
Маърифат НАЗАРОВА,
омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Агар ба таърихи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ назар андозем, мебинем, ки ҷавҳари маънавии онро масъалаҳои марбут ба ҳастии маънавии инсоният ташкил медиҳад. Меъёри диду боздиди адибони мо танҳо инсон ва ҳастии маънавии он будааст, ки дар ягонаи таърихӣ масоили ҷомеъи башардӯстиро низ матраҳ месозад. Ҳақ ба ҷониби Н.И. Конрад аст, ки дар заминаи ҳамин равиши адабӣ ба чунин хулосаи муҳим меояд: «Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замонҳои қадим маҳалли таваққуфи сарчашмаҳои муҳимми тамаддуни инсонӣ буд ва худ низ яке аз марказҳои ин тамаддунро муаррифӣ мекард. Барои ҳамин ҳам намояндагони пешқадами илму фалсафаи Осиёимиёнагии асрҳои IX-XI, ки усулан инсонгароёни содиқ буданд, таълимоти тоза, маорифи навро вазъ намуданд…». Тафаккури бадеии яке аз шоирони номвари тоҷик Лоиқ Шералӣ низ дар ҷои холӣ шакл нагирифтааст. Дарахти андешаи умумиинсонии ӯ аз ҳамин реша об хӯрдаву нуму кардааст. Г.И Ломидзе маҳз дар ҳамин воқеияти адабӣ ба чунин хулоса омадааст: «Инсонгароии ҳамагонӣ дар заминаи муайяни иҷтимоӣ ва миллӣ ба вуҷуд меояд. Вай ба василаи ҳамин замина умумиинсонӣ мешавад». Осори Лоиқ ва андешаҳои умумиинсонии ӯ дар шароит ва замони муайян ба вуҷуд омадаанд, ки ин равиш то андозае тобеи хостҳои идеологии ҷараёни адабии даври зиндагии шоир буд. Ҳамин гуна дидгоҳ ба гузашта, ба мероси ҳунарӣ ва масъалаҳои инсонгароӣ равиши асосии инкишофи адабиёти тоҷикро то ибтидои солҳои шаст муайян мекард. Аз солҳои шаст ба баъд вазъ тадриҷан дигар шудан гирифт. Дидгоҳи шоиру нависандагон ба воқеият то ҷое тағйир ёфт. Ба мушоҳидаи М. Шакурӣ «ин тағйир аз шеърҳое, ки мавзуи онҳо аз таърих аст ва ба қалами насли ҷавон Муъмин Қаноат, Бозори Собир, Лоиқ тааллуқ дорад, беҳтар ба дид меояд».
Солҳои шасту ҳафтод на фақат худшиносии таърихии шахс ва падидаҳои гуногуни он дар шеъри форсии тоҷикӣ мавқеъ ёфт, балки дар ин давра ба миён гузоштани масъалаҳои маънавию ахлоқӣ дар адабиёт хусусияти муаянкунанда дошт. Дар эҷодиёти баъзе шоиру нависандагон паҳлуҳои тозаи андешаи инсонпарварона (масъалаҳои умумиинсонӣ) пайдо шуданд, ки пайванди ҷудонашавандаи инсонро бо қисмати инсонияти ҳамаи сайёра нишон медод. Ин фазилат яке аз хусусиятҳои муҳимми эҷодиёти Лоиқ аст, ки дар осораш таҷассум ёфтааст. Дар замоне, ки «дар навбати аввал адабиёт» идеологӣ ҳисоб карда мешуд, Лоиқ «дар ҳунари идеологӣ» «мушкилоти умумиинсонӣ-ро» ба миён мегузошт. Арзишҳои башарӣ асоси ҷаҳоншиносии Лоиқро ташкил медиҳанд. Ю.Акбаров дуруст менависад, ки «Дар умри сараш Лоиқ ҳиссаи афкору андеша ва дастовардҳои маънавию ахлоқӣ ва завқии гузаштагонро идома бахшид, ки бидуни онҳо мавҷудияти ҷамъияти инсонӣ ва бахусус, миллати тоҷик маънӣ надорад ва ба ниёзмандиҳои имрӯзиён мувофиқу мутобиқ аст. Лоиқ тавассути ашъору андешаҳояш мақому мартабаи шеъру асолати таърихии шоирро ба пояҳои баландтар бардошт ва ғанӣ гардонд. Аз нигоҳи ӯ, на риояи вазну қофия, балки биниши шоирона аввалин шарти шоирист».
