гуногуни раванди ягонаи маърифат мебошад, ки баҳри омӯзиш ва ташаккули фикрронӣ ва ҷаҳонбинии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат хоҳад кард.

Принсипи возеҳият дар асарҳои Г. Песталотси гуногунҷанба талқин гардидааст. Ӯ боварӣ дошт, ки худи ҳиссиёт ба мо дар бораи ҷаҳони атроф маълумоти тасодуфӣ медиҳад. Таълими забонӣ бояд бетартибиро дар мушоҳидаҳо бартараф созад, предметҳоро фарқ кунад ва ашёҳои шабеҳ ва ба ҳам алоқамандро дубора пайваст кунад, яъне, дар хонандагон мафҳумҳоеро ташаккул диҳад, ки хусусияти қиёсӣ дошта бошанд.

Дар системаи педагогии К.Д. Ушинский истифодаи воситаҳои аёнӣ дар таълими забони хориҷӣ бо таълими забони модарӣ ба таври органикӣ алоқаманд аст. Ӯ боварӣ дошт, ки нутқи равони кӯдакон дар сурате беҳтар рушд мекунад, ки «…ҳисси кӯдак ба мафҳум мубаддал шавад, фикр аз мафҳумҳо ташаккул ёбад ва фикрҳо бо калимаҳо баён гарданд».

Асбобҳои аёнӣ дар корҳои таълимии омӯзгори забон ва адабиёти рус дар ташаккули муносибатҳои таълимӣ ва тарбиявӣ баҳри натиҷагирии сатҳи дониши кӯдакони синфҳои ибтидоӣ кумак мекунанд.

Таҷрибаи мустақилонаи омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки истифода аз асбобҳои аёнӣ, ба монанди проекторҳо (рӯнамоӣ, расмҳо, аниматсия ва ғайраҳо) бо усули визуалӣ ба шуури кӯдак таъсир мерасонад ва ба воқеияти ҳодисаю равандҳое, ки муаллим ба хонандагон мегӯяд, боварӣ ҳосил карда, диққати онҳоро ба маводди омодашуда ҷалб менамояд. Боварӣ ба ҳақиқати маълумоти гирифташуда, боварӣ ба дониш онҳоро бошуур ва тавоно мегардонад. Воситаҳои аёнӣ шавқу ҳаваси бачаро ба донишандӯзӣ зиёд карда, раванди азхудкунии онро осон менамоянд.

Дар раванди дарс асбобҳои аёнӣ барои ҳалли масъалаҳои гуногуни таълимӣ истифода мешаванд: метавонанд сарчашмаи донишҳои нав, мавод барои ҷамъбасти дарс, тасвири ҳикояи муаллим ва воситаи ҳавасмандкунӣ бошанд. Бартарии расмҳои таълимӣ қобилияти бузурги иттилоотии онҳо аст, ки тавассути тасвири бадеии объекти омӯхташаванда ба даст оварда мешавад.

Аёният яке аз принсипҳои асосии дидактика ба ҳисоб рафта, дар назария ва амалияи омӯзиши забони русӣ дар ҳама марҳилаҳои омӯзиш татбиқ ва коркард карда мешаванд.

Кор бо расмҳо низ як навъ замина барои дарки визуалии маводди таълимӣ мебошад, ки дар раванди омӯзиши забонҳо нақши муҳим дорад. Вобаста ба вазифаҳои дидактикӣ воситаҳои аёнӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— визуалии табиӣ (наботот, ҳайвонот, маъданҳо) – вазифаи он шинос намудани хонандагон бо объектҳои воқеии табиӣ мебошад. Функсия – шиносоӣ бо падидаҳо ва равандҳо тавассути таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо;

— равшании тасвирӣ ва тасвирӣ-динамикӣ (расмҳо, портретҳо, аксҳо, филмҳо). Функсия – ворид намудани баъзе далелҳо, ашё, падидаҳо тавассути намоиши онҳо;

— возеҳи садо. Функсия — таҷдиди тасвирҳои садоӣ;

— возеҳи рамзӣ ва графикӣ (расмҳо, харитаҳо, ҷадвалҳо). Функсия — инкишофи тафаккури абстрактӣ, шиносоӣ бо тасвири шартан умумӣ, рамзи ҷаҳони воқеӣ;

Истифода аз воситаҳои аёнии таълим ба ташаккули ақида ва консепсияҳои материалистии хонандагон, ташаккули маҳорат ва қобилияти онҳо ёрӣ мерасонад. Воситаҳои аёнии таълим дар мактаб дар марҳилаҳои гуногуни раванди таълим истифода мешаванд. Аз ҷумла, ҳангоми шарҳ додани маводди нав, ҳангоми мукаммалгардонии мавзуи нав, ҳангоми такрори маводди таълимӣ ва санҷиши дониши хонандагон, инчунин, дар корҳои беруназсинфӣ ва маҳфилҳо.

