Файзулло ҚУРБОНОВ,
омӯзгор

 

 

Номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари овардани сулҳ, суботи сиёсӣ, ваҳдати комил ва таъмини амният боз бо эҷоди шоҳасарҳои арзишманду инсонсоз дар сафҳаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Зеро асарҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат маънавиёти миллатро камол бахшида, мактабҳои бузурги ахлоқиву сиёсиро бунёд кардааст. Бешубҳа, заминаи эҳёи дубораи давлатдорию эҷодкории тоҷикон асарҳои пурмуҳтавои Роҳбари давлат буда, онҳо арзиши аслии таърихӣ ва илмӣ доранд. Муҳимтар аз ҳама, дар асарҳои Пешвои миллат баландтарин нуқтаи худшиносию худогоҳӣ дарҷ гардида, ба ҷаҳонбинии хонанда таъсири мусбат мерасонад. Ба ин зумра асарҳо метавон “Чор соли истиқлолият ва худшиносӣ”(1995),  “Тоҷикон дар оинаи таърих”(1995), “Тоҷикон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин” (1996), “Дин ва ҷомеа” (2013), “Раванди ваҳдат ва назарияи он” (2013), “Чеҳраҳои мондагор” (2016), “Уфуқҳои истиқлол” (2018), “Забони миллат — ҳастии миллат” ва ғайраро ном бурд, ки садҳо ҳазор хонанда доранд ва насли ҷавону ояндасозро дар руҳияи ватандорию хештаншиносӣ тарбият намуда истодаанд.

Асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Президенти ҷумҳурӣ шиносномаи родмардону бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсати миллати тоҷик аст. Ин шахсиятҳо, дар мисоли Зардушт, Куруши Кабир, Имоми Аъзам, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлонои Балхӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ ва дигарон ҳастанд, ки барои дифоъ ва озодии миллат, башардӯстӣ, ҳамдилии халқҳои олам кӯшидаанд ва ба ин васила, афкори инсондӯстонаи худро дар таърихи башарият ҷовидон мондаанд. Пешвои миллат оид ба хислатҳои ҳамидаи ин ашхоси бузург: хоксорӣ, ҷавонмардӣ ва тавонмандии ин чеҳраҳои мондагор, ки баҳри пойдории давлати миллӣ ва тамаддуни ориёӣ, сулҳу субот ва раҳоӣ аз парокандагӣ ҷаҳд кардаанд, таҳқиқу таҳлили амиқ анҷом додаанд. Бо мутолеаи ин асар мо бо гузаштаи пурифтихорамон ошно гардида, асли хешро мешиносем.

Дар китоби арзишманди “Уфуқҳои Истиқлол”-и Пешвои миллат дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои нодири кишварамон, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, марҳалаи барқарорсозии давлати миллии тоҷикон ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.

Асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар бораи беҳтарин фарзандони хирадманду соҳибҳунари миллат, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ дар сарнавишти миллат нақш доштаву бо шоҳкориҳои илму фарҳанг майдони маърифату адабро равшан кардаанд, маълумоти муфассали илмиро манзур намудааст. Бояд зикр намуд, ки аз нигоҳи Роҳбари давлат дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон номҳои ситораҳои дурахшони осмони илму адаби тоҷику форс: устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Насриддини Тӯсӣ, Носири Хусрав ва дигарон бо хатти заррин ҷовидона сабт шуданд.

Асари дигари Пешвои миллат, ки сармашқи кори даҳҳо муҳаққиқ ва ҳазорон ҳаводори забони ноби тоҷикӣ қарор гирифтааст, “Забони миллат — ҳастии миллат” мебошад, ки дар ду ҷилд нашр шудааст. Сарвари кишвар дар ин асари арзишманд перомуни паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ, таърихи ташаккули он ва нақши забони миллӣ дар шинохти давлату миллат сухан рондааст. Аз бобу фаслҳои ин асар пайдост, ки забони тоҷикӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар барпо гардидани истиқлолу озодӣ нақши калидиро иҷро кардааст. Ҳамчунин, дар ин асар зикр шудааст, ки забони тоҷикӣ таърихи қадима дошта, марҳалаҳои душвори таърихиро паси сар кардааст ва дар оғӯши худ шахсиятҳоеро ба камол расондааст, ки ҳазорсолаҳо давлати моро муаррифӣ менамоянд ва бояд ин ганҷи нодирро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Дар боби “Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон” сайри таърихии ҳуҷуми муғулҳо ва оқибатҳои он таҳқиқ шуда, вазъи сиёсӣ-иҷтимоии сарнавишти тоҷикон ва забони онҳо мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Дар ин қисм дар асоси далелҳои таърихию адабӣ вазъи душвор ва муборизаҳои мардуми тоҷик барои ҳифзи забони адабӣ ва фарҳанги бостонии халқ нишон дода шудааст.

Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки ба таъриху фарҳанги мардуми ориёнажод бахшида шудааст, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориёӣ” ном дошта, доир ба эълон гаштани Соли тамаддуни ориёӣ таълиф шудааст. Дар асари мазкур тамоми паҳлуҳои таъриху фарҳанги мардуми ориёӣ таҷассум ёфтааст. Ин асар аз муқаддима ва 5 боб иборат буда, дар ҳар боби он масъалаҳои гуногуни таърихию фарҳангии аҷдодони гузаштаамон бо далелҳои илмию дақиқ зикр ёфтаанд.

Дар муқаддимаи китоб Роҳбари давлат чунин зикр намудаанд: «Ман соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намуда, хостам, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба таърихи пуршӯру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрон — пешдодию каёнӣ сар карда, ба марҳалаи муҳимму мухталифи хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем».

Китоби дигари ин абармарди арсаи сиёсат “Аз Ориён то Сомониён” – аз силсилаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» мебошад. Дар саҳифаҳои китоби мазкур ин гуна саволҳо мавриди таҳқиқу мулоҳизарониҳо қарор гирифта, ба ҳар кадоми онҳо посухҳои мушаххасу амиқ дода шудааст: Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодонамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфт ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад?

 Хулоса, китобҳои Пешвои муаззами миллат бо хусусиятҳои илмӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-таърихӣ ва афкори рангини миллияшон моро ба ҳазорсолаҳои дури таърих ҳидоят намуда, бо таърихи пурғановати давраҳои қадим, миёна ва имрӯзаи давлатдориямон ошно намудааст. Инчунин, дар китобҳои болозикр таърихи тамаддун ва давлатдории халқиятҳои ориёнажоди Осиёи Миёна, Хуросони бузург ва Эрони бостон мавриди омӯзиш қарор гирифта, саҳми таърихии гузаштагони мо ва фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар густариши фарҳангу тамаддуни башар ба таври васеъ ва густарда инъикос гардидааст. Бовар дорем, ки мутолеаи ин асарҳо барои пешрафти тафаккури миллии ҳар як наврасу ҷавон нақши калидӣ хоҳанд дошт ва моро ба фардои дурахшон раҳнамун месозанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *