
Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»
Андешае чанд дар партави баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол»
Соҳаи маориф яке аз рукнҳои муҳимму калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти босамар, комёбиву тараққиёти он кафили пешрафти босуботи давлату миллат мебошад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон бо аҳли маорифи мамлакат изҳор медоранд: Рушду пешрафти соҳаи маориф кафили ояндаи дурахшони давлат ва миллат мебошад. Бинобар ин, омӯзгорон бояд дар замири насли наврас эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати ҳуқуқиву дунявиро таҳким бахшанд. Ҳамзамон, дар нахустин лаҳзаҳои оғози давраи сарварии хеш чунин таъкид намуда буданд, ки ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам. Баёни ин нуктаҳои возеҳ аз суханрониҳои Сарвари маърифатпарварамон далели он аст, ки маориф ва илм дар кишварамон пайваста таҳти ғамхорию дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, Пешвои миллат қарор дошта, давра ба давра рушд мекунад, дастоварду комёбиҳои соҳа ба таври чашмгир меафзояд, ки боиси хушҳоливу сурури аҳли маорифи кишвар мегардад. Пешрафти дилхоҳ соҳа бо маблағгузорию ҳавасандсозии аҳли кор тавъам аст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа 22 маротиба зиёд карда шуд. Мо — аҳли маориф аз Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ғамхорию дастгириҳои доимӣ миннатдорем, зеро дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Фаъолияти Вазорати маориф ва илм ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати давлат дар самти маориф пайваста натиҷагирӣ шуда, дар раванди он масъалаҳои мавҷуда баррасӣ мегарданд, бурду бохтҳо таҳлил ва барои идомаи муваффақонаи кор ба зимаи аҳли маориф вазифаҳои нав гузошта мешаванд. Дар ҳамоише, ки ба муносибати ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид, вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, ташкили гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Номбурда афзуд, ки вазорат дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани стратегия, барнома ва консепсияҳои амалкунанда дар семоҳаи якуми соли 2025 чораҷӯӣ намуда, корҳои судманди зиёдеро ба анҷом расонид.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат корҳои зиёд ба сомон расиданд. Сарвари маорифгустари мо зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2024) дастур доданд, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро масъулин таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Айни замон лоиҳаи қонуни мазкур таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд. Ҳамчунин, Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 тасдиқ карда шуд. Лоиҳаи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045, Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи баҳогузории бисёрхола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, барои хулоса ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуданд. Низомнома оид ба ташкили таҳсил дар хона, Низомномаи мактабҳои камнуфус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Барномаи таълими инфиродӣ барои кӯдакони аз таҳсил дурмонда бо қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд. Бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тарзи зарурӣ иҷро нагардидани Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 мебошад. Бинобар ин, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф уҳдадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2025 чораҳои судманд андешанд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми самти таълиму тарбия таъмини устодону омӯзгорон, тарбиятгирандагон, хонандагону донишҷӯён бо дастуру роҳнамо ва китобҳои дарсиву адабиёти таълимӣ мебошад. Роҳбари соҳа иброз дошт, ки зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриро дар муддати ду сол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин карда, барои дар оянда бо адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешад.
-Бо ин мақсад, — гуфт вазир, — дар семоҳаи якуми соли 2025 аз ҷониби вазорат 19 номгӯй адабиёти таълимӣ (китобҳои дарсӣ, дафтари хонанда ва тавсияҳои методӣ барои омӯзгор) ба теъдоди умумии 1 миллону 444 ҳазору 865 нусха нашр гардида, дар ин давра 1 миллиону 941 ҳазору 703 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмин карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ дар асоси эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» бо фарогирии 120 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха таҳия карда шуда, айни замон аз ин теъдод 115 номгӯй ба теъдоди 7 миллиону 778 ҳазор нусха ба озмуни чоп пешниҳод шуд. Дар ин давра таҳияи 31 номгӯй китоби дарсии насли нав ҳамроҳ бо стандарту барномаҳои муосири таълимӣ ва роҳнамоҳо барои омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бомаром идома дорад.
Таҳияи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он яке аз қадамҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад. Вобаста ба механизми муассири арзёбӣ, таҳия ва роҳандозӣ намудани онҳо дар зинаҳои таҳсилот дар марҳилаи аввали нақшаи амали стратегияи мазкур анҷоми чунин иқдомҳо: таҳияи нишондиҳандаҳо ва воситаҳои арзёбӣ (барои ҳама зинаҳои таҳсилот), таҳияи модул, роҳнамо ва омода намудани тренерони сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба арзёбии миллӣ, омӯзиши мутахассисон оид ба истифодаи воситаҳои таҳияшудаи арзёбии сифати таҳсилот ва таҳияи санадҳои танзимкунандаи раванди мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот (дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот) ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол арзёбиҳои байналмилалии PISA-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Инчунин, ҷиҳати гузаронидани арзёбии байналмилалии PIRLS-2026, дар доираи лоиҳаи “Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат” аз ҷониби мутахассисони соҳа семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои омода кардани тренерон гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти семоҳа гуфта шуд, ки аз ҷониби раёсати таҳсилоти олии касбӣ Низомномаи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин омӯзгор-ҳуқуқшинос» миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқ шуд. Консепсияи миллии тарбия дар таҳрири нав таҳия гардида, вобаста ба ин самт дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як қатор чорабиниҳои моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва тарбиявидошта баргузор карда шуд, ки бешубҳа, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон нақши созгор мебозад.
Пешвои муаззами миллат ба баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози рӯзҳои роҳбарӣ таваҷҷуҳи хосса дода, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки мавқеи занону бонувонро дар ҷомеа устувор гардонид. Маркази таълимии занон «Сарвар» низ, ки барои духтарони тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилгардида ва духтарони болаёқати ҷумҳурӣ ташкил шудааст, далели қавие аз дастгириҳои доимии Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба бонувон мебошад. Дар нишаст масъулини марказ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷӯдухтарон озмунҳоро вобаста ба самтҳои гуногуни илмӣ-маърифатӣ мунтазам баргузор намуда, барои омода намудани занони сарвар дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ба онҳо додани дониши назариявӣ ва амалӣ вохӯрии духтаронро бо ходимони намоёни сиёсӣ, бо роҳбарони вазорату идораҳо таъмин карда, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи сарварии хатмкунандагони Маркази таълимии занон-«Сарвар» дар самти менеҷмент-роҳбар робитаи мунтазамро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монанд.
Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, ки самти муҳимро пеш мебарад, дар ташкил ва баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Илм-фурӯғи маърифат» нақши муҳим мегузорад. Озмуни мазкур ба дарёфту тақвияти истеъдодҳои нодиру болаёқат, дастгириву ҳавасмандгардонии насли ҷавон равона гардида, дар татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин, бо ибтикори вазорат бори нахуст Озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 10 равия баргузор шуд. Инчунин, озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» гузаронида шуд, ки маросими қадрдонии ғолибони озмунҳои болозикр дар чорабинии бошукӯҳе ба муносибати Рӯзи илми тоҷик дар Кохи Суруш, дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид…
Ҳангоми баррасии фаъолияти Маркази матбуот вазир аз кори нашрияҳои соҳавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки дар ин давра — нашрияи «Омӯзгор» ва замимаи он нашрия барои кӯдакон ва наврасон-«Пайрав», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» фаъолияти хуб намуда, як қатор корҳоро ба сомон расониданд…
Мутаассифона, масъалае, ки барои кори боз ҳам беҳтари нашрияҳои соҳавӣ мушкилӣ эҷод мекунад, аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро нашудани нақшаи обуна ба маҷаллаҳои соҳавӣ мебошад. Лоиқи зикр аст, ки барои рушди ҳамкориҳо ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани маъракаи обуна-2025 ба “Маърифати омӯзгор” бо роҳнамоӣ ва дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони маҷалла ба як қатор шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ: Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб, Хоруғ (сармуҳаррири маҷалла Д. Қурбонзода), Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Роғун (муовини сармуҳаррир Ҳ. Азизов) сафари хидматӣ анҷом доданд, ки самараи нек ба бор оварда, робитаи аҳли эҷоди маҷалла бо аҳли маориф боз ҳам қавӣ гашта, вусъат ёфт.
Ҷиҳати беҳбудии вазъи обуна вазири маориф ва илм дастур дод, ки сардори Маркази матбуот, сармуҳаррирони нашрияҳои Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъракаи обуна ва инъикоси фаъолияти соҳа дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ чораандешӣ намоянд.
Умедворем, ки баъди ин таъкиди вазир масъулон дар шаҳру навоҳии кишвар ба мушкилоти мазкур расидагӣ мекунанду дар ояндаи наздик масъалаи обуна ба нашрияву маҷаллаҳои соҳавӣ роҳи ҳалли пурраи худро пайдо мекунад.
Сипас, фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, раёсатҳои сохтмони асосӣ, маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ, ҳуқуқи кӯдак, муносибатҳои байналмилалӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки гарчанде дар ин давра аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад…
Бо таҳлили холисона ва натиҷагирӣ аз баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол» метавон бо итминон гуфт, ки соҳаи маориф ва илми кишвар тайи чанд соли охир пешравиҳои зиёде дорад. Дар тамоми зинаҳои таҳсил дигаргуниву ислоҳоти зарурӣ пай дар пай ворид гардида, раванди татбиқи онҳо бомаром идома дорад. Албатта, ҷое, ки кор ҳаст, масъалаҳои ҳалталаб низ вуҷуд доранд, вале бо азму талош ва пайкору заҳматҳо ҳамаи монеаҳоро метавон паси сар кард.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм каломи Пешвои миллатро ба аҳли нишаст ёдоварӣ бинмуд: Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки дар иҷрои рисолати худ беш аз ҳар вақти дигар талош намоем.
Аминем, ки бо амалӣ гаштани нақшаву вазифаҳои дарпешистода соҳаи маориф боз ҳам рушд намуда, устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан-наврасону ҷавонон беш аз пеш муваффақтар хоҳанд шуд, зеро пирӯзию музаффариятҳои маориф кафолати зиндагии шоистаи имрӯзу фардои мост. Тавре шоири хушном Алимуҳаммад Муродӣ қайд кардааст:
Аз маориф мешавад равшан чароғи зиндагӣ,
Аз маориф мешавад гулбоғ боғи зиндагӣ.
Аз маориф мешавад миллат дар олам сарфароз,
Аз раҳи илму маориф кун суроғи зиндагӣ.