Андешаи умумиинсонии Лоиқро таҳқиқ карда, ғайриихтиёр мо ба масъалаи инсон, муҳити иҷтимоию ахлоқӣ ва ҷаҳони ботинии вай рӯ ба рӯ мешавем. Дидгоҳҳои бадеӣ ва ғоявии ӯ дар ин замина пойбанди принсипҳои инсонгарӣ, муносибати нек ба муҳит, одамият, бовар ба инсонҳо, ниҳеб ба муқобили беадолатӣ ва зӯроварӣ мебошанд. Хусусияти умумибашарии инсони офаридаи ӯ мушаххас ва дар андешаи шоир равшан мешавад:
Ин ҳама оғозҳо аз хоки бунёди ман аст,
Ин ҳама парвозҳо аз файзи иршоди ман аст.
Ин ҳама озодию озодагии марду зан
Як талоши ҳақгузори рӯҳи озоди ман аст.
Ман басо дар хештан шӯрида, пас ворастаам,
Раъду барқи осмон як шуъла фарёди ман аст…
Ин ҷаҳон худ нест ҷамъи чор унсур аз азал,
Ин ҷаҳон ёри ману ёди ману ёди ман аст.
Ин инсон бо ҳадафҳои умумиинсонӣ пайванди хуниву маънавӣ дорад, ғами инсонҳои дигар ӯро ранҷ медиҳад — «Ғайри бедардӣ ҳама дарди ҷаҳон дар дили ман». Инсони ӯ аз пайи дармони дарди ҷаҳон зода шуда, барои ташнагони соҳили дарёи зиндагӣ дил мехӯрад.
Таваҷҷуҳи Лоиқ ба инсон дар шеъраш натиҷаи густариши инсонгароӣ ва инсон меҳварӣ буда, дар замин, шеъри ӯ моҳияти умумиинсонӣ мегирад. Масъалаҳои муҳимми ҳастӣ ва бақои инсоният дар осори Лоиқ ба таҳқиқ ва тасвири бадеӣ асос ёфта, ба меъёрҳое асос ёфтааст, ки боиси бақо ва умри бардавоми инсоният хоҳад буд.
Лоиқ соли 1976 дар як мусоҳибааш бо Аскар Ҳаким гуфта буд, ки «Барои он ки мо мисли Брюллов (Брюллов ҳангоми наққошии сақфи Маъбади Исҳоқ дар Ленинград аз ҷӯши илҳому табъи саршор «Ба ман ин сақф тангӣ мекунад, сақфи осмон боястӣ» гуфта будааст.-шарҳи Н.М.) сақфи осмонро наққошӣ кунем, бояд рангҳои осмонзебро аз замин бигирем. «Осмонро замин баландӣ дод», -гуфтааст Бедил. Мавзуъҳои хурду заминиро бо рангҳои хаёл, сухан, ғоя ва пирояи шоирона шукӯҳи осмонӣ бояд бахшид. Афсӯс, шоирони қудсӣ мисли Ҳофиз каманд».
Устод Лоиқро шӯру шаафи хоси инсонӣ ва шоирона бо амри имон, бо раҳнамоии хирад ва андеша ба сӯй арзишҳои умумиинсонӣ ҳидоят намуд. Дар ин замина, ӯ ба меҳани имрӯзӣ ва таърихии тоҷикон, дар маҷмуъ, ба ангезаҳои инсонии тамаддуни башарӣ алоқамандии хос дошт. Ба ифодаи Фарзона ӯ «бо соғари саршори мастӣ» «қомуси фарҳанги миллат» сохт ва «дар ҷони мо занги муҳаббат», барангехт, ки ин занг савтҳоеро аз симфонияи инсонии башарӣ бо оҳангҳои миллӣ пайванд дод ва соҳибашро низ дар матни андешаҳои умумиинсонии адабиёт ҷовидонӣ сохт. Ин паҳлуи фаъолияти Лоиқ низ ифодагари тамоюлоти судманди ҷараёни адабии давр буда, моҳияти фаъолияти ӯро дар заминаи гуфтугӯи тамаддунҳо рақам мезанад, ки пеш аз ҳама арзиши маънавии умумиинсонӣ дорад.
Ҳамин тариқ, аз таҳқиқ ва таҳлили андешаҳои умумиинсонии ашъори Лоиқ дар ҷараёни адабии давр метавон ба чунин натиҷа расид, ки бо вуҷуди бандҳои сиёсӣ Лоиқ тавонистааст дар масири эҷоди афкори умумиинсонӣ роҳи мустақили эҷодиро тай кунад. Таваҷҷуҳ ва решаҷӯии ӯ аз сарчашмаҳои тамаддуни инсонгарои башарӣ-миллӣ ва имтизоҷи онҳо, дарёфти роҳу равиши хосси тасвири бадеӣ, кашфи василаҳои баёни ин андешаҳо, зинда кардани ҳофизаи таърихӣ ва ба ин роҳ, ҳифзу таблиғи арзишҳои умумиинсонии адабиёту фарҳанги тоҷикӣ аз мухтассоти фаъолияти ҳунарии ӯ дар ҷараёни адабии давр мебошад.