Воситаҳои аёнии таълим аз рӯйи таъйинот, мазмун, тасвир, мавод, технологияи истифода ва метод хеле гуногунанд. Вазифаи асосии асбобҳои аёнӣ дар дарсҳои забони русӣ аз он иборат аст, ки ба хонандагон дар дарки мазмуни матни асари бадеӣ, омӯзиши донишҳои назариявӣ ва бадеӣ дар амал ёрӣ расонад.

Асбобҳои аёнӣ яке аз ҷузъҳои системаи таълим мебошанд, ки ба хонандаи синфҳои ибтидоӣ барои беҳтар азхуд кардани маводди таълимӣ ёрӣ мекунанд. Нодуруст ва бемаврид истифода бурдани асбобҳои аёнӣ метавонад ба рафти таълим таъсири манфӣ расонад.

Воситаҳои аёнӣ намоиши мақсаднок ва махсус ташкилшудаи маводди таълимӣ мебошанд, ки хонандагонро ба қонуниятҳои падидаи омӯхташаванда ошно месозад ва дар ин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки ин қонунҳоро эҷодкорона кашф кунанд. Хулосаи корҳои таҷрибавӣ нишон медиҳад, ки воситаҳои аёнӣ дар таълим дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:

— ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ, сарчашма ва асос барои гирифтани дониш хидмат мекунанд;

— маводди таълимӣ ва дар хотираи кӯдакони синни мактабӣ ва томактабӣ мустаҳкам намудани онро таъмин менамоянд;

— барои рушди тахайюл ва тафаккури эҷодӣ замина фароҳам меоранд;

— меъёри эътимоднокии донишҳои гирифташуда мебошанд;

— ба тамоюли тафаккури хонандагон аз рӯйи шаклҳо, рангҳо, садоҳо ва эҳсосоти умумӣ мусоидат мекунад;

— таассуроти эҳсосӣ-визуалӣ, тасвири хотира ва тасвири тахайюлоти эҷодиро таъмин менамоянд;

— равшании мушак-моторӣ дар шакли формулаҳои моторӣ, ки дорои унсурҳои визуалӣ, моторӣ ва шунавоӣ мебошанд, амалӣ карда мешаванд.

Ҳангоми истифодаи усулҳои таълими визуалӣ як қатор шартҳоро риоя кардан зарур аст:

— асбобҳои аёнӣ, ки дар дарсҳои синфҳои ибтидоӣ истифода мешаванд, бояд ба синну соли хонандагон мувофиқ бошанд;

— бояд ба меъёр истифода шаванд ва танҳо дар лаҳзаи мувофиқи дарс нишон дода шаванд;

— мушоҳидаро тавре ташкил кардан лозим аст, ки ҳамаи хонандагон объекти нишондодашударо бубинанд;

— ҳангоми намоиши тасвирҳо нуктаҳои асосӣ ва муҳимро махсусан нишон додан лозим аст;

— шарҳу эзоҳҳоеро, ки ҳангоми намоиши ҳодисаҳо дода шудаанд, муфассал ба танзим даровардан зарур аст;

— воситаҳои аёнӣ бояд бо мазмуни мавод комилан мувофиқ бошанд;

— худи хонандагонро ба дарёфти маълумоти дилхоҳ оид ба асбобҳои аёнӣ ё асбоби намоишӣ ҷалб намудан аз манфиат холӣ нест.

Дар маҷмуъ, таҷрибаи таълим нишон медиҳад, ки ба таври муназзам истифода намудани воситаҳои аёнӣ мустақилияти хонандагони синфҳои ибтидоиро меафзояд, фаъолияти таълимии онҳо инкишоф ёфта, муносибати хуб нисбат ба фан ташаккул меёбад. Ин ҳолат барои таъмини рушди раванди таълим дар шахсияти кӯдак хеле муҳим аст. Асбобҳои аёнӣ ба ҳалли чунин масъалаҳо, монанди ҷорӣ намудани навгониҳо ба раванди таълим, баланд бардоштани шавқу рағбат ба дарс, баланд бардоштани қобилияти дар хотир нигоҳ доштани мавод ва васеъ намудани ҳаҷми маводди азхудшуда ёрӣ мерасонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *